logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,                   с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10,            мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12,                қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7-8, мод. 610; №12,             мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256; №7, мод. 685; мод. 693; №8, мод. 814), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 1 моддаи 22 пас аз калимаҳои "шахси воқеӣ," калимаҳои "соҳибкори инфиродӣ, шахсони" илова карда шаванд.
2. Моддаи 29 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 29. Ҷавобгарии маъмурии шахси мансабдор, шахси ба ӯ баробаркардашуда ва соҳибкори инфиродӣ
1. Шахси мансабдор барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо сабаби иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳои хизматиаш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани ин ҳолатҳо шахси мансабдоре, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор аст, тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
2. Таҳти мафҳуми шахси мансабдор мувофиқи Кодекси мазкур шахсе фаҳмида мешавад, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё дар асоси ваколатҳои махсус вазифаҳои намояндаи ҳокимияти давлатиро анҷом медиҳад, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки тобеияти хизматӣ надоранд, ваколатҳои амрдиҳӣ дорад, инчунин шахсе фаҳмида мешавад, ки дар мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ташкилию амрдиҳӣ ва маъмурию хоҷагиро иҷро менамояд.
3. Роҳбарон ва кормандони ташкилотҳо, ки дар робита ба иҷрои вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ ва маъмурию хоҷагӣ ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, ҳамчун шахсони мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
4. Соҳибкорони инфиродӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар сабаби иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
5. Таҳти мафҳуми соҳибкори инфиродӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси воқеие фаҳмида мешавад, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ менамояд.".
3. Дар моддаи 34 калимаҳои "шахсони воқеӣ," ба калимаҳои "шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахсони" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 39:
- қисмҳои 3 ва 4 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"3. Андозаи ҳадди ақалли ҷаримаи маъмурӣ, ки аз шахси воқеӣ ва соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд ситонида мешавад, бояд аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, шахси мансабдор аз се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, соҳибкори инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамояд ва шахси ҳуқуқӣ аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам набошад.
4. Андозаи ҳадди ниҳоии ҷаримаи маъмурӣ аз шахси воқеӣ ва соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд, набояд аз сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аз шахси мансабдор аз дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, соҳибкори инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамояд, аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз шахси ҳуқуқӣ аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё аз дусад фоизи маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии пардохтнашуда зиёд бошад, агар Қисми махсуси ҳамин Кодекс андозаи дигарро муқаррар накарда бошад.";
- ба қисми 5 пас аз калимаҳои "зиёд аст," калимаҳои "ба истиснои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи андоз " илова карда шаванд.
5. Дар моддаи 311:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "аз се то панҷ" ба калимаҳои аз "панҷоҳ то ҳафтод" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2:
- ба диспозитсияи қисм пас аз калимаи "шартӣ" калимаҳои "ба ронандагон" илова карда шаванд;
- дар санксияи қисм калимаҳои "аз даҳ то бист" ба калимаҳои "аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад" иваз карда шаванд;
- санксияи қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, ба шахсони мансабдор аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то панҷсад  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
6. Дар қисми 1 моддаи 324 калимаи "инчунин" хориҷ карда шуда, пас аз калимаҳои "дар ҳамон самт," калимаҳои "барои нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар хатҳои ҳаракати роҳ, ба ғайр аз хати якуми ҳаракат дар ҳамон самт, инчунин дар ҳудуди чорроҳаҳо ва роҳҳои пиёдагард," илова карда шаванд.
7. Ба моддаи 325 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Барои ба самти муқобили хати ҳаракати воситаҳои нақлиёт баромадан, дар сурате ки роҳбандон ба вуҷуд омада бошад ё дар ин ҳолат ба чорроҳа дохил шудан,-
ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати аз се то шаш моҳ таъйин карда мешавад.".
8. Дар моддаи 599:
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳашт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";
- санксияи қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба  соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";
- дар қисми 3:
- дар диспозитсияи қисм калимаи "шишаҳо" ба калимаи "зарфҳо" иваз карда шавад;
- санксияи қисм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесаду сӣ то сесаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";
- қисми 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"4. Барои бе тамғаҳои аксизӣ фурӯш, нигоҳдорӣ ва ё интиқол додани моле, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда бояд дорои тамғаҳои аксизӣ бошад, -
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад фоизи арзиши бозории ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.".
9. Дар моддаи 600:
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳашт то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";
- санксияи қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бисту панҷ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
10. Дар моддаи 601:
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз панҷ то ҳафт, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз бисту панҷ то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";
- санксияи қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз ҳафт то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз чилу панҷ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";
- санксияи қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз навад то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
11. Дар моддаи 602:
- ба диспозитсияи модда пас аз калимаҳои "манбаи пардохт" калимаҳои "ва андозҳо аз ғайрирезидент" илова карда шаванд;
- санксияи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бисту панҷ то сӣ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
12. Дар моддаи 605:
- дар санксияи қисми 1 калимаи "даҳ" ба калимаҳои "бисту панҷ" иваз карда шавад;
- дар санксияи қисми 2 калимаи "бист" ба калимаи "чил" иваз карда шавад.
13. Дар моддаи 606:
- дар санксияи қисми 1 калимаи "даҳ" ба калимаҳои "бисту панҷ" иваз карда шавад;
- дар санксияи қисми 2 калимаи "бист" ба калимаи "панҷоҳ" иваз карда шавад;
- дар санксияи қисми 4 калимаҳои "як нишондиҳанда" ба калимаҳои "аз се то панҷ нишондиҳанда" иваз карда шаванд;
- қисмҳои 5 ва 6 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"5. Барои ғайриқонунӣ пешниҳод ва қабул намудани варақаҳои ҳисобнома - фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, бе амалан анҷом додани амалиёти андозбандишаванда, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, -
ба шахсони мансабдор ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи панҷоҳ фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашудаи дар ҳисобнома - фактура зикргардида ҷарима таъйин карда мешавад.
6. Барои вайрон кардани тартиби нигоҳдории ҳар як бастаи ҳисобнома - фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои ҳисоботашон қатъӣ, ки боиси гум шудани онҳо гаштааст, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, -
ба шахсони мансабдор ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як бастаи ҳисобнома - фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои гумшуда ҷарима таъйин карда мешавад.".
14. Моддаҳои 607 ва 608 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"Моддаи 607. Ба мақомоти андоз пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санади муқоисавии ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила
Барои аз ҷониби андозсупоранда ва ё дебиторҳои он ба мақомоти андоз пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санади муқоисавии бо тартиби муқарраршуда ба расмият даровардашудаи ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила, -
ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз бист то сӣ, шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 608. Аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ риоя накардани тартиби кушодани суратҳисобҳо ва мӯҳлати огоҳ намудани мақомоти андоз оид ба кушодани суратҳисобҳо
1. Барои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо ба шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозити) шахсони воқеӣ) бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақомоти андоз додани рақами мушаххаси андозсупорандаро тасдиқ мекунанд (мактуби ахборотии мақомоти андози маҳалли қайди соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ тибқи шакли тасдиқшуда), -
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин  карда мешавад.
2. Барои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ риоя накардани мӯҳлати огоҳ намудани мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ дар бораи аз ҷониби шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозити) шахсони воқеӣ), -
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин  карда мешавад.".
15. Дар моддаи 609:
- дар ном ва диспозитсияи модда калимаҳои "бонкҳо ё муассисаҳои дигари молиявию кредитӣ" ба калимаҳои "ташкилотҳои қарзӣ" иваз карда шаванд;
- дар санксияи модда калимаи "сад" ба калимаҳои "яксаду панҷоҳ" ва калимаи "даҳ" ба калимаи "панҷоҳ" иваз карда шаванд.
16. Дар диспозитсияи моддаи 610 калимаҳои "бонкҳо ё муассисаҳои дигари молиявию кредитӣ" ба калимаҳои "ташкилотҳои қарзӣ" иваз карда шаванд.
17. Санксияи моддаи 611 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад".
18. Санксияи моддаи 612 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
19. Санксияи моддаи 613 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз ҳаштод то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
20. Санксияи моддаи 614 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
21. Дар моддаи 615:
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";
- санксияи қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони мансабдор ба андозаи аз яксаду ҳаштод то дусад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";
- санксияи қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони мансабдор ба андозаи аз яксаду ҳаштод то дусад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
22. Санксияи моддаи 616 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳашт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
23. Моддаҳои 617 ва 618 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"Моддаи 617. Соҳибкории ғайриқонунӣ
1. Барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирии давлатӣ, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 618. Соҳибкории сохта
Барои соҳибкории сохта, яъне таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва ё ба қайди давлатӣ гирифтани соҳибкори инфиродӣ бидуни мақсади пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бо мақсади бо роҳи саркашӣ аз пардохти андозҳо ба даст овардани фоида бе амалан анҷом додани амалиёти андозбандишаванда, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, -
ба шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ба андозаи аз сад то яксаду панҷоҳ, ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
24. Дар моддаи 620:
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд ва шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.";
- санксияи қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба шахсони мансабдор ба андозаи аз ҳаштод то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
25. Дар моддаи 623:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "бист то чил" ба калимаҳои "ҳаштод то сад" иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "шаст то ҳаштод" ба калимаҳои "яксаду панҷоҳ то дусад" иваз карда шаванд.
26. Ба моддаи 696 пас аз рақамҳо ва калимаи "309 қисми 1," рақам ва калимаҳои "311 қисмҳои 2 ва 3 (танҳо нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ)," ва пас аз рақамҳо ва калимаи "324 қисми 2," рақамҳо ва калимаи "325 қисми 4," илова карда шаванд.
27. Дар моддаи 697:
- дар қисми 1 рақами "325" ба рақамҳо ва калимаи "325 қисмҳои     1-3" иваз карда шавад;
- дар сархати дуюми қисми 2 рақами "325" ба рақамҳо ва калимаи "325 қисмҳои 1-3", рақам ва калимаҳои "330 қисмҳои 1 ва 3" ба рақами "330" иваз карда шаванд.
28. Ба моддаи 732 пас аз рақами "311" калимаҳои ",ба истиснои шахсони ҳуқуқӣ" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012, № 910

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 8 ноябри соли 2012,  № 960
 

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012,  № 424


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.13    №: 3-8    Мутолиа карданд: 691

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед