logo

номаҳо

Масҷидро ба пули гадоён месозанд?

Гадое, ки ҷуссааш аз ман азимтар, мисли як паҳлавон буд, садақа пурсид. Аз дари хона, дар моҳи шарифи Рамазон ноумедаш нагардонам гуфта, як сомонӣ ба сӯяш дароз кардам. Нагирифт, бештар хост. Се сомонӣ пешниҳод намудам, абрувонашро ба нишони эътироз гиреҳ баст ва гуфт, ки аз 10-15 сомонӣ бештар садақа диҳам, баски он барои сохтмони масҷид аст. Дарёфтам, ки дурӯғ мегӯяд, чун номи ноҳияву деҳаеро, ки дар он бояд масҷид созанд, ба забон овард. Дар он деҳа соле пештар  масҷиди замонавӣ сохта буданд. Зарур шумурдам, ки дигар чизе ба ӯ нагӯяму дарро ба рӯяш бе додани садақа бипӯшам. Пиндоштам, ки ин амал барояш дарси ибрат мегардаду дар бораи кирдору суханаш меандешад. Аммо баъд фаҳмидам, ки дар ин маврид ғалат кардаам. Барояш ин усул  нафъи бештар меовардааст. Аксари ҳамсояҳои мо дар доми фиреби ӯ афтода буданд. Ба онҳо гуфтам, ки аз оғози ислом то ба имрӯз, яъне дар ҳеҷ давру замон, ягон масҷидро бо пули ҷамъовардаи гадоён насохтаанд, аз ин рӯ фиребашонро нахӯранд.
Ман ин номаро ба он хотир барои гӯшаи "Розу ниёз" менависам, ки тавассути он  гадоёни фиребгарро бишносанду фирефтаи масҷидсозиашон нашаванд.

Баҳром АЙНИДДИНОВ,
шаҳри Қурғонтеппа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.12    №: 109    Мутолиа карданд: 559

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед