logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 «Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 23, мод. 348) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва дар тамоми матни Қонун калимаи «статуси» ба калимаи «вазъи ҳуқуқии» ва калимаҳои «Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» ба калимаҳои «Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» иваз карда шаванд.
2. Дар номи Қонун калимаҳои «вакилони халқи» ба калимаи «вакили» иваз карда шаванд.
3. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад».
4. Моддаи 61 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 61. Риояи меъёри одоби вакилӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқ
Меъёрҳои одоби вакилӣ ва масъулият барои вайрон кардани он мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси вакилони халқ муқаррар карда мешавад».
5. Дар моддаи 7:
-сархатҳо бо «-» ишора карда, ба модда сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
-барои истиқомат ва кори доимӣ берун рафтан аз ҳудуди марзию маъмурии дахлдор;
-бе сабабҳои узрнок зиёда аз се маротиба пай дар пай иштирок накардан дар ҷаласаҳои иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ;
-дар сархати 6 қисми якум калимаҳои «гум кардани» ба калимаи «қатъи» иваз карда шаванд;
-дар қисми дуюм калимаҳои «Маҷлиси Олӣ» ба калимаҳои «Маҷлиси миллӣ» иваз карда шаванд;
-ба қисми дуюм сархати нав бо мазмуни  зайл илова карда шавад:
«- ҳангоми азнавташкилдиҳии (ҳамроҳшавии, муттаҳидшавии, табдилдиҳии, тақсимшавии, ҷудошавии) воҳиди марзиву маъмурии дахлдор».
6. Дар моддаи 14:
-сархатҳо бо аломати тире «-» ишора карда шаванд;
-дар сархати якуми қисми якум калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми дуюми моддаи 16 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроия» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», калимаҳои «мақомоти худидора» ба калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз ва калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллии» ва «мақомоти худидораи минтақавии ҷамъиятӣ» хориҷ карда шаванд.
8. Дар моддаи 21:
-қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Вакили Маҷлиси вакилони халқ дар ҳудуди марзию маъмурии дахлдор мавриди кофтуков (азназаргузаронии шахсӣ) қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст»;
-қисми дуюм қисми сеюм ҳисобида шавад.
9. Дар қисми сеюми моддаи 22 калимаҳои «Маҷлиси Олӣ» ба калимаҳои «Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
10. Аз қисмҳои якум ва дуюми моддаи 23 калимаҳои «аз колхоз, дигар кооператив» хориҷ карда, пеш аз калимаи «донишкада» пешоянди «аз» илова карда шавад.
11. Дар моддаи 26 калимаҳои «дастгоҳи ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат)» ба калимаҳои «дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» иваз карда шаванд.
12. Дар қисми дуюми моддаи 27 калимаҳои «Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
13. Моддаи 28 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008,№ 461

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи
вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон       С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 26 ноябри соли 2008, № 1185

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 566


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 877

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед