logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 1. Ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 5 декабри соли 1985 (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1985, № 24,мод. 243) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 651 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 651. Муомилоти ғайриқонунии шираи камол
Ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардан, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани шираи камол, - дар ҳолати набудани аломатҳои ҷиноят, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.».
2. Дар моддаи 222 баъд аз рақами «44» рақами «651» илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 456

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон       С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 декабри соли 2008, № 1194

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо
ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 561


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1008

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед