logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ.1, мод. 308; с. 2005, №12, мод. 637) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Бобҳои Қонун бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
3. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "муомилаи", "муомилоти", "МУОМИЛАИ" ва "МУОМИЛОТИ" мувофиқан ба калимаҳои "гардиши", "ГАРДИШИ" иваз карда шаванд.
4. Номи боби 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ".
5. Дар моддаи 1:
- сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд;
- сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- гардиши ҳуҷҷати электронӣ- системаи тартибдиҳӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ бо истифодаи воситаҳои электронии коммуникатсияи омма;";
- дар сархати ҳаштум калимаи "субъекти" ба калимаҳои "субъекте, ки" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "иттилоотӣ" калимаи "мебошад" илова карда шавад.
6. Дар моддаи 4:
 -номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷати электронӣ";
- дар матни модда пас аз калимаи "дигар" калимаҳои "санадҳои меъёрию ҳуқуқии" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шуда, пас аз калимаҳои "инчунин санадҳои" калимаи "меъёрию" хориҷ карда шавад.
7. Дар сархати дуюми моддаи 6 калимаи "реквизитҳоест" ба калимаҳои "нишонаҳое бошад" иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 10:
- дар қисми якум калимаи "тартиботи" ба калимаҳои "тартиби муқарраргардидаи" иваз карда шавад;
- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Таҷдиди ҳуҷҷати электронӣ дар дигар объекти моддии аз ҳомили мошинӣ ҷудошаванда, ба ғайр аз коғазӣ ва ё нусхаи он дар ҳомили коғазӣ, ки ба таври дахлдор тасдиқ нашудааст, эътибори ҳуқуқии нусхаи ҳуҷҷати электрониро надорад.". 
9. Дар моддаи 11:
- аз қисми дуюм калимаи "дар" хориҷ карда шуда, калимаҳои "талаб карда шавад," ба калимаҳои "пешбинӣ намояд," иваз карда шаванд;
- аз қисми чорум калимаҳои "аз тарафи" хориҷ карда шуда, калимаҳои "ҳуҷҷат талаб карда шавад," ба калимаҳои "ҳуҷҷатро пешбинӣ намояд," иваз карда шаванд;
- ба қисми панҷум баъд аз калимаи "электронӣ" калимаҳои "пешбинӣ шудааст," илова карда шаванд.
10. Дар қисми дуюми моддаи 16 ва матни моддаи 20 калимаҳои "Тартибот," ва "тартибот" мувофиқан ба калимаҳои "Тартиби" ва "тартиби" иваз карда шаванд.
11. Дар қисми дуюми моддаи 18 калимаҳои "аввали" ва "нишондодашуда" мувофиқан ба калимаҳои "якуми" ва "зикргардида" иваз карда шаванд.
12. Дар матни моддаи 19 калимаи "ҳаққонияти" ба калимаи "аслияти" иваз карда шавад.
13. Дар моддаи 23:
- ба номи модда пас аз калимаи "Нигоҳдории" калимаи "асли" илова карда шуда, калимаи "он" ба калимаи "онҳо" иваз карда шавад;
- ба матни модда баъд аз калимаи "байнибонкӣ" калимаҳои "ва додани нусхаи онҳо" илова карда шаванд.
14. Боби 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"БОБИ 5. МАСЪУЛИЯТИ ШАХСОНЕ, КИ ДАР СОҲАИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАНД
Моддаи 24. Масъулияти шахсоне, ки дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ фаъолият мекунанд
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба хизматрасонӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ машғуланд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муштариёни худ барои хизмат нарасонидан ё сифати номуносиби хизматрасонӣ, инчунин барои зарари ба онҳо расонидашуда масъул мебошанд.
Шахсони аз рӯи вазифаҳои хизматиашон ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумоти дар ҳуҷҷатҳои электронӣ мавҷудбуда дошта, ки паҳн кардани онҳо манъ ё маҳдуд карда шудааст, барои махфияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан масъул мебошанд.".
15. Дар номи боби 6 калимаи "МУНОСИБАТҲОИ" ба калимаи "ҲАМКОРИИ" иваз карда шавад.
16. Ба Қонун боби 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ  ХОТИМАВӢ
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012, №  908

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2012 №  939

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012 №  449


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.13    №: 3-8    Мутолиа карданд: 801

28.02.2020


ҶАРАЁНИ ОМОДАГИҲО БА БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МАТРАҲ ШУД

ОҒОЗИ БУНЁДИ БОЗ ЯК ОСОИШГОҲ ДАР ГУЛИСТОН

ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИНТУРМАРКЕТ – 2020» ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТМКУНАНДАГОНИ БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ТИҶОРАТӢ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ШУДАНД

ҲАМКОРИИ БМТ ВА КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ

“ГАНҶИ СУХАН”. ҲАМОИШЕ, КИ МАЪРИФАТ МЕАФЗОЯД

ХУРОСОН ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД

ҶОМИ КФО – 2020. "ХУҶАНД" БА МАРҲАЛАИ ГУРӮҲӢ РОҲ ЁФТ

AMAZON АВВАЛИН МАРКАЗИ САВДО БИДУНИ ХАЗИНА КУШОД

ӮЗБЕКИСТОН ВА УКРАИНА АЛОҚАИ РОҲИ ОҲАНРО БАРҚАРОР НАМУДАНИЯНД

ИТТИҲОДИ АВРУПО САНАИ МУЗОКИРОТ БО БРИТАНИЯРО ОИД БА ШАРИКӢ ГУФТ

ИМА: АФҒОНИСТОН БОЯД ДАР ФИКРИ ҚАТЪИ ҶАНГ БО "ТОЛИБОН" БОШАД

Ҷаҳон дар як сатр

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед