logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Регистрҳои давлатӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 1992 «Дар бораи Регистрҳои давлатӣ» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, № 9, мод. 126; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 23, мод. 356; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 221) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд.
1. Бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
2. Дар ном ва тамоми матни Қонун калимаҳои «Регистрҳои, Регистр, Регистре, регистрҳои, регистрҳо, регистри, регистр ва корбари Регистр» мутаносибан ба калимаҳои «Феҳристҳои,  Феҳрист,  Феҳристи,  Феҳристе,  феҳристҳои,  феҳристҳо,  феҳристи,  феҳрист,  Феҳристдори, феҳристдор» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 2 калимаи «қонунгузории» ба калимаҳои «дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии» иваз карда шавад.
4. Моддаи 21  бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 21. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Феҳристи давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Феҳристи давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.».
5. Дар қисми 3 моддаи 3 калимаҳои «худидораи маҳаллӣ» ба калимаҳои «худидоракунии маҳаллӣ», калимаи «ресурсҳои» ба калимаи «захираҳои» иваз карда шаванд.
6. Дар банди «в» қисми 1 моддаи 5 калимаи «сметаи» ба калимаи «харҷномаи» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 6 калимаҳои «мақомоти маҳаллии худидора» ба калимаҳои «мақомоти худидоракунии маҳаллӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 7 калимаи «байналхалқӣ» ба калимаи «байналмилалӣ» иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 8 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «юридикӣ ва воқеӣ» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
10. Дар қисми дуюми моддаи 9 калимаи «архив» ба калимаи «бойгонӣ» иваз карда шавад.
11.  Номи боби 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Боби 3. Феҳристдорӣ ва истифодаи феҳристи давлатӣ»
12.  Моддаи 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои феҳристдор
1. Агар феҳристдори давлатӣ ба саҳеҳии маълумоти феҳрист шубҳа дошта бошад, ҳақ дорад дар бораи объектҳои бақайдгирифташуда ба маълумотдиҳандагон дархост равон намояд.
2. Феҳристдор вазифадор аст маълумотҳоро аз истифода ва интишори ғайриқонунӣ, тағйир додан ва нобуд сохтан ҳимоя намояд.
3. Феҳристдор вазифадор аст ба талаботу дархостҳои дар қисми 1 моддаи 11 Қонуни мазкур зикршуда дар давоми се рӯзи корӣ ҷавоб гардонад.».
13. Дар қисми 2 моддаи 12 баъд аз калимаи «Конститутсияи» калимаи «(Сарқонуни)» илова карда шавад.
14. Дар моддаи 13 калимаи «корхонаҳо» ба калимаи «корхонаю», калимаҳои «ташкилотҳо ва фирмаҳоро» ба калимаи «фирмаҳо» ва калимаи «шахсиро» ба калимаи «инфиродиро» иваз карда шаванд.
15. Моддаи 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 459

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид
намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Регистрҳои давлатӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Регистрҳои давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 октябри соли 2008, № 1115


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Регистрҳои давлатӣ»
        
   Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Регистрҳои давлатӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Регистрҳои давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 564


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 824

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед