logo

номаҳо

Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ бояд

Ман ин номаро барои гӯшаи "Розу ниёз"-и рӯзномаи "Ҷумҳурият" аз номи сокинони маҳаллаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе менависам. Ҳар сол дар фасли баҳор мо аз хавфи омадани сел  нигаронем. Дар байни хонаҳо сойи хурди селгузар сохтаанд. Ҳар ду тарафи он бо битон маҳкам карда шудааст. Қисми болоияш ниёз ба таъмир дорад. Борон аз теппаҳо фаромада, хокҳои ду тарафи соҳили сойро хӯрда, бо сел ба поён меорад.
Барои пешгирии офати табиӣ мебояд қисми болоии сойро аз ду тараф  бо битон мустаҳкам намоем. Дар ин ҳол маҷрои сел дар даруни сой ҷорӣ мешавад.
Инчунин лозим аст дар болои маҳалла ҳавзи на чандон калон сохта шавад, то он хоку лойи селро нигоҳ дорад. Ва ҳар сол ин ҳавз аз лою хок тоза карда шавад. Ин усули кор нисбат ба тоза кардани маҷрои сой осонтар ва маблағи камтар талаб мекунад. Барои таъмири сой гӯиё қариб 2 миллион сомонӣ маблағ лозим аст, ки ин миқдор нисбат ба маблағе, ки барои рафъи фалокату осебҳои овардаи сел масраф мешавад, хеле камтар аст. Ва дуруст гуфтаанд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ бояд.
Бовар дорам, ки масъулон сари ин масъала меандешанд ва роҳи ҳалли онро меёбанд.

Маҳмадбек ЗАРОБЕКОВ,
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.12    №: 109    Мутолиа карданд: 661

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед