logo

ҳукумат

Буҷети давлатӣ барои соли 2013 баррасӣ шуд

31 октябр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2014-2015 баррасӣ шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2013 мувофиқи дурнамо ба андозаи 42,1 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ ба андозаи 7,4% ва дараҷаи таваррум 9% пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ бошад барои соли 2013 ба андозаи 12,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 наздики 2 миллиард сомонӣ зиёд аст.
Қисми даромади Буҷети давлатӣ барои солҳои 2014 ва 2015 бошад мутаносибан наздики 14 миллиард ва 15,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Зикр гардид, ки Буҷети давлатӣ барои соли 2013 чун солҳои пешин бештар хислати иҷтимоӣ дошта, беш аз нисфи маблағҳои он - қариб 6,4 миллиард сомонӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайра равона мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат,  ба рушди соҳибкории хусусӣ, ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, бори дигар таъкид дошт, ки роҳҳои афзун намудани дастгирии давлатии ин кор дарёфт карда шавад.
Бо назардошти буҳрони иқтисодию молиявӣ ва озуқаворӣ, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба мушоҳида мерасад, таъкид гардид, ки барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна тамоми имкону захираҳои дохилӣ пурсамар мавриди истифода қарор бигиранд.
Лоиҳаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2014-2015 бо назардошти пешниҳоду эродҳои дастгириёфта маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол гардид.
Сипас ҳисоботи вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳа барои беҳсозии хизматрасонии тиббиву санитарӣ ба аҳолӣ, рушди ёрии аввалияи тиббӣ, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо дорувории хушсифат ва таҷҳизоти муосири тиббӣ, инчунин баланд бардоштани дараҷаи тахассуси мутахассисон шунида шуд.
Аз ҷумла бо қаноатмандӣ зикр гашт, ки маблағгузории давлатии соҳаи тандурустӣ дар зарфи 10 соли охир 25 баробар афзун гардида, ба ин васила муассисаҳои гуногуни ин соҳа бо техникаю таҷҳизоти муосири ташхису муолиҷа таъмин мегарданд ва сифати хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳшавӣ овардааст. Аз раванди афзоиши беморхонаҳои хусусӣ, воридсозии техникаю таҷҳизоти навтарини соҳа ва болоравии сифати корҳои ташхису табобат дар онҳо низ изҳори хушӣ карда шуд. Тибқи иттилои вазири тандурустӣ, шумораи шаҳрвандони ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат муроҷиаткунанда нисбат ба солҳои пешин хеле кам шудааст.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин раиси ноҳияи Рашт оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафарҳои корӣ ба ин ноҳия аз соли 2008 то 2012 додааст, ҳисобот дод.
Аз ҷумла зикр гардид, ки бунёди филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, сохтмон ва ё навсозии мактабҳои зиёди таҳсилоти ҳамагонӣ ва беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, тармиму навсозии варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт ва бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи моҳи майи соли 2012 аз натиҷаҳои намоёни иҷрои дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зимни сафарҳои корӣ ба ин ноҳия мебошад. Таъкид гардид, ки дар давоми 5 соли охир дар ноҳияи Рашт бо сарфи беш аз 105 миллион сомонӣ 73 иншооти нав сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Тайи 2 соли охир майдони кишти картошка 107 га зиёд шуда, дар 200 га боғҳои нав бунёд ёфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, барои боз ҳам вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Рашт ба масъулон дастуру супоришҳои иловагӣ дод.
Барномаи рушди санъати сиркӣ барои солҳои 2013-2017 ва Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2013, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013-2015 ва Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шуд.
Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон баррасӣ шуд. Эмомалӣ   Раҳмон, Сарвари давлат ба роҳбарияти шаҳри Қурғонтеппа доир ба вусъат додани корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба охир расондани навсозии роҳҳои шаҳр супоришҳои мушаххас дод.
Лоиҳаҳои як зумра қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба чанд қонуни амалкунандаи кишвар, аз ҷумла ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Муассисаи давлатии «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо» ва Филиали Муассисаи давлатии Литсей-интернати касбии махсуси маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.
Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таваҷҷуҳи аҳли толорро ба масоили омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла ҷамъоварии пурраи ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор, сарфаю сариштакорона истифода бурдани неруи барқ, оғози кишти тирамоҳӣ, зиёд намудани гармхонаҳо барои парвариши сабзавот дар фасли зимистон ҷалб намуда, ба масъулон супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки моҳи январ барои мактаббачагон пурра таътили зимистона эълон карда шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.12    №: 138    Мутолиа карданд: 831

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед