logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 19 ноябри соли 2012

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз ҳамаи мо ба хотири арҷ гузоштан ба санаи оғози давлатдории навинамон - бистумин солгарди баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки барои давлату миллати мо нақши сарнавиштсоз дошта, дар пойдории сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқӣ ва сохти конститутсионии мамлакат нақши муҳим бозидааст, ҷамъ омадаем.
Бо ифтихору сарфарозӣ ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва ҳамватанони азизамонро ба ин муносибат сидқан табрик гуфта, бо истифода аз фурсат ва бо арзи эҳтирому самимият ба сокинони меҳмоннавози шаҳри бостонии Хуҷанд, ки дар он давраи ниҳоят вазнини таърихӣ мизбони ширкаткунандагони иҷлосия буданд, изҳори сипос ва миннатдорӣ менамоям.
Ҳамаи нишастагони ин толор ба хубӣ ёд дорем, ки дар рӯзҳои даъват ва баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ мардуми кишвари мо гирифтори кашмакашҳои ҳалокатбори қувваҳои бадхоҳи сиёсии дохиливу хориҷӣ шуда буданд, ки мақсади асосиашон пароканда намудани миллати тоҷик ва аз байн бурдани давлати ҷавони мо буд.
Бо вуҷуди он ки ҳанӯз оғози солҳои 90-уми асри гузашта дар Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳадафҳои нави давлатдорӣ, таҷзияи ҳокимият, эҳёи анъана ва суннатҳои неки таърихии халқи тоҷик, кафолати ба амал баровардани ҳуқуқҳои гражданӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ба ҳамаи сокинони мамлакат ва инкишофи озодонаи онҳо сабт гардида буданд, аммо вазъияти мураккаби сиёсии онвақтаи кишвар имкон надод, ки меъёрҳои дарҷшуда татбиқи воқеӣ ва амалии худро пайдо намоянд.
Тоҷикистон он солҳо дар ҳолате қарор дошт, ки бар асари ҷанги шадиди шаҳрвандӣ ва муқовимати тӯлонии мусаллаҳона минтақаҳои алоҳидаи мамлакат дар оташи ҷанг сӯхтаву валангор, иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Ҷомеаро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифта, касе намедонист, ки ояндаи кишвар ва мардумро чӣ сарнавиште интизор аст.
Дар чунин як вазъияти беҳокимиятиву бенизомӣ мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати тозаистиқлол хатари ҷиддӣ таҳдид мекард ва касе дар он рӯзҳои сахту душвор масъулияти таъмини суботро дар кишвар бар дӯш гирифтан намехост.
Ҳамаи ин боиси он гардид, ки татбиқи равандҳои нави сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ оғоз гардида буданд, яъне масъалаи таъмини воқеии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва рушди мустақилонаи он бо дарназардошти талаботи замони нав ба таъхир андохта шуд.
Ҳол он ки тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд ва дорои анъанаву суннатҳои қадимаи фарҳангиву таърихӣ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ имкон доштанд, ки дар шароити нави сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ бо роҳи демократӣ рушд ёбанд ва пеш раванд.
Мамлакат дар вазъияте қарор дошт, ки аз як сӯ сохтору мақомоти давлатӣ аз ӯҳдаи пешгирӣ кардани алангаи ҷанги бародаркуш ва аз вартаи буҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ раҳо бахшидани ҷомеа баромада наметавонистанд ва аз сӯи дигар, ба таъхир гузоштани ташкили мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла интихоби конститутсионии роҳбарияти нави сиёсӣ ғайриимкон буд.
Ҳамаи мо дар он айёми сангин амиқан дарк мекардем, ки кишвари моро аз вартаи ҳалокат фақат нерӯи созанда метавонад наҷот бахшад ва имрӯз бо шукргузорӣ метавонем гӯем, ки чунин нерӯ дар симои миллати куҳанбунёду хирадманди тоҷик зуҳур кард.
Маҳз ба шарофати хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар заминаи талошҳои воқеан ватандӯстонаи вакилони мардумӣ ягона минтақаи ороми кишвар - шаҳри бостонии Хуҷанд макони баргузории иҷлосияи шонздаҳум интихоб гардид.
Албатта, даъват ва баргузор намудани иҷлосия дар он рӯзҳо кори саҳлу осон набуд. Зеро қувваҳои бадхоҳ бо ҳар роҳ мехостанд садди роҳи баргузории он гарданд ва ҳар гуна монеаҳо эҷод мекарданд.
Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб, ки минбаъд дар таърихномаи миллати тоҷик ҳамчун маскани барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ сабт гардид, бо иштироки вакилони мардумӣ, аъзои Ҳукумат, ашхоси номдор, пирони рӯзгордида, олимону адибон, намояндагони ҳизбу созмонҳо ва воситаҳои ахбори омма ба кори худ шуруъ намуд.
Вобаста ба ин, мехоҳам як масъаларо махсус иброз намоям: вакилон хуб дарк менамуданд, ки баргузории ин иҷлосия дар тақдири минбаъдаи тоҷикон нақши ҳалкунанда дорад ва онҳо бо як мақсад - аз хатари парокандагиву азбайнравӣ раҳо сохтани миллат ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон гирд омадаанд.
Ман дар ёд дорам, ки дар он рӯзҳои душвор, яъне рӯзҳое, ки Ҳукумати мусолиҳаи миллиро касе эътироф намекард ва Президенти бо роҳи қонунӣ интихобшудаи кишварро дар фурудгоҳи пойтахт ба истеъфо маҷбур карданд, қисме аз вакилони мардумӣ зери фишори қувваҳои алоҳида ва аз тарсу ҳароси ҷон наметавонистанд мавқеи худро барои иштирок дар кори иҷлосия равшан изҳор намоянд. Бо вуҷуди ин, аксарияти вакилони мардумӣ ба иҷлосия ҳозир шуданд, зеро ҳама ба хубӣ дарк мекарданд, ки ягона роҳи хотима гузоштан ба бесарусомонӣ дар мамлакат баргузории иҷлосия мебошад. Ҳамин буд, ки дар иҷлосия аз 230 нафар вакилони халқ 193 нафар иштирок доштанд.
Вакилони мардумӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар кори иҷлосияи шонздаҳум фаъолона ширкат варзида буданд, хуб дарк мекарданд, ки зимни фаъолияти мақомоти мавҷудаи ҳокимияти давлатӣ ҳалли масъалаи муҳимтарини он рӯзҳо - таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ғайриимкон аст.
Бар замми ин, тамоми мардуми Тоҷикистон, ки ҷонибдори барқарор намудани сохти конститутсионии мамлакат буданд, оғози кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва қарорҳои онро бесаброна интизорӣ мекашиданд ва умед доштанд, ки пас аз баргузории он дар кишвар сулҳу субот пойдор мегардад.
Вакилони мардумӣ дар ҷараёни иҷлосия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузошта, барои ҳимояи онҳо талош меварзиданд.
Ҳамин буд, ки дар маҷмуъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки нақши онҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо хеле бузург аст.
Ба шарофати руҳи матин, нангу номуси ватандорӣ ва ҷонибдории аксари кулли мардуми Тоҷикистон мо тавонистем ба яъсу ноумедӣ хотима бахшида, иродаву иқдомоти сулҳофарии халқамонро ба самти созанда равона созем ва раванди бебозгашти сулҳу оштӣ ва оромиву суботро дар кишвар таъмин намоем, ки ин ҳама хизмати бузургу бебаҳо ва қаҳрамононаи халқи тоҷик дар назди Ватан аст.
Сулҳи тоҷикон ба ҷомеаи башар собит намуд, ки ҳалли низоъҳои дохилӣ ва минтақавӣ, сарфи назар аз ҳамаи мушкилот, ҳамеша имконпазир аст. Танҳо ақли солим, азму иродаи ҷонибҳои мухолиф, ҳадафи волои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бартарии манфиатҳои умумидавлатӣ нисбат ба манфиатҳои гурӯҳӣ заруранд.
Дар робита ба ин, мехоҳам ба ҳамаи вакилоне, ки дар он иҷлосияи тақдирсоз фаъолона иштирок намуда, ба хотири тақдири минбаъдаи давлати тозаистиқлоламон ва ҷиҳати хотима бахшидан ба низои дохилӣ бо ҳайати нави Шӯрои Олӣ ҳамфикру ҳаммаром буданд, инчунин ба аъзои Ҳукумат, ки дар ҳамин иҷлосия интихоб шуда, бо эҳсоси масъулияти баланд ба фаъолият оғоз карданд, аҳли зиё ва ҳамаи онҳое, ки дар ин чорабинии сарнавиштсози сиёсӣ саҳми ватандӯстонаи худро гузоштанд, миннатдории самимии хешро изҳор медорам.

Ҳозирини гиромӣ!
Агар дар хотир дошта бошед, дар ҷараёни иҷлосия вакилони мардумӣ пешниҳод доштанд, ки ҷиҳати хотима гузоштан ба беҳокимиятӣ ва раҳоӣ бахшидани миллат ва сарзамин аз вартаи ҳалокат бояд ба ҳар қимате, ки бошад, сохти конститутсионӣ барқарор карда шавад, то бадхоҳони миллати тоҷик натавонанд ба ҳадафҳои таҳрибкоронаи худ ноил гарданд ва бо аз байн рафтани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, халал ёфтани ваҳдати миллӣ ин сарзаминро қурбони ҳадафҳои геополитикии дигарон созанд.
Ҳанӯз дар муроҷиатномаи худ 12 декабри соли 1992, ки яке аз нахустин ҳуҷҷатҳои қабулнамудаи иҷлосия маҳсуб мешавад, бо дарназардошти вазъи воқеии онрӯзаи Тоҷикистон таъкид дошта будам, ки халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихии хешро аз сар мегузаронад. Масъалаи будан ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монда, даҳҳо ҳазор одами бегуноҳ шаҳиду маҷруҳ шуд. Фоҷиаи падарон, модарон ва хоҳарону бародарони мо фоҷиаи миллат аст.
Минбаъд новобаста аз мушкилоти сангин мо тавонистем бо кӯшишу талошҳои муштарак сохти конститутсионии давлатро барқарор намоем. Мақомоти тозаинтихобшудаи ҳокимияти давлатӣ пас аз баргузории иҷлосия ба амалӣ кардани қарорҳои он шуруъ намуда, дар ин нияти муҳим ва тақдирсози пешгирифтаи худ бо дастгирии мардуми бонангу номуси кишвар ба дастовардҳо ноил гардиданд.
Иродаи қавии мардуми кишвар ва мақомоти роҳбарии мамлакат буд, ки пас аз баргузории иҷлосия ва зимни амалӣ гаштани қарорҳои он дар сарзамини тоҷикон сулҳу амният, назму суботи ҷомеа, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ таъмин гашта, гурезаҳо аз хориҷи кишвар ба хонаҳои худ баргаштанд, барои барқарор намудани фаъолияти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, пеш аз ҳама, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини шароити мусоид барои рушди минбаъдаи ҷомеа тамоми чораҳо андешида шуданд.
Дар он рӯзҳо, ки мо ба тозагӣ ба истиқлол расида будем ва акнун нахустин пояҳои давлатдории навинамонро мегузоштем, доираҳои муайяни хориҷӣ бо истифода аз ҳолати бесарусомонии сиёсиву идеологиамон мехостанд ҷомеаи моро таҳти таъсири мафкураи бегона қарор дода, ғаразҳои сиёсии худро дар кишвари мо пардапӯшона роҳандозӣ кунанд.
Баъзе нерӯҳои аз нигоҳи сиёсӣ бетаҷрибаи дохилӣ низ зери таъсири онҳо эъмори як давлати дорои идеологияи дигарро дастгирӣ намуданд. Аммо ин нерӯҳо воқеиятеро ба назар нагирифтанд, ки низоми сиёсиву идеологии дарназардоштаи онҳо на ба шароити Тоҷикистони пасошӯравӣ, на ба анъаноту тафаккур ва мазҳаби мардуми кишвар ва на ба хусусияти равандҳои сиёсиву геополитикӣ ҳеҷ гуна созгорӣ надошт.
Яке аз афзалиятҳои асосии низоми дунявии давлатдорӣ дар он аст, ки дунявият ҳамчун ҷаҳонбинӣ, аз як тараф, баробарии мафкураҳои гуногунро дар назди қонун кафолат дода, аз тарафи дигар, имкон намедиҳад, ки як мафкура худро идеологияи давлатӣ эълон намояд ва пайравони мафкураҳои дигарро зери фишор қарор диҳад. Ба ибораи дигар, дунявият кафили таъмини шароит барои фаъолияти баробари мафкураҳост ва бесабаб нест, ки он аз ҷониби давлатҳои мутамаддини дунё, ки арзишҳои инсониро арзиши олӣ медонанд, эътироф ва пазируфта шудааст.
Имрӯз вақт чун довари бузург нишон дод, ки тарзи давлатдории дунявӣ интихоби дуруст, огоҳона ва ҷиддии ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Масъалаи дигаре, ки дар иҷлосия мавриди муҳокима қарор дода шуд, истиқрори ҳарчи зудтари сулҳу субот дар Ватани маҳбубамон ва баргардондани гурезаҳо ба ҷои зисти доимиашон буд.
Шумо хуб медонед, ки Ҳукумати навтаъсис аз рӯзҳои аввали фаъолияташ барои ҳалли ин масъалаи муҳими иҷтимоиву сиёсӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд ва дар натиҷа тақрибан як миллион нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва ҷои зисти муқимиашон баргардонда шуданд.
Баргардондани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо маводи ғизоӣ ва ҷойи кор, барқарор намудани манзилҳои харобгашта яке аз ҳассостарин лаҳзаҳои раванди сулҳи тоҷикон ва аз ҷумлаи накӯтарин аъмоле мебошад, ки дар таърихи муосири халқи тоҷик бо чунин натиҷаи нек анҷом ёфт.
Ин ҷо бамаврид медонам воқеаеро, ки маро сахт мутаассир сохт, бароятон нақл кунам. Ин воқеа ба ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар солҳои бистуму сиюм иртибот дорад, ки он дар ҳамаи давру замон метавонад ҳамчун тимсоли садоқату муҳаббат ба Ватан ва сарзамини аҷдодӣ хизмат намояд ва махсусан барои ҷавонон бисёр ибратбахш бошад.
Чанде қабл мӯйсафеди 104 - сола, ки ҳанӯз соли 1937 ба Афғонистон гуреза шуда будааст, аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост намудааст, ки ба ӯ иҷозати бозгашт ба Ватан дода, барояш шаҳрвандии Тоҷикистонро барқарор намояд. Вақте намояндагони Ҳукумат бо ин мӯйсафед суҳбат намуданд, маълум гашт, ки ӯ бо вуҷуди гузаштани ҳафтод сол ҳамеша дар ёди Ватан буда, то имрӯз фақат бо орзуи бозгашти дубора ба Тоҷикистон зистааст.
Мӯйсафеди ҳамватани мо сабаби дарозумриашро шарҳ дода, нақл кардааст, ки ӯ шабу рӯз дуо мекардааст, ки Худованд ӯро то лаҳзаи мушарраф шудан ба дидори Ватан ва дубора бӯса кардани хоки муқаддаси он зинда нигоҳ дорад.
Аз ин рӯ, вақте масъалаи бозгашт ба Ватан ва ба шаҳрвандӣ пазируфта шудани ин пирамарди барнодил ба миён омад, ман маҳз руҳи чашминтизори ҳазорон ҳамватанонамонро, ки бо амри тақдир солҳои бистуму сиюм ва навадуми асри гузашта гуреза шуда, дар ғарибӣ бо орзуи Ватан ҷон додаанд, пеши рӯй овардам ва ба ӯ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе ягон дудилагӣ лоиқ донистам.
Ҳалолаш бод ин сабру таҳаммул, ин нангу ори ватандорӣ ва ҳалолаш бод шаҳрвандии Тоҷикистони азиз!
Дар ин маврид шоир барҳақ гуфтааст:

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст!

Дӯстони гиромӣ!
Ҳанӯз дар ҷараёни иҷлосия ҳадафҳои асосӣ ва стратегии давлати Тоҷикистон, аз ҷумла арзишҳои пазируфташудаи ҳуқуқ муайян гардиданд. Эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз ҷумлаи арзишҳои ҳуқуқие ба шумор меравад, ки ҳанӯз дар рафти иҷлосия эълон шуда буд.
Иҷлосия дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод ва барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Зеро акнун роҳ ба сӯи сохтмони давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёду дунявӣ муайян гардида, барои таъмини пурраи кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид муҳайё гардида буд.
Ҳамин тариқ, дар иҷлосия аз як тараф фароҳам овардани шароит барои асосҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, аз тарафи дигар риояи принсипҳо ва талаботи аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ чун ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон шуданд.
Дар ин иҷлосия давлати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки ҷонибдори роҳи қонунии инкишофи минбаъдаи ҷомеа, арзишҳои волои ҳуқуқӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои тарафайн бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дар асоси принсипҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
Ин иқдоми нек аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон, парламентҳо ва мақомоти дигари давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ пазируфта шуд. Дар он самтҳои нави сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мутобиқи талабот ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ эълон гардида, бори дигар собит гардид, ки халқи Тоҷикистон ҷонибдори сулҳ, пойдории тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳамкориҳои байналхалқӣ зимни риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
Дар солҳои минбаъда мо давра ба давра иқдомҳои дар иҷлосия пешгирифтаи худро амалӣ намуда, бори дигар собит намудем, ки Тоҷикистон бо роҳи пешгирифтаи тараққиёташ устуворона пеш меравад, собитқадамона ва бо дарки масъулияти баланд дар назди ҷомеаи ҷаҳон ҳадафҳо ва вазифаҳои дар иҷлосияи таърихӣ базиммагирифтаашро амалӣ мекунад.

Дӯстони азиз!
Агар ҳамаи дастовардҳои усулиамонро, ки аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ сарчашма мегиранд, ҷамъбаст намоем, пас метавон гуфт, ки маҳз ба шарофати ин санаи таърихӣ мо давлату миллатамонро аз вартаи нобудӣ, ки миллати тоҷик пас аз ҳазор сол ба он сарфароз гашта буд, наҷот дода, тамомияти арзии онро ҳамчун давлати ягона ҳифз кардем ва аркони асосии сиёсиву идорӣ ва давлатдории миллии худро эҳё намудем.
Пас аз баргузории ин иҷлосияи таърихӣ миллати тоҷик бори дигар имкон пайдо намуд, ки дилпурона ва дар шароити сулҳу ваҳдати миллӣ ба эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ шуруъ намояд. Зеро истифодаи оқилонаи ин имконияти таърихӣ, заҳмати содиқона ва софдилона ба хотири ободии Ватани маҳбуби мо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ин ҳама навовариҳои конститутсионӣ барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат шароити мусоид фароҳам оварданд.
Бо дарназардошти ин ҳама, имрӯз бо тамоми ифтихору итминон метавон гуфт, ки мардуми шарифу меҳанпарвари тоҷик рисолати таърихии худро дар назди Ватан ва таърих бо сарбаландӣ ба ҷо оварданд.
Минбаъд он вазифаҳои таърихие, ки иҷлосия дар назди мову шумо гузошта буд, боз ҳам бо дастгириву пуштибонии самимонаи мардум амалӣ гардиданд ва худи таърихи муосири давлатдориамон собит сохт, ки роҳи наҷоти миллат, пеш аз ҳама, дар сулҳу ваҳдат ва ягонагии халқ аст.
Таҳкими ваҳдати миллӣ, бахусус дар шароити печидагии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат ёфтани бархӯрди манфиатҳои қудратҳо, осебпазир шудани истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ арзиш ва аҳамияти боз ҳам ҷиддиро ба худ касб мекунад.
Ин раванд моро водор месозад, ки ҳатто як лаҳза ҳам аз масъалаи таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи давлату давлатдорӣ ва суботу амнияти кишвар ғофил набошем ва ин масъалаи муҳими умумимиллиро амиқан дарк намоем. Зеро бо вуҷуди он, ки бисёр масъалаҳои марбут ба давраи гузариш пушти сар шуданд, ҳифзи давлату давлатдорӣ ҳамчун масъалаи аввалиндараҷаи миллӣ ҳамоно боқӣ мемонад.
Аз ин лиҳоз, дар марҳалаи кунунии рушди кишварамон ҳар кадоми мо ва ҳар фарди бонангу номуси миллатро зарур аст, ки манфиатҳои умумимиллӣ, яъне ҳимояи дастовардҳои истиқлолият, ҳамбастагии мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дар маҷмуъ таъмини рушди устувори Тоҷикистони азизамонро аз манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳӣ боло гузорем.
Дар робита ба ин, аз аҳзоби сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват менамоям, ки масъулияти шаҳрвандии хешро дар назди халқу Ватан амиқ эҳсос намуда, дар рушду пешрафти Ватани муқаддасамон ва раванди созандагии он фаъолона саҳм гузоранд. Зеро, сарфи назар аз ақидаҳои гуногунамон ҳамаи мо фарзанди Тоҷикистон ва соҳибватан ҳастем ва вазифадорем, ки ин неъмати худододро гиромӣ дорем ва азизу муқаддас шуморем.
Ҳодисаҳои фоҷиабори охири асри гузашта бояд ба ҳамаи мо ва наслҳои ояндаи миллатамон дарси ибрат ва сабақи ҳушёриву зиракии сиёсии ҳар яки мо бошанд.
Бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ва ба поси хотираи даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ ҳеҷ кадоми мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки он рӯзҳои вазнину даҳшатбори таърихи халқамонро фаромӯш кунем. Баръакс, мо вазифадорем, ки ҳар рӯзи он даврони сангинро ба хотир орем, ҳушёру зирак бошем, то ки гирифтори доми фиреби бадхоҳони миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон нагардем. Мо бояд ин андешаро доим ба фарзандони худ, яъне наслҳои ояндасозамон талқин намоем.
Дар ҷомеаи мо ҳанӯз мушкилоти зиёд вуҷуд доранд ва ман ба азми қавӣ ва иродаи мустаҳками халқи азизам итминон дорам ва бовар дорам, ки ҳама аҳлона дар атрофи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат муттаҳид гардида, мушкилиҳои мавҷударо худамон бартараф месозем.
Имрӯз комилан мусаллам аст, ки ҳар қадар вақт моро аз иҷлосияи тақдирсоз дур барад, ҳамон андоза аҳамияти бузурги таърихӣ ва сарнавиштсози он барои давлату миллати мо бештар аён мегардад.
Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани иқдому пайомадҳои таърихии иҷлосияи шонздаҳум барои ҷомеаи имрӯзу ояндаи кишвари соҳибистиқлоли мо бисёр муҳиму ибратомӯз ва дар маҷмуъ қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад.
Дар ин рӯзи муборак аз даргоҳи Худованди мутаъол умед дорам, ки сулҳу амонӣ, рушди устувор, файзу баракат ва пирӯзиҳои тозаро ба давлату миллат ва халқи Тоҷикистон ҳамеша арзонӣ дорад.
Итминони комил дорам, ки миллати озоди мо аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо заҳмати содиқонаву софдилона пояҳои давлату давлатдории мустақиламонро устувор гардонда, барои ояндаи ободу осудаи сарзамини куҳанбунёдамон саъю талоши бештар хоҳад кард.
Дар амалӣ гардондани ин ниятҳои неку нақшаҳои созанда ба ҳама барори кор орзу намуда, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо - ҳозирини гиромиро бори дигар ба ифтихори бистумин солгарди санаи бузург ва тақдирсози таърихӣ - Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сидқан табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвари азизамон ободиву осоиш, рӯзгори бофайзу баракат ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромӣ ва пешрафти доимӣ орзумандам.
Бигзор Ватани ягонаи мо ва миллати сарбаланди тоҷик то ҷовидон обод ва сарҷамъу поянда бошанд!
Саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.12    №: 143-144    Мутолиа карданд: 679

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед