logo

сафарҳо

Тоҷикистон ва Ҳиндустон: пайвандҳо қавитар мешаванд

2 сентябр сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Ҳиндустон аз иёлати Гоаи ин давлат оғоз ёфт.
Дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлати Тоҷикистонро бо самимияти баланд ва меҳмоннавозии хоса истиқбол гирифтанд.

Зимни мулоқот бо Бҳарат Вир Ванчу, губернатори иёлати Гоа, масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи Ҳиндустон, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии он қарор дорад, баррасӣ шуд.
Бо ишора ба пайвандҳои амиқи фарҳангӣ ва ҳамрешагии забонҳои тоҷикию ҳиндӣ ва ҳамчунин имкону захираҳои фаровони ташкил ва густариши ҳамкории и›тисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ҳарду ҷониб ба тавсеаи робитаҳои судбахш изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, табодули таҷриба дар соҳаи ҷаҳонгардӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои пайвастаи илмию фарҳангӣ зоҳир карда шуд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

3 сентябр сафари давлатии     Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукуҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар идома ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлати Тоҷикистонро Пранаб Кумар Мукерҷӣ, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Манмоҳан Сингҳ, Сарвазири кишвар истиқбол гирифта, пас аз аксбардории якҷоя меҳмони олимақомро ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти меҳмони олимақом аз назди сафи горд, арзи эҳтиром ба парчами давлатии Ҳиндустон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ба нишони эҳтироми хоса ба арзишҳои миллию таърихӣ ва фарҳангии Ҳиндустон дар назди муҷассамаи Маҳатма Гандӣ гулчанбар монда, дар китоби сабти меҳмонони олимақоми ба ин ҷо ташрифоварда соядаст гузошт.
Масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи  ду  кишвар  дар  мулоқоти  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Манмоҳан Сингҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон, баррасӣ шуд.
Муҳокимаи масоили ҳалталаб нахуст дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Манмоҳан Сингҳ ва сипас дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду кишвар сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори хушӣ аз муколамаи сиёсии созанда дар сатҳи олии ду кишвар таъкид дошт, ки “таҳкими пайгиронаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҳиндустон ҷузъи муҳим ва усулии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар самти Осиё мебошад”.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, ҷаҳонгардӣ ва саноат, хусусан дар самтҳои иктишоф ва коркарди маъданҳо, кимиё, дорусозӣ ва истеҳсоли маводи сохтмон таъйид намуданд. Таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва табодули дӯстонаи миёни созмонҳои ҷавонон дорои дурнамои хуб мебошад.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба ҳамкории амниятӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Ҳиндустон, авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва таъсири он ба минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули назар карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон Манмоҳан Сингҳро даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёрад.
Сипас дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Манмоҳан Сингҳ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Созишнома миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некуаҳволии оилаи Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва тиб;
Созишнома миёни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва шуғли Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнат;
Барномаи табодул миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф;
Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бофандагии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ;
Барномаи ҳамкории миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар барои солҳои 2013-2015;
Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва ҷавонон.
Зимни изҳороти матбуотӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Манмоҳан Сингҳ ба натиҷаи мулоқоту музокироти расмӣ баҳои баланд дода, дурнамои рушди муносиботи ду кишварро дар ояндаи наздик умедбахш номиданд.
Манмоҳан Сингҳ аз ҷумла изҳор дошт, ки “Тоҷикистон шарики калидии Ҳиндустон дар Осиёи Марказӣ аст”. “Мо ба қарор омадем, ки муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистон ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ бароварда шаванд”, - таъкид дошт Сарвазири Ҳиндустон. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки “Ҳиндустон аз талошҳои Тоҷикистон барои ҳамроҳшавӣ ба Созмони ҷаҳонии савдо дастгирӣ мекунад”.
Тибқи изҳороти сарони давлатҳо ду ҷониб ба қарор омаданд, ки бурсияҳои таҳсилотии Ҳиндустон барои донишҷӯёни тоҷик аз 100 ба 150 адад расонда шаванд. Таъсиси маркази татбиқи технологияҳои гуногуни муосири Ҳиндустон дар Тоҷикистон яке аз иқдомҳои муҳим барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкории судманди ду кишвар номида шуд.
Таъкид гардид, ки барои робитаҳои мустақими нақлиётӣ, аз ҷумла роҳи оҳан, низ ҳар ду кишвар талош хоҳанд кард.

3 сентябр мулоқоти судманди дигар доир ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайатҳои Федератсияи Палатаи савдо ва саноат, Конфедератсияи саноат ва Маркази Ассотсиатсияи савдо ва саноати Ҳиндустон сурат гирифт.
Ба имзо расидани боз 6 санади муҳими дигар миёни сохторҳои масъули давлатии Тоҷикистон бо ширкатҳои гуногуни давлатию хусусии Ҳиндустон бозгӯ аз ҳавасмандии амиқи ду ҷониб ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд мебошад.
Ҳамин тариқ 4 санади муҳими ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкатҳои Khoday groop, ширкати таҷҳизоти барқии BHELL, Gemfields, Chadha Power, Ёддошти тафоҳум миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии Ҳиндустону Осиёи Марказӣ ICAF ва Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҳиндустонии “Ходай груп” (Khoday groop) оид ба ҳамкории илмию техникӣ ба имзо расид.
Ҳамин тариқ шумораи санадҳои нави имрӯз имзошуда ба 12 адад расид.

3 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Деҳлӣ Шри Ҳари Ходай, директори иҷроияи ширкати Ходай групп (Khoday group) - и Ҳиндустонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот нақшаҳои кунунӣ ва ҳамкории ояндаи ин ширкат бо Тоҷикистон муҳокима гардид.
Тавре зикр гардид, ин ширкат бо Тоҷикистон нақшаҳои зиёди ҳамкорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои гидроэнергетика, аз ҷумла доир ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва парандапарварӣ дорад.
Ёддошти тафоҳуме, ки имрӯз миёни ин ширкат ва Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба имзо расид, заминаи хуби қарордодию ҳуқуқии густариши робитаҳо хоҳад буд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Деҳлӣ Сушма Свараҷ, сарвари мухолифин дар Лок Сабҳа (Палатаи мардумӣ) - Палатаи поёнии порлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон, намояндаи Ҳизби Мардумии Ҳиндустон дар порлумонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот асосан масоили вобаста ба робитаҳои байнипорлумонии ду кишвар, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти равандҳои демократӣ ва таъмини волоияти қонун баррасӣ гардид.
“Ҳиндустон барои мо на танҳо намунаи пешрафти босуръати иқтисодӣ, балки ҳамчун кишвари дорои анъанаҳои ғании демократӣ ҷозибанок аст”- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон.
Сушма Свараҷ низ дар навбати худ ба фаъолияти порлумони дупалатагии Тоҷикистон, рушди равандҳои демократикунонии ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҷрибаи омӯхтании сулҳсозии кишвари мо таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро ба густариши ҳамкорӣ дар ин самтҳо таъкид доштанд.

Масоили ҳамкории байнипорлумонии ду кишвар ба таври муфассал дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ, ноиби президент - раиси Раҷя сабҳа (Шӯрои Штатҳо) - Палатаи болоии порлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон баррасӣ шуд.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ду ҷониб ба густариши робитаҳои бештар миёни порлумонҳои ду кишвар ҷиҳати рушди порлумонтаризми муосир изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Бегоҳии 3 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Пранаб Кумар Мукерҷӣ, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон, мулоқот намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Пранаб Кумар Мукерҷӣ аз мулоқоту музокироти зиёди давоми рӯз суратгирифта ва имзо шудани 12 санади нави ҳамкорӣ миёни сохторҳои гуногуни давлатӣ ва хусусии ду кишвар изҳори хушӣ карда, онро таконбахши робитаҳои минбаъдаи сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию фарҳангӣ ва амниятию низомӣ номиданд.
Таъкид гардид, ки имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкории судманди дуҷониба заминаи воқеӣ барои баровардани муносиботи ду кишвар ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ мебошанд.
Гуфтугӯи созанда ҳамчунин доир ба масоили минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Субҳи 4 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маркази иёлати Карнатакаи Ҷумҳурии Ҳиндустон - шаҳри Бангалор ташриф оварда, аз чанд корхонаи технологии он дидан кард ва бо Хансраҷ Бҳарваҷ, губернатори иёлат, мулоқот намуд.
Зимни боздид аз корхонаҳои истеҳсолии ширкатҳои HAL ва Infosys Technologies Limited аз ҷумла аён гардид, ки дар воқеъ Бангалор шаҳри дорои тараққиёти хуби иқтисодию техникӣ буда, ба манзури пешрафтҳои босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва навовариҳояш “Водии силикон” ном гирифтааст.
Дар мулоқот бо губернатори иёлати Карнатака масоили ҳамкории судманди Тоҷикистон бо ин минтақаи рушдкардаи Ҳиндустон баррасӣ шуд.
Ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати мошинсозӣ, истеҳсоли маводи электронӣ, телекоммуникатсионӣ, шоҳибофӣ ва дар соҳаҳои биотехнология, кишоварзӣ, аз ҷумла зироатҳои донагӣ ва ороишӣ, гулпарварӣ ва ашёи хоми шоҳӣ, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Ҷалби васеи соҳибкории хусусӣ ба густариши ҳамкорӣ ва татбиқи дастовардҳои пешрафтаи илму техника ва технологияҳои муосир матлуб дониста шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.09.12    №: 114-115    Мутолиа карданд: 853

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед