logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 7, мод. 490; с. 2003, № 12, мод. 685; с.2004, № 5, мод. 347; с.2006, № 3, мод. 143; с. 2007, № 7, мод. 651; с. 2008, № 3, мод. 181; с.2008, № 6, мод. 443) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаи  «зинаи» ба калимаи «марҳилаи» иваз карда шавад.
2. Дар қисми чоруми моддаи 2 калимаи «хоҷагӣ» ба калимаи «иқтисодӣ» иваз карда шавад.
3. Дар моддаҳои 8 ва 38 калимаи «Ҳалномаҳо» ба калимаҳои «Фармонҳо, ҳалномаҳо» иваз карда шавад.
4. Дар сархати якуми моддаи 23 баъд аз калимаи «ошкоргардида» калимаҳои «,инчунин дар сурати бекор шудани ду ва ё зиёда ҳалномаи судӣ ин парвандаҳои гражданиро аз ихтиёри судҳои ҷумҳурӣ гирифта, онро ба мурофиаи худ ба сифати суди марҳилаи якум қабул намуда,» илова карда шаванд.
5. Дар моддаи 27:
-аз сархати дуюми қисми дуюм калимаи «ҳалномаҳо» хориҷ ва баъди калимаҳои «Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ» илова карда шаванд;
-дар сархатҳои чорум ва панҷуми қисми дуюм калимаи «парвандаҳоро» ба калимаҳои «парвандаҳои ҷиноятиро» иваз карда шавад.
6. Сархати якуми қисми дуюми моддаи 31 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«дар доираи салоҳияташ парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятиро аз рӯи эътирози Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳолатҳои нав ошкоршуда, инчунин аз рӯи эътирози муовинони онҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳолатҳои нав ошкоршуда оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ менамояд;».
7. Дар моддаи 34:
-аз сархати дуюм калимаҳои «муовинони вай», «ва муовинони вай» хориҷ карда шаванд;
-дар сархати чорум калимаи «таъинотҳои» ба калимаи «қарорҳои» иваз карда шавад.
8. Сархати панҷуми қисми дуюми моддаи 36 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати фармонҳо, ҳалномаҳо, ҳукмҳо, таъинотҳо ва қарорҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо, эътирози муовинони онҳоро бошад, нисбати ҳукмҳо, таъинотҳо ва қарорҳои судҳои ҳарбии гарнизонҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд;».
9. Дар қисми якуми моддаи 39:
-дар сархати сеюм пас аз калимаи «нисбати» калимаи «фармонҳо,» илова карда шавад;
-дар сархати чорум пас аз калимаи «нисбати» калимаи «фармонҳо,» ва баъди калимаҳои «Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ» илова карда шаванд;
-аз сархати шашум калимаи «ҳалномаҳо» хориҷ ва баъди калимаи «Тоҷикистонро» калимаҳои «оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ» илова карда шаванд.
10. Дар моддаи 40:
-аз сархати якуми қисми якум калимаи «ҳалномаҳо» хориҷ ва баъди калимаҳои «зинаҳои судӣ» калимаҳои «оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ» илова карда шаванд;
-аз сархати сеюми қисми якум калимаи «ҳалномаҳо» хориҷ ва баъди калимаи «Тоҷикистонро» калимаҳои «оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ» илова карда шаванд;
-дар қисми дуюм баъди калимаҳои «Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ» илова карда шаванд.
11. Дар қисми дуюми моддаи 42:
-аз сархати якум калимаи «ҳалномаҳо» хориҷ ва баъди калимаи «ҳарбӣ» калимаҳои «оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ» илова карда шаванд;
-аз сархати дуюм калимаи «ҳалномаҳо» хориҷ ва баъди калимаи «ҳарбиро» калимаҳои «оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ» илова карда шаванд.
12. Дар моддаи 44 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«ҳангоми талаб карда гирифтани парванда ҳуқуқ дорад иҷрои санади судиро оид ба парвандаҳои гражданӣ то хотимаи мурофиа дар суди марҳилаи назоратӣ мутобиқи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон боздорад;».
13. Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 76 баъд аз калимаи «ошкоргардида» калимаҳои «,инчунин дар сурати бекор шудани ду ва ё зиёда ҳалномаи судӣ ин парвандаҳои гражданиро аз ихтиёри судҳои ноҳия (шаҳр)-е, ки мувофиқан дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе воқеъ мебошанд, гирифта, онро ба мурофиаи худ ба сифати суди марҳилаи якум қабул намуда,» илова карда шаванд.
14. Дар сархати чоруми қисми якуми моддаи 82 баъди калимаи «судӣ» калимаҳои «оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 453


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон          С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 29 октябри соли 2008, № 1149

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда  шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон       М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 558


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 833

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед