logo

муҳоҷират

Лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор гирифт

Дар  конфронси  ҷумҳуриявӣ, ки бо ибтикори  Хадамоти муҳоҷирати  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва созмони ҷамъиятии  "Перспектива+" баргузор шуд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  муҳоҷирати меҳнатӣ", натиҷаҳои фаъолияти  мақомоти  давлатӣ оид ба татбиқи стратегияи муҳоҷирати корӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии бахши муҳоҷирати  корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Иштирокчиёни  конфронс оид ба вазъи будубоши муҳоҷирон ва фаъолияти  кории шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар изҳори андеша карданд. Таъкид гардид, ки қонуни мазкур санади муҳиме ҷиҳати ҳифзи  ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои муҳоҷирон хоҳад буд.
Абдулхайри Ғафуриён, корманди Дастгоҳи иҷро-ияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт,  ки  лоиҳаи қонун дар  ҳамкории густурда ва ҳасана  бо намояндагии  Созмони байналмилалии  муҳоҷират  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст. - Кӯшиш дорем тайи ду моҳ тамоми камбудиву  нуқсонҳои ҷойдоштаро  бартараф  намуда, онро барои  баррасӣ ба  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар   пешниҳод намоем, - гуфт ӯ.

Шаҳнози ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.10.12    №: 127    Мутолиа карданд: 13096

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед