logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 7, мод. 398; с. 2006, № 3, мод. 141; с. 2007, № 5, мод. 350; № 7, мод. 652) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати ёздаҳуми моддаи 5 пас аз калимаи «эътироз» калимаҳои «, шикоят ва ариза» ва пас аз калимаи «нисбати» калимаи «фармон,» илова карда шаванд.
2. Дар сархати сеюми моддаи 23, дар ном ва матни моддаи 36, дар қисми дуюми моддаи 42 ва дар қисми дуюми моддаи 43 калимаҳои «хоҷагӣ», «хоҷагии» мутаносибан ба калимаҳои «иқтисодӣ», «иқтисодии» иваз карда шаванд.
3. Дар матни моддаи 34 пас аз калимаи «нисбати» калимаи «фармонҳо,» ва пас аз калимаи «эътироз» калимаҳои «, шикоят ва ариза» илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 37:
-дар номи модда калимаи «Эътирози» ба калимаҳои «Эътироз, шикояти» иваз карда шавад;
-ҷумлаи якуми модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳуқуқи овардани эътирози кассатсионӣ ва хусусиро нисбати ҳукм, таъинот ва қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ прокурор ва муовини ӯ дар доираи салоҳияташон, сарфи назар аз иштирок дар баррасии парванда дар суди марҳилаи якум, доранд.»;
-ҷумлаи дуюми ҳамин модда ҳамчун қисми дуюм ҳисобида шуда, пас аз калимаи «эътироз» калимаҳои «ва шикоят» илова карда шаванд.
5. Дар моддаи 38:
-дар қисми якум пас аз калимаи «онҳо» калимаи «фармон,» ва баъди калимаи «намудаанд,» калимаҳои «мутобиқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодӣ» илова карда шаванд;
-дар қисми дуюм пас аз калимаҳои «он, ки» калимаи «фармон,» ва баъди калимаҳои «назорат эътироз» калимаҳои «ва ариза» илова карда шаванд.
6. Дар моддаи 39:
-дар номи модда ва матни қисми якум пас аз калимаи «ҳукмҳо» калимаи «фармонҳо» илова карда шавад;
-сархатҳои якум ва дуюми қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
« -ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон –нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори ҳамаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои гражданӣ, Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои иқтисодӣ, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ нисбати қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, дар сурате ки ба вайронкунии ҷиддии қонунҳо роҳ дода шуда бошад;
-ба муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон –нисбати ҳукм, таъинот ва қарори ҳамаи судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ба истиснои қарорҳои Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
- аз сархати сеюм калимаи «ҳалнома» хориҷ карда шуда, калимаҳои «коллегияҳои судии» ба калимаҳои «коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ» иваз карда шаванд.
7. Моддаи 40 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 40. Бозхонди эътироз, шикоят ва ариза
Эътироз, шикоят ва ариза нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори суд то оғози баррасии он дар суд мумкин аст аз ҷониби прокуроре, ки эътироз, шикоят ва ариза овардааст ё прокурори болоӣ бозхонда шавад.».
8. Дар моддаи 41:
-дар номи модда калимаи «ҳукм» ба калимаи «ҳукми» иваз карда шуда, калимаҳои «ва ҳалномаи» хориҷ карда шаванд;
-дар матни модда калимаи «надаромада» ба калимаи «надаромадаи» иваз карда шуда, калимаҳои «ва ҳалномаҳои» хориҷ карда шаванд.
9. Дар моддаи 42:
-дар номи модда баъди калимаҳои «Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд;
-дар қисми якум баъди калимаҳои «Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 450


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти
прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон   С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 октябри соли 2008, № 1088


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид
намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи
Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 555


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 933

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед