logo

ҳукумат

Ба зимистон омода мешавем

28 сентябр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Дар оғози маҷлис нахуст ҳисоботи вазири кишоварзӣ оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти кишвар аз 27 августи соли 2009 "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2010-2014" шунида шуд.

Тавре ки зикр гардид, солҳои 2010-2012 дар майдони зиёда аз 36600 гектар боғу токзори нав бунёд ёфтааст, ки 5040 гектар аз нақшаи иҷрои фармони мазкур зиёд буда, 115,8%- онро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди барзиёд иҷро шудани нақша, ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо нақшаи бунёди боғу токзори нав ва навсозии боғу токзори куҳна дар се соли аввали муҳлат пурра иҷро нашудааст. Аз ин хотир дастур дода шуд, ки дар муҳлати боқимондаи соли 2012 ва солҳои 2013 - 2014 фармони мазкур пурраву барзиёд ва босифат иҷро гардад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба боғутокпарварон ва соҳибкороне, ки ба бунёди корхонаҳои коркарди саноатии меваю сабзавот машғуланд, дастгирии давлатӣ, аз ҷумла ҳаҷми қарзҳои хурди бонкӣ, зиёд карда шавад.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои солҳои 2009-2014 ҳисобот дод. Зимни ҳисобот, аз ҷумла зикр гардид, ки барои тақвият додани таъминоти моддию техникии мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар солҳои 2011 ва 2012, 15 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ  маблағҳои  инвеститсионии  хориҷӣ  ҷудо шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  таъкид дошт, ки бо назардошти шароити вазнини кӯҳистони Тоҷикистон ва зиёд рух додани офатҳои фавқулодаи табиӣ таъминоти техникӣ ва кадрии ин мақомот бояд беҳтар карда шавад.
Дар ҷаласа инчунин"Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015" тасдиқ шуда, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ" пазируфта, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин лоиҳаи як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва хулосаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳои конститутсионӣ "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қонунҳо "Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ", "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳо", "Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор" пешниҳод шуд.
Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таваҷҷуҳи масъулонро бори дигар ба масоили омодагӣ ба зимистон ҷалб намуда, доир ба захира намудани озуқаворию маводи сӯхт, аз ҷумла ангишту гази моеъ ва омода кардани тамоми бахшҳои хоҷагии халқи кишвар ба мавсими зимистон супоришҳои мушаххас дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.10.12    №: 127    Мутолиа карданд: 950

10.12.2018


МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории фестивали сайёҳӣ

Бунёди гармхона бо усули гидропоникӣ

Олимони тоҷику рус 200-солагии шарқшиносии Россияро таҷлил карданд

Дар Лаҳистон конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз ёфт

Ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин анҷом меёбад?

Кишварҳои G-20 мубориза бо маблағгузории терроризмро таҳким мебахшанд

Ҷаҳон дар як сатр

Бозгашти Фузайлов ба футболи тоҷик


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед