logo

мулоқотҳо

Боздид аз Мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ

Субҳи 1 ноябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ ташриф овард.
Дар саҳни ҳавлии Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлатро бо сипосгузорӣ аз ғамхории мудоми падарона ба ятимону бепарасторон ва маъюбону муҳтоҷон самимона истиқбол гирифтанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити зист ва таълиму тарбияи мактаббачагони ношунаво, аз ҷумла зикр гардид, ки ин мактаб-интернат дар зарфи 9 моҳи охир аз ҷониби роҳбарияти ширкати хусусии «Ситора трейдинг» мавриди тармиму навсозии куллӣ қарор гирифта, симои нави замонавӣ пайдо кардааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин муассисаи махсуси таълимӣ 68 сол пеш, ҳанӯз соли 1944 бунёд ёфта, тайи 35 соли охир умуман тармим нагардидааст ва солҳои охир дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.
Хушбахтона,  дар пайравӣ ба сиёсати хайрхоҳӣ ва раиятпарварии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ин муассисаи махсуси таълимӣ имрӯз ба як маркази замонавии таълиму тарбия ва ҳунаромӯзии ин дӯстрӯякони дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ табдил ёфтааст.
Дар ин муддат болопӯши биноҳои мактаб-интернат пурра иваз карда шуда, дохилу беруни онҳо мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифт. Бо дастгирии ширкати мазкур катҳои хоби кӯдакон пурра иваз гашта, ҳамаи 27 синфхона, аз ҷумла ду синфи компютерӣ, устохонаҳои ҳунаромӯзӣ ва толори маҷлисгоҳ бо мизу курсӣ, ҷевонҳо ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуд.
Дар баробари ин, тамоми таҷҳизоти ошхона ва майдону толори варзишӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосир ҷиҳозонида шуда, роҳравҳои ҳавлии мактаб мумфарш ва барои истироҳату сайру гашти хонандагон мусоид гардонида шуд.
Ҳаммому хонаҳои истироҳатӣ, шабакаи гармидиҳӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон низ дар доираи талаботи стандартҳои сохтмонӣ таъмир гардида, бо телевизору дастгоҳҳои наворбардорӣ ва ҷевону роҳаткурсиҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гаштанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо маҳсули кори ин соҳибкорони саховатманди ватанӣ аз наздик шинос шуда, таъкид дошт, ки хайру саховат ба шахсони ниёзманд ва муассисаҳое, ки чунин аъзои ҷомеаи моро фаро гирифтаанд, бояд танҳо бо овардани маводи хӯрок маҳдуд нашавад, балки бештар ба беҳсозии шароити зист ва таълиму тарбияи онҳо равона гардад.
Зимни шиносоӣ бо маҳсули ҳунарҳои мактаббачагон, иттилоъ дода шуд, ки дар устохонаҳои махсус мактаббачагони ношунаво касбҳои сартарошӣ, пойафзолдӯзӣ, дӯхти либос, гаҷкорӣ, рассомӣ ва ҳайкалтароширо аз худ мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба масъулон дастур дод, ки барои ҳунаромӯзии онҳо шароити аз ин беҳтар муҳайё карда шавад, зеро бо ин кор мактаббачагон метавонанд ба мактаби худ даромад ҳам биёранд.
Ба роҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ дастур дода шуд, ки доир ба сабзкории муҳити мактаб-интернат чораҳои зарурӣ амалӣ намоянд.
Аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба ҳар як хонандаи ин мактаб, ки 250 нафар буда, 68 касаш духтарон мебошанд, сару либоси мактабии тобистонаю зимистона ҳадя карда шуд.
Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба соҳибкороне, ки ин кори хайру савобро анҷом додаанд, арзи сипосу миннатдорӣ карда, дар назди масъулони соҳа доир ба беҳсозии шароит дар тамоми 84 мактаб-интернати кишвар, аз ҷумла 18 интернати мактаббачагони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба омӯзгорону парасторони ин мактаб-интернат барои заҳмати софдилонаашон арзи сипос карда, таъкид дошт, ки онҳо ба ин кӯдакон бояд мисли фарзандони худ муносибат дошта бошанд. Ба роҳбарияти Вазорати маориф дастур дода шуд, ки барои зиёд намудани маоши омӯзгорону парасторони мактаб-интернатҳои махсус ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.
Шодию нишоти мактаббачагон, омӯзгорону парасторони мактаб-интернат ва падару модарони ин муассисаи махсуси таълимиро аз навсозӣ шудани ин муассиса, аз ташрифи Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат ва супоришҳое, ки барои беҳсозии минбаъдаи шароит дар он дода шуд, ҳадду канор нест.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.12    №: 138    Мутолиа карданд: 556

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед