logo

маориф

Вазъи тарбия ташвишовар аст

Садҳо қонунҳое ба имзо мерасанд, ки татбиқи амалии онҳо марбут ба вазоратҳои алоҳида ва гурӯҳҳои муайяни одамон мебошад. Аммо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" аз ин истисност. Татбиқи амалии ин қонун масъулият, салоҳият ва вазифаи ҳамаи ҷомеа аст, ба таври дигар, ҳамаамон бояд дастандаркор бошем. Коҳилӣ, беҳавсалагӣ дар татбиқи ин қонун бар зарари ҳар узви ҷомеа аст.
Шоҳсутунҳои тарбия - хонавода, мактаб ва ҷомеа агар бо ҳам даст надиҳанд ва ҳар сутун вазифаи худро анҷом надиҳад ва ё шона холӣ карда, бетафовутӣ, беҳавсалагӣ зоҳир намояд, "… вазъи қонунвайронкунӣ дар байни ҷавонон, махсусан ноболиғон, ташвишовар" (Эмомалӣ Раҳмон) мондан мегирад. Маҳз ҳамин бетафовутӣ, беҳавсалагию беҷуръатист, ки  "….ҷараёни  иҷрои қонуни мазкур моро қаноатманд карда наметавонад" (Эмомалӣ Раҳмон). Оё мерасад рӯзе, ки ҳамин ҷараён моро қаноатманд бисозад? Ҷавоби ин савол саҳл нест. Вазъи тарбия имрӯз дар ҳама гуна кишварҳо  ташвишовар аст ва он хусусан дар шароити ҷаҳонигароӣ, албатта, бетаъсир намемонад.
Маҳз ҳамин вазъи ташвишовари тарбия дар ҷаҳон водор месозад, ки "…  мо бо ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус падару модар, бояд наслеро тарбия карда ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад" (Эмомалӣ Раҳмон). Диққат диҳед: Президенти мамлакатамон намегӯянд, ки "ба ниёзмандиҳои ҷомеаи муосири мо (Тоҷикистон) мувофиқ бошад, балки ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир" мегӯянд.
Агар ба таърих нигарем, бузургон, донишмандон ва алломаҳои халқи тоҷик манфиатҳои миллати худро ҳеҷ гоҳ аз манфиатҳои ҷаҳониён боло нагузоштаанд. Онҳо тамоми арзишҳо ва ҷанбаҳои мусбати зиндагиро марбут ба ҳамаи халқҳои ҷаҳон донистаанд.
Ва имрӯз Эмомалӣ Раҳон, Президенти кишварамон, бо истифодаи ибораи "ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир" ҳалқаи силсиларо пайвастанд ва борҳо таъкид мекунанд, ки "Худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башарӣ саҳм гирифтааст. Бинобар ин иддаои бартарӣ аз дигарон, паст задани ин ё он инсон аз рӯи нишонаҳои миллию нажодӣ кори шахсони маҳдуд ва ҷаҳолатпеша аст… Мо бояд ифтихори миллиро аз ғурури кӯр-кӯронаи миллӣ фарқ кунем ва дар ин замина ба муқобилгузории миллатҳо роҳ надиҳем. Мо имрӯз оқибатҳои харобиовари ин тарзи муносибатро дар нуқтаҳои мухталифи дунё мебинем". Махсусан, дар асри гузашта, ки ҷаҳон ба ду лагери бо ҳам зид-сотсиализм ва капитализм ҷудо шуда буд ва мардумони ин лагерҳо аз боби ахлоқи буржуазию ахлоқи пролетарӣ ҳарф мезаданд, муқобилгузории муҳтавои тарбия амри воқеӣ буд.
Он замон ҳеҷ кас (ба ҷуз одамони алоҳида) наметавонист дар бораи тарбияи башар масъала гузорад.
Вале имрӯз шароит тамоман тағйир ёфтааст. Чи тавре ки гуфтем, халқҳо ва кишварҳо бо ҳам наздик, дунё майл ба ҷаҳонгароӣ дорад. Башарият ҳам дарк мекунад, ки миллати танҳо мисли одами танҳост. Дар ин марҳилаи таърихӣ фаъолияти якҷояи кишварҳо, қавӣ гаштани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волоияти қонун, ҳамгироии иқтисодӣ, наздикшави тамаддун ва динҳо, гуманизм, саҳми ҳамкориҳои созмонҳои давлатию ғайри давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳим хос аст.
Дар ин шароит, ки худи таърих ба мо имконият додааст, набояд паҳлуҳои ҷудогонаи тарбияро дар чордевори давлатҳои алоҳида маҳдуд созем. Мо вазифадорем, ки дар кори хайри наҷоти Инсон ва Замин аз дипломатияи тарбияи мақсаднок кор бигирем, ки қатъи назар аз миллат, нажод, забон, дин манфиати умумибашариро ифода менамояд. Ба ин маънӣ, пешниҳод карданием, ки паҳлуҳои ҷудогонаи тарбия ҳамчун Офтоб ба сари ҳар як сокини Сайёра нур пошад. Яъне мо ба ҳар гуна ҷангу низоъҳо ва дигар аъмоли манфии инсон, ки сарварон, гурӯҳҳо ва одамони алоҳида роҳандозӣ мекунанд, тарбияро муқобил мегузорем ва аминем, ки одамони тарбиядида ва аз меҳри гарми тарбия баҳра бурда ҳеҷ гоҳ ба амалҳои бад даст намезананд. Бартарӣ ва хусусияти тарбия ҳам ҳамин аст, ки одамро ба роҳи нек ҳидоят мекунад. Одам дар натиҷаи тарбия ба қадри арзишҳои худ мерасад.
Тарбияи башар сарҳаднопазир аст. Ҳамин тавр он дар доираи мактаб маҳдуд намемонад, балки фаъолияти ҳамгироӣ ва ҳамоҳангии шохаҳо ё шоҳсутунҳои тарбия:оила, мактаб ва ҷомеаро тақозо мекунад, ки ин хусусияти дигари тарбия дар ҷомеаи муосир аст. Аммо чӣ метавон кард, ки "Яке аз омилҳои асосии ба кирдорҳои номатлуб даст задани ҷавонон сатҳи пасти тарбия дар муҳити оила, мактаб ва ҷомеа ба ҳисоб меравад" (Эмомалӣ Раҳмон). Инак, агар "дар муҳити оила, мактаб ва ҷомеа" сатҳи тарбия паст бошад, пас ин муҳитро бояд тағйир дод. Аммо тағйири шохаҳо ё муҳити оила, мактаб ва ҷомеа кори осон нест. Барои он ки дигаргун созем, омилҳо ва сабабҳои асосии инро омӯхтан ва донистан лозим.
Албатта, агар сабаб ҷӯем, ҳар яке аз шохаҳои (сутунҳои) тарбия хонавода, мактаб ва ҷомеа сабабҳои муаяйни худро доранд. Вале, ба андешаи мо, сабабҳоеанд ки ба ҳамаи шохаҳо қариб умумӣ шудаанд: сатҳи зиндагӣ, надонистану нафаҳмидани дархости ҷомеаи муосир, назария ва амалияи тарбия, беҳавсалагӣ, бетафовутӣ, бетаҷрибагӣ, бепарвоӣ, оилаҳои нопурра, мисли  мусичаи бегуноҳ худро дар канор гирифтан, беназоратӣ ва ғайра.
Мо метавонем бобати  сар задани бисёр масъалаҳо, ба монанди рӯй додани сӯхтор, бе об мондани замин, шустани сел заминҳои соҳилро, ҷамъоварӣ накардани ҳосиле, ки бо ранҷи зиёде ба даст омадааст, гурӯҳ ё хоҷагиеро гунаҳгор намоем. Вале дар хусуси тарбияи нодурусти фарзандон-насли имрӯза, ки ояндаи кишваранд, ҳамаамон гунаҳгорем: чи одамони камбизоат ва чи нафарони давлатманду бобизоат.
Ин ишора аз назари борикбинонаи Президенти кишвар дур намондааст: "…Масъулияти омӯзгор, падару модар, махсусан хизматчиёну мансабдорони давлатӣ ва соҳибкорон барои рафторҳои ношоиста ва қонунвайронкунӣ аз тарафи фарзандонашон баланд шавад". Саволе пеш меояд, ки барои чӣ Сарвари давлат  масъулияти хизматчиёну мансабдорони давлатӣ ва соҳибкоронро махсусан таъкид кардаанд. Барои он ки ин  гурӯҳи одамон дар тарбияи фарзандон нисбат ба аҳли фуқаро -имконияти бештаре доранд;
-фарзандони ҳамин одамон бештар қонуншиканӣ ва рафторҳои ношоиста мекунанд. Чун фарзандони ин табақаи одамон дар ҳолатҳои анҷоми ҳодисаҳои номатлуб дастгир мешаванд, падару модар афсӯс мехӯранд ва серкориашонро баҳона пеш меоранд. Акнун биёед як андеша кунем:
-падару модари камбизоату камбағал баҳона мекунанд, ки мо аз  саҳар то шом аз пайи дарёфти ризқу рӯзием;
-хизматчиёну мансабдорони давлатӣ баҳона мекунанд, ки мо серкорем;
-соҳибкорон баҳона пеш меоранд, ки мо доимо дар сафарем;
-модаре шикоят мекунад, ки оилаи мо нопурра аст: фарзандон бепадар мондаанд, ё падарон дар муҳоҷиратанд;
-муаллим шикоят мекунад, ки барои ташкили тарбия дар мактаб шароит нест;
-директор баҳона пеш меорад, ки соле мактабро 27 маротиба  сохторҳои гуногун месанҷанд ва мо асосан дар хизмати ҳаминҳоем.
-муаллими тарбияи ҷисмонӣ аз набудани майдончаи варзиш, нарасидани асбобҳои варзиш, муаллими техника ва технология аз нарасидани асбобҳо ва маводи дуредгарию оҳангарию дӯзандагию барқ, нозирону мушовирон аз набудани дастурҳои тарбиявию методӣ… шикоят мекунанд.
Бале, дар таълиму тарбия ҳама чӣ муҳим аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки дар мамлакатҳои пешрафта ҳам, ки назар ба шуниди мо, мактабу муаллимон сад фоиз таъминанд, тарбия мелангад. Барои он ки тарбия на ба матою оҳану чӯбу тахтаю асбобҳои  оҳангарию дуредгарӣ (ҳарчанд ки инҳо ҳам басо муҳиманд), балки ба рӯҳ ва дил, ақлу фаросат, маънавиёт, имону виҷдон сару кор дорад. Ин ҷо мо ба
-муҳаббату самимияту масъулияту салоҳият;
-намунаи ибрат;
-фарҳанги сухану фаҳмондан;
-дилсӯзию худгузарӣ кор дорем.
Яке аз маорифпарварони кишвари Эрон Муҳаммад Ризоӣ мефармояд: "Муаллимӣ шуғл нест, муаллимӣ ишқ аст. Агар онро чун воситаи рӯзгузаронӣ интихоб намудаӣ, раҳояш бикун. Агар ишқи туст, муборак бошад"! Ҳамин маъниро мо бист сол пеш дар китобҳои "Дарс", "Табассуми муаллим" ва "Дидактикаи муосир" гуфта будем.
Яъне муаллим, қатъи назар аз донишу собиқаи кораш тамоми умр меомӯзад, сифатҳои маънавиашро сайқал мебахшад, баъд ба шогирдону падару модарон талқин менамояд. Як сабаби дар қонун таъкид намудани ташкили "Рӯзҳои падару модар" ҳам ҳамин аст. Зарурати ташкили ин рӯзҳо дар худи қонун омадааст: "Бо мақсади расонидани кумаки педагогӣ, равонӣ ва методӣ ба падару модар". Сухан перомуни он аст, ки бештар аз 20 соли охир ҷомеаи Тоҷикистон тағйирот ёфта, сохти давлатдории он ба куллӣ дигаргун шуд. Беш аз ин марому мақсади тарбия, мазмуни таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти мактабӣ ғанӣ гашта, арзишҳои маънавии миллатамон ҳам эҳё ва ҳам рушд ёфтаанд. Ҳамаи ин ба вазифаю мароми низоми таълиму тарбия, хусусан мазмуни фанҳои таълим ва моҳияти ҷараёни машғулиятҳои фориғ аз синфу мактаб бетаъсир намонд. Таркиби хонаводаҳо низ тағйир ёфт. Қисми  зиёди падару модарон, ки аз педагогика, технология ва тарзҳои таълими фанҳои гуногун дониши кофӣ надоштанду надоранд, бобати ёрӣ расонидан ба фарзандони худ дасткӯтоҳӣ мекунанд. Ба ҳамин хотир ташкили "Рӯзҳои падару модар" дар ҳама гуна муассисаҳои таълимӣ ногузир аст. Роҳбарияти муассисаи таълимӣ мувофиқи шароит ва имконияте, ки дорад, ин гуна  рӯзҳоро моҳе як-ду маротиба бояд ба нақша гирад. Хуб мешуд, ки саволномае пешниҳод гардад ва аз падару модарон пурсида шавад, ки аз ташкили ин машғулиятҳо онҳо чиро интизоранд. Чӣ дархостҳо доранд? Дар асоси дархостҳо ва пешниҳодҳо маъмурияти мактаб нақшабарномаи амал тартиб дода, баъди муҳокима қабул карда мешавад. Дар машғулиятҳо масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир, педагогика, психология, равишҳои омӯзиш, муносибату муомила, одоби баёну тарзи сухан ва ғайра ба нақша гирифта мешаванд. Чунончи:
1.Тарбияи худшиносӣ ва андешаи миллии фарзандон дар шароити хонавода
2. Тарзу воситаҳои ҳамгироии фаъолияти мактабу хонавода.
3.Риояи одоби сухану тарзи муомила дар шароити оила.
4.Иқтисодиёти оила ва истифодаи сарфакоронаи он
5.Хусусиятҳои равонии фарзандон ва муносибати инфиродӣ бо онҳо
6.Реҷаи кори фарзандон ва шартҳои риояи он.
7. Дархост ба корҳои фарзандон дар оила.
8.Зуҳуроти одатҳои манфӣ ва пешгирии онҳо.
9.Мавзӯъҳои мушкили фанҳои таълим ва кӯмак ба фарзандон
10. Талаботи умумӣ ва ягона нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон.
11.Мавқеи истифодаи компютер, тамошои телевизор, аҳамият ва зарари онҳо
12. Одатҳои нек ва бади инсон.
Машғулиятҳо дар толори орододаи мактабҳо ва баъзеи онҳо дар синфҳо мегузаранд. Дар қисме  аз машғулиятҳо ғайр аз падару модар талабагони синфҳои боло низ иштирок мекунанд. Дар робита бо тарҳи (характери) мавзӯи машғулиятҳо метавон онҳоро омӯзгорони собиқадори мактаб, олимону мутахассисони варзида, кормандони ҳифзи ҳуқуқу иҷтимоӣ, намояндагони кумита ва шуъбаҳои кор бо занон, ҷавонон ва худи падару модарон гузаронанд. Кӯшиш ба харҷ бояд дод, ки машғулиятҳо шавқовар, руҳбаланд ва диқатҷалбкунанда гузаранд. Муҳим он аст, ки рӯзҳои падару модар аз маҷлисҳои падару модар аз ҳар ҷиҳат фарқ кунанд. Онҳо шавқовар, ба тарзи мубоҳиса, хотирмон гузаранд.

М. ЛУТФУЛЛОЕВ,
академики Академияи
таҳсилоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.12    №: 111    Мутолиа карданд: 1717
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед