logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 11 декабри соли 2012

Мӯҳтарам аъзои Шӯро!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Бо дарназардошти он, ки ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушдро баррасӣ намудем, ҳоло мехоҳам фикру мулоҳизаҳои худро нисбат ба мавзуъҳои баррасишаванда иброз намоям.
Соли сипаришаванда барои мардуми мо соли як силсила рӯйдодҳои таърихию хотирмон буд. Дар ин сол ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардиданд. Инчунин ворид шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо аҳамияти хосаеро доро мебошад. Ин бори дигар собит намуд, ки нодиртарин дастоварди мардуми мо дар даврони истиқлолияти давлатӣ маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот аст, ки заминаи муътамади сарбаландӣ ва ифтихори миллати куҳанбунёдамон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Ҳукумати мамлакат пайваста талош дорад, ки ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди иқтисодӣ барои таъмини суботи иҷтимоӣ ва некӯаҳволии мардуми кишвар тадбирҳои мушаххас андешад. Бо ин мақсад ислоҳот дар тамоми самтҳои иқтисоди мамлакат бомаром ҷараён дорад. Гузашта аз ин, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар якчанд омилҳои асосӣ бояд ба инобат гирифта шаванд.
Пеш аз ҳама, татбиқи афзалиятҳои миллӣ, ки тибқи Стратегияи миллии рушд барои давраи дарозмуҳлат муайян гардидаанд, аҳамияти хоса дорад. Татбиқи самараноки ин афзалиятҳо, ки таҳкими идоракунии давлатӣ, рушди устувор ва диверсификатсияи иқтисодиёт, ҳамчунин рушди нерӯи инсониро фаро мегиранд, суботи иқтисодӣ ва рушди кишварро дар маҷмуъ таъмин менамоянд.
Дар баробари ин, бояд дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти кишвар бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ истеҳсоли маҳсулоти ватании рақобатпазир таъмин гардида, ҳамзамон бо ин, таносуби манфии содиротию воридотии кишвар ба тавозуни мусбат табдил дода шавад.
Албатта, ба эътибор гирифтани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, бахусус буҳронҳои молиявию иқтисодӣ ва ноустувории вазъи бозорҳои минтақавию ҷаҳонӣ низ дар таъмини суботи иқтисодӣ муҳим арзёбӣ мешавад. Аз ин лиҳоз, таҳияи механизму фишангҳои самараноки иқтисодие, ки ба чунин омилҳои беруна ҳассос буда, иқтисоди миллиро аз таъсири манфии онҳо эмин нигоҳ медоранд, ниҳоят зарур мебошад.
Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни татбиқи ислоҳоти иқтисодию дигаргунсозиҳои бозаргонӣ ва рушди мунтазами иқтисодӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ҳамкориҳои судманди моро бо тамоми шарикони рушд густариш бахшиданд. Натиҷаи ин ҳамкориҳост, ки дирӯз Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ворид гардид.
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дар ҷаласаи имрӯза мо аз натиҷаҳои ду стратегияи миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки мутаносибан аз солҳои 2007 то имрӯзро дар бар гирифтаанд, маълумот гирифтем.
Қобили зикр аст, ки тайи ин солҳо Ҳукумати мамлакат дар муносибати судманд бо Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд ҷиҳати ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, алалхусус дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Ҳамзамон бо ин, дар самтҳои афзалиятноки соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маорифу тандурустӣ ва дастрасӣ ба оби тоза корҳои зиёд анҷом дода шуданд ва шарикони рушд низ ба ин соҳаҳо дар давраи сипаригардида таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.
Шумо хуб огоҳ ҳастед, ки бо вуҷуди мушкилиҳои давраи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ Ҳукумати мамлакат сиёсати мақсадноки иқтисодиро пеш гирифт, ки муҳтавои асосии он аз ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ иборат буда, бо ин мақсад ислоҳоти иқтисодӣ пай дар пай татбиқ гардида истодааст.
Бояд қайд кард, ки соли 2012 новобаста аз буҳрони идомаёбанда дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои берунаи манфӣ ҷараёни дигаргунсозиҳо ҷиҳати беҳбуди фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, дастрасӣ ба бозорҳои молӣ идома дода шуда, суботи макроиқтисодӣ дар кишвар нигоҳ дошта шуд.
Тамоюли нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар соли ҷорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин хоҳад гашт.
Суръати баланди барқарорсозӣ ва рушди босуботи иқтисодиёт тайи солҳои охир имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас коҳиш дода шавад. Чунон ки медонед, тайи даҳсолаи охир сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 то 42 фоиз коҳиш дода шуд.
Таҳлилҳо вобаста ба дурнамои рушди иқтисоди миллӣ барои ояндаи миёнамуҳлат то солҳои 2015 аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки зимни татбиқи афзалиятҳои миллии рушд дар мамлакат табақаи миёнаҳоли аҳолӣ бартарӣ пайдо хоҳад кард.
Ҳозирини гиромӣ!
Суботи иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди устувор дар минтақа имрӯз аз бисёр ҷиҳат аз вазъи Афғонистон вобаста аст. Тақвият додани раванди кумак ба истиқрори сулҳу амният ва барқарорсозии иқтисодӣ дар ин кишвар дар робита ба хориҷ шудани нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар соли 2014 хеле муҳим мебошад.
Тавре маълум аст, моҳи марти соли ҷорӣ дар Душанбе Конфронси 5-уми минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ оид ба Афғонистон баргузор гардида буд. Дар ҷараёни конфронс иштирокдорони он зарур донистанд, ки силсилаи ислоҳоти густурдаи маъмурӣ ва ибтикороти фаромарзии иқтисодӣ, аз ҷумла ҷиҳати беҳтарсозии қоидаҳои гумрукӣ ва имзои Созишномаи минтақавии транзитӣ баҳри пешрафти ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ амалӣ гардад. Инчунин, лоиҳаҳои гуногуни соҳаи инфрасохтор, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика ва нақлиёт муаррифӣ гардиданд.
Ба назари мо татбиқи амалии ин лоиҳаву барномаҳо ниҳоят муҳим мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ҷонибдори тадбирҳое мебошад, ки ба хотири мусоидат ба сулҳу амнияти Афғонистон амалӣ карда мешаванд. Вобаста ба масъалаи мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бояд гуфт, ки он яке аз ҳадафҳои бузурги минтақавиест, ки бояд ҳамаҷониба пуштибонӣ ёбад.
Ҳамкории зичу судманди ҳамаи кишварҳо дар ин арсаи муҳим имконияти саҳм гузоштанро дар муборизаи умумӣ бар зидди ин хатарҳои глобалӣ фароҳам оварда, ба таҳкими амнияти умумӣ мусоидати муассир менамояд.
Ҳаводиси охири дар иқтисоди ҷаҳонӣ бавуқуъпайваста бори дигар он ҳақиқатро собит месозад, ки ҷаҳони муосир ниҳоят тағйирёбанда буда, барои нигоҳ доштани мавқеи устувор дар он Ҳукумати мамлакат бояд сиёсати иқтисодиву иҷтимоии худро бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна пеш бурда, самтҳои осебпазири иқтисодиётро пайваста ташхис намояд ва камбуду норасоиҳои ба миён омадаро бартараф созад. Маҳз аз ин хотир, мо таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилиро аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии худ қарор додаем.
Новобаста аз тадбирҳои андешидашуда дар бозори истеъмолӣ ҳанӯз ҳам зуҳуроти сунъие арзи вуҷуд доранд, ки дар фазои иқтисодии мамлакат мушкилиҳо эҷод менамоянд. Бахусус, афзоиши нархи маводи ғизоиву сӯзишворӣ ва эҷоди монеаҳои сунъӣ дар интиқоли маводи ниёзи мардум тавассути роҳи оҳан ба суботи бозори истеъмолӣ ва ҳолати иҷтимоӣ дар кишвар халал ворид менамояд.
Дар баробари ин, тамоюли баландшавии нархҳои маводи озуқа дар миқёси ҷаҳонӣ таъмини амнияти озуқавории кишварро мушкил мегардонад ва ҳанӯз ҳам он ҳамчун масъалаи ҷиддӣ ва ҳалталаб боқӣ мемонад.
Махсусан қайд карданиам, ки Тоҷикистон дорои имкониятҳои воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи гузариш ба рушди устувор, аз қабили захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо ба нафъи кишварҳои минтақа хоҳад буд.
Ҳалли мушкилоти марбут ба энергетика мисли пештара ба ҳайси муҳимтарин масъалаҳои рушди устувори кишвар боқӣ мемонад. Зарурати ҳаётии инкишофи гидроэнергетика, ки аз як ҷониб аз захираҳои бузурги ин нерӯи таҷдидшавандаи аз лиҳози экологӣ тоза маншаъ мегирад, аз ҷониби дигар ба норасоии захираҳои нафту газ дар кишвар иртибот дорад.
Беҳуда нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи Созмони Милали Муттаҳид "Энергияи устувор барои ҳама" чун дар барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҳамчун кишвари пилотӣ пазируфта шудааст. Илова ба ин мушкилот, масъалаи дар бунбасти нақлиётиву коммуникатсионӣ қарор доштани Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд, ки онро ба баҳр роҳи баромад надоштани кишвар дучанд мегардонад.
Инчунин, обанборҳои иншооти гидроэнергетикӣ дар минтақаи кӯҳсор танзими бисёрсола ва мавсимии ҷараёни дарёҳоро ба ҷо меоранд ва дар натиҷа чунин ҳолатҳои фавқулоддаи гидрологӣ, аз қабили селу обхезӣ ва таъсири хушксолӣ пешгирӣ карда мешаванд.
Шароити барои рушди кишоварзӣ мусоид, инфрасохтори рушдёбанда, эҳёи Шоҳроҳи Абрешим, мавҷудияти қувваи арзони корӣ ва суботи сиёсиву ҷамъиятии Тоҷикистон барои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ заминаи боэътимод хоҳад буд.
Бинобар ин, Ҳукумати кишвар талош дорад, ки ҷиҳати ҳаллу фасли масоили вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути дастгирии бахши кишоварзӣ ва соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳавасманд гардонидани кишоварзон барои истифодаи самараноки захираҳои обу замини кишвар тадбирҳои мушаххас андешад.
Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат мунтазам талош хоҳад кард, ки новобаста аз ҳолати ноустувори иқтисодиёти ҷаҳони муосир ва заиф гардидани механизмҳои идоракунӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва низоми молиявии он суботи иқтисодиро дар кишвар таъмин намуда, ҷиҳати беҳдошти зиндагии аҳолӣ ва афзоиши синфи миёнаи аҳолӣ ва табақаи дорои сатҳи зиндагии миёна заминаи боэътимод фароҳам созад.
Аз ин лиҳоз, итминони комил дорем, ки саҳми ҳар як фарди кишвар дар ҳаллу фасли масоили вобаста ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои муайянгардида афзуда, иштироки онҳо дар раванди таъмини рушд ва ҳамзамон бо ин, баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат пайваста фаъол мегардад.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ҷадиди навсозиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад.
Ҳуҷҷате, ки имрӯз дар ҷаласа муҳокима гардид, дар доираи Стратегияи миллии рушди мамлакат то соли 2015 дар ояндаи миёнамуҳлат стратегияи ниҳоӣ мебошад.
Дар доираи натиҷаҳои татбиқи он Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҳуҷҷати нави стратегии рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварро барои давраи дарозмуҳлат таҳия намояд.
Итминон дорам, ки дар раванди татбиқи стратегияи мазкур ва таҳияи ҳуҷҷати навбатии стратегӣ, ки самтҳо ва афзалиятҳои рушдро барои ояндаи дарозмуҳлат муайян менамояд, нақши шарикони рушди Тоҷикистон назаррас хоҳад буд.
Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳар яки шумо барори кору сарбаландӣ орзу менамоям.

Сарбаланду саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.12    №: 154    Мутолиа карданд: 568

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед