logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ, 30 октябри соли 2012

Омӯзгорон ва хонандагони азиз!
Падару модарони гиромӣ!
Ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон Ҳукумати кишвар имконият пайдо намуд, ки маблағгузориро барои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони мактабҳои нав, таҷдиду таъмири биноҳои мавҷудаи муассисаҳои таълимӣ, инчунин бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар сартосари мамлакат мунтазам афзоиш диҳад. Дар ин давра садҳо мактаби таҳсилоти миёна ва ибтидоӣ бунёд гардиданд, ки айни ҳол бо тамоми таҷҳизоти зарурии муосир муҷаҳҳаз гардида, мавриди истифодаи толибилмон қарор доранд.
Дар ин раванд, имрӯз мо дар диёри хушманзар ва хушбоду ҳавои деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ, ки дар қалби кӯҳҳои сарбафалаки водии Зарафшон ҷойгир аст, боз як мактаби наву замонавиро мавриди баҳрабардории фарзандонамон қарор медиҳем. Ба муносибати ин рӯйдоди муҳим ҳамаи шумо - аҳли маорифи ноҳияи Айнӣ, волидайни гиромӣ ва толибилмони азизро бо ифтитоҳи ин мактаби деринтизор, ки ҳамчун туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили бистсолагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, табрик гуфта, ба сохтмончиёну меъмороне, ки дар бунёди ин даргоҳи илму маърифат саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.
Мактаби мазкур, ки нақшаи сохтмони он ҳанӯз солҳои ҳафтодуми асри гузашта таҳия гардида буд, имрӯз аз ҳисоби буҷети кишвар бо маблағи қариб 4 миллион сомонӣ барои 640 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардида, дорои 25 синфхонаи таълимӣ, толори варзишӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва озмоишгоҳҳои фаннӣ мебошад.
Дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ 12 мактаби нави замонавӣ бо тамоми шароити зарурӣ сохта, ба истифода дода шуда, ҳоло дар деҳаи Анзоб сохтмони мактаб-интернат барои фарзандони оилаҳои камбизоати ин деҳоти кӯҳистон идома дорад. Танҳо соли гузашта бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ дар деҳаҳои Каздон ва Шамтучи ноҳия мактабҳои нав ба истифода супурда шуданд, ки дар самти муҳайё кардани шароити мусоиди таълимӣ барои хонандагон нақши муассир доранд. Айни замон дар 66 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия қариб 17 ҳазор хонанда машғули таҳсил буда, тибқи Квотаи президентӣ 79 нафар донишҷӯ дар муассисаҳои олии мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Инчунин дар ноҳия барномаи компютеркунонӣ пурра иҷро гардида, 53 синфхона бо 430 компютеру 90 принтер таҷҳизонида шудааст.
Умуман дар вилояти Суғд ҳоло зиёда аз 900 муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ фаъолият намуда, бо мақсади амалӣ намудани "Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015" корҳои назаррас анҷом дода шудаанд, вале бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам дар ин самт баъзе масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд.
Шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят беш аз 460 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, аммо то имрӯз мактабҳо дар маҷмуъ бо 916 синфхонаи компютерӣ, 12 ҳазор компютер ва зиёда аз якуним ҳазор принтер таъминанд, ки беш аз 90 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки 390 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва шуъбаҳои маорифи вилоят ба шабакаи интернет пайваст буда, 18 маркази технологияи информатсионӣ ва хизматрасонии компютерӣ фаъолият мекунанд, ки дар маҷмуъ барои вилояти Суғд кифоя нестанд.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати бо компютеру принтерҳо пурра таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, инчунин вусъат додани пайвастшавии мактабу шуъбаҳои маориф бо шабакаи ҷаҳонии интернет тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Тавре ки шумо огаҳӣ доред, дар аввали моҳи октябр сокинони кишварамон санаи муҳими давлатӣ - Рӯзи забони модариро ботантана ҷашн гирифтанд. Ман дар яке аз суханрониҳоям зикр карда будам, ки бузургдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони тоҷикиро, ки нишони ҳастии миллат аст, аз худ кунад ва ба воситаи он ҳувият ва фарҳанги миллии худро ҳифзу гиромӣ дорад.
Дар баробари омӯзиши забони модарӣ, инчунин ҳар як толибилми тоҷик вазифадор аст, ки забонҳои хориҷиро ба таври ҷиддӣ азхуд намуда, барои соҳиб шудан ба касби дӯстдоштааш саъю талош намояд, зеро барои рушди ҳамаҷонибаи Ватани маҳбубамон, пеш аз ҳама, шахсиятҳои соҳибмаълумот ва дорои ахлоқи ҳамидаву тарбиятдида, худогоҳу ватандӯст зарур мебошанд.
Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки рисолати мактабҳо танҳо аз донишомӯзӣ иборат набуда, устодону омӯзгорон вазифадоранд, ки насли имрӯзаи ояндасозро ҳамаҷониба тарбия намоянд ва ба роҳи дуруст ҳидоят кунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти волидайн дар тарбияи фарзандон Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро қабул намуд, ки он падару модаронро водор месозад, ки дар таълиму тарбияи насли наврас масъулияти бештар дошта бошанд ва фарзандонро ба роҳи дурусти зиндагонӣ, ватанпарастиву ватандӯстӣ, дар руҳияи гиромидошти сарзамини аҷдодӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ созанд.
Хотирнишон кардан бамаврид аст, ки ноҳияи Айнӣ чун диёри фарҳангофари кишвари азизамон дар оғӯши худ шахсиятҳои муътабареро тарбия ва ба камол расонидааст, ки дар пешрафти фарҳангу адабиёт саҳми муносиб дошта, бо фаъолияти шоёну содиқонаи худ дар назди Ватану миллат эҳтироми бузург доранд.
Бо истифода аз фурсат ва бо ифтихору сарфарозӣ мехоҳам номи яке аз ин фарзандони фарзонаи ноҳия Нақибхон Туғралро, ки дар охирҳои асри нуздаҳ ва аввали асри бист кору фаъолият намудааст, махсус қайд намоям. Ин шахсияти намоёни адабиёт аз ҷумлаи ғазалсароёни забардаст буда, тамоми қудрату донишашро баҳри рушду нумуи илму адабиёти тоҷик равона сохтааст.
Нақибхон Туғрал дар умри кӯтоҳи худ бо ашъори нотакрор ва саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан тавонист дар таърихи адабиёти тоҷик саҳифаҳои дурахшонеро сабт намояд.
Эҷодиёту ғазалҳои оламшумули Туғрал барои тамоми насли имрӯза бояд намунаи ибрат бошад. Мо, падару модарон, омӯзгорону устодон фарзандону шогирдони худ ва дар маҷмуъ тамоми насли имрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бояд маҳз дар руҳияи илму донишомӯзӣ ва муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ тарбия намоем.
Ҳамчунин бояд таъкид намоям, ки дар ноҳияи Айнӣ захираҳои табиии соҳаи гидроэнергетика, истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз ҷумла ангишт, сурма, сангҳову металлҳои қиматбаҳо фаровон мебошанд.
Барои дар соҳаҳои гуногуни кишварамон пурра истифода намудани ганҷҳои табиӣ пеш аз ҳама, мутахассисони корозмудаву баландихтисос зарур мебошанд.
Ҳамзамон ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар дурнамои наздик барои ҷалби ҳар чи бештари сайёҳон ба ин гӯшаи зебоманзари диёрамон, инчунин ҷиҳати бунёди инфрасохтори бахши сайёҳии минтақа ва омода кардани мутахассисони соҳаи хизматрасонӣ иқдомоти мушаххасро амалӣ менамояд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ноҳияи Айнӣ дар натиҷаи заҳмати пайвастаи мардум аз ҳолати субвенсияи давлатӣ баромада, айни замон соҳаи иҷтимоии худро аз ҳисоби даромади буҷети маҳаллӣ таъмин менамояд. Қисми даромади буҷети ноҳия дар соли 2012 нисбат ба соли 2000-ум 26 баробар афзуда, аз 700 ҳазор то 19 миллион сомонӣ расидааст, ки барои як ноҳияи баландкӯҳ ин дастоварди назаррас маҳсуб мегардад.
Дӯстони азиз!
Чуноне ки маълум аст, рушду нумуи маориф асоси пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳсуб ёфта, бе болоравии ин соҳаи муҳим тарбияву таълими мутахассисони соҳибҳунару бомаърифат ва ҷавобгӯи талаботи замон аз имкон берун аст.
Аз ин рӯ, мо ҳаллу фасли масъалаҳои илму маорифро ҳадафмандона самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ муайян намуда, ҷиҳати такмили минбаъда ва дар амал ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбияи наврасон, тақвияти заминаҳои моддиву техникии соҳаҳои маориф кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодаем. Дар навбати худ ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки бар дӯши онҳо рисолати бузург ва муқаддас, яъне масъулияти созандагии ояндаи Ватану миллат гузошта мешавад.
Тарбияи насли худшиносу миллатдӯст ва ватанпарвар вазифаи аввалиндараҷаи устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ тамоми кормандони соҳаи маориф мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як корманди ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ бояд амиқан дарк намояд, ки танҳо шахси соҳибмаърифат арзишу маънавиёти халқи худро ҳифз намуда, ҷиҳати ободонии Ватан ва тавсеаи нуфузу эътибори он талош меварзад.
Дар баробари ин, ҳар як сокини худшинос ва бонангу номуси мамлакат вазифадор аст, ки дар ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкории сарзаминамон софдилонаву содиқона меҳнат кунад ва дар роҳи соҳибмаърифативу худшиносии миллӣ ба камол расонидани насли наврас, хусусан ҷавонон саҳми муносиб гузорад.
Бовар  дорам, ки боргоҳи навбунёди илму маърифат ба мисли дигар мактабҳои водии Зарафшон ба макони воқеии азхудкунии донишу тарбияи баланд мубаддал мегардад ва баъди хатми ин махзани маънавиёт аксарияти фарзандон таҳсилро дар муассисаҳои олии кишвари муқаддасамон идома дода, барои пешрафту ободии Ватани маҳбуби худ хизматҳои шоиста анҷом медиҳанд.
Дар фарҷом бори дигар ҳамаи шумо - омӯзгорону хонандагони азиз, падару модарони иззатманд ва тамоми сокинони вилояти Суғдро ба муносибати ифтитоҳи мактаби нав табрик гуфта, ба мардуми сарфарозу фарҳангдӯсти ноҳияи Айнӣ саломатӣ, хонаи обод, рӯзгори пурсаодат ва ба ҷавонони толибилм хониши аълову ахлоқи намунавӣ орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду комёб бошед, фарзандони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.11.12    №: 136-137    Мутолиа карданд: 574

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед