logo

паёмҳо

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2012

Ҳамватанони гиромӣ!
Чанд рӯз пеш мо - мардуми сарбаланду соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз санаҳои барои насли имрӯзу ояндаи миллат муқаддас - бистумин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро ҳамроҳ таҷлил намудем.
Ин бори дигар собит намуд, ки нодиртарин дастоварди мардуми мо дар даврони истиқлолияти давлатӣ маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот аст, ки заминаи муътамади сарбаландӣ ва ифтихори миллати куҳанбунёдамон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
Имрӯз дар идомаи ҳамин ҷашни бузурги тақдирсоз 20-солагии Парчами Тоҷикистон дар саросари кишварамон ҳамчун яке аз ҷашнҳои умумимиллӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Зеро Рӯзи Парчам дар қатори ҷашнҳои нави миллӣ, ба монанди Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи забон рӯзи фаромӯшнопазири таърихӣ ва рӯзи ифтихору сарфарозӣ мебошад.
Худи парчам барои миллат эътибору шараф ва барои Ватан як нишони муқаддас мебошад.
Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ ва хушбахтиву хонаободӣ орзу менамоям.
Далелҳои таърихӣ собит менамоянд, ки яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон аз қадимулайём маҳз парчам мебошад.
Аксарияти муҳаққиқон ба ин натиҷа расидаанд, ки дар давоми бештар аз чор ҳазор соли маълуми таърихи дирафшҳо, ки аввалини онҳо дар Бобулу Мисру Чин пайдо шудаанд, қавмҳои ориёӣ дар ҷаҳон бори нахуст дирафши давлатиеро ба вуҷуд оварданд, ки ба нишонаҳои имрӯза монанд буданд.
Яъне бо ифтихор метавон гуфт, ки аҷдоди пуршарафи мо аз ҷумлаи асосгузорони дирафшҳои шоҳиву давлатӣ дар олам мебошанд, ки офаридаҳояшон то ба имрӯз қариб дар ҳамон шакл боқӣ мондаанд.
Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати истиқлоли сиёсӣ соҳиби парчами миллӣ - рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид. Парчами Тоҷикистон ҳамқадам ва рамзи истиқлолияти давлатӣ буда, санаи қабули он ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бори нахуст 24 ноябри соли 2009-ум бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ таҷлил гардид, ки ин ифтихори азим аст.
Ин ифтихор бештар аз ҳама ифтихороти дигари мост, зеро таҳти ин дирафш аҷдоди ин миллати арҷманд садҳо ва ҳазорҳо сол саф кашида, аз ватану миллат, озодиву номус, дину фарҳанг ва муҳимтар аз ҳама, аз марзу буми поки падарони худ ҳимоят кардаанд.
Яъне ин дирафш барои мо як пора матои оддӣ набуда, дар он рамзи ҳамаи давлатҳои таърихии миллати мо дарҷ гардидааст ва арҷ гузоштан ба он вазифаи инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мову шумост. Аз ин хотир, парчами миллӣ дар миёни мардум бояд баробари дигар рамзҳои миллиамон азизу гиромӣ ва муқаддас бошад. Зеро аз муносибате, ки шаҳрвандони як мамлакат ба рамзҳои миллии худ, аз ҷумла, парчами давлатӣ доранд, метавон ба хубӣ пай бурд, ки онҳо давлату миллати худро то кадом андоза дӯст медоранд ва ба арзишҳои миллии худ чӣ гуна эҳтиром мегузоранд.
Танҳо дар рӯзҳои ҷашну сур ё дигар расмиёти давлатӣ дар кӯчаҳои шаҳрҳо пайдо шудани парчами давлатӣ ин маънии пурраи изҳори муҳаббат ба ин сарзамин ё давлату миллатро дар бар гирифта наметавонад.
Дӯст доштан ва эътироф намудан дар он сурат умумимилливу мардумӣ ва комил мегардад, ки агар бидуни расмиёт ё чорабиниҳои давлативу миллӣ ҳар як шаҳрванд ҳамеша манзалат ва эҳтироми парчами давлати хешро қадр карда тавонад. Ҳамчун нишони сарисинагӣ бо худ доштани парчам ё онро дар ҳаҷми воқеиаш дар гӯшаи хонаву корхона овезон намудан беҳтарин изҳори муҳаббат ба Ватан ва давлату миллат хоҳад буд. Ин аст, ки дар аксар мамлакатҳои пешрафтаи имрӯза ҳар як шаҳрванд кӯшиш менамояд, ки дар хонадонаш ҳадди ақал як парчами миллии худро дошта бошад. Пас мо низ ҳамчун ворисони сазовори яке аз асосгузорони дирафшҳои бузурги шоҳиву давлатӣ дар ҷаҳон бояд аз чунин иқдомоти созанда, ки барҳақ дар роҳи худшиносиву ифтихори миллӣ ва таҳкими давлатдории навинамон саҳми бевосита гузошта метавонанд, васеъ истифода намоем.
Дӯстони азиз!
Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳо рамзҳои истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат, аз ҷумла ниёгони тамаддунофар ва фарҳанги миллии мо аз оғози таърих то ба имрӯз мебошад.
Эҳтироми парчам эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ аст, зеро Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ва рамзи баҳамоиву ваҳдатофарӣ маҳсуб мешавад. Ин аст, ки дар даврони истиқлолият барои боз ҳам боло бурдани нуфуз ва эҳтироми Парчами миллӣ дар ҷомеа, бахусус миёни ҷавонон аз тарафи Ҳукумати мамлакат тадбирҳои назаррас амалӣ карда шудаанд.
Аз файзи истиқлолият ва неъматҳои муқаддаси сулҳу ваҳдат имрӯз Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон аз соҳибихтиёру соҳибистиқлол будани давлати тоҷикон башорат медиҳад.
Парчам нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, далели шуҳрату иқболи баланд ва шукӯҳафзои истиқлоли кишвар, инчунин баёнгари ормонҳои миллат ва шӯълаи имони мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.
Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос аст.
Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи Парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша саъю талош кунем, ки Парчами миллии мо ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Итминони комил дорам, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор менамояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин менамояд.
Бо чунин орзуҳои нек ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сари ҳамчун парчам баланду рӯи чун парчам сурх, рӯзгори мисли парчам сабзу бахти чун парчам сафед орзу менамоям.
Бигзор, меҳру муҳаббати мардум ба Парчами миллӣ, ки рамзи воқеии эътиқоду имон ба давлату миллат, сарзамин ва тамаддуну фарҳанг аст, беш аз пеш афзун гардад.
Бигзор, парчами халқи тоҷик, дирафши фатҳу иршоди тоҷик то абад парафшон бошад!
Ҷашни Парчами миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.12    №: 145    Мутолиа карданд: 1066

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед