logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи омори давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, мод. 127; с. 2003, № 4, мод. 136; с. 2006, № 3, мод. 161) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми дуюми дебоча дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Муқаррароти Қонуни мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсоне, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, ҳамчун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, ба дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ва ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликият, тобеият, маҳалли ҷойгиршавӣ, шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва дигар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.».
2. Дар қисми якуми моддаи 2 ва дар тамоми матни Қонун сархатҳои моддаҳо бо аломати дефис « - « ишора карда шаванд.
3. Дар қисми панҷуми моддаи 6 ва дар қисми якуми моддаи 9 калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеӣ» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
4. Қисми якуми моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод кардани маълумоти оморӣ  аз рӯи намудҳои мушоҳидаҳои омории давлатӣ ҳатмӣ ва ройгон мебошад. Маълумот ба мақомоти омор дар мӯҳлати муқарраргардида ба суроғаи нишондодашуда пешниҳод карда мешавад.».
5. Дар қисми якуми моддаи 8:
-сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои дорои сармояи хориҷӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳаҷм ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи мақомоти оморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дақиқи оморӣ, аз ҷумла маълумоти дорои сирри тиҷоратию давлатӣ гиранд;»;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои «шахсиятҳои ҳуқуқии» ба калимаҳои «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳаштум калимаҳои «мувофиқи тартиби муқарраршуда» ба калимаҳои «бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
6. Дар сархати панҷуми қисми якуми моддаи 9 пеш аз калимаи «риоя» калимаҳои «ва ҳуқуқӣ» илова карда шаванд.
7. Боби 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 10. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 464

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи омори давлатӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 29 октябри соли 2008, № 1157

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 569


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 865

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед