logo

ҳукумат

Таваҷҷуҳи хоса ба ободии шаҳри Хоруғ ва маркази нави ноҳияи Шуғнон

28 август  таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст ҳисоботи вазири мелиоратсия ва захираҳои об дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 "Доир ба тадбирҳои беҳсозии вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ барои солҳои 2010-2014" шунида шуд.
Тибқи ин қарор дар солҳои 2010-2014 бо харҷи 34,3 миллион сомонӣ маблағҳои давлатӣ бояд ҳолати мелиоративии 49 ҳазор гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ беҳтар карда шавад. Дар солҳои 2010-2011 бо харҷи зиёда аз 17 миллион сомонӣ ҳолати наздики 23300 га замини обӣ беҳтар гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда бештар мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  дастур дод, ки бо истифода аз технологияҳои муосир истифодаи каммасрафи оби кишоварзӣ, аз ҷумла обёрии қатраӣ васеъ ба роҳ монда шавад, то ки ҳам об сарфа шавад ва ҳам ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ беҳ гардад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҳаҷми заминҳои корами обӣ аз ҳисоби заминҳои партов ва азхудшаванда зиёд карда шавад, то ки ҳам ҷойҳои нави кор муҳайё гардад ва ҳам истеҳсоли маҳсулот афзоиш ёбад.
Сипас ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир ба иҷрои талаботи қонунгузории кишвар дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот ҳисобот дод. Зимни ҳисобот аз ҷумла зикр гардид, ки беш аз 85%-и маблағгузории буҷети ноҳияи Шуғнон, ки дар ҳаҷми 13,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, аз ҳисоби субвенсияи ҷумҳуриявӣ мебошад. Ғайр аз ин танҳо ҳамин сол барои сохтмони иншооти нави ноҳияи Шуғнон 20 миллион сомонӣ маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ равона гардидааст.
Сарвари давлат бо назардошти кӯчондани маркази ин ноҳия аз шаҳри Хоруғ ба шаҳраки Ваҳдат ба ҳамаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки биноҳои мақомоти маҳаллии худро дар маркази нави маъмурии ин ноҳия ҳарчи зудтар бунёд намуда, дар ободонии он саҳми намоён гузоранд. Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба сохтмон ва навсозии роҳҳои маҳаллии мошингард, муассисаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, маркази ҷавонон, варзишгоҳи асосӣ ва дигар иншооти зарурӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон ва ҳамчунин барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони хусусӣ дода шуд.
Ҳамчунин  аз  ҷониби    Эмомалӣ  Раҳмон, Сарвари давлат, доир ба ободонии маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ супоришҳо дода шуд. Ҷанбаҳои гуногуни ин масъала зимни ҳисоботи директори Агентии сохтмон ва меъморӣ доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ" ва риояи Нақшаи генералии шаҳри Хоруғ баррасӣ гардид.
Як зумра лоиҳаи қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, аз ҷумла ба қонунҳо "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ", "Дар бораи иҷораи моликияти давлатӣ", "Дар бораи гурезаҳо", "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва ғайра.
Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020 тасдиқ гардид.
Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи академик Баҳодур Искандаров гузошта шуд.
Яке аз қуллаҳои баланди беноми қаторкӯҳҳои Помир, ки ба наздикӣ аз ҷониби 75 кӯҳнавард аз 17 кишвари ҷаҳон фатҳ гардид, "20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" номгузорӣ шуд.
Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба масъулони дахлдор доир ба оғози идонаю тантанавии соли нави таҳсили 2012-2013 дар муассисаҳои таълимӣ ва истиқболи шоиста аз бузургтарин ҷашни миллӣ - солгарди навбатии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки тарғибу ташвиқи арзишҳо ва муқаддасоти олии вобаста ба истиқлол, давлатдории миллӣ ва ҳифзи шоистаи манфиатҳои давлату миллат дар арсаи минтақа ва ҷаҳон дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардад.
Тибқи супориши Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар ин рӯзҳо ҳамчунин корҳои ободонию созандагӣ ва поксозию беҳдошти шаҳру деҳот ва умуман муҳити зисти аҳолӣ бояд вусъати тоза пайдо намояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.09.12    №: 112    Мутолиа карданд: 916

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед