logo

маориф

Нуриддин САИДОВ: "Соли нави таҳсил соли дастовардҳои наву назаррас хоҳад шуд"

1 сентябр  Рӯзи дониш, рӯзи оғози соли нави таҳсил аст. Дари ҳама мактабҳо ба рӯи хонандагону толибилмон дар ин рӯз боз мегардад. Ва садои зангӯла аз оғози нахустин дарс-дарси сулҳ башорат медиҳад. Яъне бояд бунёди таълим ба омӯзиши зарурати сулҳу моҳияти он бошад ва ҳама дониш ба хотири оромиву осоиштагии башарият равона гардад.
Ба ин рӯзи неку муборак махсус омодагӣ мегиранд ва махсус либоси тозаву озода ба бар мекунанд. Хонандагону толибилмон ба истиқболи устодон бо гулу гулдастаҳо саҳар бо чеҳраҳои шукуфон мешитобанд. Ва ин шукӯҳи рӯз ва соли нави таҳсилро бештар меафзояд.
Суҳбати Абдулқодири Раҳим, хабарнигори "Ҷумҳурият", бо Нуриддин Саидов, вазири маорифи кишвар, дар ин хусус мебошад.

- Муҳтарам вазир, соли таҳсили гузашта соли рушди ислоҳоти соҳа ва таваҷҷуҳи хоса ба ҳалли масъалаҳои муҳими маорифи кишвар буд. Соли нави хониш аз он ва солҳои қаблӣ бо чӣ фарқ хоҳад кард?
- Дар ҳақиқат ҳам, солҳои охир ба масъалаҳои рушди ислоҳоти соҳа ва ҳалли масъалаҳои муҳими маорифи кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истода, дастовардҳо низ назаррас гаштаанд. Акнун аҳли маорифи кишвар умед бар он доранд, ки соли нави хонишро бо дастовардҳои бештару беҳтар пешвоз гирифта, баҳри дарёфти муваффақияту сарфарозиҳо дар соҳа аз пештара дида бештар талош намоянд.
Имсол дар ҷумҳурӣ фаъолият дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хубтар хоҳад шуд. Сохтмону бунёди 248 иншооти таълимӣ ба соли хониши нав беҳтарин туҳфа барои аҳли маориф аст. Ба он хотир ки барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ Стандарти давлатии таҳсилот ва барои таълими бонизоми фанҳои таълимӣ бори аввал дар таърихи маориф стандартҳои фаннӣ таҳия шудаанд. Дар назар аст, ки барои омӯзгорони ҳамаи фанҳо дастурҳои таълимӣ чун раҳнамои таълим омода гарданд. Қабули қонун "Дар бораи маориф" дар таҳрири нав, "Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017", таҳияи асноди гуногуни соҳа доир ба таҳсилоти инклюзивӣ, фаъолияти мактабҳои камнуфус, олимпиадаҳои илмӣ, фаннӣ, номӣ, фосилавӣ, зеҳнӣ аз ҷумлаи дастовардҳои мо дар арафаи соли нави хонишанд. Барои хонандагон Вазорати маориф бо назардошти риояи талаботи ягона дафтару рӯзнома ва журналҳоро бо сифати баланд ва нархи дастрас пешниҳод месозад. Аз беҳтарин омилҳои беҳтаргардонии фаъолияти касбии омӯзгорон ҷалби онҳо ба курсҳои такмили ихтисос аст. Дар ин робита мо, пеш аз ҳама дар фаъолияти марказҳои такмили ихтисос, табаддулот ворид карда истодаем. Минбаъд тамоми донишкадаҳои шаҳру вилоятҳо чун филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф амал намуда, аз рӯи низоми ягона фаъолият мекунанд.
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2012 хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тавонистанд, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои физика, математика, технологияи иттилоотӣ, лоиҳаҳои математикӣ ва биоэкологӣ, "Роҳи абрешим", жаутиковӣ, Олимпиадаи байналмилалии Ҷолдосбеков, ки дар давлатҳои Балкан, Руминия, Туркия, Амрико, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон доир гардид, иштирок ва сазовори  121 медал: аз инҳо 19 медали тилло, 40 нуқра ва 62 биринҷӣ гарданд.
Дар соли нави хониш таваҷҷуҳ ба зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, дигаргунӣ ва ислоҳот дар он бештар ба назар мерасад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани  Барномаи рушд ва ислоҳоти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 далели ин маънист. Зина ба зина амалӣ шудани ин барнома ба мустаҳкам гардидани заминаи моддӣ-техникӣ, кадрӣ ва методии муассисаҳои таълимии ин зинаи таҳсилот оварда мерасонад ва албатта, дар таъмини ислоҳоти соҳа нақши муҳим хоҳад бозид. Теъдоди хоҳишмандоне, ки дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳсил карда, соҳибихтисос шудан мехоҳанд, рӯз аз рӯз меафзояд ва мақоми ин муассисаҳои таълимӣ низ бо даровардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ" дигар хоҳад шуд. Акнун ин муассисаҳои таълимӣ минбаъд фаъолияти худро ҳамчун литсейҳои касбӣ пеш мебаранд.
Дар соли нави хониш иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 июни соли 2006, № 227 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи миллии фаъолият оид ба ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва таълими ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015", ки гузаронидани тадқиқоти талаботи бозори меҳнат ба кадрҳои коргарӣ, таҳияи стандартҳои касбӣ ва нақшаю барномаҳои нави таълимӣ мутобиқ ба стандартҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани технология ва усулҳои нави таълим, нашри маводи методӣ, пурзӯр намудани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои хориҷӣ аз талабҳои ин нақша ба ҳисоб мераванд, бояд   таъмин карда шавад.
Ин муассисаҳо дар соли нави хониш аз рӯи сохтори  нав, ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29.06.2012, № 9/53) тасдиқ гардидааст, фаъолиятро оғоз хоҳанд кард. Тибқи ин навоварӣ навсозии сохтор ва мазмуну мундариҷаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар назар аст. Дар ин замина Дастурамали вазифавии кормандони муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳия ва бо қарори мушовара ва фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз  28.07.2012, № 1223) ба муассисаҳои таълимӣ фиристода шуд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳам дигаргуниҳо кам нестанд. Имсол таълими теъдоди зиёди ихтисосҳо дар донишгоҳҳо ба низоми кредитӣ сурат гирифт, ки ин ҳам аз дастовардҳои соҳа аст. Бори аввал имсол дар баъзе донишгоҳҳои бонуфузи кишвар гурӯҳҳои инглисӣ таъсис ёфтанд. Минбаъд ҳалли мушкили таъминоти мутахассисон бо ҷалби донишҷӯёни курсҳои болоӣ сурат намегирад. Дар арафаи соли нави хониш беҳтарин иқдом 60 дарсад баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр, соли нави таҳсил соли дастовардҳои наву назаррас хоҳад шуд.
- Барои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун масъалаи васеъ намудани шабакаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба миён омада буд. Дар соли нави хониш ҳалли он то кадом андоза имконпазир мегардад?
- Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси омӯзиши бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар (Қазоқистон, Украина,  Беларус, Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои соҳили баҳри Балтика ва Аврупои Марказӣ) «Таснифгари равияву ихтисосҳои касбҳои коргарӣ»-ро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода намудааст, ки барои тасдиқ рӯзҳои наздик ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикстон пешниҳод мегардад.
Айни ҳол, аз ҷониби кормандони Вазорати маориф таҳқиқоти талаботи  бозори меҳнати дохили кишвар гузаронида шуда, вобаста ба ин, Фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.06.2012, №1249 "Оид ба таъсиси гурӯҳҳои таълимии курсҳои кӯтоҳмуддат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ" ба тасвиб расонида шуд. Тибқи фармоиши мазкур директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ вазифадор карда шудаанд, ки аз рӯи нақша ва барномаҳои тасдиқнамудаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои таълимии курсҳои кӯтоҳмуддатро дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монанд. Ҳамзамон, бо амалӣ шудани Барномаи рушд ва ислоҳоти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 шабакаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ васеъ хоҳад гардид.
- Рушди тафаккури техникии кӯдакону наврасон аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, соли 2010 Соли фарҳанги техникӣ эълон гардида буд. Имсол ва солҳои баъдӣ барои рушди тафаккури техникии наврасону ҷавонон чӣ корҳо ба анҷом мерасанд?
- Бо мақсади рушди тафаккури техникии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таъмин намудани ин муассисаҳо бо техникаи компютерӣ ва технологияи замони муосир, замимаҳои Барномаи рушд ва ислоҳоти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020  пешбинӣ шудаанд. Соли нави хониш теъдоди компютерҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба маротиб зиёд карда мешавад. Ҳамзамон, аз ҳисоби суратҳисоби махсуси муассисаҳои таълимӣ барои ҳар як муассиса тахтаи электронӣ, проектор ва дигар маводи техникӣ харидорӣ мегардад.
Инчунин, ҳамасола дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ озмуни "Ихтироъкори ҷавон" гузаронида мешавад, ки дар ташаккули тафаккури техникии ҷавонон саҳми калон дорад.
- Яке аз масъалаҳои муҳими соҳа ба хотири мусоидат ба татбиқи саривақтии "Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ" тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот маҳсуб меёбад. Дурнамои фаъолият дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисос дар зинаҳои таҳсилот чӣ гуна аст?
- Воқеан ҳам, тарбияи кадрҳои баландихтисос яке аз масъалаҳои муҳими соҳа ба ҳисоб меравад. Чунин масъалагузорӣ шаҳодат бар он аст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол тадриҷан ба маҷрои босуръати раванди ҷаҳонишавӣ ворид мегардад, яъне дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаи тоҷик ва ҳатто, дар бахши идорасозии давлат падидаҳои тозатарини дастовардҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ - илм, техникаю технология, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу санъат зуҳур менамоянд. Чанд сол қабл ҳатто дар гӯшаи хаёли огоҳтарин шаҳрванди ҷумҳурӣ ибораи ҳукумати электронӣ ҷойгузин набуд. Алҳол мо дар бораи татбиқи ин дастоварди заковати инсонӣ ҳарф мезанему роҳҳои ҳар чӣ тезтар самар ёфтан аз онро меҷӯем. Мусаллам аст, ки консепсияи мазкур худ аз худ ва дар холигоҳ ба вуҷуд наомадааст. Раванди рӯи кор омадани он қариб як даҳсолаи томро фаро гирифта, заминаҳои назарию илмӣ ва давра ба давра асос гузоштани  пояҳои моддию техникии он тайи солҳои мадид фароҳам оварда шудаанд. Таҳияи ҳуҷҷатҳои муҳиму мубрами давлатӣ, аз қабили Барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007, Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон", Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010, Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2011-2015, Барномаи  давлатии такмил ва  омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ва ғайраҳо асосҳое буданд, ки дар ниҳоят, заминаи таҳияи "Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии     Тоҷикистон"- ро таъмин намуданд.
Ҳамин тавр, "Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  30 декабри соли 2011, № 643 тасдиқ карда шуда, ҷиҳати амалӣ намудани он фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 42 аз 17 январи соли 2012 ба тасвиб расид. 
Қабл аз ҳама, зарур аст, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд аз мақсад, ҳадаф, мазмуну моҳияти ҳукумати электронӣ огоҳ бошад. Донад, ки он барои идорасозии мақомоти давлатӣ чӣ афзалият дораду чӣ манфиат расонида метавонад. Агар мақсади ниҳоии консепсияи мазкур барои ояндаи дарозмуҳлат, стратегияи амалиётро ҳангоми иҷрои дурнамоҳо ва барномаҳо муайян намояд, пас, дар зери мазмуну мантиқи ин ибора бояд шакли нави ташкил намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва аз ҳисоби истифодаи ҳамаҷонибаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба шаҳрвандон ва муассисаҳо дар вақту замон ва босифат дастрас гардонидани навъҳои мухталифи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаҳмида шавад. Ва агар ин гуфтаҳоро бо забони содатар шарҳ диҳем, пас, дар зери мафҳуми ҳукумати электронӣ метавон тобишҳоеро, аз қабили сарфи назар кардан аз коғазбозиҳои зиёд, расмиятчигиҳои нолозими вақтгиранда, решакан кардани маъмуриятчигии дохилиидоравӣ, зоеъ накардани вақти корӣ ва аз он босамар истифода бурдан ва умуман, аз байн бурдани зуҳуроти номатлубе, ки то ҳанӯз дар зинаҳои гуногуни фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхонаву муассисаҳои давлатӣ хеле зиёд ба назар мерасанд, фаҳмид. 
Вобаста ба ҳамин, дарк кардан душвор нест, ки вазифа ва ҳадафҳои ҳукумати электронӣ ниҳоят фароханд ва дар амал пиёда кардани онҳо муҳлати муайянро тақозо менамояд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки татбиқи консепсияи мазкур бидуни бо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир муҷаҳҳаз кардани тамоми зинаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳои давлатӣ ва бахусус, муассисаҳои таълимӣ, ки бевосита ба таълиму тарбияи мутахассисон шуғл меварзанд, тасаввурнопазир аст. Аз ин рӯ, дар давоми даҳ соли  охир бо таваҷҷуҳи пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат ду марҳилаи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бомуваффақият ба амал бароварда шуда, марҳилаи сеюми он то соли 2015 идома меёбад. Туфайли татбиқи ҳамин барномаҳо алҳол муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ соҳиби бештар аз 40 ҳазор компютери ҳозиразамон гардидаанд, ки ин нишондод қариб ба 90%-и нақшаи давлатии компютеркунонии чунин муассисаҳои кишвар баробар аст.
- Чӣ зарурат пеш омад, ки вазорат равишро дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва тайёр намудани мутахассисон ба танзим дарорад?
- Посух ба ин савол водор мекунад, ки ба таври фишурда ба гузаштаи начандон дур назар андозем.
Бояд мутазаккир шуд, ки ба омода кардани мутахассисон барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар замони шӯравӣ таваҷҷуҳи воқеӣ зоҳир намешуд, ки дар натиҷа дар бисёр самту ҷанбаҳои истеҳсолот нарасидани кадрҳои миллӣ ба назар мерасид. Ин зуҳурути манфӣ, хусусан, дар бахшҳои омода кардани мутахассисони соҳаҳои техникаю технологияи душворидора, муҳандисони анвои мухталифи ҳамлу нақл ва ба ҳамин монанд ихтисосҳои қобилияти баланди зеҳнӣ тақозодошта, бештар ба назар мерасид, ки ин холигоҳ асосан тавассути даъват кардани мутахассисони дигар халқу миллатҳо ва ё ба теъдоди хеле кам аз ҳисоби ҷавонони ҳуввияти миллидошта тайёр кардани чунин ихтисосҳо  дар макотиби олии ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ пурра карда мешуд. Аён аст, ки чунин сиёсати давлатӣ дар бахши омода кардани кадрҳои миллӣ дар равонияти насли ҷавони ҷумҳурӣ бе таъсир намемонд. Психологияи хатмкунандагони мактабҳои миёнаи он солҳоро сиёсати якпаҳлудоштаи тайёр кардани мутахассисон то ҳадде таназзул дода буд, ки аксари онҳо ба ғайр аз ихтисосҳои соҳаҳои омӯзгорӣ, кишоварзӣ, сохтмон, сиҳатии омма ва дар сатҳи хеле кам техникию саноати сабук оид ба дигар касбу пешаҳо, аз қабили муҳандисони соҳаҳои авиатсия, фазонавардӣ, астрофизика ва ғайраҳо на танҳо маълумоти кофӣ надоштанд, балки мавҷудияти чунин касбу тахассусҳоро ҳатто тасаввур ҳам намекарданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳудуди ҷумҳуриро тарк кардани мутахассисони соҳаҳое, ки омода кардани онҳо на дар дохили кишвар ва на аз ҳисоби сокинони бумӣ сурат мегирифт, бархе аз бахшҳои хоҷагии халқ ба буҳрони шадиди норасоии кадрҳо гирифтор шуда, нишондодҳои иқтисодии онҳо то сатҳи тасаввурнопазир коҳиш ёфтанд ва ҳатто дар ин замина даҳҳо корхонаю муассисаҳои саноатӣ, истеҳсолӣ ва илмию тадқиқотӣ ба шикаст мувоҷеҳ гардиданд. Зуҳури чунин вазъияти ногувору изтиробовар, бахусус, дар панҷсолаи аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба таври возеҳ ба назар мерасид. Тайи ин солҳо таъсиру нуфузи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар байни сокинон коста гардида, таваҷҷуҳи насли ҷавон низ дар ин самт нисбатан коҳиш ёфт. Боиси дар зинаи таҳсилоти олии кишвар руҷӯъ кардани аломату нишонаҳои буҳрони амиқи иҷтимоӣ, агар аз як тараф, торафт бештар аланга гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ бошад, аз тарафи дигар, дар дохили ҷумҳурӣ кам будани теъдоди муассисаҳои таълимие, ки мутахассисони  ҷавобгӯи талаботи замонро омода намоянд ва ё набудани таълими ихтисосҳоест, ки замони нав давлати мустақили тозабунёд ба онҳо эҳтиёҷоти рӯзафзун дошт.
Маълум аст, ки чунин вазъият Тоҷикистони соҳибистиқлолро қонеъ намекард, аз ин рӯ, вобаста ба талаботи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, ба мутахассисон, сатҳу сифати омода кардани онҳо раванди ба танзим даровардани шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тайи тамоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар пайваста дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, борҳо ба таври ҷузъӣ тағйири шакл кардаву мазмуну муҳтавои нави замонавиро фаро гирифтааст. Агар ибтидои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, яъне дар соли таҳсили 1991- 1992 дар ҳудуди кишвар маҷмӯан 13 адад муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амал карда, шумораи умумии донишҷӯён 69,3 ҳазор нафар, қабул дар ҳамон сол 13,4 ҳазор нафар, теъдоди хатмкунандагон 10 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас, ин нишондодҳо баъд аз панҷ сол, яъне дар соли таҳсили 1996-1997   мутаносибан ба 24 (муассисаи таҳсилоти олии касбӣ), 74 ҳазор (донишҷӯ), 19,1 ҳазор (шумораи қабул) ва  9,7 ҳазор нафар (теъдоди хатмкунандагон) расида, ҳамин омор баъд аз 16 сол, яъне, дар соли таҳсили 2006-2007 ба 36 муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ, 146,2 ҳазор нафар донишҷӯ, теъдоди қабул то ба 32 ҳазор нафар ва шумораи хатмкунандагон то ба 17,1 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст ва ниҳоят, дар соли таҳсили 2010-2011 нишондиҳандаҳои мазкур ба 34 муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ, 154,8 ҳазор нафар донишҷӯ, теъдоди қабул дар сатҳи 28,6 ҳазор нафар, шумораи хатмкунандагон ба андозаи  25,7 ҳазор нафар ва маҷмӯи ихтисосҳо дар ҳудуди 286 номгӯй қарор гирифтааст.
 Омори дарҷшуда бозгӯи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли тамоми солҳои сипаришуда ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳар чӣ бештар фаро гирифтани ихтисосҳои талаботи замон, беҳтар кардани сатҳу сифати қабул ва омода кардани мутахассисонро тавассути ин зинаи таҳсилот дар мадди назар дошта, дар ин самт натиҷаҳои назаррасро ноил гардидааст.
Танҳо тайи солҳои 2006-2011 дар ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, кӯҳӣ-металлургӣ, энергетикӣ, динӣ, иқтисодӣ 6 донишкада ва 5 филиали муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шуд.
Ҳамзамон, бо назардошти мустаҳкам набудани пояи моддию техникӣ, нарасидани устодони дараҷа ва унвони илмидошта, мутобиқат накардан ба стандартҳои давлатии таҳсилот ва дар маҷмӯъ, мутобиқат накардани фаъолият ба меъёрҳои муайянкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ин солҳо Донишгоҳи муосири Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ, Донишгоҳи гуманитарии муосири Русия-Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, филиали Осиёи Марказии Муассисаи ғайридавлатии  таълимии  маълумоти олии касбии Донишгоҳи нави Русия дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон баста шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.09.12    №: 112    Мутолиа карданд: 949

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед