logo

суханрониҳо

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави 2009-уми милодӣ, 31 декабри соли 2008

Ҳамватанони азиз!
Баъди чанд лаҳза Соли нави 2009-уми милодӣ фаро мерасад ва мо онро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои нек ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем.
Ба ин муносибат ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон ва тамоми ҳамватанонамонро, ки берун аз кишвар кору зиндагӣ доранд, сидқан табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям.
Воқеан, Соли нав дар таърихи тамаддуни башарият, сарфи назар аз он, ки ба кадом намуди солшуморӣ тааллуқ дорад ва ба кадом фасли сол рост меояд, бо қадами хуҷастаи худ ҳамеша хушнудиву хушҳолӣ меорад.
Мо - тоҷикон дар гузашта аз рӯи тақвим ва солшумориҳои суғдиву зардуштӣ ва баъдан хуршедиву ҳиҷрӣ зиндагӣ мекардем ва дар давоми ду асри охир аз солшумории милодӣ истифода бурда, мувофиқи он фаро расидани Соли навро расман ҷашн мегирем.
Дар арафаи соли нав натиҷагирӣ кардан аз бурду бохтҳои соли сипаришаванда ва тарҳрезии нақшаҳо барои соли оянда барои мо ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ин маънӣ, агар ба роҳи паймудаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соли рафтаистода назар андозем, итминон ҳосил мекунем, ки соли 2008-ум дар маҷмӯъ соли вусъати созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ буд.
Дар зарфи як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани се агрегати Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурд,  марказҳои барқу гармидиҳӣ, хатти интиқоли барқи баландшиддати «Лолазор-Хатлон», вусъат ёфтани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии  «Сангтӯда-2», хатти интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», аз нав оғоз гардидани кор дар сохтмони Нерӯгоҳи бузурги Роғун, идомаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Чанак, нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Шаршар», оғози марҳалаи сеюми роҳи байналмилалии мошингарди Ваҳдат – Нуробод – Рашт - Саритош ва як қатор иншооти ҳаётан муҳими дигар нишондиҳандаи суръати тоза пайдо кардани раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлати мо дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат мебошанд.
Ҳамзамон бо ин, сохта ба истифода додани садҳо иншооти нави таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ - муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гувоҳи равшани густариши ҷараёни созандагӣ ва ободонии кишвари азизамон мебошанд.
Бо вуҷуди монеаву мушкилоти вобаста ба иқлим, ки дар давоми сол ба миён омаданд, аз ҷумла сардии шадиду тӯлонии зимистони гузашта, хушксолӣ ва камобии баҳору тобистон мардуми шарифу заҳматкаши мамлакатамон ба дастовардҳои арзандаи истеҳсолӣ ноил гардиданд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ оқибатҳои бӯҳрони энергетикӣ ва афзоиши нархҳои маводи ғизоӣ, ки ба амнияти озуқавории мамлакат таҳдид мекард, то андозае боздошта шуд.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш мехоҳам бори дигар ба мардуми заҳматкаши Тоҷикистон ва махсусан ба кишоварзони мамлакат ба хотири он, ки дар давоми соли аз ҳар ҷиҳат душвор ҷавобан ба муроҷиатномаи Президенти кишвар ҳар як ваҷаб замини киштро самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ ду-се ҳосил рӯёниданд ва бо чунин ҳиммату ғайрати худ барои фаровонии дастархони мардум бо маҳсулоти кишоварзии худӣ ва захираи кофии маводи озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд, изҳори сипос намоям.
Итминон дорам, ки кишоварзони мо соли омадаистода низ бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо дучанд заҳмат кашида, барои таъминоти боз ҳам беҳтари кишвар бо маҳсули дастони худ кӯшиш хоҳанд кард.
Дастовардҳои Тоҷикистон дар соли 2008-ум дар арсаи байналмилалӣ низ назаррас буданд ва дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи сиёсати санҷидаи хориҷӣ, таҳкими равобити босамару гуногунсоҳа ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои мухталифи  ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ боиси тақвияти мавқеъ ва нуфузи давлатамон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид.

Ҳамватанони азиз!
Ҳар соли нав дар заминаи уфуқҳо, нақшаҳои нав ва ояндабиниву дурнамои тозаи иқтисодиву иҷтимоӣ тарҳрезӣ мегардад. Дар тӯли ҳабдаҳ соли истиқлолияти кишвар мо марҳала ба марҳала ва сол ба сол ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ муваффақ шуда истодаем.
Ҳамзамон бо ин, аз тариқи арҷгузорӣ ба дастовардҳои истиқлолият, арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ ва мероси гаронбаҳои фарзандони фарзонаи миллат ба баланд бардоштани сатҳи камолоти маънавӣ ва густариши худогоҳиву худшиносии сокинони мамлакат ноил гардида истодаем.
Дар ин самт таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои бузурги давлативу миллӣ – ҳабдаҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 1150-солагии бунёдгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, 950-солагии Имом Ғазолӣ ва садсолагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров, бешубҳа, ба болоравии ҳисси  ватандориву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии мардум ва таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва вусъат ёфтани бунёдкориву созандагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон такони нав бахшиданд.
Ба хотири шинохти беҳтари саҳми бузурги яке аз шахсиятҳои барҷастаи миллатамон Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ, инчунин таҳкими минбаъдаи худшиносии миллии мардум, аз ҷумла ҷавонони кишварамон мо соли 2009-умро Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон кардем. Ҳамчунин бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки соли 2011-ум таҷлил хоҳад шуд, мо ду рӯз пеш дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро ба истиқболи ин санаи бузурги таърихӣ қабул ва тасдиқ намудем.
Дар заминаи омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои зикршуда, ки аҳамияти бағоят муҳими сиёсиву фарҳангӣ доранд, татбиқи тадбирҳо ва чорабиниҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ дар назар дошта шудаанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат карда, махсус таъкид намоям, ки аз оғози Соли нави 2009-ум тамоми кору фаъолияти ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва ҳар як иқдоми бунёдкоронаи халқи Тоҷикистон ба номи бистумин солгарди истиқлолияти давлатиамон, ободии Ватани аҷдодиамон ва шукуфоии сарзамини куҳанбунёдамон анҷом дода хоҳад шуд.
Дар арафаи фарорасии Соли нав бори дигар хотирнишон месозам, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, яъне бунёди иншооти хурду бузурги энергетикӣ, роҳҳову шабакаҳои замонавии коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат вобаста мебошад.
Барои татбиқи ин ҳадафҳои наҷиби стратегӣ, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ба таҳкими давлатдории миллиамон мусоидат хоҳанд кард,  ҳар кадоми мову шумо вазифадор ҳастем, ки дар назди Ватан-Модар рисолати фарзандӣ ва масъулияти шаҳрвандии худро содиқонаву софдилона адо карда, барои ободиву шукуфоии Ватани азизу муқаддасамон кӯшишу талоши пайваста намоем.
Мо ба оянда назари нек дорем ва бо итминони комил гуфта метавонем, ки солҳои минбаъда, аз ҷумла Соли нави 2009-ум дар таърихи рушди давлатдории миллӣ, инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳифаҳои нав хоҳанд кушод.
Мо мушкилоти имрӯзаи мардумро доир ба таъминоти барқу газ ва гармӣ хуб медонем ва тамоми саъю талоши худро ба он равона мекунем, ки онҳоро дар давоми ду – се соли оянда бартараф созем. Мардуми Тоҷикистон бовар дошта бошанд, ки мушкилоти мавҷуда муваққатианд ва он рӯз дур нест, ки бо таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат маҳрумияту машаққатҳои сокинони кишварамон фаромӯш хоҳанд шуд. 
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии Соли нави милодии 2009-ум самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонаводаи тоҷик бахти сафеду иқболи нек, тандурустиву рӯзгори осуда ва ғайрати ободгариву нангу номуси ватандорӣ орзумандам.
Ва ба даргоҳи Парвардигори олам дуо мекунам, ки мардуми шарифи Тоҷикистонро дар паноҳи худ нигоҳ дорад ва ба рӯзгори ҳар хонадони тоҷик файзу баракат ато фармояд.

Соли наватон муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 592

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед