logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими оғози азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент, шаҳри Панҷакент, 27 октябри соли 2012

Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳар боре, ки ман ба назди шумо, ба водии Зарафшон, яке аз гӯшаҳои зебоманзар ва биҳиштосои Тоҷикистони азизамон сафар менамоям, аз дидани табиати нотакрору афсонавӣ ва мулоқот бо мардуми сарбаланд ва фарҳангдӯсту тамаддунофар як ҷаҳон таассурот мебардорам. Ҳоло мову шумо дар соҳили дарёи Зарафшон, яке аз қадимтарин ва файзбахштарин дарёҳои минтақа қарор дорем.
Ҳазорсолаҳост, ки дар соҳили дарёи Зарафшон чун дар соҳили дарёҳои Сайҳуну Ҷайҳун ва Нилу Ганг тамаддунҳои бузурге ба вуҷуд меоянд ва бо навбат яке дигареро иваз менамоянд. Таърих гувоҳ аст, ки дар соҳили дарёи Зарафшон аввалин давлати миллии тоҷикон – давлати Сомониён ва «асри тилло»-ии мардуми тоҷик арзи ҳастӣ намудааст. Аз оби ҳаётбахши Зарафшон абармардоне чун Спитамен ва Деваштичи размовар, шоҳ Исмоили Сомонӣ, одамушшуаро Устод Рӯдакӣ, шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва ҳазор андар ҳазор бузургворону алломагон ба авҷи камол расида, бо корнамоиҳояшон умри абад ёфтаанд. Ин дарёи ҳаётбахш асрҳои бешуморест, ки аз яхистонҳои болооби минтақа сарчашма мегирад ва ҳазорсолаҳост, ки ин сарзамини паҳновар бо номи водии Зарафшон дар таърих шуҳрат дорад.
Суғд яке аз умдатарин марказҳои тамаддуни аҷдоди мо, тоҷикон, буда, аввалин бор номи он дар Авесто сабт гардидааст. Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари худ «Тоҷикон» ба санъати баланди суғдиён, махсусан ҳайкалтарошию наққошӣ баҳои ниҳоят баланд дода, онҳоро намунаи олии тамаддуни ҷаҳони он замон донистааст.
Достонҳои шифоҳии суғдиён дар бораи диловариҳои Рустам, Коваи оҳангар, Сиёвуш хеле машҳур буданд ва онҳо сипас дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ таҷассум ёфтаанд.
Таърихи пурифтихори Суғдиён бисёр саҳифаҳои дурахшон ва ибратомӯзе дорад. Онҳо бо кишварҳои дуру наздик тиҷоратро хеле ривоҷ дода буданд.
Суғдиён кӯдакони худро аз синни панҷсолагӣ хату савод меомӯхтанд, илмҳои гуногунро таълим медоданд ва баъди соҳибмаълумот гардидан онҳоро ба тиҷорат ва касбҳои дигар машғул медоштанд. Онҳо пеш аз он ки ба тиҷорат машғул шаванд, аввал илми тиҷоратро меомӯхтанд.
Таърихнигорон диловарию қаҳрамониҳои мардуми Суғдро бо шӯру шавқи беандоза васф кардаанд. Масалан, сайёҳи машҳури Чин Сию-Сизан менависад, ки сипоҳиёни суғдӣ «басе далеранд ва ҳеҷ гоҳ аз марг наметарсанд. Ба ҳамлаи онҳо ягон душман тоб оварда наметавонад».
Намунаи олии чунин қаҳрамонӣ набарди бисёр шадиди Спитамен бар зидди лашкари тавонои Искандари Мақдунӣ ва муқовимати диловаронаи Деваштич ба муқобили лашкари ғаддор ва истилогари аҷнабиён буд.
Аз ҷавҳари хиради воло ва донишу маърифати баланди мардуми ин диёр даҳои Устод Рӯдакӣ чун хуршед тулуъ кард. Дар замоне, ки аз бисёр мамлакатҳо ва шаҳрҳои бузурги замони мо ҳанӯз ному нишоне боқӣ набуд, ӯ ливои донишу хираду фарҳангро баланд афрошт ва на танҳо чун пешвои маънавӣ ва адабу фарҳанги халқи тоҷик, балки як минтақаи бузурги ҷаҳон эътироф гардид.
Дар таърих дида нашудааст, ки як шахс чун поягузори адабиёти чандин кишвар эътироф шуда бошад. Аммо Устод Рӯдакӣ ҳамчун асосгузори ҳақиқии адабу фарҳанги мардуми тоҷикзабони Осиёи Миёна, кишварҳои Эрон, Афғонистон, адабиёти форсизабони Ҳиндустон, Покистон, Бангола эътирофи умум гардидааст.
Устод Рӯдакӣ воқеан парчамбардори худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва назми оламафрӯзи халқи тоҷик мебошад. Ҷашни 1150-солагии ин нобиғаи беназир аз зодгоҳаш деҳаи Панҷрӯд то Созмони Милали Муттаҳид бо ширкати намояндагони 192 давлати ҷаҳон ба таври бошукӯҳ доир гардид.
Бо назардошти аҳамияти ҷаҳонии мақом ва эҷодиёти Устод Рӯдакӣ бо сарфи беш аз шаш миллион сомонӣ мақбараи Устод мувофиқи тарҳи меъмории асри даҳ ва тақозои истиқлолу давлатдории миллӣ мавриди бозсозӣ қарор гирифт, ки воқеан сазовор ва ҷавобгӯи номи баланди ӯст.
Дар давраи омодагӣ ба ҷашн дар шаҳри Панҷакент зиёда аз 30 иншооти хурду бузурги нав бунёд ёфтаанд. Ҳар боре, ки ман ба Панҷрӯд сафар менамоям, аз суҳбат ва шеърхонии мӯйсафедони барнодилу бомаърифат ва мардуми фарҳангдӯсти он як ҷаҳон таассурот бармедорам ва гӯё аз забони онҳо садои Рӯдакиро мешунавам.
Пас аз Устод Рӯдакӣ низ шуълаи назм дар водии Зарафшони маърифатпарвар хомӯш нагардид ва даҳҳо шоирони маъруф ва соҳибдевон арзи ҳастӣ намуданд, ки дар миёни онҳо Нақибхон Туғрал мақоми хосае дорад. Устод Айнӣ ба истеъдод ва эҷодиёти ӯ баҳои баланд додааст.
Садои ашъори ӯ имрӯз на танҳо дар водии Зарафшон, балки дар саросари Тоҷикистон танинандоз аст. Мову шумо хуб медонем, ки Нақибхон Туғрал аз ошёни баланд ва бегазанди назми тоҷику форс мебошад, ки меъмори забардасти он Устод Рӯдакӣ буд ва то абад боқӣ хоҳад монд. Дар замони мо низ фарзандони барӯманди водии Зарафшон шӯҳрати адабиёту фарҳанги тоҷикро афзун намудаанд ва менамоянд. Ин кохи ҷовидонии назми тоҷик, ки поягузораш Устод Рӯдакист, ҳеҷ гоҳ халалдор нахоҳад гашт ва то ҷовидон пойдор хоҳад монд.
Хотирнишон кардан бамаврид аст, ки дар шаҳри Панҷакент яке аз ёдгориҳои нодири Тоҷикистон - Саразми бостонӣ мавҷуд аст, ки таърихи панҷунимҳазорсола дорад ва бешак ба тамошогаҳи камназири меҳмонону сайёҳон табдил меёбад. Ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардидани ёдгории Саразм бешубҳа аз эътирофу қадрдонии мероси ниёгони мо дар масири тамаддуни башарӣ шаҳодат медиҳад.
Дӯстони азиз!
Мардуми кӯҳистони тоҷик асрҳои аср аз бероҳӣ азобу машаққати бепоёне мекашид ва бо фоҷиаҳои сангин рӯ ба рӯ мегашт. Ин азобро алалхусус мардумони водии Зарафшон ҳар рӯзу ҳар соат эҳсос мекарданд. Аз ин рӯ, онҳо сохтмони роҳҳои навро дар ибтидои солҳои сиюми асри гузашта бо як шӯру шавқи беандоза истиқбол намуданд.
Ҳамон замон бунёди роҳи мошингарди Панҷакент – Айнӣ - Душанбе, ки бидуни қувваи техника ба тариқи ҳашар ва дар муҳлати бисёр кӯтоҳ сохта шуд, воқеан қаҳрамонии ҳақиқӣ ва корномаи умумихалқӣ буд.
Роҳ барои ҳар як мамлакат амнияти сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва тақдирсоз дорад. Бо дарки ин воқеият Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин солҳои истиқлолияти давлатӣ бо назардошти мавқеи ҷуғрофии кишвар ва ба хотири некӯаҳволии мардум барномаи доманадори сохтмони роҳҳои дорои аҳамияти дохилӣ ва байналмилалӣ, азнавсозии роҳҳои куҳна, бунёди пулҳо ва нақбҳоро ба ҳаёт татбиқ намуда истодааст, ки натиҷааш ба ҳамаи сокинони кишвар ба хубӣ маълум аст.
Мо бо тамоми неру ва имконияте, ки дар ихтиёр дорем, саъю талош менамоем, ки Роҳи бузурги абрешимро ба маънои пуррааш мавриди истифода қарор диҳем ва Тоҷикистонро дар чаҳор самт бо тамоми кишварҳои ҷаҳон бипайвандем.
Сохтмони роҳҳои нав имкон доданд, ки мо Тоҷикистони солҳои пешин дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз бероҳӣ ба се қисмат ҷудошударо дар тамоми фасли сол ба як кишвари воҳид ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ муттамарказ табдил диҳем.
Ҳадафи мулоқоти имрӯзаи мо аз он иборат аст, ки ман мехоҳам хабари хушу фараҳбахшеро ба шумо расонам, ки мардуми водии Зарафшон солҳо интизораш буданд. Ба ибораи дигар, мо аз ҳамин рӯз сар карда, ба таври расмӣ ба таҷдиду бозсозии роҳи Айнӣ-Панҷакент ҳусни оғоз мебахшем. Шуморо ба ин воқеаи муҳим, ки дар ҳаёти сокинони водии Зарафшон нақши муҳиме хоҳад бозид, аз самими қалб табрик менамоям.
Таҷдиди роҳи мазкур, ки 114 километрро дарбар мегирад, мантиқан идомаи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанак бо масофаи зиёда аз 350 километр маҳсуб мешавад.
Таҷдиду бозсозии роҳи Айнӣ – Панҷакент дар навбати аввал баҳри беҳбудии шароити зиндагии сокинони водии Зарафшон ва рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи фарохдоман ва таърихиву бостонии кишварамон нигаронида шудааст.
Пешбинӣ гардидааст, ки азнавсозии пурраи роҳи мазкур дар муҳлати ду-се сол ба маблағи умумии 650 миллион сомонӣ, яъне қариб яксаду чил миллион доллари амрикоӣ ба анҷом расонида мешавад.
Бар асоси нақшаи пешбинишуда, паҳнои роҳи таҷдидшаванда аз 12 то 15 ва дар дохили шаҳри Панҷакент 20 метрро ташкил дода, ҳаракати чорқатораи нақлиёт ва сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ таъмин карда хоҳад шуд.
Инчунин сохтмону барқарорсозии 31 адад пул бо масофаи қариб 900 метр, таъмири 60 километр роҳҳои маҳаллӣ, чароғон намудани 41 километр роҳи маҳалҳои аҳолинишин ва хариди техникаву таҷҳизоти нигаҳдории роҳ ба маблағи 12 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Омили дигари муҳим ин аст, ки дар ин иншооти бузург дар қатори мутахассисони роҳсози Ҷумҳурии Мардумии Чин то 500 нафар сокини маҳаллӣ давоми 2-3 соли оянда бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳад шуд.
Бинобар ин, Вазорати нақлиёт, сохтору мақомоти дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Айниву Панҷакент вазифадор карда мешаванд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати иҷрои сифатноки корҳои сохтмониву барқарорсозӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ таъмиру таҷдид намудани шоҳроҳи мазкур дар ҳамкорӣ бо роҳсозон чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки масъалаи сифати корҳои сохтмониро мунтазам зери назорат қарор диҳанд.
Бо истифода аз фурсат, аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба Бонки Осиёии Рушд барои ҳамкории судманд ва ба тариқи грант ҷудо намудани 100 миллион доллари амрикоӣ ҷиҳати таҷдид ва бозсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент изҳори сипос ва миннатдорӣ баён менамоям.
Азнавсозии роҳ имконият медиҳад, ки дар водии Зарафшон шароити мусоид барои рушди иқтисодиёт ва соҳаи кишоварзӣ муҳайё гардад ва ҳазорҳо ҷойҳои нави кор таъсис ёбанд. Дар маҷмуъ ин омили болоравии сатҳи зиндагии мардуми минтақа хоҳад гашт.
Ноҳияҳои Айниву Панҷакент дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ буда, бо шарофати азнавсозии роҳҳо барои рушди минбаъдаи саноати кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарди пурраи ашёи хоми гаронбаҳо, ба монанди тиллову нуқра ва сангҳои нодир, мармар ва ғайра имкониятҳои фаровон ба вуҷуд меоянд.
Дар баробари ин кишоварзони водии Зарафшон, аз ҷумла ноҳияи Панҷакент дар соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои хуб доранд. Чунончи майдони умумии заминҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент қариб яксаду шаст ҳазор гектар буда, бисту ду ҳазор гектари онро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.
Бо шарофати роҳи навсохт кишоварзони соҳибтаҷрибаи ноҳия метавонанд маҳсулоти худро бемамониат ва дар кӯтоҳтарин муҳлат ба бозорҳои дохилии мамлакат ва берун аз он бароранд. Бояд таъкид кард, ки дар назди кишоварзони мамлакат вазифа гузошта шудааст, то дар ояндаи наздик истеҳсоли картошкаро ба як миллион тонна расонанд.
Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти имкониятҳои истеҳсолӣ ва шароити мусоиди табиӣ ояндаи наздик истеҳсоли картошкаро дар ин ноҳия то ба сад ҳазор тонна расонанд.
Солҳои охир сайёҳии экологӣ, яъне истироҳату фароғат дар домони табиат хеле вусъат ёфтааст. Дар ин бобат низ водии Зарафшон имконияти беҳад фаровон дорад.
Эҳёи шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент, ки як шохаи муҳими Роҳи бузурги абрешим мебошад, аҳамияти ҳудудиву минтақавиро аз ҳарвақта бештар пайдо намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Бо сифати баланд ва тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ азнавсозӣ гардидани роҳи мазкур имконият медиҳад, ки ҳазорҳо сайёҳону меҳмонон аз кишварҳои дуру наздик аз пойтахти кишвар тавассути нақби Истиқлол ва аз маркази вилояти Суғд ба воситаи нақби Шаҳристон ба тамошои ин водии зарнисор, шиносоӣ бо ёдгории Саразм, зиёрати оромгоҳи Устод Рӯдакӣ ва фароғат дар соҳилҳои Ҳафткӯли рангину Искандаркӯли назаррабо омада, аз манзараҳои нотакрор ва фарҳангу таърихи куҳани мардумамон ошноӣ пайдо намоянд.
Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ноҳияҳои Айниву Панҷакент, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла неруи созандаи соҳибкорону тоҷирон барои ташкили инфрасохтори сатҳи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҷалб ва таъмини истироҳати сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Пеш аз ҳама ба масъалаҳои марбут ба ташкили инфрасохтори мувофиқ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, ошхонаҳои миллӣ ва дигар иншооти ёрирасон таваҷҷуҳи хоса бояд зоҳир намуд.
Ҳозирини арҷманд!
Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ободонию сарсабзии водии таърихӣ ва зебоманзари Зарафшон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки мардуми сарбаланд ва соҳибтамаддуни водии Зарафшон чун тамоми мардуми кишвар зери нурҳои ҳаётофарини хуршеди истиқлолият барои нашъунамои сарзамини азизамон бо тамоми ҳастӣ кору пайкор менамоянд. Ин ҳама файзу баракат ва комёбиву пешравиҳои мо танҳо самараи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва худшиносии мардуми мо мебошад.
Корҳои бузурге, ки анҷом додаем ва минбаъд анҷом хоҳем дод, орзуву ормони садсолаҳои мардуми мо буд ва онҳо танҳо дар шароити истиқлоли комил, сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ, дӯстӣ ва ягонагии кишвар ҷомаи амал хоҳанд пӯшид.
Мо имрӯз дар арафаи боз як воқеаи фараҳбахш ва таърихӣ-ифтитоҳи нақби Шаҳристон қарор дорем, ки он анҷомёбии роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанак маҳсуб меёбад.
Итминон дорам, ки сокинони меҳнатдӯсти водии Зарафшон чун тамоми мардуми шарифи кишвар аз ин комёбиҳо руҳбаланд гардида, бистумин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо армуғонҳои арзанда истиқбол менамоянд ва минбаъд низ дар роҳи рушди устувор, таҳкими ваҳдати миллӣ, худогоҳиву ватанпарастӣ қадамҳои устувор мегузоранд.
Орзумандам, ки иқболи мардуми мо чун қуллаҳои сар бафалаки Ватанамон баланд, ризқу рӯзиашон чун обҳои Зарафшон фаровон ва дастархонашон чун боғу бӯстонҳои ҳамешасабз пурфайзу баракат бошад!
Саломату сарбаланд ва саодатманду пирӯз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.11.12    №: 136-137    Мутолиа карданд: 606

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед