logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9,мод. 68, 69; № 22,мод.306; с. 1999, № 12,мод. 316; с. 2001, № 4,мод. 149, 167; с. 2002, № 11,мод.675, 750; с.2003, № 8,мод. 456,468; с.2004, № 5, мод. 346; № 7,мод. 452, 453; с. 2005, № 3,мод. 126; № 7 мод. 399; № 12, мод. 640; с.2007, № 7,мод. 665; с. 2008, № 1,қ. 1,мод.3; № 6,мод. 444, 447), моддаи 2341 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 2341.Муомилоти ғайриқонунии шираи камол
1) Ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардан, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳ доштан,интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани шираи камол ба миқдори начандон калон, -
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор,агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи зӯроварӣ;
д) ба миқдори калон содир шуда бошад, -
бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ба миқдори начандон калон дар моддаи мазкур зиёда аз ду килограмм шираи камол ё нест кардани зиёда аз 20 бехи буттаи камол ва ба миқдори калон зиёда аз даҳ килограмм шираи камол ё нест кардани зиёда аз 100 бехи буттаи камол фаҳмида мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 457


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 декабри соли 2008, № 1196

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 562


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 864

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед