logo

суханрониҳо

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ба ифтихори ҷашни 100-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, устод Сотим Улуғзода, шаҳри Душанбе, 13 октябри соли 2012

Ҳозирини арҷманд, мухлисони шеъру каломи воло!
Боиси ифтихор аст, ки мардуми соҳибфарҳанг ва адабпарвари мо аз қадим ба осори бадеӣ ва шахсиятҳои фарзонаи илму адаб меҳру муҳаббати хоса изҳор мекунад. Шояд ин аз он сабаб аст, ки шахсиятҳои тавонои адабӣ дар ҳар давру замон бо камоли масъулият дар асарҳояшон дарду армон, орзуҳои ширин, ишқу ҳиссиётҳои пурнаҷобат, талошу ҷоннисориҳои фарзандони муборизро барои ҳифзи ватан, шарафу номус ва расму таомул, марзу бум зебою мондагор офарида, ба ин васила дар қалби мардум ифтихори ватандорию фарҳанги ҳифзи беҳтарин арзишҳои миллиро ҷо карданд. Ба ин рисолати муқаддаси суханварӣ  аз устод Рӯдакиву Ҳаким Фирдавсӣ то Садриддин Айниву Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзодаю Лоиқ Шералӣ бисёр адибони ба миллат вафодор содиқ мондаанд. Воқеан осори арзишманди аҳли ҳунар сарвати миллат ҳисоб меёбад. Ва боиси ифтихор аст, ки дар ҳар давру замон, новобаста ба фоҷиаҳои мудҳиши рӯзгор, дар осмони илму адаби тоҷик ситораҳои дурахшоне пайдо шуда, бо ҷилои андешаи солим, заковату офаридаҳои нав ба нав ба дили мардум нуру зиё бахшидаанд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шоистаи ҳунари мамлакат устод Сотим Улуғзода, ки имрӯз мо барои таҷлили ҷашни 100 - солагияш гирд омадаем, дар радифи фарзандони бузурги суханвари миллати тоҷик ҷову мақоми хоса дорад.
Сотим Улуғзода чун фарзанди асили тоҷик аз солҳои сиюми садаи бист ба шаҳри Душанбе омада, ба хидмати матбуоту адабиёти тоҷик камар мебандад. Вай ба ҳайси шогирди содиқу бовафои устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар радифи Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар хиштҳои нахустини адабиёти навини тоҷикро мегузорад. Дар замони пурошуб, даврони теғу камон, сиёҳкориву тамғагузорӣ зиндагӣ ва эҷод кардан осон набуд. Бо вуҷуди ин Сотим Улуғзода бо раҳнамоии устод Айнӣ дар баробари кори рӯзноманигорӣ фаъолияти адабияшро аз навиштани мақолаҳо дар бораи шахсият ва осори классикони адабиётамон оғоз мекунад ва  перомуни арзишҳои бадеии осори Рӯдакӣ, Дақиқӣ,  Носири Хисрав, Ибни Сино, Саъдӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон рисолаву мақолаҳо ба нашр мерасонад. Ин навиштаҳои адиб, ки дар китоби "Намунаҳои адабиёти тоҷик" гирд омадаанд, дар замонҳои пур аз мубориза барои исботи ҳастии миллат ва адабиёту фарҳанги он аҳамияти беназир доштанд.
Соли 1940 Сотим Улуғзода ба мақсади такмили илму дониш барои таҳсил ба аспирантураи назди Институти адабиёти ҷаҳонӣ ба Маскав ва аз он ҷо ба ҷанг рафта, ба ҳайси хабарнигор дар сангарҳо хидмат мекунад. Охири соли 1944 ӯро аз ҷанг бозмехонанд ва раиси Иттифоқи нависандагон интихоб мешавад ва то соли 1946 мн вазифаро иҷро кард.
Аз солҳои панҷоҳуми асри бист давраи сифатан нав ва барои муҳити адабӣ ва хонандаи тоҷик басо манфиатбахши эҷодиёти Сотим Улуғзода оғоз меёбад. Вай чун пайрави сазовори устод Айнӣ ба тасвири бадеии таърихи пурфоҷиаи халқи  тоҷик ва шахсиятҳои беназири он камар мебандад. Ин мавзуъ дар он замон барои эҳёи хотираи таърихӣ, худшиносии миллӣ, бедорӣ ва шинохти фарзандони фарзонаи миллат ва пайдо кардани эҳсоси бузурги ватанпарастӣ барои мардуми тоҷик чун обу ҳаво зарур буд. Ин роҳе буд, ки устод Айнӣ дар адабиёт шуруъ кард, вале Улуғзода онро бо матонат ва бинишу ковиши чуқуртар идома дод ва садоқату эҳтиромашро ба таърихи миллат ва фарзандони ҷоннисораш нишон дод.
Маҳз аз баракати истеъдод ва килки сеҳрофарини Сотим Улуғзода хонанда ва ҷомиаи Тоҷикистону берун аз он марҳила ба марҳила ба даврони пурэъҷози Сомониёну рӯзгори пурфоҷиаи устод Рӯдакӣ дар драмаи "Қисмати шоир", муборизаи беамони мардум алайҳи аҷнабиён дар қиссаи "Ривояти суғдӣ", зиндагиномаи пур аз кашфу эҷоди Ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, талошҳои ҷоннисоронаи Темурмалику Восеи диловар барои озодии халқу диёр аз ҷабру ситами ғосибон ошно шудаанд. Барҳақ Сотим Улуғзода пас аз устод Айнӣ ба қаҳрамонҳои таърихии миллат дар адабиёт умри зиндаву абадӣ бахшид.
Фаъолияти филмномаву дромнависӣ ва тарҷумонии Сотим Улуғзода як саҳифаи дурахшони эҷодиёти нависанда башумор меравад. Вай аслан дар ин самти эҷодиёти худ ҳамон мавзуи худшиносӣ, ҳақталошӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ ва ҳимояи ватану шарафи инсониро таҳким бахшида, шоҳасарҳои адибони дунёро рӯйи саҳнаи театри тоҷик овард. Аз назари устод Улуғзода таҳқиқи бадеии таърих ва шахсиятҳои таърихӣ муроҷиат ба имрӯзу фардои миллат аст.
Хидматҳои бузурги нависандаи тавонои тоҷик Сотим Улуғзода дар рушди адабиёти навини тоҷик, тарбияи адибони ҷавон бо бисёр ордену медалҳои давлатӣ қадр карда шудааст. Бо амри Президенти мамлакат барои абадӣ гардондани хотираи ӯ ба номи Сотим Улуғзода гузоштани Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон нишони олии қадршиносии шахсияти ӯ арзи сипоси мардум ва заҳматҳои беназири ӯ дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷик мебошад.
Ҷашни 100-солагии нависанда, фарзанди арҷманди миллат Сотим Улуғзодаро ба ҳамаи шумо ва мардуми шарифи Тоҷикистон шодбош мегӯям ва орзу мекунам, ки мутолиа ва омӯзиши осори пурғановати адиб барои хештаншиносӣ, эҳтироми таърих ва таҳкими сулҳу ваҳдат ва дӯст доштани Тоҷикистони азиз саҳми сазовор мегузорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.12    №: 133-134    Мутолиа карданд: 686

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед