logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои «Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ», Кувайт, 16 октябри соли 2012

Волоҳазрат, Раиси иҷлосия,
Олиҷанобон, муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Қабл аз ҳама, мехостам ба Волоҳазрат Амир, Ҳукумат ва мардуми Давлати Кувайт барои пазироии гарм ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти босамари Саммити мазкур сидқан арзи сипос намоям. Ибтикори хирадмандонаи Волоҳазрат роҷеъ ба даъвати ҷаласаи имрӯза қобили таҳсин ва ҷонибдории ҳаматарафа аст. Умедворем, ки бо идома пайдо кардани он нақши Муколамаи ҳамкории Осиё дар густариши гуфтугӯи бисёрҷониба доир ба масъалаҳо ва самтҳои мубрами рӯзномаи иҷтимоию иқтисодӣ дар паҳнои Осиё тақвияти бештар касб хоҳад кард.
Бидуни муболиға, гуфтан мумкин аст, ки Саммити имрӯза дар роҳи ба ҳам овардани саъю талоши кишварҳои иштирокдори Муколамаи Осиё ҷиҳати ҳалли масъалаҳои умдаи рушди қитъа, густариш ва бо мазмуни амалӣ ғанӣ гардонидани ҳамкориҳои мо аҳамияти калидӣ дорад. Итминон дорем, ки ин ниҳоди мо, ки зиёда аз 30 кишвари дунёи муосирро фарогир аст, тавассути мулоқотҳои байнидавлатии сатҳи олӣ ва баланд дастовардҳои мавҷудаи ҳамкориҳои байниминтақавиро таҳким дода, авлавиятҳо ва роҳҳои нави тавсеаи онро муқаррар хоҳад сохт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ширкаткунандаи доимии Муколамаи Осиё мебошад, ба рушду тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар чаҳорчӯбаи он ҳавасманд буда, чунин мепиндорад, ки ин қабил ҳамкориҳо ба амиқтар гардонидани ҳамгироии иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мамолики дигар минтақаҳои қитъаи Осиё мусоидат мекунанд. Фикр мекунем, ки дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиши барои тақвияти самти иқтисодии ҳамкории чандҷониба имкониятҳои фарох мавҷуданд. Фақат зарур аст, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва афзоиши сармоягузориҳо ба иқтисоди кишварҳои мо тасмимоту иқдомоти марбута сурат гирад.
Имкониятҳои мавҷуда баҳри густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва бунёди инфрасохтор метавонанд пойдевори боэътимоди пешрафти умумии мо дар ин самт бошанд.
Қитъаи Осиё соҳиби тамаддуни қадима ва фарҳанги волову ғанӣ буда, комилан ҳақ дорад, ки дар давраи муосир ба эҳё бирасад ва нақшу мавқеашро дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ боло барад.
Муътақид бар он ҳастем, ки ҳамкориҳои кишварҳоямон дар чаҳорчӯбаи Муколамаи Осиё бояд хислати амалию фаъол касб намуда, дар шароити мушкилоти глобалии молиявӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои муқарраршуда ва иҷрои 20 барномаи эъломшуда дар арсаҳои энергетика ва амнияти энергетикӣ, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ, рушди соҳибкорӣ, тавсеаи гуфтугӯи байнифарҳангӣ ва ташаккули бозори захиравии қитъаи мо тақвият дода шавад.
Осиё, ки аз захираҳои табиӣ хеле бой аст, барои ҳалли вазифаҳои номбурдаи ҳалталаб, ки ба ҳаёту тақдири ҳар як сокини кишварҳои аъзои Муколама дахл доранд, комилан қодир аст.
Дар айни замон боиси таассуфу нигаронӣ аст, ки тақрибан як миллиард аҳолии ин қитъа, яъне ҳар сокини чаҳорум, имрӯз ба неруи барқ дастрасӣ надорад. Аз ин лиҳоз, ҳамкории байниминтақавӣ оид ба масъалаҳои энергетика бояд яке аз самтҳои афзалиятноки Муколамаи Осиё бошад. Зиёда аз ин, ба ин иқдом моро қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид водор месозад, ки соли 2012-ро «Соли байналмилалии энергияи устувор барои ҳамагон» эълон намудааст.
Боиси хушнудист, ки зимни татбиқи ибтикори Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид «Энергетикаи устувор барои ҳама» Тоҷикистон дар қатори панҷ мамлакати дунё ба ҳайси кишвари пилотӣ пешниҳод шудааст. Алҳол мо бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории созандаро ба роҳ монда, аз имкониятҳои ин барнома ба шакли беҳтарин истифода бурданием.
Солҳост, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷаҳду талошҳоеро, ки ба маҳдуд ва кам кардани истеъмоли сӯзишвории анъанавӣ ва истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи неру равона шудаанд, фаъолона пуштибонӣ менамояд.
Паҳлуи дигари кӯшишҳои мо дастрас кардани технологияҳое мебошад, ки сарфа намудан ва самаранок истифода кардани захираҳои мавҷудаи табииро таъмин менамоянд. Дастрас намудани чунин технологияҳо ҳамчунин ба амалӣ шудани вазифаҳо ва Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар мавриди кам кардани таъсири манфии антропогенӣ ба иқлим мусоидат менамояд. Аммо бидуни маблағгузории кофӣ, масалан, чорабиниҳои марбут ба кӯшишҳои кам кардани партовҳои зараровар иҷро нашуда мемонанд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна ибтикороти байналмилалӣ оид ба афзун гардонидани ҳаҷми кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ ба кишварҳои рӯ ба инкишофро ҷонибдорӣ менамояд.
Мехоҳам хотирнишон созам, ки Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми ин партовҳо дар Осиёи Марказӣ ҷои поинтаринро соҳиб буда, дар байни зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон дар робита ба ҳаҷми партовҳои дуокиси карбон ҷои 150-умро ишғол мекунад. Ин, пеш аз ҳама, ба истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ, ки тавассути онҳо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол мешавад, вобаста аст.
Имрӯз Тоҷикистон дар амал ҷиҳати беҳтар намудани иқлим, ки бе он таъмини рушди устувори кишварҳо номумкин аст, саҳми муносиб мегирад. Омили асосӣ дар ин ҷода ба он иртибот дорад, ки 98 фисади барқ дар кишвари мо дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол шуда, гидроэнергетика яке аз афзалиятҳои калидии рушди устувор маҳсуб меёбад.
Дар айни замон Тоҷикистон дорои иқтидори потенсиалии бузурги гидроэнергетикӣ, яъне 527 миллиард киловатт-соат неруи барқ дар як сол буда, мутаассифона, танҳо ҳамагӣ 3-4 фоизи он аз худ шудаасту халос. Ин иқтидор аз эҳтиёҷоти кунунии кишварҳои Осиёи Марказӣ се маротиба зиёд мебошад ва азхудкунии минбаъдаи он ба кам гардидани партови миллиардҳо тонна гази ангидриди карбон ба ҳаво ва сарфаи ҷиддии захираҳои нафт, газ ва ангишт мусоидат хоҳад кард.
Аҳамияти обанборҳои бузург, ки дар шароити кӯҳистон барои таъмини кори мунтазами неругоҳҳои барқи обӣ сохта мешаванд, низ бузург аст. Дар шароити норасоии захираҳои обӣ, ки айни ҳол дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад, ин қабил обанборҳо дар таъмини устувори кишварҳо бо об нақши муҳим бозида, барои пешгирӣ намудани офатҳои марбут ба об, чун обхезӣ ва селҳо, нақши муҳим мебозанд.
Масалан, ҳамасола офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон, ки 93 фисади қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, хисороти зиёди иқтисодӣ ворид мекунанд, садҳо оила бе хонаву дар мемонанд ва даҳҳо нафар қурбон мешаванд. Дар баъзе мавридҳо селобу ярч нуқтаҳои аҳолинишинро пурра аз байн мебаранд.
Ба хотири корҳои барқарорсозии баъди офатҳо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола ҳиссаи назарраси буҷети худро сарф менамояд ва дар ин ҷо бояд на танҳо нақши ҳокимияти миллӣ, балки ба андешаи мо, ҳамкорию пуштибонии мутақобилаи кишварҳои минтақаҳои мухталифи қитъаи Осиё низ тақвият дода шавад. Яке аз воситаҳои тавсеаи ин гуна ҳамкорӣ барои кишварҳои ба баҳр баромади мустақим надошта, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост, дар қитъаи Осиё муҳайё сохтани низоми ҳадди аксари имтиёз дар тиҷорат мебошад, ки дар ин хусус мо дар дигар созмонҳои байналмилалӣ борҳо изҳори назар карда будем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз соҳиби захираҳои бузурги обию энергетикӣ буданаш ба ҳалли масъалаҳои об пайваста аҳамияти махсус медиҳад. Маҳз бо ибтикори давлати мо Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ду қарори муҳимро доир ба об қабул карда, соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза ва солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон карда буд. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ҳамкорӣ дар амри ҳаллу фасли мушкилоти рӯз аз рӯз мураккабтаршавандаи масоили об соли 2013 бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» пазируфта шуд.
Мо умедворем, ки баргузории ин соли байналмилалӣ ба ҳалли самарабахш ва мутақобилан судманди масъалаҳои марбут ба захираҳои об, таҳияву татбиқи барномаҳои муштарак оид ба назорат, ҳифзи оқилонаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар ва, билохира, ба сулҳ, амният ва субот дар минтақаҳои гуногуни қитъаи Осиё мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни татбиқи нақшаи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об мо муҷаддадан пешниҳод менамоем, ки ба мавзуи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи сарчашмаҳои оби нӯшиданӣ диққати махсус дода шавад. Вазифаи мазкур бояд ҳам аз ҷониби ҳукуматҳои миллӣ ва ҳам дар сатҳи ҳамкории ҳукуматҳои кишварҳои ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар амалӣ гардад.
Мамлакати мо дар Стратегияи миллии рушд, ки ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола такя мекунад ва зимни онҳо чун кишвари пилотӣ муайян гаштааст, ноил шудан ба тараққиёти устувори иқтисодӣ ва ду маротиба паст кардани сатҳи камбизоатиро ба ҳайси вазифаи авлавиятноки худ муқаррар намудааст. Яке аз масъалаҳои асосии ин Стратегия аз бунбасти нақлиётиву коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ба минтақаи транзитӣ бо тамоми инфраструктураи нақлиётии мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ табдил додани он мебошад. Алҳол дар Тоҷикистон сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти на танҳо миллӣ, балки байналмилалӣ, инчунин бунёди нақбҳои мошингард босуръат идома дорад. Ба ин мақсад ба соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия дар панҷ-шаш соли охир бо дарназардошти лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, маблағҳои зиёд равона карда мешаванд.
Ба андешаи мо, ба хотири таъмини гузариш ба рушди устувор мувофиқи мақсад аст, ки фаъолияти муштараки кишварҳои иштирокдори Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ аз рӯи якчанд самтҳои умда вусъат пайдо намояд.
Дар миёни ин қабил самтҳо мо паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо дарназардошти ҳифзи муҳити зист, таъмини дастрасии пойдори аҳолии қитъа ба эҳтиёҷоти асосӣ, баланд бардоштани сатҳи устувории ҷомеа нисбат ба офатҳои табиӣ ва таҳкиму густариши инфрасохтори минтақавиро дар мадди аввал мегузорем.
Дар мавриди истифодаи захираҳои табиӣ мо кӯшишҳои бартарӣ додан ба ҳамкории байналмилалиро пуштибонӣ менамоем. Ҳамкорию ҳамдастии мо дар ин арсаи кор бояд мазмуни амалии мушаххас дошта бошад. Аз ҷониби худ, мо манфиатдории хешро ба густаришу тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколама дар соҳаи эҷоду истифодаи технологияҳо оид ба манбаъҳои таҷдидшавандаи неруи барқ баён медорем.
Захираҳои бойи обӣ ба мо имкони нодиреро барои рушди бахши гидроэнергетика фароҳам месозанд. Дар ин маврид Тоҷикистон метавонад бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ низ ҳамкории судманди муассиреро ба роҳ монад. Роҳандозии захираҳои обию барқии минтақаи Осиёи Марказӣ на фақат аҳолии онро ба неруи барқ дастёб менамояд, балки қонеъ сохтани талаботи сокинони дигар минтақаҳои ҳамҷавори Осиёро ба истифодаи неруи барқи арзон, таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза имконпазир мегардонад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро ба рушду тавсеаи ҳамкории воқеии дуҷониба ва чандҷониба дар ин арса бори дигар таъйид менамояд.
Бо дарназардошти суханҳои зикршуда Тоҷикистон ба ҳайси Раиси ояндаи Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ пешниҳод менамояд, ки ҷаласаи навбатии Ҳамоиши (Форуми) энергетикии кишварҳои иштирокдор баҳри таъмиқу густариши ҳамкориҳо дар ин соҳа дар пойтахти кишвари мо - шаҳри Душанбе доир карда шавад.
Дар тӯли давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ Муколамаи Осиё худро чун ниҳоди босамару умедбахши ҳамкории гуногунҷанбаи бисёрҷониба, ки ба эҷоди фазои эътимод, ҳамсоягии нек ва ҷустуҷӯи созандаи роҳҳои ҳалли масъалаҳои умумии доғи Осиё мусоидат мекунад, ба зуҳур овард. Дар бораи аҳамияту манзалати Муколама афзоиши таваҷҷуҳи кишварҳои Осиё ва берун аз ҳудуди ин қитъа гувоҳӣ медиҳад.
Ба андешаи мо, замони он расидааст, ки Котиботи Муколама таъсис дода шавад, зеро бидуни фаъолияти он дар кори Ҳамоиши мо ба тавофуқу ҳамоҳангии бештар ноил гаштан ва роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои судманду самарабахш бо созмонҳои дигари осиёӣ, аз қабили ЭКО, АСЕАН, Шурои ҳамкории Халиҷ ва ғайра амри маҳол аст. Мо омодаем, ки бо ҳамаи кишварҳои иштирокдори Муколама роҷеъ ба ин мавзуъ музокироти созанда дошта бошем.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.12    №: 133-134    Мутолиа карданд: 613

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед