logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тартиби татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ муайян карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур ба ҳамаи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусии соҳаҳои инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ мувофиқи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ карда мешаванд, татбиқ мегардад.
2. Объектҳои инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоиро, ки нисбат ба онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда намешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Қонуни мазкур ба амалҳои зерин татбиқ карда намешавад:
- хариди мол, кор ва хизматрасонӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ";
- хусусигардонӣ ва ғайридавлатикунонии моликияти давлатӣ ва корхонаҳои давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- додани ҳама гуна ҳуқуқҳо барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ва  "Дар бораи консессияҳо";
- татбиқи лоиҳаҳои қарзии (маблағҳои грантии) ҷудокардаи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки мувофиқи қоидаҳои ин ташкилотҳо ба танзим дароварда шуда, иҷрои қоидаҳои мазкур дар доираи ӯҳдадориҳои ба зиммагирифтаи Тоҷикистон ва мутобиқи онҳо ҳатмӣ аст.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода  мешаванд:
- шарикии давлат ва бахши хусусӣ - ҳамкории шарикони давлатӣ ва хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- шарики давлатӣ - мақомоти марказӣ ё маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- бахши хусусӣ - соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқие, ки муассиси он шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқии ғайридавлатӣ мебошад;
- шарики хусусӣ - соҳибкори инфиродӣ ва ё шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ, ки лоиҳаи инфрасохтор ё лоиҳаи хизматрасониро дар соҳаи иҷтимоӣ мутобиқи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд;
- инфрасохтор - маҷмӯи иншооту биноҳо, системаҳо ва сохторе, ки  барои фаъолияти соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, муҳайё кардан ва беҳтар сохтани шароити зисти ҷамъият зарур мебошанд, аз ҷумла низоми нақлиёт, таъминоти об ва барқ, роҳҳо, пулҳо ва системаи коммуникатсионӣ;
- лоиҳаи инфрасохтор - лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии объекти нави инфрасохтор ва ё таҷдид, навсозӣ, васеъкунӣ ва истифодаи ҳар як объекти инфрасохтор;
- лоиҳаи хизматрасонӣ дар соҳаи иҷтимоӣ - лоиҳакашӣ, таҳия ва фаъолияти сохторҳое, ки бевосита ё бавосита ба ҷамъият дар тӯли на камтар аз се сол хизмати иҷтимоӣ (маишӣ, тиббӣ, равонию  педагогӣ ва ғайра) мерасонанд, ки онҳо то оғози лоиҳа тобеи ташкилоти фармоишгар буданд;
- лоиҳаи шарикӣ - лоиҳаи инфрасохтор ё лоиҳаи хизматрасонӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, ки байни ташкилоти фармоишгар ва бахши хусусӣ мутобиқи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад;
- ташкилоти фармоишгар - мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки барои бастани созишнома бо шарики хусусӣ дар доираи Қонуни мазкур ваколат доранд;
- созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ - (минбаъд - Созишнома) - санади ҳуқуқие, ки ӯҳдадории байни ташкилоти фармоишгар ва шарики хусусӣ ва шартҳои татбиқи лоиҳаро мутобиқи Қонуни мазкур муқаррар менамояд;
- пардохти ҳаққи хизматрасонӣ - ҳуқуқ ё ваколате, ки ба шарики хусусӣ аз ҷониби ташкилоти фармоишгар барои пӯшонидани хароҷоти сармоягузорӣ ва гирифтани фоида бо роҳи ситонидани хироҷ аз истифодабарандагони лоиҳаи шарикӣ дода шуда, хироҷ, тариф ва дигар пардохтҳоро дар бар мегирад;
- механизми оқилона - механизмест, ки дар доираи он ташкилоти фармоишгар метавонад ҳамаи ӯҳдадориҳои молиявиеро, ки эҳтимол дорад иҷро кунад дар доираи Созишнома аз ҳисоби маблағи мавҷуда ё ояндаи буҷетии худ иҷро намояд;
- дороиҳо (активҳо) - захираҳое, ки дар натиҷаи амалиёти қаблӣ ба даст овардашуда, ба ташкилоти фармоишгар тааллуқ доранд ё захираҳои наве, ки бо мақсади ҳамроҳ шудан ба Созишнома ва гирифтани фоидаи иқтисодӣ ба даст оварда мешаванд;
- иштироки консорсиум - пешниҳоди лоиҳавӣ аз ҷониби ду ва зиёда шахсон, ки барои иштирок дар лоиҳаи шарикӣ пешниҳод шудааст;
- пешниҳоди дархостнашаванда - ҳар гуна пешниҳоде, ки на ҳамчун ҷавоб ба дархости ташкилоти фармоишгар берун аз расмиёти интихоб тибқи Қонуни мазкур манзур карда мешавад;
- иҷро накардани ӯҳдадориҳои моддӣ - ҳама гуна ҳолати қодир набудани шарики хусусӣ барои иҷро кардани ягон ӯҳдадорӣ дар доираи Созишнома, ки ба хизматрасонӣ ба ҷамъият таъсир мерасонад ё таъсир хоҳад расонд ва баъди давраи тӯлонӣ ва баъди он ки шарики хусусӣ дар бораи иҷро нашудани ӯҳдадориҳо аз ташкилоти фармоишгар огоҳинома гирифтааст, иҷро нашуда боқӣ мемонад;
- довталаби афзалиятдошта - иштирокчии тендер, аз ҷумла консорсиум, ки ҳамчун иштирокчии муваффақи тендер интихоб гардидааст;
- мақоми танзимкунанда - мақоми ваколатдори давлатие, ки ба он ваколати пешбурди сиёсати давлатӣ ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи рушди инфрасохтор ва пешниҳод намудани хизматрасонӣ дар бахши иҷтимоӣ дода шудааст;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ  - (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ва ба он ваколати пешбурди сиёсати давлатӣ ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дода шудааст;
- Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ - мақоми мушовара, ки аз ҷумлаи роҳбарони аввали вазорату идораҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад; 
- таносуби нарх ва сифат - иҷрои вазифаҳои давлатӣ аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ё истифодаи моликияти давлатӣ аз ҷониби шарики хусусӣ мувофиқи Созишномае, ки барои ташкилоти фармоишгар ё истеъмолкунанда фоидаи холис медиҳад ва он аз нигоҳи хароҷот, нарх, сифат, миқдор, таҳвили хавф ё маҷмӯи онҳо муайян карда мешавад;
- марҳилаи татбиқ - марҳилаи лоиҳаи шарикӣ, ки баъд аз расидан ба марҳилаи баанҷомрасии маблағгузории лоиҳаи шарикӣ фаро мерасад;
- тендер (озмун) - чорабиние, ки тибқи Қонуни мазкур бо мақсади интихоби одилонаи шарики хусусӣ (консорсиум) аз байни довталабон барои иҷрои самараноки лоиҳаи шарикӣ гузаронида мешавад;
- ҳуҷҷатҳои тендерӣ - маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дорои шартҳо ва тартиби гузаронидани тендер, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ба шарики хусусӣ барои таҳияи дархости тендерӣ пешниҳод карда мешавад;
- асосноккунии техникию иқтисодӣ - арзёбии техникӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва экологӣ, инчунин арзёбии хавфҳои асосӣ ва самаранокии лоиҳа;
- иштирокчии тендер - шарики хусусие, ки дар ҷараёни интихобкунӣ оид ба иҷрои самараноки лоиҳаи шарикӣ мутобиқи Қонуни мазкур иштирок мекунад;
- марҳилаи тендер - марҳилаи лоиҳаи шарикӣ, ки аз лаҳзаи ба гузаронидани тендер розигӣ додани Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ оғоз гардида, баъд аз маъқул донистани лоиҳаи Созишнома аз ҷониби ҳамин Шӯро ба анҷом мерасад;
- марҳилаи баанҷомрасии Созишнома - марҳилаи лоиҳаи шарикӣ, ки баъди аз ҷониби Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ самаранок эътироф гардидани лоиҳаи Созишнома оғоз гардида, пеш аз марҳилаи татбиқ ва ё баанҷомрасии тиҷоратӣ ба охир мерасад (агар баанҷомрасии молиявии Созишнома зарур бошад).
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ
 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
2. Дар ҳолати мухолифати муқаррароти Қонуни  мазкур ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади танзим ва татбиқи муносибатҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ муқаррароти  Қонуни  мазкур истифода бурда мешаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар бар мегиранд, бояд ба муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқат намоянд.

БОБИ 2. МЕХАНИЗМҲОИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ
ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ
Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ мансубанд:
- таъсиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тасдиқи ҳайат ва Низомномаи он;
- муайян кардани номгӯи объектҳои инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ, ки нисбат ба онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда намешавад;
- муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ.
Моддаи 5. Вазифаҳои асосии Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ
1. Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ (минбаъд - Шӯро) дорои вазифаҳои зерин мебошад:
- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани номгӯи объектҳои инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ, ки нисбат ба онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда намешавад;
- баррасии масъалаҳо оид ба лоиҳаи шарикӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда шудаанд;
- баррасии пешниҳодҳои пешакии лоиҳавӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо назардошти натиҷаҳои асосноккунии  техникию иқтисодии зарурӣ ва тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ;
- баррасии пешниҳодҳои лоиҳавии манзурнамудаи ташкилоти фармоишгар бо назардошти тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ;
- баррасии лоиҳаи созишномаҳое, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар тибқи тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод гардидааст;
- додани тавсияҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ, мақоми танзимкунанда ва ташкилоти фармоишгари манфиатдор ба лоиҳаи шарикӣ, аз ҷумла дар ҳолати зарурӣ додани тавсияҳо оид ба идораи чунин лоиҳаҳои шарикӣ дар марҳилаи гузаронидани тендер, имзои Созишнома ё марҳилаи татбиқ;
- ҳалли фаврии масъалаҳои марбут ба идораи лоиҳаҳои шарикӣ дар марҳилаи гузаронидани тендер, ба имзо расонидани Созишнома ё татбиқи лоиҳа, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ва ё узви Шӯро бо ташаббуси худи онҳо пешниҳод карда шудааст ва дар ҳолати зарурӣ додани тавсия ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилоти фармоишгар;
- ба ташкилоти фармоишгари дахлдор барои санҷиш ва арзёбӣ ирсол намудани пешниҳодҳои дархостнашаванда ё пешниҳодҳои бо ташаббуси худ пешниҳодгардидае, ки Шӯро қабул намудааст;
- муқаррар намудани мӯҳлати додани розигӣ ба пешниҳоди пешакӣ оид ба лоиҳаҳои шарикӣ, дархостҳо барои манзур кардани пешниҳодҳо ва  бастани cозишномаҳо, инчунин давра ба давра таҷдиди назар намудани онҳо.
2. Шӯро ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатиро дар ҳолати мавҷуд будани асосноккунии ташкилоти фармоишгари дахлдор ба инобат мегирад ва нисбат ба масъалаҳои барои баррасӣ пешниҳодшаванда, аз ҷумла дархостҳо, пешниҳодҳо ва созишномаҳо оид ба маъқул донистан, тағйир додан ё рад кардан қарор қабул мекунад.
3. Шӯро ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ метавонад:
- пеш аз қабули қарор оид ба ҳар Созишнома ба ташкилоти фармоишгар ё мақоми ваколатдори давлатӣ ва ё мақоми танзимкунанда гузаронидани таҳқиқоти заруриро вогузор намояд;
- аз ташкилоти фармоишгар, мақоми танзимкунанда, шарики хусусӣ, мақоми давлатӣ ва ё шахсони воқеию ҳуқуқӣ пешниҳод намудани иттилоот, ҳуҷҷатҳо, тафсилот ва дигар маълумоти вобаста ба лоиҳаи шарикиро талаб намояд;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба расонидани  ёрии иловагии тахассусӣ ё техникӣ дар асоси супориши техникии маъқулдонистаи Шӯро супориш диҳад;
- ҳангоми гузаронидани санҷиш, таҳлил ва мониторинги лоиҳаи шарикӣ иштирок намояд.
4. Шӯро ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузаронидани санҷиши фаъолияти ташкилоти фармоишгар нисбат ба ҳар лоиҳаи шарикӣ супориш дода метавонад.
5. Шӯро мониторинг гузаронида, назорати фаъолияти мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъмин менамояд.
6. Фаъолияти Шӯро дар Низомномаи Шӯро муайян карда мешавад. 
Моддаи 6. Ваколатҳо ва фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ
1. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дохил мешаванд:
1) Татбиқи  сиёсати давлатӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ.
2) Амалӣ намудани фаъолият ба сифати котиботи Шӯро, пешбурди коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии ҷаласаҳои Шӯро.
3) Муайянсозии масъалаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин ба баррасии Шӯро пешниҳод намудани онҳо.
4) Таҳияи дастурҳои техникӣ-методологӣ барои лоиҳаи шарикӣ.
5) Ҳамоҳангсозӣ ва расонидани кӯмак ба ташкилотҳои фармоишгар оид ба лоиҳаҳои шарикӣ.
6) Таъмин намудани омӯзиши ташкилотҳои фармоишгар нисбат ба ташаббусҳои шарикӣ.
7) Баррасии асосноккунии техникию иқтисодии ибтидоие, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар пешниҳод шудааст.
8) Тибқи дархости ташкилоти фармоишгар расонидани кӯмак ҳангоми таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи шарикии пешниҳодшуда.
9) Баррасӣ намудани лоиҳаи пешакии шарикӣ бо асосноккунии техникию иқтисодии замимагардида, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар таҳия гардидааст ва додани тавсия ба ташкилоти фармоишгари дахлдор дар мавриди он ки лоиҳаи пешниҳодшуда барои ташкилоти фармоишгар тибқи механизми оқилона мебошад ва ба талаботи зерин ҷавобгӯ аст:
а) риояи таносуби нарх ва сифат;
б) имконпазирии татбиқи он.
10) Ба Шӯро додани тавсияҳо оид ба пешниҳодҳои пешакии манзуршуда ва асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи шарикӣ.
11) Баррасии дархостҳои расмии ташкилоти фармоишгар барои изҳор намудани манфиатдорӣ ба ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ.
12) Баррасии ҳисоботҳои интихоби пешакии пешниҳоднамудаи ташкилоти фармоишгар.
13) Ба Шӯро додани тавсияҳо оид ба дархости ташкилоти фармоишгар дар асоси таҳлили пурраи ҳуқуқӣ ва молиявии ҳар як Созишномаи пешниҳодгардида, аз ҷумла таҳлили сабукиҳо ё имтиёзҳое, ки аз тараф ё аз номи ташкилоти фармоишгар ба бахши хусусӣ дода шудаанд.
14) Таҳияи тавсияҳо нисбат ба cозишномаҳое, ки мутобиқи моддаи 21 Қонуни мазкур аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ба Шӯро пешниҳод шудаанд.
15) Гузаронидани мониторинги лоиҳаҳои татбиқшавандаи шарикӣ, ки ташкилотҳои фармоишгар идора мекунанд.
16) Бе таъхир пешниҳод намудани ҳисобот аз рӯи дархости Шӯро нисбат ба фаъолияти ташкилоти фармоишгар оид ба идораи лоиҳаҳои шарикӣ ҳангоми ба миён омадани мушкилот дар гузаронидани тендер, бастани Созишнома ё татбиқи ҳар лоиҳаи шарикӣ.
17) Дар мавриди зарурӣ таҳия намудани:
а) супоришҳои стандартии техникӣ барои мушовирони аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ҷалбшуда;
б) ҳуҷҷатҳои стандартии тендерӣ;
в) муқаррароти стандартии Созишнома.
18) Иҷро намудани дигар вазифаҳо, дастуру супоришҳои Шӯро дар доираи Қонуни мазкур.
2. Фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва сабтҳои заруриро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи махсус нигоҳ медорад.
Моддаи 7. Тартиби аз ҷониби Шӯро тасдиқ гардидани асоснокунии техникию иқтисодии  лоиҳаҳои шарикӣ
1. Ташкилоти фармоишгар асосноккунии техникию иқтисодии ибтидоии ҳар як лоиҳаи пешниҳодгардидаи шарикиро бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом медиҳад ё фармоиш медиҳад ва онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.
2. Ташкилоти фармоишгар баъди ба анҷом расидани асосноккунии техникию иқтисодӣ ва гузаронидани машваратҳо бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа ба Шӯро пешниҳоди лоиҳавиро, ки асосноккунии техникию иқтисодии баанҷомрасидаро дар бар мегирад, барои баррасӣ ва тасдиқ манзур менамояд.
3. Ташкилоти фармоишгар марҳилаи гузаронидани тендерро оид ба лоиҳаҳои шарикии пешниҳодшуда баъд аз гирифтани розигии Шӯро оғоз менамояд.
4. Дар сурати лоиҳаи шарикиро оид ба оғоз намудани марҳилаи гузаронидани тендер маъқул донистани Шӯро ҳар пешниҳоди ҷолиби асосноккунии техникию иқтисодии баррасишуда, аз ҷумла пешниҳод оид ба даромаднокӣ, таносуби нарх ва сифат, таҳвили назарраси хавфҳои техникӣ, амалиётӣ ва молиявӣ ташкилоти фармоишгар фавран:
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ тафсилоти тағйироти пешниҳодшаванда, аз ҷумла дархост оид ба мақсадҳо ва таъсири тағйироти пешниҳодшаванда ба даромаднокӣ, таносуби нарх ва сифат ва арзёбии таҳвили хавфҳои дар асосноккунии техникию иқтисодӣ мавҷудбударо пешниҳод менамояд;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои ирсол намудан ба Шӯро лоиҳаи  тағйирдодашудаи асосноккунии техникию иқтисодиро пешниҳод намояд.
Моддаи 8. Ӯҳдадориҳои асосии ташкилоти фармоишгар
Ташкилоти фармоишгар:
- ӯҳдадориҳои асосӣ оид ба идораи марҳилаи муайянкунии лоиҳаи шарикӣ, гузаронидани тендер, бастани Созишнома ва татбиқи ҳар як лоиҳаи шарикиро дар доираи ваколатҳои худ иҷро мекунад;
- дастурҳои Шӯроро нисбат ба идораи ҳар марҳилаи лоиҳаи шарикӣ риоя карда, барои иҷрои он мусоидат менамояд. Чунин дастурҳо танҳо баъди машварат бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилоти фармоишгари дахлдор дода мешаванд;
- мутобиқи қисми 2 моддаи 18 Қонуни мазкур дафтари расмиёти интихоб дорад ва онро мутобиқи моддаи 26 Қонуни мазкур нигоҳ медорад;
- стратегияи баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолиро оид ба вазифаҳо, сохтор ва ҷараёни иҷрои ҳар як лоиҳаи шарикӣ таҳия ва татбиқ менамояд;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва Шӯро оид ба идораи лоиҳаҳои шарикии татбиқшаванда, марҳилаи гузаронидани тендер, марҳилаи бастани Созишнома ва марҳилаи татбиқи ҳар як лоиҳаи шарикӣ ҳисоботи семоҳа ва солона пешниҳод менамояд;
- барои арзёбӣ намудани пешниҳодҳо мутобиқи қисми 1 моддаи 19 Қонуни мазкур комиссияи арзёбӣ таъсис медиҳад.

БОБИ 3. РАСМИЁТИ ИНТИХОБИ ТЕНДЕРӢ
Моддаи 9. Принсипҳои гузаронидани тендер
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тендер дар асоси принсипҳои зерин гузаронида мешавад:
- адолатнокӣ - ҳуқуқҳои баробари ҳамаи иштирокчиёни тендер, воқеъбинӣ ва беғаразӣ ҳангоми интихоби шарики хусусӣ, шарикии мутақобилан фоиданоки давлат ва бахши хусусӣ, тақсимоти мувофиқашудаи ваколатҳо, ҷавобгарӣ ва хатарҳо;
- баробарӣ - ҷавобгарии баробари давлат ва шарики хусусӣ дар назди қонун;
- беғаразӣ - холисона гузаронидани тендер ва интихоби ғолиби тендер;
- шаффофият - дастрасии баробар ба маълумот барои бахши хусусӣ ва ҷамъият дар ҳамаи марҳилаҳои тендер бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- рақобати солим - мавҷуд набудани маҳдудият ва поймолкунии ҳуқуқи иштирок дар тендер;
- волоияти Қонун - иҷрои бечунучарои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, бахши хусусӣ ва дигар шахсони манфиатдор ҳангоми баргузории тендер.
2. Расмиёти аз рӯи лоиҳаҳои шарикӣ гузаронидани тендер бо меъёрҳои Қонуни мазкур танзим карда мешаванд.
Моддаи 10. Дархост барои изҳор намудани манфиатдорӣ
1. Ташкилоти фармоишгар баъд аз гирифтани розигии Шӯро мутобиқи сархати сеюми қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур дархости изҳори манфиатдориро бо замимаи ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ омода менамояд.
2. Ташкилоти фармоишгар дархости изҳори манфиатдориро бо замимаи ҳуҷҷатҳои дахлдори тендерии интихоби пешакӣ, барои гирифтани розигии хаттӣ ҷиҳати эълон намудан, даъват кардан, ба имзо расонидан ё дархости пешниҳоди тендерӣ оид ба тендер, оғоз кардани расмиёти интихоби пешакӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.
3. Дархости изҳори манфиатдорӣ дорои маълумоти зерин мебошад:
- тавсифи лоиҳаи шарикӣ;
- зикри унсурҳои ҳатмии лоиҳаи шарикӣ;
- хизматрасониҳое, ки аз ҷониби шарики хусусӣ пешниҳод карда мешаванд;
- чорабиниҳои молиявие, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар пешбинӣ мешаванд;
- тавсифи мухтасари шартҳои асосии ҳатмии Созишнома;
- усул ва ҷойи пешниҳоди дархост барои интихоби пешакӣ ва мӯҳлати пешниҳод, сана ва вақте, ки ба иштирокчиёни тендер барои омодасозӣ ва пешниҳод намудани дархости изҳори манфиатдорӣ мӯҳлат медиҳад;
- усул ва ҷойи ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ;
- дархости дахлдор дар хусуси он ки ташкилоти фармоишгар ҳуқуқ дорад пешниҳодро баъди ба анҷом расидани расмиёти интихоби пешакӣ танҳо аз миқдори маҳдуди иштирокчиёни тендер, ки ба меъёрҳои интихоби пешакӣ бештар ҷавобгӯ мебошанд, талаб намояд.
4. Дархости изҳори манфиатдорӣ мувофиқи низом ва меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур интишор карда мешавад.
5. Ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ маълумоти зеринро дар бар мегиранд:
- меъёрҳои интихоби пешакӣ;
- имконпазирии иштироки консорсиумҳо;
- маҳдудиятҳо, агар онҳо нисбат ба шумораи иштирокчиёни пешакӣ интихобгардидаи тендер барои супоридани пешниҳодҳо баъди баанҷомрасии расмиёти интихоби пешакӣ мавҷуд бошанд ва ҳангоми зарурат усуле, ки мутобиқи он интихоби мазкур сурат мегирад;
-имконпазирии таъсиси шахси ҳуқуқии мустақили довталаби афзалиятдошта бо дархости ташкилоти фармоишгар мутобиқи моддаи 27 Қонуни мазкур.
Моддаи 11. Меъёрҳои интихоби пешакӣ
Меъёрҳои мутобиқати иштирокчӣ (довталаб) барои гузаштан аз расмиёти интихоби пешакӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр шудаанд:
- доштани тахассуси дахлдори касбию техникӣ ва захираҳои  инсонию моддие, ки барои иҷрои ҳама ҷанбаҳои лоиҳаи шарикӣ зарур аст;
- доштани қобилияти дахлдори идоракунӣ, ташкилотчигӣ, эътимоднокӣ ва таҷрибаю малака, аз ҷумла таҷрибаи корӣ дар соҳаи татбиқи лоиҳаҳои шарикӣ;
- доштани қудрати дахлдори молиявӣ барои маблағгузорӣ ва ё таҷриба дар ташкили маблағгузорӣ ва сармоягузориҳои зарурӣ барои лоиҳаи шарикӣ;
- иштирок накардан дар баҳсҳои судӣ аз лаҳзаи супоридани пешниҳоди лоиҳавӣ, ки метавонад ба қобилияти иштирокчӣ (довталаб) ҷиҳати татбиқи лоиҳаи шарикӣ таъсири манфӣ расонад.
Моддаи 12. Иштирок дар консорсиумҳо
1. Ташкилоти фармоишгар ҳангоми пешниҳод кардани дархости изҳори манфиатдорӣ метавонад ба иштирокчиёни (довталабони) тендер, ки консорсиум таъсис додаанд, ҷиҳати иштирок дар тендер мутобиқи қоидаю талаботи муқаррарнамудаи худ иҷозат диҳад. Дар ин ҳолат мутобиқати консорсиум ба талаботи меъёрҳои интихоби пешакӣ, ки моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, таъмин карда мешавад.
2. Агар ташкилоти фармоишгар дар ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, ҳар як узви консорсиум бавосита ё бевосита дар як вақт ҳуқуқи танҳо дар як консорсиум иштирок карданро дорад.
3. Ҳангоми баррасии тахассуси консорсиуми дар тендер   иштироккунанда, ташкилоти фармоишгар қобилияти ҳар як аъзои консорсиумро баррасӣ карда, баҳо медиҳад, ки оё тахассусҳои якҷояи узви консорсиум барои қонеъ кардани талаботи ҳамаи ҷанбаҳои лоиҳаи шарикӣ  мутобиқат мекунанд.
4. Ҳангоми таъсис додани консорсиум барои иштирок дар тендер яке аз аъзои консорсиум пешбар таъин карда мешавад ва барои  консорсиум ӯҳдадор мебошад.
5. Дар сурати аз ҳайати консорсиум баромадани яке аз узви он,  консорсиум барои тамоми ӯҳдадориҳо масъул мебошад.
Моддаи 13. Арзёбии тахассусҳо ва маъқул донистани натиҷаҳои интихоби пешакӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ
1. Ташкилоти фармоишгар тахассусҳои ҳар як иштирокчии тендерро, ки дар интихоби пешакӣ изҳори манфиатдорӣ намудааст, бо истифодаи меъёрҳое, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ ва Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, арзёбӣ карда, онро ба баррасии мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.
2. Ташкилоти фармоишгар ҳамаи иштирокчиёни (довталабони) пешакӣ интихобгардидаи тендерро баъд аз маъқул донистани мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи талаботи қисми 1 моддаи мазкур барои супоридани пешниҳодҳои тендерӣ даъват менамояд.
3. Ташкилоти фармоишгар баъд аз арзёбии пешниҳодҳои тендерии интихоби пешакӣ ҳисоботи интихоби пешакиро бо зикри мутобиқат ба меъёрҳои интихоби пешакӣ таҳия намуда, онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.
4. Ҳисоботи интихоби пешакӣ дорои маълумоти зерин мебошад:
- пешниҳодҳои тендерии муайянкунандаи имконияти шарики хусусӣ оид ба татбиқи самаранок, идора, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ нисбат ба лоиҳаи шарикии манзуршуда;
- дар мавриди зарурат иттилоот оид ба таҳлили қаноатбахши анҷомдодаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо машварати ташкилоти фармоишгари манфиатдор нисбат ба иқтидор ва тахассусҳои шарикони хусусии интихобгардида барои баанҷомрасонии лоиҳаи шарикии пешниҳодгардида;
- таҳия ва татбиқи стратегияи иттилоотонии ҷомеа оид ба шиносоии аҳли ҷомеа бо вазифа, сохтор ва рафти иҷрои лоиҳаи шарикие, ки ташкилоти фармоишгар пешниҳод намудааст.
Моддаи 14. Аз ҷониби Шӯро маъқул донистани дархост барои супоридани пешниҳодҳо
1. Баъд аз маъқул донистани ҳисоботи интихоби пешакӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, ташкилоти фармоишгар дархост барои супоридани пешниҳодҳоро таҳия намуда, онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ ирсол менамояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ дархост барои супоридани пешниҳодҳоро таҷдиди назар карда, ба баррасии Шӯро пешниҳод менамояд. Баъд аз гирифтани розигии Шӯро оид ба додани дархост барои супоридани пешниҳодҳо ташкилоти фармоишгар дархости мазкурро ба ҳар як иштироккунандаи пешакӣ интихобгардидаи тендер, ки арзиши онро мепардозад, пешниҳод менамояд.
2. Ташкилоти фармоишгар ба мақоми ваколатдори давлатӣ таҳлили пурраи ҳуқуқӣ ва молиявии ҳар як Созишномаро, ки ба дархости ниҳоӣ барои манзур кардани пешниҳодҳо замима карда мешавад, пешниҳод менамояд. Таҳлили ҳуқуқӣ ва молиявии мазкур ҳамаи омилҳои (асосҳои, сабабҳои) сармоягузориро, ки ба бахши хусусӣ аз номи ташкилоти фармоишгар пешниҳод карда мешавад, дар бар мегирад.
Моддаи 15. Дархост барои супоридани пешниҳодҳо
1. Дархост барои супоридани пешниҳодҳо, бо замимаи пешниҳодҳои техникӣ ва молиявӣ дар шакли ҳуҷҷати алоҳида пешниҳод карда мешавад.
2. Мундариҷаи дархост барои супоридани пешниҳодҳо номгӯи ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва лоиҳаи Созишномаи пешниҳодгардида оид ба лоиҳаи шарикии дахлдорро дар бар мегирад.
3. Дар пешниҳоди техникӣ ба тарҳи умумии лоиҳаи шарикӣ, инчунин ба сифати муносиб ва шартҳои иҷро, аз ҷумла талаботи ташкилоти фармоишгар нисбат ба стандартҳои бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷӯҳ карда мешавад. Пешниҳоди молиявӣ арзиши миёнаи лоиҳаи шарикии пешниҳодшавандаро дар тамоми давраи лоиҳа дар бар гирад.
Моддаи 16. Мазмуни дархост барои супоридани пешниҳодҳо
Дархост барои супоридани пешниҳодҳо маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- маълумоти умумие, ки мумкин аст аз ҷониби иштирокчии (довталаби) тендер барои омодасозӣ ва супоридани пешниҳоди онҳо талаб карда шавад;
- меъёрҳо барои арзёбии пешниҳодҳои техникӣ ва пешниҳодҳои техникии ҳадди ниҳоӣ, ба шарте, ки онро ташкилоти фармоишгар барои муайян кардани пешниҳодҳои номатлуб муқаррар карда бошад, ҳаҷми қиёсӣ, ки барои ҳар меъёр ва усули арзёбии меъёрҳо ва ҳадҳо ҳангоми арзёбӣ ва рад намудани пешниҳодҳо истифода мешаванд;
- санаи пешниҳодҳоро супоридани иштирокчиёни тендер, ки барои омода намудан ва супоридани онҳо мутобиқи таҳрири ниҳоии дархост барои супоридани пешниҳодҳо мӯҳлати кофӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 17. Таъминоти тендерӣ
1. Дархост барои супоридани пешниҳодҳо талабот нисбат ба додан, шакл ва воситаҳои пешниҳод, ҳамчунин маблағ ва дигар шартҳои муҳими таъминоти тендериро муқаррар мекунад.
2. Иштирокчии тендер ҳуқуқи таъминоти тендериеро, ки аз ӯ талаб карда мешавад, набояд аз даст диҳад, ба истиснои ҳолатҳои зерин:
- бозхондан ё тағйир додани пешниҳод баъди гузаштани мӯҳлати муайян;
- қодир набудан ба имзо кардани Созишнома, агар ин аз ҷониби ташкилоти фармоишгар баъди он ки пешниҳод қабул гардидааст, талаб карда шавад;
- қодир набудан ба пешниҳод кардани таъминоти зарурӣ барои иҷрои Созишнома баъди он ки пешниҳод қабул карда шудааст ё ба қонеъ гардонидани дигар шартҳо қабл аз баимзорасонии Созишнома, тавре ки дар дархост барои супоридани пешниҳодҳо зикр гардидааст.
Моддаи 18. Тартиби тавзеҳ ва тағйир додани дархостҳо барои супоридани пешниҳодҳо
1. Ташкилоти фармоишгар метавонад бо ташаббуси худ ё дар натиҷаи дархост барои тавзеҳ аз ҷониби иштирокчии тендер ҳама гуна ҷанбаи дархостро баррасӣ намуда, тавзеҳ ё тағйир диҳад.
2. Ташкилоти фармоишгар дар дафтари расмиёти интихоб моҳият ва асоснокии ҳар тавзеҳот ё тағйироти дархостро барои супоридани пешниҳодҳо қайд карда, ба ҳама иштирокчиёни тендер, бо ҳамон усуле, ки дархост барои супоридани пешниҳодҳо дастрас карда мешавад, дар мӯҳлати қобили қабул, вале на дертар аз 7 рӯзи тақвимӣ то мӯҳлати ниҳоии супоридани пешниҳодҳо дастрас менамояд.
Моддаи 19. Арзёбии пешниҳодҳо
1. Ташкилоти фармоишгар барои арзёбии пешниҳодҳо комиссияи арзёбӣ таъсис медиҳад. Дар комиссияи арзёбӣ бояд намояндаи мақоми ваколатдори давлатӣ аъзо бошад.
2. Арзёбии пешниҳодҳо мутобиқи меъёрҳои арзёбӣ, вазни қиёсии ба чунин меъёр пешбини шуда, раванди арзёбии пешниҳодҳо  дар дархост барои супоридани пешниҳодҳо дарҷ ва амалӣ мегардад.
3. Барои татбиқи мақсаду вазифаҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ташкилоти фармоишгар метавонад нисбат ба пешниҳодҳои техникию молиявӣ ҳадди ақалли қобили қабул муқаррар намояд.
Моддаи 20. Меъёрҳои арзёбӣ, тасдиқи тахассус ва тасдиқи ҳисобот оид ба арзёбӣ
1. Меъёрҳои арзёбии пешниҳодҳои техникӣ дорои маълумоти зерин мебошанд:
- асосноккунии техникӣ;
- мутобиқат ба меъёрҳои экологие, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд;
- амалан иҷрошаванда;
- сифати хизматрасониҳо ва чорабиниҳо барои таъмини муттасилии онҳо;
- нақша ва ҷадвали татбиқи лоиҳаи шарикӣ.
2. Меъёрҳои арзёбии пешниҳодҳои молиявӣ дорои маълумоти зерин мебошанд:
- аҳамияти ҷории пардохти  ҳаққи хизматрасонӣ, арзиши як воҳид ва дигар пардохти ҳаққи хизматрасонӣ дар муддати тамоми амали Созишнома;
- асосноккунии пардохтҳои бевоситаи пешниҳодкардаи ташкилоти фармоишгар;
- аҳамияти воқеии хароҷоти фаъолият оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмон ва хароҷоти амалиётии солона, инчунин пардохти ҳаққи хизматрасонӣ;
- ҳаҷми маблағгузорие, ки аз ҷониби мақоми танзимкунанда ба нақша гирифта шудааст ё ворид мегардад;
- асоснокии амалиёти молиявии пешниҳодшуда;
- иқтидори рушди иҷтимоию иқтисодие, ки дар пешниҳодҳои тендерӣ зикр шудааст.
3. Иштирокчии тендер, ки пешакӣ интихоб гардида буд, мутобиқати тахассуси худро ба меъёрҳои ҳангоми интихоби пешакӣ муқарраргардида тасдиқ менамояд. Дар акси ҳол ташкилоти фармоишгар ҳар иштирокчии тендерро, ки наметавонад тахассуси худро тасдиқ намояд,  хориҷ мекунад.
4. Ташкилоти фармоишгар рейтинги пешниҳодҳоро дар асоси арзёбии мутобиқати меъёр тартиб медиҳад ва ҳисоботи дахлдори арзёбиро зимни муайян кардани иштирокчии афзалиятноки тендер таҳия менамояд.
5. Ташкилоти фармоишгар баъд аз гирифтани розигии мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоботи арзёбии худро барои тасдиқ ба Шӯро пешниҳод менамояд.
Моддаи 21. Маъқул дониста шудани Созишнома аз ҷониби Шӯро то омодасозии таҳрири ниҳоии қарордод
1. Ташкилоти фармоишгар баъди аз ҷониби Шӯро маъқул донистани ҳисоботи арзёбие, ки мутобиқи моддаи 20 Қонуни мазкур пешниҳод шудааст, пас аз гирифтани розигии мақоми ваколатдори давлатӣ cозишномаҳои пешниҳодгардидаро тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ ба баррасии Шӯро пешниҳод менамояд. Шӯро лоиҳаҳои cозишномаҳои пешниҳодшударо маъқул медонад ё барои такмил додан бармегардонад. Ташкилоти фармоишгар бе розигии пешакии Шӯро ба мувофиқасозии тиҷоратӣ ягон лоиҳаи шарикии пешниҳодгардида оғоз намекунад.
2. Агар лоиҳаи шарикӣ ба бастани замимаи Созишнома оид ба  масъалаҳои  молиявӣ илова ба бастани замимаи Созишнома оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ дахл кунад, ташкилоти фармоишгар бо пайравӣ аз бастани замимаи Созишнома оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ ва баъди гирифтани розигии мақоми ваколатдори давлатӣ тағйироти cозишномаҳои пешниҳодшударо, ки бахши хусусӣ дар натиҷаи муҳокимаҳо байни бахши хусусӣ ва ташкилотҳои маблағгузорикунандаи он пешниҳод кардааст, барои арзёбӣ ва тасдиқ ба Шӯро пешниҳод менамояд. Ташкилоти фармоишгар ба татбиқи замимаи Созишнома оид ба масъалаҳои молиявии лоиҳаи шарикии пешниҳодгардида бидуни гирифтани розигии пешакии Шӯро оғоз намекунад.
Моддаи 22. Ҳолатҳое, ки эълон кардани ғолибро бе гузаронидани тендер иҷозат медиҳанд
Ташкилоти фармоишгар бо назардошти розигии Шӯро ва баъди гирифтани тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ  метавонад доир ба Созишнома бе истифодаи расмиёте, ки моддаҳои 9-21 Қонуни мазкур муқаррар намудаанд, дар ҳолатҳои зерин ба музокирот оғоз намояд:
- ҳангоми зарурати хизматрасонии муттасили фаврӣ, инчунин  дар ҳолатҳое ки иҷрои меъёрҳои муқаррарнамудаи боби мазкур мувофиқи мақсад намебошад, ба шарте, ки чунин ҳолатҳои ба миён овардани зарурати фавриро ташкилоти фармоишгар наметавонист пешбинӣ намояд ва ин ҳолат натиҷаи кашолкории ташкилоти фармоишгар  намебошад;
- дар сурати чандон тӯлонӣ набудани мӯҳлати лоиҳаи шарикӣ ва ҳангоме, ки маблағи пешакии сармоягузориҳои чашмдошт аз маблағи зикрнамудаи Шӯро зиёд намебошад;
- вақте ки лоиҳаи шарикӣ ба масъалаҳои мудофиаи миллӣ ё амнияти ҷамъият дахл мекунад;
- дар сурати вуҷуд доштани танҳо як манбае, ки ба пешниҳод кардани хизматрасонии зарурӣ қодир аст, аз ҷумла ба хизматрасониҳои истифодаи моликияти зеҳнӣ, сирри тиҷоратӣ ё дигар ҳуқуқҳои истисноие, ки дар ихтиёр ё таҳти назорати шахси (шахсони) муайян қарор доранд;
- вақте ки ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ ё дархост барои супоридани пешниҳодҳо манзур шуда бошанд, вале ҷавоби онҳо гирифта нашуда бошад ё вақте ки ҳамаи пешниҳодҳо меъёрҳои арзёбии дар дархост барои супоридани пешниҳодҳо зиркгардидаро қонеъ карда натавониста бошанд ва агар, ба ақидаи ташкилоти фармоишгар, додани ҳуҷҷатҳои нави тендерии интихоби пешакӣ ва дархости нав барои супоридани пешниҳодҳо ба супоридани қарордод дар  мӯҳлати тақозошаванда имкон надиҳад;
- дар дигар ҳолатҳое, ки Шӯро чунин истисноро бинобар сабабҳои асосноки манфиати миллӣ ё ҷамъиятӣ тасдиқ мекунад ё дар ҳолатҳое, ки ба манфиати мақоми маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дониста мешавад.
 Моддаи 23. Музокирот доир ба созишномаҳое, ки бе гузаронидани тендер доир карда мешаванд
Агар музокирот оид ба созишномаҳо бе гузаронидани тендер доир карда шавад, ташкилоти фармоишгар:
- асосноккунии техникию иқтисодии пешакӣ ва асосноккунии техникию иқтисодиро тибқи дастури Шӯро, ки бо риояи талаботи сархати дуюми моддаи 8 Қонуни мазкур дода шудааст, анҷом медиҳад;
- ғайр аз созишномаҳое, ки музокирот доир ба онҳо мутобиқи сархати сеюми моддаи 22 гузаронида мешаванд, дар хусуси қарори оғоз намудани музокирот нисбат ба Созишнома огоҳинома ирсол менамояд, ки он бо усули пешакӣ мувофиқашуда интишор карда мешавад;
- аз рӯи имкон бо шахсоне, ки онҳоро ба татбиқ намудани лоиҳаи шарикӣ қодир меҳисобад, бо иштироки намояндаи мақоми ваколатдори давлатӣ музокирот доир менамояд;
- меъёрҳои арзёбиеро муқаррар менамояд, ки мутобиқи онҳо пешниҳодҳо арзёбӣ ва дараҷабандӣ карда мешаванд.
Моддаи 24. Махфият
1. Ташкилоти фармоишгар, Шӯро ва мақоми ваколатдори давлатӣ набояд ба иштирокчиёни тендер мундариҷаи пешниҳодҳоро ошкор кунанд. Ҳамаи муҳокимаҳо, мукотиба ё гуфтушунидҳо байни ташкилоти фармоишгар ва иштирокчиёни тендер  ба ғайр аз мукотиботи вобаста ба шарҳу эзоҳи дархост барои пешниҳод намудани изҳори манфиатдорӣ, ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ ё дархост барои супоридани пешниҳодҳо махфӣ мебошанд.
2. Агар қонун ё қарори суд тартиби дигарро муқаррар накарда бошад ё дар дархост барои супоридани пешниҳодҳо муайян шуда бошад, тарафи музокирот набояд ба дигар шахс ягон масъалаи техникӣ, молиявӣ, дигар иттилооти марбут ба муҳокимаҳо, мукотибот ва гуфтушунидҳоеро, ки тибқи Қонуни мазкур пешниҳод шудаанд, гирифта шудаанд ё иҷро гардидаанд, бе розигии тарафи дигар ошкор намояд.
Моддаи 25. Огоҳинома оид ба супоридани қарордод
1. Ташкилоти фармоишгар дар хусуси супоридани қарордод огоҳинома ирсол менамояд, ки он ба тарзи зарурӣ интишор карда мешавад, ба истиснои Созишномае, ки мутобиқи сархати сеюми моддаи 22 Қонуни мазкур супорида шудааст.
2. Огоҳиномае, ки мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ирсол карда шудааст, бояд шарики хусусиро муайян кунад ва тавсифи мухтасари шартҳои муҳими Созишномаро дар бар гирад.
Моддаи 26. Маҳфуз нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо
Ташкилоти фармоишгар ҳуҷҷатҳои дахлдореро, ки ба расмиёти интихоб ва супоридани қарордод дахл доранд, дар муддати на камтар аз мӯҳлати амали Созишнома нигоҳ медорад.
Моддаи 27. Шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ
1. Ташкилоти фармоишгар метавонад аз довталаби афзалиятдоштаи тендер таъсис додани шахси ҳуқуқиеро талаб намояд, ки  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
2. Агар довталаби афзалиятдоштаи тендер шахси ҳуқуқиро мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур таъсис диҳад, дар ҳуҷҷатҳои зарурие, ки барои интихоби пешакӣ пешниҳод карда мешаванд ё дар пешниҳоди техникии худ ин ҳолатро зикр мекунад.
3. Ҳама гуна талабот нисбат ба сармояи ҳадди ақалли оинномавии шахси ҳуқуқии мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур таъсисдодашуда ва расмиёти гирифтани розигии ташкилоти фармоишгар барои оинномаи шахси ҳуқуқӣ ё тағйироти муҳим дар оиннома, дар Созишнома тавре зикр карда мешаванд, ки онҳо ба шартҳои дархостҳо барои супоридани пешниҳодҳо ҷавобгӯ бошанд ва ба талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мутобиқат кунанд.
Моддаи 28. Пешниҳоди дархостнашаванда ё пешниҳоде, ки бо ташаббуси шахсӣ манзур карда шудааст
1. Ташкилоти фармоишгар метавонад пешниҳоди дархостнашаванда ё пешниҳоди бо ташаббуси шахсӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ манзуршавандаро гирад, баррасиву арзёбӣ ва қабул кунад, агар ин пешниҳод:
- бевосита аз ҷониби тарафи манфиатдор барои иштирок дар лоиҳаи шарикӣ таҳия ва пешниҳод гардида бошад;
- барои аҳли ҷомеа манфиатнок бошад;
- бидуни иштироки мақоми ваколатдори давлатӣ ё ташкилоти фармоишгар таҳия гардида бошад;
- барои ташкилоти фармоишгар ҷиҳати аз ҷониби ташкилоти фармоишгар таҳия гардидани ҳуҷҷати асосноккунии техникию иқтисодӣ ба қадри кофӣ тафсилот ва иттилоот дошта бошад.
2. Ташкилоти фармоишгар пас аз таҳия намудани ҳуҷҷати асосноккунии техникию иқтисодӣ оид ба пешниҳоди дархостнашаванда ва гирифтани тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, пешниҳоди дархостнашаванда ва ҳуҷҷати асосноккунии техникию иқтисодиро якҷоя бо тавсияҳо оид ба он ки тендер ба талаботи моддаҳои 9-21 ё ба талаботи моддаҳои 22 ва 23 Қонуни мазкур ҷавобгӯй мебошанд, ба Шӯро пешниҳод мекунад.

БОБИ 4. СОЗИШНОМА ОИД БА ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ
Моддаи 29. Шакл, мазмун ва татбиқи Созишнома
Дар Созишнома ҳама масъалаҳое, ки тарафҳо зарур меҳисобанд, аз ҷумла масъалаҳои зерин ҳатман пешбинӣ карда мешаванд:
1) Хусусият ва ҳаҷми кору хизматрасониҳое, ки шарики хусусӣ пешниҳод  мекунад.
2) Шартҳои пешниҳод намудани хизматрасонӣ ва дараҷаи истисноии онҳо, ҳуқуқҳои шарики хусусӣ дар Созишнома.
3) Кӯмаке, ки ташкилоти фармоишгар метавонад дар гирифтани иҷозатномаҳо ва иҷозатҳо ба дараҷае, ки он барои татбиқи лоиҳаи шарикӣ зарур аст, пешниҳод намояд.
4) Баргардонидани дороиҳо ба ташкилоти фармоишгар баъд аз қатъ гардидан ё ба охир расидани мӯҳлати амали Созишнома бо тартиби муайянкардаи Созишнома.
5) Тартиби баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаҳои техникӣ, нақшаҳо ва тафсилоти сохтмон аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ва расмиёти озмоиш ва санҷиши хотимавӣ, тасдиқ ва қабули лоиҳаи шарикӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои шарикии бахши инфрасохторӣ.
6) Ҳуқуқҳои ташкилоти фармоишгар ё мақомоти танзимкунанда:
а) гузаронидани мониторинги иҷрои корҳо, хизматрасониҳое, ки аз ҷониби шарики хусусӣ пешниҳод карда мешаванд;
б) шартҳо ва дараҷае, ки ташкилоти фармоишгар ё мақоми танзимкунанда метавонад ба он ворид намудани тағйиротро оид ба корҳо ва шартҳои хизматрасонӣ талаб намояд;
в) андешидани дигар тадбирҳои бомулоҳиза, ки ба ақидаи онҳо, барои дуруст фаъолият намудани лоиҳаи шарикӣ қобили қабул мебошанд;
г) андешидани чораҳо мутобиқи талаботи ҳуқуқӣ ва шартномавӣ.
7) Сатҳе, ки оид ба он шарики хусусӣ ӯҳдадор аст ба ташкилоти фармоишгар ё мақомоти танзимкунанда ҳисобот ва дигар иттилоотро оид ба фаъолияти худ пешниҳод кунад.
8) Механизмҳо барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба хароҷоти иловагӣ ва дигар оқибатҳое, ки метавонанд дар натиҷаи ягон дастур аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ ба вуҷуд оянд, аз ҷумла ҳар гуна ҷубронҳое, ки шарики хусусӣ ҳуқуқи ба онҳо даъво карданро дорад.
9) Ҳуқуқи ташкилоти фармоишгар ба баррасӣ ва тасдиқ намудани қарордодҳои асосие, ки шарики хусусӣ ба имзо мерасонад, аз ҷумла бо иштироки шарики хусусӣ ё дигар шахсони вобаста.
10) Кафолати иҷрои лоиҳаи шарикӣ, ки бояд пешниҳод карда шавад ва полисҳои суғуртавие, ки бояд шарики хусусӣ барои татбиқ намудани лоиҳаи шарикӣ дошта бошад.
11) Воситаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ дар сурати аз ҷониби яке аз тарафҳо иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо.
12) Шартҳои озод кардани тарафҳо аз масъулияти қодир набудан барои иҷрои ӯҳдадориҳо ё ба таъхир гузоштани ҳамаи ӯҳдадориҳое, ки берун аз доираи механизми оқилонаи он қарор доранд.
13) Мӯҳлати амали Созишнома, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо баъди гузаштани мӯҳлат ё қатъ гардидани он.
14) Усули ҳисобкунии зарару ҷуброн мутобиқи моддаи 43 Қонуни мазкур.
15) Ҳуқуқ ва механизмҳои истифодашавандаи танзими баҳсҳое, ки метавонанд байни фармоишгар ва шарики хусусӣ ба миён оянд.
16) Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо нисбат ба иттилооти махфӣ.
17) Шартҳои дахлдори молиявӣ.
18) Тақсими хавфҳо байни ташкилоти фармоишгар ва шарики хусусӣ.
19) Ба шарики хусусӣ пардохт намудани ҷубронпулӣ аз ҳисоби буҷети дахлдор ё пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, ки шарики хусусӣ барои хизматрасонӣ мутобиқи моддаи 32 Қонуни мазкур анҷом додааст.
20) Ӯҳдадориҳои бахши хусусӣ барои иҷро ё татбиқи лоиҳаи шарикӣ, хавфҳои молиявӣ, техникӣ ё амалиётӣ иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё истифодаи моликияти давлатӣ ва гирифтани пардохтҳо барои хизматрасонӣ.
Моддаи 30. Ҳуқуқи татбиқшаванда
Ҳар як Созишнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад, агар дар Созишнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.
Моддаи 31. Ҳуқуқи моликият ба дороиҳо вобаста ба қитъаи замини лоиҳавӣ ва сервитутҳо
1. Дар Созишнома масъалаҳои зерин бояд ба қадри зарурӣ пешбинӣ карда шаванд:
- дороиҳое, ки моликияти давлатӣ ҳисобида шудаанд ё минбаъд ҳисобида мешаванд;
- дороиҳое, ки моликияти шарики хусусӣ ҳисобида шудаанд ё минбаъд ҳисобида мешаванд.
2. Созишнома инчунин ба категорияҳои зерин дахл доштани дороиҳоро муайян мекунад:
- дороиҳое, ки онҳоро шарики хусусӣ бояд ба ташкилоти фармоишгар ё дигар шахсе, ки ташкилоти фармоишгар зикр намудааст, мутобиқи шартҳои Созишнома баргардонад ё супорад;
- дороиҳое, ки ташкилоти фармоишгар бо салоҳдиди худ метавонад аз шарики хусусӣ харида гирад;
- дороиҳое, ки шарики хусусӣ то ба анҷом расидани мӯҳлати амал ё то бекор гардидани Созишнома метавонад нигоҳ дорад ё ихтиёрдорӣ кунад.
3. Ташкилоти фармоишгар ё дигар мақомоти давлатӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузории замин ба шарики хусусӣ қитъаи заминро барои истифодабарӣ пешниҳод менамояд ё дар мавриди зарурӣ ҷиҳати гирифтани ҳуқуқҳои марбут ба истифодаи қитъаи замин тибқи лоиҳаи шарикӣ, аз ҷумла ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, ки метавонад барои татбиқи лоиҳаи шарикӣ зарур бошад, кӯмак мерасонад.
4. Ташкилоти фармоишгар ё дигар мақомоти давлатӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ ва Созишнома ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро ба ихтиёри шарики хусусӣ вогузор менамояд ё ки дар мавриди зарурӣ ба шарики хусусӣ барои ба даст овардани ҳуқуқи ворид шудан, гузаштан тавассути ҳудуд ё дар он ҷой иҷро кардани кору сохтани иншоот, моликияти шахсони сеюм, дар мавриди зарурӣ ва тавре ки татбиқи лоиҳаи шарикӣ талаб мекунад, кӯмак мерасонад.
Моддаи 32. Механизмҳои молиявӣ
1. Созишнома метавонад ба шарики хусусӣ ҷиҳати ба даст овардани ҳуқуқи муқаррар кардан, гирифтан ё ҷамъ кардани пардохти ҳаққи хизматрасониро ҳангоми татбиқи лоиҳаи шарикӣ мутобиқи шартҳои Созишнома иҷозат диҳад. Созишнома усулу шаклҳои муқаррар ва тасҳеҳ намудани пардохти ҳаққи хизматрасониро мутобиқи шартҳое, ки мақоми танзимкунандаи салоҳиятдор муқаррар намудааст, пешбинӣ менамояд.
2. Ташкилоти фармоишгар метавонад пардохти бевоситаро ба шарики хусусӣ ба сифати иваз ё илова ба пардохти ҳаққи хизматрасонӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи шарикӣ анҷом диҳад.
Моддаи 33. Тадбирҳои таъминотӣ
1. Бо назардошти ҳама гуна маҳдудиятҳое, ки метавонанд дар Созишнома пешбинӣ гарданд, шарики хусусӣ ҳуқуқ дорад нисбат ба дороиҳо, ҳуқуқҳо ё манфиатҳои худ, ки ба лоиҳаҳои шарикӣ дахл доранд ва ё барои таъмини маблағгузории татбиқи лоиҳаи шарикӣ зарур мешавад, тадбирҳои таъминотии зеринро андешад:
- таъминот нисбат ба молу мулки манқул ё ғайрманқуле, ки ба шарики хусусӣ тааллуқ дорад ё манфиатҳои он дар дороиҳои лоиҳаи шарикӣ;
- гарави даромадҳои оянда ва қарзҳои дебиторӣ дар назди шарики хусусӣ барои иҷрои лоиҳаи шарикӣ.
2. Иштироккунандагони шахси ҳуқуқии шарики хусусӣ, ки мувофиқи моддаи 27 Қонуни мазкур таъсис дода шудааст, ба гарав ё андешидани дигар тадбирҳои таъминотии ҳиссаи худ дар шахси ҳуқуқӣ ҳақ доранд.
3. Тадбирҳои таъминотӣ мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур нисбат ба молу мулки давлатӣ ё дигар моликият, дороӣ ё ҳуқуқҳое, ки барои пешниҳод кардани хизматрасониҳои давлатӣ зарур буда, нисбат ба онҳо фароҳам овардани чунин таъминотро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст, наметавонанд фароҳам оварда шаванд.
Моддаи 34. Супурдан ва гузашт кардани ҳуқуқҳое, ки Созишнома пешбинӣ намудааст
1. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шарики хусусӣ, ки Созишнома пешбинӣ намудааст, бе  розигии хаттии ташкилоти фармоишгар наметавонанд ба шахси сеюм вогузор карда шаванд, агар моддаи 33 Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
2. Созишнома бояд шартҳоеро муайян намояд, ки ҳангоми иҷрои онҳо ташкилоти фармоишгар ба гузашт кардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ба бахши хусусӣ дар Созишнома, аз ҷумла аз ҷониби шарики хусусии нав ба зимма гирифтани ҳама ӯҳдадориҳои ӯ ва далелҳои тасдиқкунандаи имконияти техникӣ ва молиявии шарики хусусии нав, ки метавонанд барои татбиқи лоиҳаи шарикӣ лозим шаванд, розигӣ медиҳад.
Моддаи 35. Додани бастаи назоратии саҳмияҳо ё ҳисса ба шахси сеюм
1. Агар дар Созишнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бастаи назоратии саҳмияҳо ё ҳисса дар шахси ҳуқуқии шарики хусусӣ бе розигии ташкилоти фармоишгар ба шахси сеюм дода намешавад.
2. Созишнома шартҳоеро пешбинӣ менамояд, ки дар онҳо розигии ташкилоти фармоишгар  мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур дода мешавад.
Моддаи 36. Ӯҳдадориҳои бахши хусусӣ ҷиҳати амалӣ кардани лоиҳаи шарикӣ
1. Созишнома дар мавриди зарурӣ ӯҳдадориҳои бахши хусусиро барои таъмини:
- тағйир додани лоиҳаи шарикӣ бо мақсади таъмин намудани мутобиқати он бо эҳтиёҷоти аҳолӣ дар лоиҳаи шарикӣ;
- муттасилии лоиҳаи шарикӣ;
- пешниҳод намудани лоиҳаи шарикӣ бо шартҳои усулан якхела барои ҳамаи истифодабарандагон;
- дастрасии баробарҳуқуқӣ бидуни табъиз ва дар мавриди зарурат, барои дигар пешниҳодкунандагони хизматрасонӣ ба ҳамаи лоиҳаҳои шарикӣ, ки бахши хусусӣ татбиқ менамояд.
2. Шарики хусусӣ ҳуқуқи ба ташкилоти фармоишгар тавсия додани қабули қоидаҳои танзимкунандаи татбиқи лоиҳаи шарикиро дорад, ки аз ҷониби шарики хусусӣ дар татбиқи лоиҳаи шарикӣ истифода мешаванд.
Моддаи 37. Ҷуброн ҳангоми тағйирот дар қонунгузорӣ
Дар Созишнома ҳуқуқи шарики хусусӣ оид ба  ҷуброн нишон дода мешавад, ба шарте ки хароҷоти иҷрои шарики хусусӣ дар Созишнома ба таври назаррас афзуда бошад ё арзише, ки шарики хусусӣ аз чунин иҷро ба даст меорад,  дар натиҷаи тағйирот дар қонунгузорӣ ё дигар  тадбирҳои танзими давлатие, ки бевосита  ба лоиҳаи шарикӣ дахл доранд, дар  муқоиса бо хароҷот ва арзиши қаблан пебинишуда  кам  шуда бошад.
Моддаи 38. Таҷдиди назар кардани Созишнома
1. Созишнома шартҳои аз ҷониби шарики хусусӣ таҷдиди назар гардидани муқаррароти Созишномаро бо назардошти ҷуброн муайян менамояд, ба шарте, ки хароҷоти иҷрои Созишнома аз тарафи шарики хусусӣ хеле афзуда бошад ё арзише, ки шарики хусусӣ аз чунин иҷро ба даст меорад, дар муқоиса бо хароҷоти дар ибтидо тахминшуда ва арзиши иҷрои он дар натиҷаи тағйироти зерин ба таври назаррас кам шуда бошад:
1) Тағйирот дар шартҳои иқтисодӣ ё молиявӣ.
2) Тағйирот дар қонунгузорӣ ё муқаррароти танзимкунандае, ки бевосита нисбат ба лоиҳаи шарикӣ татбиқшаванда намебошанд, ба шарте ки тағйироти иқтисодӣ, молиявӣ, қонунгузорӣ ё меъёрӣ:
а) пас аз бастани Созишнома ба вуҷуд меоянд;
б) берун аз доираи назорати шарики хусусӣ қарор доранд;
в) чунин хислате доранд, ки шарики хусусӣ натавонистааст онҳоро ҳангоми бастани Созишнома бо мулоҳиза тахмин кунад ё ба инобат гирад ё ин ки оқибати онҳоро пешгирӣ ё рафъ намояд.
2. Созишнома расмиётро барои таҷдиди назар намудани шартҳои Созишнома баъди фаро расидани ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, муқаррар менамояд.
Моддаи 39. Назорат ва идораи лоиҳаи шарикӣ
1. Ташкилоти фармоишгар ҳуқуқ дорад ҳангоми фаро расидани ҳолатҳои пешбининамудаи Созишнома назорат ва идораи кори лоиҳаи шарикиро бо мақсади таъмин намудани хизматрасонии самаранок ва муттасил ё сари вақт ба анҷом расонидани лоиҳаҳои шарикӣ дар сурати аз ҷониби шарики хусусӣ иҷро нагардидани қисми зиёди ӯҳдадориҳои моддии худ ва қодир набудани шарики хусусӣ ба бартараф намудани камбудиҳо дар мӯҳлати зиёд баъд аз ташкилоти фармоишгар гирифтани огоҳинома (на бештар аз шаш моҳ) ба ӯҳда гирад.
2. Агар ташкилоти фармоишгар қарори ба ӯҳда гирифтани назорат ва идораи лоиҳаи шарикиро мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур қабул намояд, ташкилоти фармоишгар мутобиқи шартҳои Созишнома:
- даромадеро, ки предмети гарави қонеъ гардонидани ҳама гуна ӯҳдадориҳо мебошад, ҷамъ меоварад ва пардохт менамояд;
- лоиҳаи шарикиро рушд медиҳад ва истифода менамояд, пардохти ҳаққи хизматрасониро муқаррар менамояд ва ба қарордоди кунунии хизматрасонӣ мутобиқ кунад;
- метавонад ҳангоми зарурат пешниҳодҳои лоиҳавиро барои сохтмон, хизматрасонии техникӣ ё истифодабарии лоиҳаи шарикӣ пешбинӣ намояд.
Моддаи 40. Иваз намудани шарики хусусӣ
1. Дар сурати иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои моддӣ аз ҷониби шарики хусусӣ ё дигар ҳолате, ки ба таври дигар метавонад қатъи Созишномаро асоснок созад, ташкилоти фармоишгар метавонад ба талаботи ҳар муассисае, ки маблағгузории лоиҳаи шарикиро таъмин менамояд, розӣ шавад. Вале шарики хусусӣ шарики хусусиро бо дигар шахсе иваз мекунад, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳо дар доираи Созишномаи мавҷуда таъин гардидааст.
2. Ташкилоти фармоишгар метавонад ба он мусоидат намояд, ки шарики хусусӣ қарздории дебиторӣ ва дороиҳои лоиҳаи шарикиро ба фоидаи қарздиҳанда бо шартҳое, ки ташкилоти фармоишгар метавонад бо мақсади таъмини татбиқи бомуваффақият, баанҷомрасонии корҳо, назорат ва идоракунии лоиҳаи шарикӣ муайян намояд, таъмин кунад.
Моддаи 41. Мӯҳлати амал ва тамдиди мӯҳлати амали Созишнома
Мӯҳлати амали Созишнома дар Созишнома муайян карда мешавад. Ташкилоти фармоишгар метавонад ба тамдиди мӯҳлати амали Созишнома ба истиснои ҳолатҳое, ки натиҷаи яке аз ҳолатҳои зерин мебошанд, розӣ нашавад:
- мавқуф гузоштан, ба анҷом расондан ё боздошта шудани истифодаи лоиҳаи шарикӣ дар натиҷаи ҳолатҳое, ки берун аз доираи назорати бомулоҳизаи тарафҳо қарор доранд;
- боздоштани лоиҳаи шарикӣ дар натиҷаи амалҳои ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ;
- зиёд шудани хароҷоти вобаста ба талаботи ташкилоти фармоишгар, ки дар ибтидо дар Созишнома пешбинӣ нашудааст, агар бахши хусусӣ чунин хароҷотро бе тамдиди мӯҳлат баргардонида натавонад;
- дар мувофиқа бо шарики хусусӣ, бо сабаби вобаста ба манфиати миллӣ ё ҷамъиятӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои маҳфуздорандаи ташкилоти фармоишгар асоснок карда шудаанд.
Моддаи 42. Бекор кардани Созишнома
1. Ташкилоти фармоишгар метавонад Созишномаро дар ҳолатҳои зерин бекор кунад:
- агар интизор шудани он ки шарики хусусӣ ӯҳдадориҳояшро бинобар қодир набудан, иҷро накардани ӯҳдадориҳои моддӣ ё бо сабабҳои дигар иҷро карда наметавонад ё ба мақсад мувофиқ набошад;
- сабабҳои рафънопазири манфиати миллӣ ё ҷамъиятӣ, ба ҷуброн кардани зиёни шарики хусусӣ, тавре ки ин дар Созишнома пешбинӣ гардидааст.
2. Шарики хусусӣ метавонад Созишномаро дар ҳолатҳои зерин бекор кунад, агар:
- ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ ӯҳдадориҳои моддиашро дар доираи Созишнома иҷро накунад;
- шартҳои таҷдиди назар кардани Созишнома мутобиқи моддаи 40 Қонуни мазкур риоя гардида, вале тарафҳо вобаста ба таҷдиди назари Созишнома ба мувофиқа нарасида бошанд;
- хароҷоти иҷрои Созишнома аз ҷониби шарики хусусӣ ба таври назаррас зиёд шуда бошад ё арзише, ки шарики хусусӣ аз чунин иҷрои Созишнома ба даст меорад, дар натиҷаи амал ё беамалии ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ хеле кам шуда бошад, инчунин агар тарафҳо натавониста бошанд дар мавриди таҷдиди назар намудани Созишнома ба мувофиқа расанд.
3. Ҳар яке аз тарафҳо ҳуқуқ дорад Созишномаро бо розигии ҳамдигар ё агар иҷрои ӯҳдадориҳои он бинобар ҳолатҳое, ки берун аз доираи механизми оқилонаи тарафҳо қарор дошта бошанд, бекор кунад.
Моддаи 43. Ҷуброн ҳангоми бекор шудани Созишнома
Дар Созишнома тартиби ҷуброни зиёни тарафҳо қайд карда мешавад, ки он дар ҳолати бекор кардани Созишнома ҳисоб карда мешавад ва дар мавриди зарурӣ ҷуброни воқеии арзиши корҳои дар доираи Созишнома иҷрошуда, хароҷот ё талафоти анҷомдодаи тарафҳо, аз ҷумла фоидаи аздастдода пешбинӣ карда мешавад.
Моддаи 44. Идораи Созишнома
Ташкилоти фармоишгар барои аз ҷониби шарики хусусӣ ба таври зарурӣ таъмин намудан,  амалӣ кардан, идора, иҷро, мониторинг, инчунин  пешниҳод намудани ҳисоботҳо оид ба Созишнома масъул аст.
Моддаи 45. Баанҷомрасонии лоиҳа ва тадбирҳо дар давраи гузариш
Созишнома дар ҳолати зарурӣ инҳоро пешбинӣ менамояд:
- механизм ва расмиёти таҳвили дороии ташкилоти фармоишгар дар ҳолати барҳамдиҳӣ;
- ҷуброне, ки шарики хусусӣ метавонад нисбат ба молу мулки ба ташкилоти фармоишгар ё бахши хусусии нав супурдашуда ё ба молу мулки харидоринамудаи ташкилоти фармоишгар, ҳуқуқ дошта бошад;
- таҳвили технологияе, ки барои фаъолияти лоиҳаи шарикӣ зарур аст;
- ба ҳайати кормандони ташкилоти фармоишгар ё вориси шарики хусусӣ омӯзонидани масъалаҳои истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии лоиҳаҳои шарикӣ;
- аз ҷониби шарикони хусусӣ таъмин намудани хизматрасониҳо ва захираҳои иловагӣ, аз ҷумла таҳвили қисмҳои эҳтиётӣ, дар мавриди зарурат, дар мӯҳлати қобили қабул баъди супоридани лоиҳаи шарикӣ ба ташкилоти фармоишгар ё вориси шарики хусусӣ.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 46. Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба лоиҳаи шарикӣ
1. Иштирокчии тендер дар ҳама ҳолатҳои зиён дидан барои баррасии масъала, пеш аз он ки аз расмиёти ҳалли баҳсҳои муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи мазкурро истифода намояд, тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ ба Шӯро муроҷиат мекунад.
2. Ҳамаи баҳсҳо байни ташкилоти фармоишгар ва шарики хусусӣ бо риояи талаботи қисми 1 моддаи мазкур бо механизмҳои танзими баҳсҳо, ки тарафҳо дар Созишнома мувофиқа намудаанд, ҳал карда мешаванд.
3. Агар шарики хусусӣ ба аҳолӣ хизмати худро пешниҳод намояд, ташкилоти фармоишгар метавонад аз шарики хусусӣ таъсис додани механизмҳои самарабахши баррасии арзу шикояти мизоҷон ё истифодабарандагони лоиҳаи шарикиро талаб намояд.
Моддаи 47. Ҳуқуқи Шӯро оид ба муқаррар намудани қоидаҳо
1. Шӯро метавонад барои татбиқи мақсадҳои Қонуни мазкур қоидаҳоро бо роҳи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намояд.
2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур қабул карда мешаванд, масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд:
- муайян кардани меъёрҳои ниҳоӣ, ки бо раванди тендер алоқаманд мебошанд;
- ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба гузаронидани тендер ва музокироти мустақим;
- муайян кардани механизмҳои танзими баҳсҳо мутобиқи Қонуни мазкур;
- ҷорӣ намудан, таҷдиди назар кардан ва ситонидани пардохти ҳаққи хизматрасонӣ.
3. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад бе розигии хаттии Шӯро ё аз номи Шӯро мазмуни ягон ҳуҷҷат, мукотибот ё ягон иттилоотеро, ки ба шахси бегона дахл дорад ё дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои хизматӣ мутобиқи Қонуни мазкур ба ин шахс маълум гардидааст, ба ғайр аз иттилооте, ки дар рафти иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби ин шахс, (шахсон)  аз он воқиф шудааст, ба шахсони бегона ошкор намояд.
Моддаи 48. Беэътибор донистани Созишнома
1. Созишнома беэътибор дониста мешавад, агар ташкилоти фармоишгар:
- бе розигии Шӯро ва мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар бобҳои 2 ва 3 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, бо шарики хусусӣ ба Cозишнома ҳамроҳ шавад;
- бар хилофи дастурҳои Шӯро, ки мутобиқи сархати дуюми моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, бо шарики хусусӣ ба Созишнома ҳамроҳ шавад.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур Созишнома аз ҷониби Шӯро беэътибор дониста мешавад ва нисбат ба ташкилоти фармоишгар ва ҳам нисбат ба шарики хусусӣ эътибори қонунӣ надорад.
Моддаи 49. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 50. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз се моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012, № 907


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи шарикии давлат ва бахши  хусусӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2012, № 915


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                          М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012,  № 439


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.13    №: 3-8    Мутолиа карданд: 1134

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед