logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ ВА ДАВЛАТӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод. 19; с. 2011, №3, мод. 175; с. 2012, №8, мод. 831) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- нафақаи заминавӣ - нишондиҳанда барои ҳисоби нафақа ва иловапулиҳо ба нафақа, ки Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд;";
- дар сархати шашум калимаи "саҳмияи" ба калимаи "саҳмҳои" иваз карда шавад;
- дар сархати шонздаҳум калимаҳои "саҳмияи суғуртавиро супоридааст" ба калимаҳои "саҳмҳои суғуртавиро пардохт намудааст" иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳабдаҳум калимаи "саҳмияҳои" ба калимаи "саҳмҳои" иваз карда шавад.
2. Дар қисми 2 моддаи 3 калимаҳои "медиҳанд ва бо суғуртаи иҷтимоии нафақавӣ" ба калимаҳои "дода, бо суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 7:
- аз қисми 2 калимаи "заминавӣ," хориҷ карда шавад;
- қисми 3 хориҷ карда шавад;
- қисми 4 қисми 3 ҳисобида шуда, дар матни он калимаҳои "нафақа буда," ба калимаҳои "нафақа, ки" иваз ва калимаи "давлатии" хориҷ карда шавад;
-  қисми 5 қисми 4 ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
"4. Қисми захиравии нафақа - иловапулӣ аз ҳисоби захираи нафақавии инфиродии шахсони суғурташуда, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти дар суратҳисоби инфиродии захиравии шахс мавҷудбуда ҳисоб карда мешавад.";
- қисми 6 қисми 5 ҳисобида шуда, дар матни он калимаҳои "қисмҳои заминавӣ ва" ба калимаи "қисми" иваз карда шаванд;
- қисми 7 қисми 6 ҳисобида шуда, дар сархати дуюм аломати нуқта вергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад ва аз он сархати сеюм хориҷ карда шавад;
- қисми 8 қисми 7 ҳисобида шуда, дар матни он калимаҳои "Нафақаи" ва "мешавад" мувофиқан ба калимаҳои "Нафақаҳои" ва "мешаванд" иваз карда шаванд.
4. Матни моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ба шахсоне, ки дар як вақт ҳуқуқи гирифтани якчанд намуди нафақаро доранд (ба ғайр аз нафақа барои хизмати шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки илова ба нафақаи суғуртавӣ муқаррар карда мешавад), аз рӯи интихобашон як намуди нафақа таъин карда мешавад.".
5. Дар моддаи 10:
- дар сархати дуюм калимаи "саҳмияҳои" ба калимаи "саҳмҳои" иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаҳои "инфиродии нафақавӣ" ба калимаҳои "захираи нафақавии инфиродӣ" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 11:
- дар қисми 2 калимаи "саҳмияҳои" ба калимаи "саҳмҳои" иваз карда шавад;
- ба қисми 3 пас аз калимаи "суғуртаи" калимаи "ҳатмии" илова карда шавад.
7. Аз матни моддаи 12 калимаҳои "ҳар сол мутобиқи нишондиҳандаҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.
8. Дар моддаи 13:
- дар қисми 1 калимаҳои "ба шахсони суғурташуда" ва "саҳмияи" мувофиқан ба калимаҳои "аз рӯи синну сол" ва "саҳмҳои" иваз карда шаванд;
- зербанди "е)" қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 "е) занҳое, ки 5 ва ё зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то синни 8- солагӣ тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб доранд ва онро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ доштан, пас аз расидан ба синни 53 ҳуқуқи ба нафақа баромаданро доранд.";
- дар қисми 3 калимаҳои "суғуртавии нопурра" ба калимаҳои "суғуртавӣ бо собиқаи суғуртавии нопурра" иваз карда шаванд. 
9. Дар ном ва матни моддаи 14 калимаҳои "суғуртавии нопурра" ба калимаҳои "суғуртавӣ бо собиқаи суғуртавии нопурра" иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 16:
- аз номи модда калимаи "давлатии" хориҷ карда шавад;
- дар сархати дуюми қисми 2 калимаҳои "яке аз падару модар" ва "фавтидаро нигоҳубин кунанд," мувофиқан ба калимаҳои "падар ё модар" ва "фавтидаро, ки" иваз карда шуда,  баъди калимаҳои "ҳуқуқ доранд" калимаҳои ", нигоҳубин кунанд" илова карда шаванд;
- дар қисми 9 калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 17:
- дар матни модда калимаи "саҳмияи" ба калимаи "саҳмҳои" иваз карда шавад;
- аз сархати шашуми қисми 4 калимаҳои "дар ҳудуди 36 моҳ ва" хориҷ карда шаванд;
- ба қисми 8 пас аз калимаҳои "дар асоси маълумоти" калимаи "ба" илова карда шавад. 
12. Дар моддаи 18:
- дар қисми 6 калимаи "саҳмияи" ба калимаи "саҳмҳои" иваз карда шавад;
 - дар қисми 7 калимаҳои "Ҳаққи суғурта" ба калимаҳои "Саҳмҳои суғуртавӣ" иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 19:
- дар номи модда калимаи "ҳаққи" ба калимаи "саҳмҳои" иваз карда шавад; 
- дар қисми 1 калимаҳои "ҳаққи" ва "тарифи муқарраргардидаи саҳмияи" мувофиқан ба калимаҳои "саҳмҳои" ва "тарофаи муқарраргардидаи саҳмҳои" иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Пардохти маблағи саҳмҳои суғуртавиро барои давраи чунин фаъолият метавонад худи шаҳрванд (ё ба ҷои ӯ корфармо) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.".
14. Дар моддаи 20:
- сархати якуми қисми 1 хориҷ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Дар сурате, ки андозаи ҳисобшудаи нафақаҳои суғуртавӣ аз андозаи камтарини дар моддаҳои 22, 25 ва 26 Қонуни мазкур муқарраршуда кам бошад, фарқияти байни андозаи нафақаҳои суғуртавии ҳисобшуда ва андозаи камтарини муқарраршуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.";
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шуда, дар сархатҳои якум ва дуюми он калимаҳои "саҳми" ва "саҳмияи" ба калимаи "саҳмҳои" иваз карда шаванд.
15. Дар моддаи 22:
- дар сархати дуюми қисми 4 калимаи "саҳмияи" ба калимаи "саҳмҳои" иваз карда шавад;
- дар қисми 5 рақами "240" ба рақами "120" иваз карда шавад;
- ба модда қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"7. Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо назардошти собиқаи суғуртавии пурра наметавонад аз андозаи 100 фоиз ва бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурра аз андозаи 70 фоизи нафақаи заминавии муқарраршуда кам бошад.".
16. Дар моддаи 24:
- дар қисми 1 калимаҳои "саҳмияи суғуртаро" ба калимаҳои "саҳмҳои суғуртавиро" иваз карда шуда, сутуни сеюми ҷадвал хориҷ карда шавад;
- қисми 2 хориҷ карда шуда, қисми 3 қисми 2 ҳисобида шавад.
17. Дар моддаи 25:
- дар номи модда калимаи "нафақа" ба калимаҳои "нафақаи суғуртавӣ" иваз карда шавад;
- қисми 1  хориҷ карда шуда, қисми 2 қисми 1 ҳисобида шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
 "2. Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ бо назардошти собиқаи суғуртавии пурра наметавонад аз андозаи 100 фоиз ва бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурра аз андозаи 70 фоизи нафақаи заминавии муқарраршуда кам бошад.".
18. Дар моддаи 26:
- дар номи модда калимаҳои "андозаҳои нафақа" ба калимаҳои "нафақаи суғуртавӣ" иваз карда шаванд;
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон барои ҳар як узви оилаи бесаробонмонда, ки ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ дорад, бо ҳиссаи баробар (вобаста ба теъдоди аъзои оила, ки талаби гирифтани нафақаро доранд) аз нафақаи суғуртавӣ, ки саробон дар ҳолати суғуртавӣ ба гирифтани он ҳуқуқ дошт, ҳисоб карда мешавад.";
- қисми 2 хориҷ карда шуда, қисми 3 қисми 2 ҳисобида шавад;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон бо назардошти собиқаи суғуртавии пурра наметавонад аз андозаи 100 фоиз ва бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурра аз андозаи 70 фоизи нафақаи заминавии муқарраршуда кам бошад.".
 19. Дар моддаи 27:
- дар қисми 1:
- дар сархати дуюм аломати нуқта вергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- сархати сеюм хориҷ карда шавад;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Ба нафақаҳои таъингардидаи гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон аз ҳисоби маблағи буҷети маҳаллӣ вобаста ба имкониятҳои молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иловапулӣ муқаррар кардан мумкин аст.".
20.  Дар моддаи 28:
- аз матни модда калимаҳои "бе назардошти собиқаи суғуртавӣ шахсони зерин" хориҷ карда шаванд;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- шахсоне, ки ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд.";
- сархати чорум хориҷ карда шавад.
21. Дар сархати якуми моддаи 29 калимаи "пиронсолӣ" ба калимаҳои "синну сол" иваз карда шавад.
22.  Дар қисми 1 моддаи 30:
- ба сархати якум пас аз калимаҳои "маъюбон аз овони кӯдакӣ" калимаҳои "ва кӯдакони маъюби то 18- сола" илова карда шаванд;
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо намудаанд ва мувофиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи гирифтани  нафақаи суғуртавиро надоранд.";
- сархати панҷум хориҷ карда шавад;
- рақами "16" ба рақами "18" иваз карда шавад.
 23.  Дар моддаи 31:
- дар қисми 1:
- зербанди "а)" дар таҳрири зерин  ифода карда шавад:
"а) ба маъюби гурӯҳи I, маъюбони гурӯҳҳои I ва II аз овони кӯдакӣ, кӯдакони маъюби то 18-сола ва ноболиғони то 18-солаи пурра ятим (хонандагони муассисаҳои таълимии рӯзона, то хатми таълимгоҳҳои мазкур, вале на калонтар аз синни 23) - ба андозаи 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраршуда;";
- дар зербанди "б)" калимаҳои "18-солаи бесаробон" ба калимаҳои "18-солае, ки аз падар ё аз модар маҳрум шудаанд" ва рақами "150" ба рақами "60" иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 "2. Нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо намудаанд, ба андозаи зерин таъин карда мешавад:
- барои маъюбони гурӯҳҳои I ва II - ба андозаи 100 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои маъюбони гурӯҳи III - ба андозаи 60 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида.
Нафақаи иҷтимоӣ бо сабаби маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як узви ғайриқобили меҳнати оилаи хизматчии ҳарбии фавтида, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо намудааст, ба андозаи 60 фоизи нафақаи заминавии муқарраршуда таъин карда мешавад.";
- аз қисми 3 калимаҳои "мутобиқи банди а) қисми 1 моддаи мазкур" хориҷ карда шаванд.
24. Дар моддаи 33:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Нафақаи иҷтимоӣ аз рӯзи муроҷиат намудан барои таъини он, ба истиснои ҳолатҳои зерин таъин ва пардохт карда мешавад:
- ба маъюбон аз рӯзи муқаррар намудани маъюбӣ, ба шарте, ки барои таъини нафақа дар давоми 3 моҳ муроҷиат карда бошанд;
- барои маҳрум шудан аз саробон аз рӯзи пайдо намудани ҳуқуқ ба нафақа, аммо на зиёдтар аз 6 моҳ.".
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Аз як намуд ба намуди дигари нафақаи иҷтимоӣ гузаронидан аз рӯзи аввали моҳе, ки шаҳрванд муроҷиат намудааст, амалӣ карда мешавад.";
- қисми 4 хориҷ карда шавад.
25. Дар моддаи 34:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои "Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "илова ба нафақаи таъингардидаи суғуртавӣ" илова карда шаванд;
- қисми 2 хориҷ карда шуда, қисми 3 қисми 2 ҳисобида шавад.
26. Моддаҳои 35, 36, 37 ва 38 хориҷ карда шаванд.
27. Моддаи 39 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 39. Иловапулиҳо ба нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ
1. Ба нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба андозаҳои зерин иловапулиҳо муқаррар ва пардохт карда мешаванд:
а)  ба андозаи 150 фоизи нафақаи заминавӣ:
- ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  иштирокчиён ва маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар;
- ба иштирокчиён ва маъюбони рафъи оқибати садамаи  Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва минтақаҳои дигари олудагии радиоактивӣ;
- ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон сукунати доимӣ доранд;
б)  ба андозаи 100 фоизи нафақаи заминавӣ:
- ба шахсоне, ки барои меҳнати шуҷоатнок ва барои хизмати шоёни ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945) бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд;
- ба сокинони шаҳри Ленингради муҳосирашуда аз давраи                     8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 ва асирони ноболиғи конслагерҳои фашистӣ, ҷойҳои ақаллиятнишин ва дигар ҷойҳои нигоҳдории маҷбурии аз ҷониби фашистони  олмонӣ ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон ташкилшуда;
в)  ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавӣ:
- ба шахсони яккаву танҳо, ки ба синни 80- солагӣ расидаанд;
- ба маъюбони гурӯҳҳои I ва II аз овони кӯдакӣ ва кӯдакони маъюби то 18- сола;
  г)  ба андозаи 30 фоизи нафақаи заминавӣ:
- ба шахсоне, ки унвони "Донори фахрии СССР" доранд.
2. Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз  гардидаанд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар  бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳуқуқи гирифтани иловапулӣ ба нафақаҳоро доранд.".
28. Ҷумлаи дуюми қисми 4 моддаи 41 хориҷ карда шавад.
29. Дар моддаи 45 калимаи "мақоми" ба калимаи "мақомоти" иваз карда шавад.
30. Дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 50 калимаҳои "суғуртавиро аз рӯи синну сол (якумра)" ба калимаи "суғуртавӣ" иваз карда шаванд.
31. Дар ном ва матни моддаи 55 калимаҳои "саҳмияи" ва "Саҳмияҳои" мувофиқан ба калимаҳои "саҳмҳои" ва "Саҳмҳои" иваз карда шаванд.
32. Дар қисми 1 моддаи 57 калимаи "саҳмияи" ба калимаи "саҳмҳои" иваз карда шавад.
33. Дар моддаи 59:
- дар қисми 2 калимаи "саҳмияи" ба калимаи "саҳмҳои" иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаи "индексатсия" ба калимаҳои "бозҳисобии нафақа" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012, № 909


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 7 декабри соли 2012, № 998


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ  ва давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012,  № 447


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.13    №: 3-8    Мутолиа карданд: 745

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед