logo

суханрониҳо

Изҳороти матбуотии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди мулоқот бо Нийнистё Саули, Президенти Финляндия, 24 октябри соли 2012

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Пеш аз ҳама мехостам, ки қаноатмандиамонро аз натиҷаи гуфтушуниду мулоқотҳои навакак анҷомёфта, ки дар вазъияти барои муносибатҳои Тоҷикистону Финляндия хоси амалию ҳамфикрӣ баргузор шуданд, баён намоям.
Мо онҳоро чун идомаи муколамаи эҷодкоронаи байни кишварҳоямон дар сатҳи олимақом арзёбӣ мекунем. Мо бо ҷаноби Президенти Финляндия вазъи ҳозираи муносибатҳо ва самтҳои ояндаи имконпазири мушаххасгардонии ҳамкории ду давлатро муҳокима намудем. Мо ҳамчунин имкон доштем, ки аз рӯи масоили мубрами ҳаёти байналмилалӣ, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, табодули афкор намоем. Мо қайд намудем, ки Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои онро шарикони муҳими байналмилалии худ мешуморад.
Дар робита бо ин, мо таваҷҷуҳи хосаи худро ба рушди ҳамкорӣ бо Финляндияи дӯст, ки дар умури иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Аврупо мақоми муҳимро касб мекунад, иброз доштем. Ҳамзамон қайд шуд, ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Финляндия неруи зиёди истифоданашуда мавҷуд аст.
Ҷониби Тоҷикистон аҳамияти ба марҳилаи ташаккули фаъолона ворид шудани муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Финляндияро қайд карда, ба ҷонибдории истифодаи пурраи ин неру изҳори ақида намуд.
Мо дар мавриди манфиатамон дар амри бо амалияи мушаххас пурра гардонидани ҳамкориамон дар соҳаҳои асосӣ ва бахши воқеии иқтисодиёт сухан рондем. Чунин соҳаҳо, аз қабили гидроэнергетика, полиграфия, саноати сабук, хӯрокворӣ, коркард ва истихроҷи маъдан, бахши кишоварзӣ, сайёҳиро чун самтҳои ояндадор маънидод кардем.
Бо назардошти имконият мо ҳамчунин изҳор намудем, ки ҷонибдори афзун намудани ҳаҷми муомилоти мол, ҷалби сармояю технологияҳои Финляндия барои роҳандозии ҳамкории зичтар ҷиҳати истихроҷи захираҳои ғании минералиамон мебошем. Зикр шуд, ки ҷониби Тоҷикистон мехоҳад, ҳамкориро бо Финляндия дар бахши фарҳангию гуманитарӣ густариш диҳад.
Мо дар қиёси сиёсӣ баҳри идома бахшидани ҳамкории амалии кишварҳоямон ба манзури пайдо намудани роҳҳои ҳалли масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ изҳори ақида намудем. Ба масъалаҳои таъмини амният ва пурзӯр намудани муборизаи зидди хавфу хатари имрӯза таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Мо ҳангоми баррасии масъалаи ҳамкории минтақавӣ дар атрофи вазъияти Афғонистон мубодилаи афкор намудем, ки он як ё наздик будани мавқеъҳоямонро дар масъалаҳои муҳимтарин ва тамоюлҳои рушди ҷаҳони имрӯза нишон дод.
Дар робита бо ин, мо қайд намудем, ки вазъияти ҳозираи Афғонистон давом додани танзими амалии саъю кӯшишҳои давлатҳои минтақа ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба манзури истиқрори сулҳ ва таҳкими суботи ин кишвар тақозо мекунад. Аҳамияти дидани чораҳои амалӣ барои эҳёи иқтисодиёти кишвар зикр гардид.
Дар ин замина изҳор доштем, ки ба давом ёфтани рушду густариши ҳамкории амалӣ дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва универсалӣ, аз ҷумла СММ ва САҲА манфиатдорем.
Ҷонибҳо саъю кӯшиши мутақобиларо баҳри рушди робитаҳояшон иброз дошта, қайд намуданд, ки ҳамкориро дар масъалаҳои татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳким бахшиданианд.
Мо дар ҳошияи ин ҳамчунин аҳамияти ба мавқеи иҷро расидани Созишномаи мушорикату ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупоро зикр намудем. Ҷониби Тоҷикистон изҳор намуд, ки хоҳони иштироки фаъолонатари Финляндия дар татбиқи ин санад мебошад.
Ман ба манзури давом додани муколамаи судманди байни ду кишвар ҳамтоям, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Финляндияро даъват намудам, ки дар вақти барояш қулай ба кишвари мо ташриф орад.
Дар хотима мехостам, ки миннатдории самимонаамонро ба ҷониби Финляндия барои эҳдои шарафи меҳмони азизи сарзамини зебои Суоми буданамон, барои зуҳуроти меҳмоннавозию меҳрубонӣ иброз дорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.11.12    №: 136-137    Мутолиа карданд: 965
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед