logo

суханрониҳо

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати Иди Қурбон, 25 октябри соли 2012

Ҳамватанони азиз!
Фардо, бистушашуми октябр Иди Қурбон, ки яке аз суннатҳои волою арзишманди мусулмонон мебошад, фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.
Чун ба таърихи беш аз ҳазорсолаи ин Иди муборак назар андозем, мебинем, ки асли он бар пояи андешаҳои инсондӯстӣ ва шафқату тараҳҳум бунёд гардидааст.
Мусулмонон бо арҷгузории Иди шарифи Қурбон ба даргоҳи илоҳӣ тақарруб меҷӯянд ва руҳи гузаштагони худро бо дуову дуруд ёд мекунанд.
Дар баробари ин, талқини арзишҳои инсондӯстиву инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, аёдати хешу ақрабо, поси хотири гузаштагон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру саховат ба дармондагону эҳтиёҷмандон аз сифатҳои беҳтарини мусулмонон дар ин рӯз мебошад, ки ин ҳама ба таҳкими меҳру муҳаббат ва рафоқат дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа боис мегарданд.
Худованди меҳрубон Иди Қурбонро барои мусулмонон рӯзи имтиҳону озмоиш қарор додааст, ки инсон саҳифаҳои сарнавишти худро варақгардон намуда, аъмоли хешро дар мизони адлу инсоф бармекашад. Ва муҳимтар аз ҳама арзишҳои баланди мактаби одамият ва ғояҳои олии фарҳанги умумиинсониро ба мардум таблиғу ташвиқ менамояд. Яке аз фазилатҳои нек ва писандидаи ин Иди муборак дароз кардани дасти шафқат ба сӯи мардуми камбизоат, пирони барҷомонда ва ятимону дармондагон мебошад.
Дар кишвари мо дастгирии моддии ниёзмандон аз ҷониби муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ва шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Дар ин раванд тоҷирону соҳибкорон низ бояд бетараф набуда, ҷиҳати муътадилии нарху наво дар бозорҳои кишвар бахусус дар арафаи идҳои миллӣ аз рӯи адлу инсоф ва виҷдону имони инсонӣ саҳмгузорӣ намоянд.
Фазилати дигари Иди Қурбон риёзати руҳонӣ мебошад, ки тавассути ахлоқи ҳамида, ҳидояти илмӣ ва маънавӣ сурат мегирад. Бузургони илму адаби мо дар ин бора фармудаанд, ки илму донишро биёмӯзед, зеро талаби илму дониш бар банда фарз ва назди Худованд ибодат мебошад. Омӯзонидани илму дониш садақа аст, худро ба илм бахшидан ин қаробат ба Худованд аст, зеро илму маърифат маҳаки фарқкунандаи ҳалолу ҳаром мебошанд. Омӯзиши илм роҳи ҷаннат аст. Илм аниси шахс дар танҳоӣ ва дӯсти инсон дар ғарибист, барои ташхиси хубиҳову бадиҳо далел аст. Илм аслиҳаест алайҳи душманон, зинатест назди дӯстон. Худованд қавмҳоро тавассути он баландмақом мегардонад ва эшонро ҳодию раҳнамо барои дигарон қарор медиҳад. Ҳама ба олимон пайравӣ ва афкори онҳоро пазироӣ мекунанд.
Илм дилро аз ҷаҳолат озод менамояд ва ба чашм дар торикиву зулмот равшанӣ мебахшад. Бо илм банда ҳамеша ба олитарин мартабаҳо мерасад ва дар мақоми беҳтаринҳо қарор мегирад. Тафаккур кардан дар илм баробари рӯза доштан, омӯзиши он баробари намози шаб аст. Илм пешвои амал аст ва амал аз паси он меравад, соҳибони илм саодатмандонанд.
Бинобар ин, насли имрӯзаи кишвари моро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоиде, ки давлату Ҳукумат барои онҳо муҳайё намудааст, дар самти илму ҳунаромӯзӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва бо ин роҳ баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоламон дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш саъю талош намоянд. Дар таълимоти исломӣ низ таълиму тарбия дар мақоми нахуст қарор дорад ва пешрафту шукуфоии ҳар як миллату давлат аз омӯзишу парвариши солим ва дурусти фарзандон сарчашма мегирад.
Маҳз ба ин хотир мо ду сол қабл Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул кардем, то ин ки волидайн қарз ва рисолати шаҳрвандиашонро дар назди фарзандони худ иҷро намуда, масъулияти комили таълиму тарбияи фарзандонро ба ҷой оранд. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар баробари давлату Ҳукумат масъулият доранд ва дар ин роҳ вазифаи хешро бояд иҷро намоянд.
Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ояндаи давлати мо наврасону ҷавонон ҳастанд. Биноан мо мехоҳем, ки ҷавонону наврасони кишварамон бо рафтору гуфтору пиндори неки хеш намунаи ибрат бошанд, ҳамчун ашхоси хушахлоқу нексиришт ба камол расанд, соҳибилму соҳибкасб гарданд, барои рушду пешрафт ва ҳимояи манфиатҳои Ватани азизамон – Тоҷикистон саъю талош варзанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, бори дигар дар остонаи Иди Қурбон ба зиёиён, шахсони обрӯманду номдори диёр, падару модарон ва ходимони дин муроҷиат менамоям, ки дар роҳи таълиму тарбияи фарзандони солиму некбахт бо такя ба арзишҳо ва ғояҳои олии умумибашарӣ кӯшиш намоянд. Ҳадафи асосии давлат тарбияи наврасону ҷавонони соҳибилму соҳибҳунар, донандаи техникаву технологияи муосир ва мутахассисону кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи рӯз мебошад.
Бояд гуфт, ки аз замони қадим то ба имрӯз мардуми тоҷик пайрави мазҳаби ҳанафии дини ислом буда, бо афкори созанда, ҳамзистии мусолиматомез ва ҳамсоягии неку солим дар сарзамини аҷдодии худ кору зиндагӣ доранд. Зеро таълимоти ислом аз нигоҳи пири тариқати мо Имоми Аъзам хеле воқеъбинона ва зарифона матраҳ гардидааст.
Вале дар баробари ин, дар шароити кунунӣ доираҳои муайяни сиёсӣ ва байналмилалӣ, алалхусус фирқаву тоифаҳои динии аз лиҳози фарҳангӣ ба суннатҳои таърихӣ ва арзишҳои воқеии миллатҳои исломӣ бегона, дар таҳти шиорҳои муқаддаси дини мубини ислом вазъияти умумии олами исломиро ноором сохта, дурнамои тараққиёти онро бисёр ташвишовар намуда истодаанд.
Бо назардошти ин, ҷомеаи мо, бахусус насли ҷавону ояндасози миллатро зарур аст, ки дар баробари шукргузорӣ аз фазои сулҳу оштӣ, инчунин зиракии сиёсиро аз даст надода, барои таҳкими боз ҳам бештари Ваҳдати миллӣ ва ҳамдиливу ягонагии комили мардум беш аз пеш кӯшиш намоянд.
Шоёни тазаккур аст, ки ҳар як фард ва ҳар як қавму миллат дар шинохти каломи азалии Қуръон ва суннати ваҳёнии паёмбар (с), эътиқод ва пайравӣ ба аркони имон ва ибодати дини мубини ислом озод буда, дар ин бобат назария ва андешаҳои фитнаангезро қобили қабул намеҳисобад.
Қуръони Карим ба ин хотир, аз як сӯ дар заминаи қадрношиносӣ ба неъматҳои олии Худованд ва интихоби роҳи кинаву ҳасадварзӣ, худхоҳиву худпарастӣ ва ҳурматшиканӣ, ҳикмати пушаймонӣ ва надомат аз бародаркушӣ ва аз сӯи дигар баргузидани роҳи парҳезгориву ҳидоятҷӯӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳурматгузории асли бародарии умумиинсонӣ ба тамоми инсоният дарси бузурги маънавӣ медиҳад.
Бинобар ин, бар тамоми афроди худогоҳи миллати тоҷик худшиносии дурусти арзишҳои олии инсонӣ ва ҳурмату арҷгузории онҳо фарз аст.
Гирд омадани мардуми Тоҷикистон дар атрофи дастархони маънавии Иди мубораки Қурбон ва сабақҳои парҳезгорӣ аз худнамоӣ ва худпарастӣ, риёкорӣ ва зоҳирпарастӣ, кинаварзӣ ва душмансозӣ ба хотири ҳидояти солими ҷомеа, хосатан насли ҷавон, омили муҳими эҳёи суннатҳои инсондӯстӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Дини ислом ҳамеша ҳомии сулҳу субот ва осоишу оромиши на танҳо мардуми мусулмон, балки ҷомеаи башарӣ буда, пайваста дӯстиву рафоқат, бародариву баробарӣ, адлу инсоф, раҳму шафқат ва одамияту инсонпарвариро талқин мекунад.
Бояд ба озодӣ ва баробарии ҳамаи халқу миллатҳо, бахусус озодии ҳамаи динҳо эҳтиром гузошта шавад. Дар ин сурат мо метавонем ҳамзистии мусолиматомез ва равобити ҳасанаи аҳли башарро таъмин намоем.
Даъват ба ҳамзистии осоишта ва ҳамдигарфаҳмӣ яке аз фазилатҳои Иди мубораки Қурбон мебошад. Зеро мусулмонон аз гӯшаҳои гуногуни олам ба Маккатуллоҳ омада, бо ҳам дӯстиву рафоқат барқарор ва табодули афкор менамоянд, аз мушкилоту дастовардҳои ҳамдигар огоҳ мешаванд ва фарзиёти маънавию маросими Ҳаҷро иҷро мекунанд.
Имрӯзҳо беш аз шашу ним ҳазор нафар ҳамватанони мо ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гашта, фаризаи ҳаҷро адо менамоянд.
Бешак, ҳоҷиён пас аз бозгашт аз маносики ҳаҷ ба Ватан ба корҳои хайру писандида, аз ҷумла ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон, тарғиби ахлоқи неку ҳамида баҳри ободиву шукуфоии кишварамон машғул мешаванд.
Бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии Иди мубораки Қурбон табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустӣ, сарбаландӣ, саодати рӯзгор ва хушбахтиву шодмонӣ орзумандам.
Ид муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.11.12    №: 136-137    Мутолиа карданд: 517

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед