logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли  1995 «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21,мод. 245; с. 2001, № 4,мод. 212) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «ҳукуматҳои маҳаллӣ», «мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ», «мақомоти давлатӣ», «статус» мутобиқан ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «мақомоти ҳокимияти давлатӣ», «мақом» иваз карда шаванд.
2. Қисми сеюми моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк дар раъйпурсӣ иштирок мекунанд.».
3.Дар моддаи 6:
-қисми ҳаштум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди ҳуҷҷати ваколатнок дар рӯзи раъйпурсӣ дар маҷлисҳои комиссияҳои раъйпурсӣ ҳангоми ҳисоби овозҳо ва муайян кардани натиҷаи раъйпурсӣ иштирок намоянд. Ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба,иттиҳодияҳои ҷамъиятие,ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида барои анҷом додани мушоҳида дар рӯзи раъйпурсӣ дар ҳар як участка якнафарӣ мушоҳидони миллиро таъин намоянд.»;
-аз қисми нӯҳум калимаҳои «ва коллективҳои меҳнатӣ» хориҷ карда шаванд;
-қисми даҳум хориҷ карда шуда, қисмҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«Бо мақсади таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои баргузории раъйпурсӣ мушоҳидони байналмилалӣ даъват карда мешаванд.
Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ тибқи Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, танзим мегардад.
Мушоҳидони байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида иҷозатнома гирифта, дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми доштани даъватнома аккредитатсия карда мешаванд. Даъватнома аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди нашри расмии қарор дар бораи таъини рӯзи раъйпурсӣ фиристода мешавад.
Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ ӯҳдадоранд Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст,риоя ва хулосаи худро дар асоси мушоҳида ва маводи  воқеӣ таҳия намоянд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳидони байналмилалӣ дар бораи аккредитатсияи онҳо шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад. Шаҳодатномаи мазкур ба мушоҳиди байналмилалӣ ҳуқуқ медиҳад, ки ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани раъйпурсиро мушоҳида намояд.
Мушоҳидони байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат мебошанд.
Мушоҳидони байналмилалӣ фаъолияти худро мустақилона ва озодона анҷом медиҳанд.Таъминоти моддию молиявии фаъолияти онҳо аз ҳисоби тарафе,ки онҳоро фиристодааст ё аз ҳисоби маблағи худи онҳо анҷом дода мешавад.
Дар сурати аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ вайрон намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалиро бекор менамояд.
Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ ҳуқуқ доранд:
-бо рӯйхати шаҳрвандони дар раъйпурсӣ иштироккунанда шинос шаванд;
-дар бинои овоздиҳӣ аз оғоз то анҷоми кори комиссияи участкавӣ ҳузур дошта бошанд;
-ба раъйдиҳандагон додани бюллетенҳои овоздиҳиро мушоҳида намоянд;
-ҳисоб кардани овозҳои раъйдиҳандагонро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҷараёни ҳисоби бюллетенҳои овоздиҳӣ имкон медиҳад, мушоҳида намоянд;
-бо протоколҳои комиссияҳои участкавӣ оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва комиссияҳои ҳавзавӣ дар бораи натиҷаи раъйпурсӣ шинос шаванд;
-ба намояндагони комиссияҳои раъйпурсӣ бе дахолат ба кори онҳо оид ба мушоҳидаи худашон иттилоъ диҳанд;
-аз қарор ва амали (беамалии) комиссияҳо ба комиссияи болоӣ ва ё суд шикоят намоянд.
Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ ҳуқуқ надоранд:
-бюллетенҳои овоздиҳиро ба раъйдиҳандагон супоранд;
-бо хоҳиши раъйдиҳандагон барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд ва ё онро пур кунанд;
-ба раъйдиҳандагон таъсир расонанд, ба ҷараёни раъйпурсӣ дахолат намоянд ва дигар амале содир намоянд,ки махфӣ будани овоздиҳиро халалдор созад;
-бевосита дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссия анҷом дода мешавад, иштирок намоянд;
-амале содир намоянд, ки ба кори комиссия оид ба гузаронидани раъйпурсӣ монеа шавад ва ё дар қабули қарори комиссияи дахлдор оид ба гузаронидани раъйпурсӣ иштирок намоянд;
-мақоми худро барои содир кардани амале, ки ба мушоҳидаи рафти раъйпурсӣ вобаста нест, истифода баранд.».
4. Дар қисми дуюми моддаи 7 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Биноҳо ва таҷҳизоти корхонаю ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои кори комиссияҳои раъйпурсӣ дар асоси иҷора аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд.».
5. Ба моддаи 10 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда,лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, муайян менамояд.».
6. Ба Қонун моддаи 101 дар таҳрири зайл илова карда шавад:
«Моддаи 101.Тартиби баррасии масъалаҳо оид ба раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 10 рӯз пас аз ворид шудани ҳуҷҷатҳо ва маводҳои замимашуда дар бораи раъйпурсӣ онҳоро барои хулоса ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон» амалӣ мешавад.
Баррасии масъалаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиб ва мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.
Дар ҳолати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда, ки аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз 15 рӯзи қабули қарори Суди конститутсионӣ дар бораи гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ ва масъалаҳои фарогири он қарор қабул менамояд.
Дар ҳолати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ набудани масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда, ки аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, ҳамаи расмиёте, ки Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ намудааст, қатъ мегарданд.».
7. Дар моддаи 11:
-дар қисми якум баъд аз калимаи «дахлдор» калимаҳои «,инчунин Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд;
-дар қисми дуюм калимаи «ин» ба калимаи «ҳамин» иваз карда шавад.
8.Дар моддаи 17:
-дар банди 6) калимаи «иморатҳо» ба калимаи «биноҳо» иваз карда шавад;
-дар банди 8) калимаи «ташкилотҳои» ба калимаи «иттиҳодияҳои» иваз карда шавад;
-банди 8) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«8) тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори маҳаллӣ ва хориҷиро муқаррар мекунад, онҳоро бо ҳуҷҷатҳои дахлдор таъмин менамояд;»;
-бандҳои 8), 9), 10), 11) ва 12) мутобиқан бандҳои 9), 10), 11), 12) ва 13) ҳисобида шаванд.
9. Дар банди 3) қисми якуми моддаи 18,қисмҳои дуюм ва чоруми моддаи 21, моддаи 34 пас аз калимаҳои «ташкилотҳоро» ва «ташкилотҳо» мутобиқан калимаҳои «, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон,» илова карда шаванд.
10. Дар қисми сеюми моддаи 27 калимаи «пломба» ба калимаи «тамға» иваз карда шавад.
11. Дар моддаи 34 калимаҳои «шахсони мансабдори иттиҳодияҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ» ба калимаҳои «мансабдорони мақомоти давлатӣ, масъулини иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 458


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар хусуси қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            С.ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 октябри соли 2008, № 1090


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 563


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 933

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед