logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА

Қонуни мазкур муносибатҳои  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, новобаста ба шаклҳои моликияташон, барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии сифати ҳавои атмосфера ва таъмини амнияти экологӣ танзим менамояд. 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ҳавои атмосфера - қабати газҳое, ки заминро иҳота карда, асосан аз нитроген, оксиген, омехтаи газҳои инертӣ, дуоксиди карбон, озон ва дигар газҳо иборат мебошад;
- қабати озонӣ - қабати атмосфера, ки байни баландиҳои 7-8 километр дар қутбҳои замин, дар экватор 17-18 километр ва дар рӯи сайёра бо зичии зиёд дар баландиҳои 20-22 километр аз сатҳи замин воқеъ гардида, шуои ултрабунафши барои мавҷудоти зинда ҳалокатовари кайҳониро аз худ намегузаронад;
- партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера - ворид шудани  моддаҳои ифлоскунанда аз манбаъҳои партовҳо ба ҳавои атмосфера;
- дастгоҳи газтозакунӣ - иншоот ва (ё) таҷҳизот барои тоза намудани газҳо бо усулҳои физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва дигар усулҳои нобудсозӣ ва безараргардонии моддаҳои ифлоскунанда;
- ифлосшавии ҳавои атмосфера - ворид шудан ба ҳавои атмосфера, мавҷуд будан ва ё пайдо шудани моддаҳои ифлоскунандаи муҳити зист, ки дар натиҷаи таъсири зараровари он хосият, мавқеъ ё миқдорашон боиси тағйироти манфии сифати  ҳавои атмосфера, аз он ҷумла боиси баландшавии меъёрҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера мегардад;
- моддаи ифлоскунанда - моддаи кимиёвӣ ё биологӣ ва ё омехтаи чунин моддаҳо, ки ба ҳавои атмосфера ворид шуда, ба саломатии инсон ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад;
- манбаъҳои партов - таҷҳизоти технологӣ ва дигар таҷҳизот, равандҳои технологӣ, мошину механизмҳо, ки моддаҳои ифлоскунандаро  ба ҳавои атмосфера партов мекунанд;
- сифати ҳавои атмосфера - вазъи ҳавои атмосфера, ки ба он нишондиҳандаҳои кимиёвӣ, биологӣ ва дигар нишондиҳандаҳо ё маҷмӯи онҳо хос аст;
- манбаъҳои сайёри партов - воситаҳои нақлиёт ва мошинҳои худгарди муҳаррикдор, ки аз истифодаи онҳо ҳавои атмосфера бо партови моддаҳои зараровар ифлос  мегардад;
- мониторинги ҳавои атмосфера - системаи мушоҳидаи вазъи ҳавои атмосфера, ифлосшавии он ва зуҳуроти табиии дар он бавуҷудоянда, инчунин арзёбӣ ва пешгӯии вазъи ҳавои атмосфера ва ифлосшавии он;
- беҳтарин усулҳои дастраси техникӣ - равандҳои технологӣ, усулҳо, тартиби ташкили истеҳсоли маҳсулот ва энергия, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии иншооту таҷҳизот, ки камшавӣ ва (ё) пешгирии ворид шудани моддаҳои ифлоскунандаро ба ҳавои атмосфера дар муқоиса ба онҳое, ки истифода мешаванд ва барои таъмини меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера бо шарти аз лиҳози иқтисодӣ мақсаднок ва аз ҷиҳати техникӣ имконпазир будани истифодаи онҳо самаранокии зиёдтар доранд,  таъмин менамоянд;
- шароити номусоиди метеорологӣ - шароити метеорологии қабати атмосфераи болои манбаъҳои партовҳо, ки ба бештар ифлос шудани ҳавои атмосфера мусоидат мекунанд;
- меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера - меъёрҳои мақбули ворид шудани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки ҳангоми риоя гардиданашон  меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера таъмин мешаванд;
- меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера - меъёрҳои ҷоизи ғилзати моддаҳои кимиёвӣ, омехтаи онҳо, микроорганизмҳои ҳавои атмосфера, ки ҳангоми риоя шуданашон барои  муҳити зист ва саломатии инсон таъсири номатлуб ва  оқибати бад надоранд;
- меъёри ҳадди ҷоизи таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера - меъёре, ки барои ҳар як манбаи таъсири физикӣ (садо, ларзиш, майдонҳои электромагнитӣ) ва дигар таъсирҳои физикӣ ба ҳавои атмосфера ҳангоми таъсири зараровари физикӣ аз ин ё он манбаъ ва ҳамаи дигар манбаъҳо боиси зиёд шудани ҳадди ҷоизи дараҷаи таъсири физикӣ намегардад, муқаррар карда  мешавад;
- ҳифзи ҳавои атмосфера -  фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидоре, ки ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии сифати ҳавои атмосфера ба воситаи коҳиши ифлосшавии ҳавои атмосфера ва (ё) пешгирии он равона гардидааст;
- манбаъҳои доимии партов - манбаъҳои партове, ки аз раванди технологӣ бармеоянд ва ҷойивазкуниашон бе зарари азими вобаста ба таъиноташон ғайриимкон аст;
- меъёри технологии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера - ҳаҷми ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки барои ҳисоб ба воҳиди ашёи хом, иқтидори истеҳсолӣ, маҳсулоти истеҳсолшаванда, энергияи ҳосилшаванда, ҳаҷми кору хизматрасонии  иҷрошаванда  муқаррар карда мешавад;
- ифлосшавии сарҳадгузари ҳавои атмосфера - ифлосшавии ҳавои атмосфераи ҳудуди як давлат аз манбаъҳои ифлоскунандае, ки дар ҳудуди давлати дигар ҷойгир шудааст;
- таснифи экологии воситаҳои нақлиёти механикӣ - рамзи тахассусие, ки вобаста ба таркиби миқдорӣ ва сифатии партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ба воситаи нақлиёти механикӣ  хос аст.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои Қонуни мазкур
1. Мақсади Қонуни мазкур танзими фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии фаъолияташон бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд буда, бо роҳи коҳиш додан ва (ё) пешгирӣ намудани ифлосшавии ҳавои атмосфера  мебошад. 
 2. Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
- нигоҳдорӣ, беҳтарсозӣ ва барқарорсозии ҳолати ҳавои атмосфера;
- пешгирӣ ва паст кардани дараҷаи таъсири манфии кимиёвӣ, физикӣ, биологӣ ва дигар таъсиррасонӣ ба ҳавои атмосфера;
- истифодаи оқилонаи ҳавои атмосфера;
- пурзӯр намудани тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
- таъмини амнияти экологӣ.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии ҳифзи ҳавои атмосфера
1. Ҳавои атмосфера мувофиқи принсипҳои асосии зерин ҳифз карда мешавад:
- танзим ва идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
- ҳадди ҷоизи таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба ҳавои атмосфера бо назардошти талабот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
- пулакӣ будани партови моддаҳои ифлоскунанда  ба  ҳавои атмосфера ҳангоми фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо;
- бамеъёрдарорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
- пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера ва зараррасонии он ба муҳити зист;
- муносибати илман асоснок, системавӣ ва маҷмӯӣ ба ҳифзи ҳавои атмосфера;
- дастрасии иттилооти экологӣ оид ба вазъи ҳавои атмосфера, таъсир ба он ва тадбирҳои ҳифзи он;
-масъулияти риоя нашудани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ва ҷуброни зарари ифлосшавии ҳавои атмосфера дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо.
2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад принсипҳои дигари ҳифзи ҳавои атмосфераро муқаррар намояд.
Моддаи 5. Объектҳо ва субъектҳои муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
1. Объектҳои муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера иборатанд аз:
- партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;
- манбаъҳои доимии партов;
- манбаъҳои сайёри партов;
- манбаъҳои таъсири зараровари физикӣ;
- меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера;
- меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;
- меъёрҳои ҳадди ҷоизи таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера.
2. Субъектҳои муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера иборатанд аз:
- мақомоти давлатӣ (шахсони мансабдор), ки танзим ва идораи давлатии соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфераро ба зимма доранд;
- шахсоне, ки аз воситаҳои нақлиёти механикӣ истифода мебаранд;
- шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ки бо фаъолияти хоҷагидорӣ ё дигар фаъолияти  бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд машғуланд (минбаъд - субъектҳои хоҷагидори фаъолияташон бо партовҳои моддаҳои  ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд).
Моддаи 6. Таснифи манбаъҳои  партов  ва  моддаҳои ифлоскунанда
1. Манбаъҳои партов аз манбаъҳои доимӣ ва сайёр иборатанд.
2. Манбаъҳои доимии партов ба манбаъҳои доимии муташаккили партов ва манбаъҳои доимии номуташаккили партов тақсим мешаванд.
3. Ба манбаъҳои доимии муташаккили партов манбаъҳои партове мансубанд, ки бо дастгоҳҳои кам кардан ё безарар гардонидани  моддаҳои ифлоскунандаи ба ҳавои атмосфера воридшаванда муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
4. Ба манбаъҳои доимии номуташаккили партов манбаъҳои партове мансубанд, ки бо дастгоҳҳои кам кардан ё безарар гардонидани  моддаҳои ифлоскунандаи ба ҳавои атмосфера воридшаванда муҷаҳҳаз гардонида  нашудаанд.
5. Манбаъҳои сайёри партовҳо иборатанд аз:
- воситаҳои нақлиёти механикӣ (ба истиснои онҳое, ки тавассути муҳаррикони барқӣ ба ҳаракат дароварда мешаванд);
- воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои онҳое, ки тавассути муҳаррикони барқӣ ба ҳаракат дароварда мешаванд);
- ҳавопаймоҳо;
- нақлиёти обӣ;
- мошинҳои худгард.
6. Воситаҳои нақлиёти механикӣ ба дараҷаҳои экологӣ ва моддаҳои ифлоскунанда ба дараҷаҳои хатарнок ҷудо мешаванд.
7. Таснифи экологии воситаҳои нақлиёти механикӣ ва дараҷаҳои хатарнокии моддаҳои ифлоскунанда бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ
ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера инҳо мансубанд:
- таҳия ва татбиқи барномаҳои экологии давлатӣ ва байнидавлатӣ, барномаҳои маҷмӯии байнисоҳавӣ ва маҳаллӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
- тасдиқи банақшагирии тадбирҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи  ҳифзи ҳавои атмосфера, барномаҳои ҷумҳуриявии маҷмӯии соҳавӣ, маблағгузорӣ ва таъмини моддию техникии онҳо;
- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
- муқаррар намудани меъёрҳои ҳадди ҷоизи ғилзати моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера ва дараҷаи таъсири зараровари физикӣ ва дигар таъсирҳо ба онҳо, тартиби ситонидани пардохт аз партовҳои моддаҳои зараровар ва дигар таъсири зарарнок ба муҳити  зист;
- муқаррар намудани тартиби ягонаи баҳисобгирии давлатии таъсиррасонии манфӣ ба ҳавои атмосфера, мониторинги вазъи ҳавои атмосфера, ташкили махзани маълумоти ҷумҳуриявӣ ва системаи ягонаи иттилоот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
- ҳавасмандгардонии таҳқиқоти илмӣ, аз он ҷумла татбиқ ва истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва захираҳо, беҳтарин усулҳои дастраси техникӣ;
- дигар масъалаҳои танзими муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
1. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳо  оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера иборатанд аз:
- муайян кардани самтҳои асосии ҳифзи ҳавои атмосфера ва тасдиқи барномаҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера аз таъсири зараровар ба ҳудудҳои зертобеъашон;
- баҳисобгирии объектҳое, ки ба вазъи ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд;
- банақшагирӣ, маблағгузорӣ ва таъмини моддию техникии иҷрои барномаҳо оид ба ҳифзи ҳавои  атмосфера;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо новобаста ба шаклҳои моликият ва тобеъияташон, инчунин хадамоти экологии соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
- баррасии дигар  масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера дар доираи салоҳияташон.
2. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера, инчунин иҷрои ӯҳдадориҳои шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст, таъмин менамоянд.

БОБИ 3. МЕХАНИЗМИ ИҚТИСОДИИ
ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 10. Банақшагирӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
1. Бо мақсади ҳифз ва барқарорсозии сифати ҳавои атмосфера ва таъмини амнияти экологӣ барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера таҳия карда мешаванд.
2. Барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера бояд чунин маълумотро дошта бошанд:
- номгӯи чорабиниҳое, ки ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии сифати ҳавои атмосфера равона шудаанд;
- рӯйхати иҷрокунандагони масъул, ҳаҷм ва манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои дар барнома пешбинишуда;
-нишондиҳандаҳо оид ба кам шудани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, мӯҳлати ноил шудан ба онҳо ва дигар натиҷаҳои чашмдошти  иҷрои барномаҳо.
3. Лоиҳаи барномаҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера метавонанд ба муҳокимаи шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо мақсади баҳисобгирии таклифҳои онҳо ҳангоми лоиҳакашӣ ва амалигардонии тадбирҳои беҳтар кардани сифати ҳавои атмосфера пешниҳод гарданд.
4. Маблағгузории барномаҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера тибқи   қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 11. Пардохт  барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера
1. Барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон, ки манбаъҳои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера доранд, пардохт ситонида мешавад.
2. Пардохтҳо барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз инҳо иборатанд:
- пардохт барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар ҳудуди меъёрҳои муқарраргардидаи ҳадди ҷоиз ё партовҳои муваққатан мувофиқашуда;
- пардохт барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда;
- пардохт барои партовҳои садамавӣ ба ҳавои атмосфера.
3. Андозаи пардохти партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, тартиби муайянкунӣ ва ситонидани он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дараҷаи хатарнокии моддаҳои ифлоскунанда барои саломатии инсон ва муҳити зист муқаррар карда мешавад.
Моддаи 12. Ҳавасмандгардонии иқтисодӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
1. Ҳавасмандгардонии иқтисодӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера барои таъмини мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- сохтмон ё таҷдиди дастгоҳҳои газтозакунӣ;
- созмони системаҳои автоматикунонидашудаи назорат ба партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;
- фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера, аз ҷумла татбиқ ва истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва (ё) технологияҳои сарфакунандаи захира, беҳтарин усулҳои дастраси техникӣ;
- истифодаи энергияи офтоб, шамол, гармии замин, ҳаракати табиии ҷараёни об, сӯзишворӣ аз чӯб ва дигар намудҳои биомасса, гази биологӣ ва манбаъҳои дигари энергия, ки ба ҳавои атмосфера таъсири кам доранд;
- татбиқи дигар тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера.
2. Тартиб ва шартҳои ҷорӣ кардани ҳавасмандгардонии иқтисодӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

БОБИ 4. БАМЕЪЁРДАРОРӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 13. Меъёрҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
1. Меъёрҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера иборатанд аз:
- меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера;
- меъёрҳои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;
- меъёрҳои таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера.
2. Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар намудҳои меъёрҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфераро  муқаррар намояд.
Моддаи 14. Меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера
1. Бамеъёрдарории сифати ҳавои атмосфера бо мақсади муқаррар намудани меъёри ҳадди ҷоизи таъсир ба ҳавои атмосфера, ки бехатарии экологии аҳолӣ ва муҳити зисти табииро дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият таъмин мекунад, амалӣ карда мешавад.
2. Меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера  иборатанд аз:
- меъёрҳои ҳадди ҷоизи ғилзати моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера ва дараҷаҳои тахминии бехатари таъсири моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфераи маҳалҳои аҳолинишин ва истироҳатгоҳҳои умумии аҳолӣ;
- меъёрҳои ғилзати бехатари экологии моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфераи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва объектҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, инчунин ҳудудҳои табиие, ки ба ҳифзи махсус  зарурат доранд.
3. Меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологии аҳолӣ муқаррар карда мешаванд, ба шарте ки қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Моддаи 15. Меъёрҳои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера
1. Меъёрҳои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера инҳоянд:
- меъёрҳои технологии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;
- меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;
- меъёрҳои моддаҳои ифлоскунанда дар таркиби газҳои коркардшудаи манбаъҳои сайёри  партовҳо.
2. Ба меъёрҳои технологии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера  инҳо дохиланд:
- меъёрҳои технологии соҳавии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;
- меъёрҳои технологии инфиродии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера.
3. Меъёрҳои технологии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера барои манбаъҳои партовҳо аз рӯи беҳтарин усулҳои дастраси техникӣ ва ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд,  муқаррар карда мешаванд.
4. Меъёрҳои технологии соҳавии партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
5. Меъёрҳои технологии инфиродии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз ҷониби субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст, таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
6. Меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера барои манбаъҳои доимии партов аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист дар иҷозат барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки ба субъекти хоҷагидори фаъолияташ бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд дода шудааст, муқаррар карда мешаванд.
7. Дар ҳолати меъёрҳои ҷоизи партовро риоя накардани субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияташон бо  партовҳои моддаҳои ифлоскунанда бо ҳавои атмосфера алоқаманд аст, мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист метавонад барои чунин субъектҳо меъёрҳои муваққатии партови моддаҳои ифлоскунандаро ба ҳавои атмосфера муқаррар намояд.
8. Меъёрҳои моддаҳои ифлоскунанда дар таркиби газҳои коркардшудаи манбаъҳои сайёри  партов дар санадҳои меъёрии техникӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 16. Меъёрҳои таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера
1. Бо мақсади танзими давлатии таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера меъёрҳои ҳадди ҷоизи таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера муқаррар карда мешаванд.
2. Меъёрҳои ҳадди ҷоизи таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

БОБИ 5. ТАЛАБОТ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ
ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 17. Ӯҳдадориҳои шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидори фаъолияташон бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд
1. Шахсоне, ки аз воситаҳои нақлиёти механикӣ истифода мебаранд, ӯҳдадоранд меъёрҳои моддаҳои ифлоскунандаро дар таркиби газҳои коркардшудаи манбаъҳои сайёри партовҳо риоя намоянд.
2. Субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо  партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст, ӯҳдадоранд ки: 
- тадбирҳоеро таҳия ва амалӣ созанд, ки ифлосшавии ҳавои атмосфераро  пешгирӣ намоянд;
- дар сурати имконнопазир будани таъмини риояи меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ва (ё) меъёрҳои технологии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера бо назардошти истифодаи беҳтарин усулҳои дастраси техникӣ манбаъҳои партови доимии номуташаккилро бо дастгоҳҳои газтозакунӣ муҷаҳҳаз гардонанд;
- ба зиёдшавии меъёрҳои муқарраргардидаи соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера роҳ надиҳанд, дар ҳолати зиёдшавии ин меъёрҳо барои рафъи сабабу оқибати партовҳои аз меъёр зиёди моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера тадбирҳо андешанд ва дар сурати ҷой доштани чунин далелҳо мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зистро фавран огоҳ намоянд;
- ҳангоми имконнопазир будани риояи меъёрҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера истифодаи манбаъҳои партовро то рафъи камбудиҳои ошкоршуда боздоранд ё пурра қатъ намоянд;
- оид ба кам кардани партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар давраи шароити номусоиди метеорологӣ ва таъмини иҷрои онҳо чораҳо андешанд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти экологӣ пешниҳод намоянд;
- таълим (омӯзиш), дастурдиҳӣ, санҷиши дониш, такмили ихтисоси кормандонеро, ки ба ҳифзи ҳавои атмосфера  машғуланд, таъмин намоянд;
- ӯҳдадориҳои дигари дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаро  иҷро намоянд.
Моддаи 18. Талабот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми лоиҳакашӣ, ҷойгиронӣ, сохтмон ва таҷдиди объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият
1. Лоиҳаи объекти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолияти бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд  бо назардошти талаботи зерин тарҳсозӣ карда мешавад:
- иттилоот оид ба беҳтарин усулҳои дастраси техникӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби аз тарафи он муқарраргардида пешниҳод карда мешавад;
- меъёрҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
- маълумот дар бораи ғилзати заминаи моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера;
- нишондиҳандаҳо оид ба камкунии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки дар барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллии соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера  пешбинӣ шудаанд.
2. Лоиҳакашӣ, ҷойгиронӣ ва сохтмони объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, ки истифодаашон  метавонад ба тағйирёбии иқлим ва қабати озон таъсири номусоид расонад, саломатии инсонро бад кунад, ҳаёти инсон ва муҳити зистро зери хатар гузорад, манъ карда мешаванд.
3. Дар атрофи объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, ки бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд мебошанд, минтақаи санитарию муҳофизатӣ муқаррар карда мешавад. Андоза ва ҳудуди чунин минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ дар асоси ҳисоби паҳншавии моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера бо назардошти ғилзати заминаи моддаҳои ифлоскунандаи  ҳавои атмосфера ва оне, ки берун аз ҳудуди ин минтақаҳо  миқдори моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера аз меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера зиёд нестанд, муайян карда мешаванд.
4. Ба истифода додани объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолияти бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера, аз он ҷумла талаботи санадҳои меъёрии техникии риояашон ҳатмӣ ҷавобгӯ нест, манъ мебошад.
Моддаи 19. Талабот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои доимии партов
1. Манбаъҳои муташаккили доимии партов:
- бо нуқтаҳои намунагирӣ ва гузаронидани санҷиши партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера  мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии техникии риояашон ҳатмӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон таҷҳизонида мешаванд;
- бо системаҳои автоматикунонидашудаи назорати партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии техникии риояашон ҳатмӣ таҷҳизонида мешаванд.
2. Партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои доимии партов фақат ҳангоми доштани иҷозат барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки мувофиқи  меъёрҳои ҷоизи партови  моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ва шартҳои дар чунин иҷозат муқарраргардида,  имконпазир  мебошад.
Моддаи 20. Талабот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои сайёри партов
1. Партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои сайёри партов бояд дар ҳолатҳои зайл зери санҷиши субъектҳои хоҷагидоре қарор гиранд, ки истеҳсол, истифода, хизматрасонии техникӣ ва таъмири манбаъҳои сайёри партовро бо истифодаи усулҳои инструменталӣ доир ба мувофиқати мавҷудияти воқеъияти моддаҳои ифлоскунанда ба меъёрҳои мавҷудияти моддаҳои ифлоскунандаи таркиби газҳои манбаъҳои сайёри партов ба ӯҳда доранд:
- ҳангоми истеҳсоли манбаъҳои сайёри партовҳо;
- ҳангоми додани иҷозат ба воситаҳои механикии нақлиёт барои ҳаракат дар роҳҳо;
- баъди хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҷузъҳо ва агрегатҳои манбаъҳои сайёри партове, ки ба  партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд.
2. Партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои сайёри партов аз меъёрҳои моддаҳои ифлоскунандаи таркиби газҳои коркардшудаи манбаъҳои сайёри партовҳо, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист муқаррар карда шудааст, набояд зиёд бошанд.
3. Истифодаи манбаъҳои сайёри партове, ки моддаҳои ифлоскунандаи таркиби газҳои коркардшудаи онҳо аз меъёрҳои манбаъҳои сайёри партов зиёданд, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 21. Талабот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми сӯзондани сӯзишворӣ, моддаҳо, омехтаи моддаҳо, маводу партовҳо
1. Сӯзонидани сӯзишворӣ, моддаҳои карбогидратдор, омехтаи моддаҳо, маводу партовҳо  (минбаъд дар ҳамин модда - моддаҳои ҳамчун сӯзишворӣ истифодашаванда) дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода мешавад:
- мутобиқати сӯзишворӣ, моддаҳои ҳамчун сӯзишворӣ истифодашаванда ба санадҳои меъёрию техникии риояашон ҳатмӣ;
- мутобиқати таҷҳизоти технологӣ ва дигар таҷҳизоте, ки барои сӯзонидани намуди муайяни сӯзишворӣ, моддаҳои ҳамчун сӯзишворӣ истифодашаванда таъингардида ба талаботи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера, дар бораи ҳифзи муҳити зист, аз он ҷумла дар бораи муносибат бо партовҳо.
2. Сӯзонидани сӯзишворӣ ва моддаҳои ҳамчун сӯзишворӣ истифодашаванда дар ҷойҳо ва (ё) дастгоҳҳои барои сӯзонидани сӯзишворӣ пешбининашуда манъ аст.
3. Сӯзонидани моддаҳо ва омехтаи моддаҳо, маводу партове, ки  сӯзишворӣ ба ҳисоб намераванд манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки мавод бо истифодаи дастгоҳҳои махсус ва риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист, аз он ҷумла дар бораи муносибат бо партовҳо сӯзонида мешавад.
Моддаи 22. Талабот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми пеш омадани шароити номусоиди метеорологӣ
1. Партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар ҳолате танзим карда мешавад, ки шароити номусоиди метеорологӣ пеш ояд ва тибқи маълумоти нуқтаҳои мушоҳидавии мониторинги ҳавои атмосфера ғилзати баландтарини моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера аз меъёри сифати ҳавои атмосфера  зиёд бошад.
2. Тадбирҳо оид ба кам кардани партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар давраи шароити номусоиди метеорологӣ дар шартҳои иҷозатномаи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера  дохил мешаванд.
3. Ҳангоми тағйирёбии вазъи ҳавои атмосфера, ки сабаби рӯй доданаш партови садамавии  моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера мебошад ва хатари он ба ҳаёт ва саломатии инсон таҳдид менамояд, оид ба ҳифзи аҳолӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.
Моддаи 23. Талабот дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми  таъсири зараровари физикӣ ба атмосфера
1. Ҳама гуна таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера дар сурати риоя кардани меъёрҳои ҳадди ҷоиз дар мавриде, ки барои он мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат дода бошанд,  ҳамчунин дар сурати риоя кардани дигар талаботи пешбининамудаи ин иҷозатнома раво мебошад.
2. Ҳангоми риоя накардани талаботи мазкур фаъолияти дахлдори корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳо, консернҳо, ширкату ассотсиатсияҳо,  иттиҳодияву кооперативҳо, корхонаҳои хурд, cехҳо ва дастгоҳҳои дигар ташкилотҳоро бо қарори мақоме, ки  назорати давлатии ҳифзи ҳавои атмосфераро ба зимма дорад, то вақти бартараф кардани сабабу шароити ин қонуншиканӣ боздоштан, маҳдуд ё манъ кардан мумкин аст.
3. Барои  мубориза бо садоҳои истеҳсолот ва дигар садоҳо бояд корҳои зайл ба анҷом расонида шаванд:
- равандҳои технологии пастсадо татбиқ карда шаванд;
- конструкcияи воситаҳои нақлиёт ва истифодаи онҳо, инчунин нигоҳубини  роҳҳои оҳан ва автомобилгард, кӯчаҳо, ҷойгиронии  фурудгоҳҳо, иншооту таҷҳизоти саноатӣ ва дигар иншооту таҷҳизоте, ки манбаи садо мебошанд, беҳтар карда, аз маҳалҳои аҳолинишин ва ноҳияҳои сераҳолӣ дар масофаи зарурӣ ҷойгир карда шаванд;
- банақшагирӣ ва сохтмони шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин беҳтар карда шаванд;
- оид ба пешгирӣ ва кам кардани садоҳои маишӣ тадбирҳои ташкилӣ андешида шаванд;
4. Шаҳрвандон вазифадоранд, ки талаботи мубориза бурдан бо садоҳои маишӣ дар манзили  истиқоматӣ, дар кӯчаҳо, ҷойҳои истироҳат ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ муқарраршударо риоя намоянд.
5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири зараровари садо, ларзиш, майдонҳои электромагнитӣ, афканишот ва дигар манбаъҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Моддаи 24. Ҳифзи иқлим ва қабати озони Замин
Ҳифзи иқлим ва қабати озони Замин аз таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият бо роҳҳои зайл таъмин карда мешаванд:
- риояи меъёрҳои ҳадди ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунандае, ки ба тағйирёбии иқлим ва қабати озони Замин таъсир мерасонанд;
- кам кардани партови моддаҳои зарарноке, ки самараи гармӣ меоранд, танзими истеҳсол ва дар рӯзгор истифода бурдани моддаҳои химиявие, ки қабати озонро вайрон мекунанд;
- татбиқи чораҳои масъулият барои риоя накардани талаботи мазкур;                                                         
- иҷро кардани дигар тадбирҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоxикистон "Дар бораи ҳифзи муҳити зист".
Моддаи 25. Додани иҷозат барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера
1. Ба партови моддаҳои зараровари ифлоскунандаи ҳавои атмосфера аз манбаъҳои доимии партов мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат медиҳад.
2. Дар иҷозати партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ва шартҳои амалигардонии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера  муқаррар карда  мешаванд.
3. Партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфераи аз меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера зиёд, ки дар иҷозати партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера муқаррар гардидааст ё риоя накардани шартҳои он манъ аст.
Моддаи 26. Ифлосшавии  сарҳадгузари ҳавои атмосфера
Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудааш дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера барои кам кардани партовҳое, ки боиси  ифлосшавии сарҳадгузари ҳавои атмосфера мегардад, тадбирҳо меандешад.

БОБИ 6. БАҲИСОБГИРӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА. БАРӮЙХАТГИРИИ (ИНВЕНТАРИЗАТСИЯИ) ПАРТОВИ МОДДАҲОИ ИФЛОСКУНАНДА БА ҲАВОИ АТМОСФЕРА. МОНИТОРИНГИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 27. Баҳисобгирӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
1. Баҳисобгирӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера аз тарафи субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои ғайрисайёри партовҳо алоқаманданд, бо роҳи дар ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгирӣ бо далел инъикос намудани иттилооти экологӣ оид ба партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера,  ифлосшавии ҳавои атмосфера ва тадбирҳо барои ҳифзи он бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Баҳисобгирии давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ба инҳо дахл доранд:
- субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера  алоқаманд аст;
- манбаъҳои доимии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;
- партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера.
3. Баҳисобгирии давлатиро мақоми ваколатдори давлатӣ    дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Моддаи 28. Барӯйхатгирии  (инвентаризатсияи) партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера
1. Субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст, ӯҳдадоранд партови моддаҳои ифлоскунандаро ба ҳавои атмосфера мавриди барӯйхатгирӣ  қарор диҳанд.
2. Тартиби барӯйхатгирии (инвентаризатсияи) партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 29. Мониторинги ҳавои атмосфера
1. Мониторинги ҳавои атмосфера  қисми таркибии Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Мониторинги ҳавои атмосфера мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 30. Ҳамкории  байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
 Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешавад.

БОБИ 7.  МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 31. Назорат дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
1. Назорат дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера бо мақсади риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера, аз ҷумла, риояи ҳатмии санадҳои меъёрии техникӣ амалӣ карда  мешавад.
2. Назорат дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера қисми таркибии назорати соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошад ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ карда мешавад.
3. Назорати давлатии санитариро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологӣ ваколатдор мебошанд, амалӣ менамоянд.
Моддаи 32. Ҳалли баҳсҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Баҳсҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 33. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 34. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод.53; с. 1997, № 23-24, мод. 333, фасли XXVI; с.  2007, №5, мод. 370; с. 2009, № 9-10, мод.550; с. 2010, №7, мод. 564) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 35. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012, № 915


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996, №229 "Оиди тартиби амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3,  мод. 54; с. 2007, №4, мод. 273; с.2009, №9-10, мод.574; с.2010, №4, мод.294) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2012,  № 931

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012,   № 444


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.13    №: 3-8    Мутолиа карданд: 783

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед