logo

маориф

Рисолати пурмасъулияти омӯзгор

Аввалин омӯзгор Худованд аст. Ӯ бар Одам (а), нахустин инсон, ҳамаи асмо - ҳамаи донишҳоро омӯхт ва мақому эътиборашро бад-он аз фариштаҳо боло гузошт. Ва бар паёмбари гиромии мо (ба воситаи Ҷабраил) гуфт: "Бихон!", дар ҳоле ки ӯ хонанда набуд ва наметавонист бихонад.
Ва танҳо Ӯ - Худованд ба инсон омӯхт он чиро, ки намедонист. Ва ҳам қаламро барои ин васила гардонид.

Ҳама паёмбарони ростин низ омӯзгор буданд, омӯзгори қавм, омӯзгори башарият. Бар эшон шинохти ҳақу ҳақиқат муҳимтар аз омӯзиши ҳама дунё буд. Дар ҳоле ки қавм гиромияшон намедоштанд ва ҳам озорашон медоданд, онҳоро ба ростӣ, ба шинохти ҳақу ҳақиқат даъват мекарданд, мегуфтанд: "Мо барои ин аз шумо подоше намехоҳем".
Одамӣ ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Вазифаи ӯ аст, ки бояд аз гаҳвора то гӯр илм биёмӯзад. Ва он чӣ омӯхтаасту андӯхтааст, бар дигарон биёмӯзаду бибахшад.
Сарзамине, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ обод нахоҳад гардид ва ҳам танҳо бехирадон метавонанд умед бибанданд, ки он ба ногоҳ рӯзе сарсабз хоҳад шуд, дар ҳоле ки ҳеҷ борони лутф бар он намерезад ва абр аз ӯ ба ҳазор фарсах мегурезад.
Чи бадбахт аст мардуми диёре, ки омӯзгорашро намешиносад ва ӯро гиромӣ намедорад. Мусаллам аст, ҷомеае, ки сипосу сипосгузориро фаромӯш кардаву намедонад, ҳеҷ гоҳ рушд намеёбад ва ба саодату баракат рӯ ба рӯ намегардад. Ва ба мардуме, ки бар рӯи омӯзгор меситезад, дӯзах ҳам танаффур менамояд ва бар он лаънат мехонад.
Омӯзгорро бояд бартар аз падар, бартар аз модар дӯст бидорему қадр бинамоем. Роҳи дуруст, роҳи писандидаро кӣ ба ҷуз омӯзгор ба мо менамояд?
Ҷойи таассуф аст, ки имрӯз ҳирс чашмони моро кӯр карда ва ҳақиқатро намебинем. Агар ҳам мебинем, намешиносем. Ҳолиё сарват, дороӣ меъёри эътибори инсон гардида. Нодориву фақр обрӯи инсонҳои асилро рехта ва онҳоро ба чашми ғаразҷӯён ба хокистар баробар карда. Беқадртарин инсонҳо нодортарини онҳо маҳсуб меёбад. Суханашон асар надорад ва аз ҳолашон ҷуз гурӯҳе хабар надорад. Аммо инро ҳанӯз наметавон бадбахтӣ шумурд. Бадбахтӣ он аст, ки ҳирс ба домони дили омӯзгор даст дароз менамояд ва ӯро тобеи худ месозад. Ӯ дар миёни кирдору омӯзиш ба шогирдон аз ҳирс мегӯяд ва аз ҳирс таълим медиҳаду ҳирсро меомӯзад. Дар ҳоле ки муаллими башарият, паёмбари ростини мо, бо он ки аксар нодору фақир буданд, ба он ифтихор доштанд. Ҳеҷ гоҳ фақру нодорӣ ин қудратро надошт, ки ӯрову пайравонашро битарсонад. Ба Билол, нахустин муаззини ислом, гуфт: "Чунин кун, ки фақир ба Худо расӣ, на ғанӣ". Ва ҳамчунон кард.
Салмони Форсӣ зимни посухи ин пурсиш, ки барои чӣ мегиряд, гуфт: "Савганд ба Худо, аз тарси марг намегирям ва аз ҳаваси дунё намегирям, валекин паёмбари Худо бо мо аҳде карда, гуфта буд: Бояд насибаи ҳар яке аз шумо аз дунё он миқдор бошад, ки насибаи як раҳгузар".
Ӯ аз мансаб мегурехт ва мегуфт: "Агар тавонӣ, ки хок бихӯрӣ ва бар болои ду кас амир набошӣ, пас инчунин бикун". Аммо чун иҷборан амираш таъин карданд, аз гирифтани моҳонаи ҳалоли худ даст кашид, балки онро ба нодорон бахшид. Дар танаш як пора либосе дошт, ки нисфашро мепӯшид ва нисфашро зери пояш меандохт. Ва ӯ бо он шикастанафсиву парҳезгорӣ дар назди сӣ ҳазор нафар хутба мехонд, ки он ба навъе дарс буд. Ва ҳам пиндору гуфтору кирдораш барои он мардум ва барои пасомадагон аз беҳтарин дарсҳо маҳсуб меёфту меёбад.
Аҷаб ин ки мо пайравии ин бузургонро аз ёд бурдаем. Қаноатро намешиносем, агарчи имрӯз ба мол аз он бузургон доротарем. Чи рисолат доштем? Чаро мо ба дунё ин қадар зиёд дил додаем, дар ҳоле ки медонем на ҳамаи моро он насибае, ки мехоҳем, ба даст меояд? Мебинем, омӯзгор низ дар ҳасрати дунёву ҷамъ овардани он асту дасташ бас кӯтоҳ аст, аммо аз баҳри ин умед ҳеҷ намегузарад.
Ва шогирд бо ин ҳол ба ӯ эътимоде надораду нотавоне, раҳгумзада медонаду мехонадаш. Пас сухану дарси ин устод чи гуна бар дили раҳрави нави зиндагӣ коргар меафтад?
Не, ман ҳаргиз намегӯям, ки омӯзгор нодор бошад, ҳарчанд нодор нест, балки муроди ман аз ин гуфта он аст, ки ӯ аз ин ҳолат, аз нодорӣ ҳеҷ натарсад. Ва бояд бидонад, ки бузургтарин кас аст, дар ҳоле ки илм дорад ва аз рӯи он амал мекунад ва ба шогирдон дарс мегӯяд. Ва бояд бидонад, ки аз доротарини дороёни дунёву охират аст. 
Ва бояд худро бас арзон надонаду арзон нафурӯшад. Охир мақому мартабаи омӯзгори асил, ҳидояткунандаи башарият ба роҳи рост, аз фаришта болотар аст ва Худованд ӯро дӯст медораду намегузорад, ки дар ду олам хор гардад.
Оре ва ҳам зуд аст, ки дороён дармеёбанд, агар ӯ - омӯзгор доро набошад, дороии онҳо зиёд намегардад, балки пойдор ҳам намемонад. Аз ин рӯ саъй бар он медоранд, ки ӯ доро бошад ва барои ин дороияшонро сарф менамоянд. Магар метавон дар диёре, ки хуршеду маҳу ситора ҳеҷ меҳмон намегарданд ва чароғе фурӯзон намешаваду зулмот онро тарк намекунад, худро хушбахт шумурду аз хушбахтӣ сухан гуфт?
Як нафар дӯсти омӯзгорам ба нигаронӣ мегуфт, ки "чанде аз дороёни зодгоҳаш фарзандонашонро ба хориҷи кишвар фиристоданд, то касб омӯзанду маълумоти олӣ бигиранд, аммо пас аз соле онҳоро ба ватан баргардонданд. Дарёфтанд, ки хондаву омӯхта наметавонанду вақтро ба беҳуда мегузаронанд, чун барои идомаи таҳсил дар мактаби олӣ замина надоранд. Пушаймон аз он буданд, ки ба таълиму тарбияи онҳо боре ҳеҷ таваҷҷуҳ зоҳир накарданд. Ва изҳор доштанд, ки фарзандонро чун нозпарвард намудаанд, ба мушкилот рӯ ба рӯ шудан намехоҳанд.
Фарзанди яке бо ҳуҷҷат омад, ҳуҷҷате, ки донишгоҳро хатм намудааст. Аммо баъд маълум гардид, ки ӯ на касберо хуб омӯхтаву на донишеро ба андозае андӯхтааст".
Пештар ҳама омӯзгор буд, омӯзгори худ, омӯзгори ҳамдигару ҳама. Фарзанди дигареро чун фарзанди худ медонист ва донишу таҷрибаашро барояш дареғ намедошт, ӯро ҳидоят мекард ба роҳи рост, ба омӯзиш, ободонӣ, дӯстдории Ватан, рафъу ислоҳи камбудиҳо.
Масҷидҳо худ мактаб буданд. Ба пиндору гуфтору кирдори одамон дар ин ҷо баҳо мегузоштанд, бе ҳеҷ як хотирбинӣ, бе ҳеҷ як дурӯягӣ. Дар ин макон дарси одамият меомӯхтанд.
Ҳолиё амри маъруфу наҳйи мункарро ба маънии бисёр маҳдудаш мефаҳманд ва намедонанд, ки дин насиҳат аст ва насиҳат дарс. Пештар ҳар нафар пиндору кирдори зиштеро дар касе мушоҳида мекард, ӯро аз он боз медошт. Ва амали некашро тарғиб менамуд, то дигарон пайравияш намоянд.
Ҳолиё бархе аз рӯҳониёни шинохта, ки бештар ба хонаи дороён даъват мешаванд, ҳеҷ амр намекунанд то даст аз ғорати дигарон кӯтоҳ кунанд ва зулм нанамоянду моли ҳалол ҷамъ оранд. Барояшон фатво меҷӯянд ва амалашонро дуруст мешуморанд. Ва ҳам чашми тамаъ ба он мол медӯзанд. Ҳар ойина агар паёмбари гиромии мо аъмоли онҳоро медид, мегуфт: "Исломе, ки ба хуни ҷигараш овардаам, на ин аст ва ман бар шумо на чунин таълим додаам".
Ҳолиё ҷомеа рисолати омӯзгорияшро ба ихтиёри боди фаромӯшӣ вогузоштааст. Хонаҳо хароб мешаванд, занону шавҳарон аз ҳам ҷудо мегарданд, фарзандон ба зино ба дунё меоянду гӯиё ҳеҷ ҳодисаи ғарибе рух надодаву он оқибати баде надорад. То оташ дар буттаи худамон наафтаду насӯзад, намедонем сӯхтан чисту лаб намекушоем ва бонги изтироб намезанем.
Пештар таъсисдиҳандагону масъулони рӯзномаҳо аҳли маориф буданд ва мардум нашрияҳоро чун бунёди мактаби бузург медонист. Ҳар рӯзноманигор омӯзгор буд, омӯзгори ҷомеа ва ба бунёду созандагӣ даъват мекард. Имрӯз ӯ рисолати омӯзгорияшро аз ёд бурдааст. Аҷаб ин аст, ки мардум туфайли васоити ахбори омма аз ҳама ҷангҳои сарду гарми дунё хабар дораду намедонад чӣ ҷанги сарду гарм дар хонаи худу ҳамсояаш мегузарад, то пеши роҳи онҳоро бигирад ва ё дасти мадад барои таъмини сулҳ дароз намояд.
Пештар адабиёт ба хотири рушди маънавиёти ҷомеа буд ва ҳар адиб худро омӯзгори мардум меҳисобид. Қалам ба даст мегирифту менавишт, то адл пойдор бошад, зулм аз миён бархезад, накӯкорӣ намоянд, раҳму шафқат аз миён наравад, бузургсолонро эҳтиром гузоранду дасти навозиш бар сари кӯдакон баранд, ҷаҳлу нодонӣ ҳеҷ роҳ наёбад ва одамон зери осмони соф ба хушию хуррамӣ зиндагӣ намоянд.
Ҳолиё садоҳо баланд мешавад, ки ин адабиёт монеаи пешрафташон дар зиндагӣ гардида ва ба айби он ба ихтироъ рӯ наёвардаанд. Мехоҳанд ба рӯи ин омӯзгорон, адабомӯзонашон бидаванд ва ҳеҷ китоберо аз боби одамият нахонанд.
Пештар гузаштагон, ниёгонро тавсиф менамудем, ҳолиё бегонагонро. Аз дидаҳову шунидаҳо мегӯему афсӯс мехӯрем, ки аз он ба садсолаҳо қафо мондаем. Онҳоро бо ифтихор тавсиф мекунему худро бе дидаи эътибор мазаммат менамоем. Ва намедонем, ки ин ҳам ба навъе ватанфурӯшист, хиёнат ба он мебошад. Мо ба кишварҳои пешрафта на барои он бояд сафар намоем, ки биёему аз тоҷик будан шарм дорем.
Агар дидаи ибрат бикушоем ва ҳақиқатро ҷӯё бошем, меомӯзем, меомӯзонем ва кишварро рушди тоза мебахшем. Дар ин маврид ба умеди касе будан аз осмон ситора овардану аз бодҳои сарду сар-сар  умеди сабзидан доштан аст.
Дирӯз зани ҷавоне бо дидаи ашкбор ба идораи рӯзнома омад. Пиндоштам, ҳамин ҳолӣ аз ҷавоне, ки ӯро дар рӯзгор эҳтироми хоса нанамуда, шикоят мекунад. Аммо ӯ аз омӯзгор шикоят кард. Гуфт, ки духтарашро задааст.
Ба хотир овардам, маро ҳам, ки дар синфи як мехондам, муаллим зада буд. Чун шикоят ба падар бурдам, як шапотии обдор ба рӯям зад ва гуфт: "Дигар аз омӯзгор шикоят макун".
Гуфтан мехостам, ки маро ҳам зада буданд ва мо беш аз се ҳазор мактаб дорем, агар аз ҳар мактаб якнафарӣ ба чунин шикоят биёянд…, аммо ӯ пешдастӣ намуд ва изҳор дошт: "Ба ҳама мақомоти дахлдор, шахсони масъул муроҷиат кардам, ҳеҷ кас тадбире наандешид. Охир ман аз он мегирям, ки месӯзам, барои кӯдаки маъюбам месӯзам. Агар аз ин даргоҳ ҳам ноумед биравам…".
Ман андешидам: "Агар он нафароне, ки арзи ин занро шуниданд, рисолаташонро, рисолати омӯзгорӣ, ҳидояткунандагияшонро иҷро мекарданд, шикоят то ба ин ҷо намерасид. Ӯ дигар мехоҳад ба ҳама бигӯяд, ки ба ӯ зулм намуданд. Ва чаро ин занро ба ҷойи хоҳари худ нахонданд? Агар ҳам ҳақ нест, чаро роҳаш нанмуданд, то ҳақиқатро дарёбад"?
Як омӯзгори куҳансоле, ки меҳмони идораи рӯзнома буд, гуфт: "Ба омӯзгорони ҷавон насли мо бояд усулҳои таълиму тарбияро биёмӯзанд. Ва набояд ба омӯзгоре, ки таҷрибаи чандинсолаи омӯзгорӣ надорад, таълиму тарбияи синфҳои ибтидоиро вогузор намоем".
Ба номаи нашршудаи ин омӯзгор раиси ноҳия посух гуфта буд. Раис омӯзгорро ба он айбдор мекард, ки аз имтиёзҳо бархурдор асту соҳиби замин низ гардидааст. Омӯзгор аз он гиламанд буд, ки раис мақсади ӯро нафаҳмидааст. Муроди ӯ расонидани ёрӣ ба омӯзгороне мебошад, ки ба нафақа баромадаанд ва ин масъала ба тамоми гӯшаҳои кишвар дахл дорад, ба як ноҳия маҳдуд намегардад.
Барои посух гуфтан меандешидам, аммо ӯ худ мушкили маро осон кард. Гуфт: "Ҳар кӣ он номаву ин посухро мехонад, дармеёбад, ки раис одитарин масъаларо нафаҳмидааст".
Як омӯзгори варзидаву маъруф мегуфт: "Шикоят аз омӯзгор зиёд аст ва шикояти омӯзгорон ҳам кам нест. Аммо агар ҳама диққату умр сарфи шунидани шикоят бигардаду барои он тадбирандешӣ шавад, мо аз таълиму тарбия қафо мемонем, бисёр қафо ва ҳам он таълиму тарбия дигар асари нек намебахшад". Баъд, ба пиндорам, барои болидагии руҳ ҳикоят кард: "Пас аз бист соли хатми мактаб ҳамсинфон ҷамъ меоянд. Яке аз онҳо дар ҳоли мастӣ ба омӯзгор мегӯяд: "Дидӣ, ана бубин, ин ҳуҷҷатро бубин, сарвари як ташкилотам, ҳол он ки мегуфтӣ, ки ҳеҷ одам намешавам". Омӯзгор бо тааҷҷуб бар ӯ менигарад, мехоҳад посух бигӯяд, аммо раво намедорад, балки бар чунин шахси ҷоҳил суханро ҳайф медонад. Аммо яке аз ҳамсинфон мегӯяд: "Муаллим хато накардааст. Охир нагуфтааст, ки роҳбари ташкилот намешавӣ, балки гуфтааст одам намешавӣ ва ту бо ин амал ин ҳақиқатро собит сохтӣ". Пас аз соле ӯ ба ҷурми фасод дастгир шуд ва ҳашт сол дар маҳбас дарс хонд. Аммо он қадар наомӯхт, ки биёяду аз муаллимаш барои он кирдору гуфтори зишташ узр бипурсад. Шояд Худованд ҳам ӯро мебахшид"?!
Як марди парҳезгор соле пештар ба мо мегуфт: "Худованд одамиро омӯхт ва дӯст медорад, ки ӯ ҳамеша биёмӯзад ва дигаронро биёмӯзад. Аз ин рӯ бояд мақоме баландтар дар назди ӯ аз мақоми омӯзгор набошад. Подоши шоистаи онҳоро худаш медиҳад ва танҳо ӯ ба ин қодир аст". Баъд дарёфтам, ки ӯ умре омӯзгор буда ва ҳам ин суханонро барои иҷрои рисолати он рӯзаш низ гуфта, то мо масъулиятро бишиносем, омӯзгор бошем ва бидонем, ки подоши шоистаро Офаридгор медиҳад. Танҳо Офаридгор. 

Абдулқодири РАҲИМ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.10.12    №: 128-129    Мутолиа карданд: 1864

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед