logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Саммити 12-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Озарбойҷон, 16 октябри соли 2012

Муҳтарам ҷаноби раис,
Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Дӯстони азиз,
Қабл аз ҳама мехостам ба Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Ҳукумат ва мардуми мамлакат барои меҳмоннавозии гарми анъанавӣ ва омода сохтани шароити мусоид барои фаъолияти мо арзи сипоси самимӣ намоям. Умедворам, ки онҳо барои фаъолияти босамари мо мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.
Дар саммити 11-уми Созмони мо моҳи декабри соли 2010 дар шаҳри Истамбул сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдор мувофиқ бар он буданд, ки фақат муносибати амалӣ ва солими интиқодӣ нисбат ба фаъолияти он метавонад созмонро ба василаи воқеан тавонои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ табдил дода, истифодаи босамартари имкониятҳояшро ба нафъи мардумони кишварҳои минтақа воқеӣ созад. Ба ибораи дигар, сухан дар бораи ислоҳоти ҷиддии Созмон мерафт. Ва ба ин хотир Гурӯҳи ходимони намоён оид ба омӯзиши мушкилоти мавҷуда ва ошкор сохтани монеаҳое, ки иҷрои комили ваколат ва аҳдофу вазифаҳои асосии Созмонро душвор мегардонанд, таъсис ёфта буд.
Фикр мекунам, ки тайи ду соли гузашта Гурӯҳи номбурда тавонист вазъи воқеиро дар Созмон дар сатҳи зарурӣ арзёбӣ намояд, захираҳои ноаёнро ошкор созад ва тавсияҳое таҳия намояд, ки чӣ тавр ЭКО-ро ҷавобгӯи тақозои замон ва, аз ҳама муҳим, қобили татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо оид ба густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, бунёди инфрасохтор, таъмини рушди устувор ва пешрафти иқтисодии кишварҳои аъзо ва умуман минтақа гардонад.
Имрӯз, ба андешаи мо, саммит бояд ин пешниҳодотро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба татбиқи амалии онҳо тасмимоти возеҳ бигирад. Зеро Созмони мо, агар хоҳад, ки дар миқёси минтақа ва ҷаҳон рақобатпазир бимонад, бояд ҳатман пешрав бошад.
Мо бар он ақидаем, ки дар чаҳорчӯби раванди ислоҳоти Созмон фаъолияти тарроҳиву лоиҳавӣ ҷиҳати иҷрои стратегияи он нақши махсус бозад. Тавре маълум аст, вазифаҳо ва ҳадафҳои умумии ҷавобгӯ ба манфиатҳои ҳамаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ аллакай қаблан муайян шудаанд. Онҳо, аз ҷумла, дар Дидгоҳи Созмон то соли 2015 ба таври сареҳ ифода ёфтаанд. Ва дар миёни онҳо вазифаҳое номбар шудаанд, ки онҳоро Тоҷикистон чун матлаби аввалиндараҷа эътироф менамояд. Сухан маҳз роҷеъ ба густариши инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, истифодаи самараноки захираҳои обию барқӣ ва табиии дигар, бунёди минтақаҳои тиҷорати озод, эҷоди шароити мусоид барои рафтуомади озоди одамон ва интиқоли бемамониати молу нақлиёт меравад.
Барои ноил гаштан ба дастовардҳои амалӣ дар ин бахшҳои ҳамкорӣ расму қоидаҳои оддию фаҳмо ва василаҳои самарабахши татбиқи онҳо заруранд. Ба андешаи мо, созишномаҳои мавҷудаи санҷидашуда роҷеъ ба масоили тиҷоратию иқтисодӣ (ЭКОТА) ва транзитиву нақлиётӣ (ТТФA) метавонанд муҳаррики ҳамкории бисёрҷонибаи мо бошанд. Илова бар ин, лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххасе заруранд, ки заминаи молиявӣ ва аҳамияти умумиминтақавӣ дошта, ба натиҷаҳои созандаи ниҳоӣ равона шуда бошанд. Имрӯз лоиҳаҳои транзитиву нақлиётӣ, ки бунёди роҳҳои оҳану мошингарди миёни кишварҳои аъзоро дар назар доранд, қобили пуштибонӣ ва ташвиқи фаъол мебошанд.
Яке аз чунин лоиҳаҳо бунёди роҳи оҳанест, ки аз қаламрави панҷ кишвар – Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистону Эрон убур хоҳад кард. Барои Тоҷикистон сохтмони ин роҳи оҳан ҳаётан муҳим аст, зеро кишвари мо ба баҳр баромади мустақим надорад. Дар мутолеоти фанниву иқтисодии ин лоиҳа Ҷумҳурии Исломии Эрон саҳми назаррас дорад. Ба ҳамин гуна пуштибонӣ ва татбиқи босуръат лоиҳаҳои бунёди долонҳои афзалиятноки нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла аз масири «Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон», инчунин лоиҳаи қатораҳои контейнерии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ кайҳо боз ниёз доранд.
Мо бар онем, ки нақшу иштироки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар таҳия ва татбиқи амалии лоиҳаи номбурда бештар ва ҳадафмандтар бошад. Ин аст, ки дар бораи зарурияти тамоюли сареҳтари фаъолияти тарроҳиву лоиҳавии Созмон изҳори назар карда, мо чунин андеша дорем, ки он бояд ташаббускору ҳамоҳангсози маҳз ҳамин гуна лоиҳаҳои самарадеҳ бошад.
Иҷрои амалии лоиҳаҳои ҳамсон таҳти васояти Созмони мо дар бахши барномаҳои энергетикӣ низ бояд мавриди таваҷҷуҳу ҳавасмандӣ қарор гирад. Мутаассифона, ин арсаи ҳамкориҳои минтақавӣ ҳанӯз чандон рушду намо накардааст ва агар мисолҳои алоҳидаи ҳамкорӣ дар ин соҳа вуҷуд дошта бошанд, онҳо асосан дар заминаи равобити дуҷониба сурат мегиранд.
Ҳозирини муҳтарам,
Яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ ба даст овардани истиқлолу амнияти энергетикии кишвар аст. Дар қаламрави Тоҷикистон қариб 60 фисади захираҳои оби тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Бо такя бар ин иқтидор на фақат рушди кишоварзии обёришаванда ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллии кишварҳои минтақаро бо оби тоза таъмин кардан мумкин аст, балки он заминаи муҳимтарини истеҳсоли неруи аз ҷиҳати экологӣ тозаю таҷдидшаванда шуда метавонад.
Татбиқи амалии як қатор лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ имкон медод, ки на фақат минтақаи Осиёи Марказӣ бо неруи барқ пурра таъмин гардад, балки он тавассути хатҳои барқи бунёдшавандаи дорои аҳамияти стратегӣ ба дигар кишварҳои минтақаи фаъолияти Созмон интиқол дода шавад. Умедворам, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, чун ташкилоти иқтисодӣ, нисбат ба лоиҳаҳои бунёди инфрасохтори энергетикӣ таваҷҷуҳи амалӣ зоҳир хоҳад кард. Ёдрас менамоем, ки дар саммити соли 2010 бо ибтикори Тоҷикистон дар матни Эъломияи Истамбул аҳамияти истифодаи иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ба таври хоса зикр шуда буд.
Кишварҳои аъзо зарурияти амалӣ сохтани лоиҳаи «КАСА-1000»-ро, ки шабакаҳои барқии Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистонро ба ҳам мепайвандад, пуштибонӣ намуданд. Имконияти дар оянда то ба дигар кишварҳои минтақаи Созмон расонидани ин хатҳои интиқоли барқ низ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ҳаётан муҳим аст, ки ин лоиҳаҳо бо суръати баланд мавриди иҷро қарор дода шаванд.
Дар ин росто мехостам аз Эъломияи Душанбе ва Нақшаи амалиёт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика барои солҳои 2011-2015, ки моҳи октябри соли 2010 дар пойтахти Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони мо қабул гардида буданд, ёдрас шавам. Ба пиндори мо, ин санадҳо дар фаъолияти он дар бахши ҳамкории энергетикӣ солҳои наздик бояд нақши асосӣ дошта бошанд.
Суботи иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди устувор дар минтақа имрӯз аз бисёр ҷиҳат аз вазъи Афғонистон вобаста аст. Ва бисёр муҳим аст, ки раванди кӯмак ба истиқрори сулҳу амният дар ин кишвар ва истиқрори иқтисодии он дар рӯзномаи Созмон боқӣ монда, дар робита ба тарки Афғонистон кардани неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар соли 2014 тақвият дода шавад.
Тавре маълум аст, моҳи марти соли равон дар Душанбе конфронси панҷуми минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ оид ба Афғонистон (РЕККА) баргузор гардида буд. Дар ҷараёни конфронс иштирокдорони он зарур донистанд, ки силсилаи ислоҳоти густурдаи маъмурӣ ва ибтикороти фаромарзии иқтисодӣ, аз ҷумла ҷиҳати беҳтарсозии қоидаҳои гумрукӣ ва имзои созишномаи минтақавии транзитӣ, баҳри пешрафти ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ амалӣ гардад.
Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ лоиҳаҳои гуногуни соҳаи инфрасохтор, минҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика ва нақлиёт, муаррифӣ гардиданд. Ба назари мо, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ метавонад дар мавриди татбиқи амалии ин лоиҳаву барномаҳо саҳми арзандае дошта бошад.
Тоҷикистон фаъолияти Хазинаи вижаи Созмонро оид ба эҳёи Афғонистон ва иҷрои Нақшаи амалиётро роҷеъ ба таҷдиди иншооти иҷтимоӣ ҷонибдорӣ мекунад, зеро ин, бидуни шак, ба эҳёи умумии иқтисодии Афғонистон мусоидат менамояд. Дар ин иртибот пуштибонии Созмон аз лоиҳаи бунёди Маркази минтақавии касбию техникӣ оид ба омодасозии кадрҳо барои иқтисодиёти Афғонистон воқеъ дар Тоҷикистон иқдоми хеле бамавриду нишонрас мебуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ҷонибдори тадбирҳое мебошад, ки ба хотири мусоидат ба сулҳу амнияти Афғонистон амалӣ карда мешаванд. Лоиҳаи муштараки Созмони мо, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва Комиссияи аврупоӣ ҷиҳати таҳкими амнияти наздисарҳадӣ ва пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсарҳад яке аз барномаҳои бузурги минтақавиест, ки бояд ҳамаҷониба пуштибонӣ ёбад. Ҳамкории зичу судманди кишварҳои аъзо дар ин арсаи муҳим имкон медиҳад, ки Созмон дар муборизаи умумӣ бар зидди ин хатари глобалӣ саҳми муассир гирифта, ба таҳкими амнияти умумии мо мусоидат намояд.
Дӯстони азиз,
Мо чунин меҳисобем, ки нақши муттаҳидсозу созандаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ бояд, аз ҷумла, аз тариқи такмилу навсозии рӯзномаи он боло бурда шавад. Созмони таҷдидёфтаи мо бояд тавоно, дорои боздеҳи амалӣ ва қобилияти вокуниши фаврию муносиб ба ҳаводису равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар минтақаи фаъолияти худ бошад.
Агар дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан равад, пас бояд изҳор кунем, ки давлати мо ба усулҳо ва ҳадафҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ содиқ буд ва хоҳад монд ва омода аст сатҳу сифати ширкати худро дар чаҳорчӯби фаъолияти он баландтару хубтар намояд.
Дар хотима мехостам табрикоти самимии худро ба ҷаноби Алескеров – Дабири кулли нав ва намояндаи шоистаи Ҷумҳурии Озарбойҷон – иброз дошта, тазаккур диҳам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ӯро баҳри ҷонноксозию навсозии кори Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамаҷониба пуштибонӣ хоҳад кард.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.12    №: 133-134    Мутолиа карданд: 581

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед