logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ӮҲДАДОРИИ УМУМИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №11, мод. 539; с. 2003, № 4, мод. 146; №8, мод. 461; с. 2004, №2, мод. 50; №7, мод. 464; с. 2005, №3, мод. 117; с. 2006, №11, мод. 467; с. 2007, №7, мод. 659; с. 2010, №7, мод. 542; мод. 553) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии ба иҷрои ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ алоқамандбудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим намуда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии қайди ҳарбӣ, ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардан, даъват намудан, дохил шудан, тартиби адо ва рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ин соҳа муқаррар менамояд.".
3. Дар номи фасли 1 калима ва рақами "ФАСЛИ 1" ба калима ва рақами "БОБИ 1." иваз карда шаванд.
4. Дар тамоми матни Қонун сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд.
5. Дар қисми панҷуми моддаи 1 калимаҳои "ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо," ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 3:
- дар номи модда калимаҳои "Ӯҳдадории мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ"  ба калимаҳои "Ӯҳдадориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ӯҳдадоранд:";
- дар сархати якуми қисми сеюм калимаҳои "ноҳия ё шаҳр" ба калимаҳои "шаҳр ё ноҳия" иваз карда шаванд;
- дар матни қисми чорум калимаи "санадҳои" ба калимаи "асноди" иваз карда шавад;
- ба қисми панҷум баъд аз калимаи "Мақомоти" калимаи "давлатии" илова карда шавад;
- дар қисми ҳаштум калимаҳои "Комиссияҳои экспертии тиббии меҳнатӣ" ба калимаҳои "Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ" иваз карда шаванд.
7. Дар қисми якуми моддаи 4 калимаи "ҳукуматҳо" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шавад.
8. Дар номи фасли II калима ва рақами "ФАСЛИ II" ба калима ва рақами "БОБИ 2." иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 7:
- дар номи модда ва матни қисми якум калимаи "кайди" ба калимаи "қайди" иваз карда шавад;
- ҷумлаи дуюми қисми якум қисми дуюми модда ҳисобида шавад;
- дар қисми дуюм калимаи "ҷамоатҳо" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаи "мукаррар" ба калимаи "муқаррар" иваз карда шавад;
- дар қисми нӯҳум калимаҳои "Ҳукуматҳо ва ҷамоатҳо" ба калимаҳои "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 8:
- дар қисми якум калимаҳои "ноҳиявӣ ё шаҳрии" ба калимаҳои "шаҳрӣ ё ноҳиявии" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои "ноҳия ё шаҳр" ба калимаҳои "шаҳр ё ноҳия" иваз карда шаванд;
- дар матни қисми сеюм калимаҳои "ноҳия ё шаҳр" ва "ноҳия (шаҳр)" мувофиқан ба калимаҳои "шаҳр ё ноҳия" ва "шаҳр (ноҳия)" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми шашум калимаҳои "ноҳия ё шаҳр" ба калимаҳои "шаҳр ё ноҳия" иваз карда шаванд. 
11. Дар моддаи 9:
- дар матни қисми якум калимаҳои "ҷамоатҳо", "ҷамоати", "ноҳияю шаҳр" ва "ҷамоат"  мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот", "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти", "шаҳр ё ноҳия" ва "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд; 
- дар қисми дуюм калимаи "ҷамоати" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти" иваз карда шавад.
12. Номи фасли III дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"БОБИ 3. БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ТАЙЁР КАРДАНИ ШАҲРВАНД".
13.  Дар  қисми  якуми  моддаи 13 калимаҳои "ҳукуматҳо, ҷамоатҳо" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.
14. Дар қисми чоруми моддаи 14 калимаҳои "ноҳия ва шаҳр" ба калимаҳои "шаҳр ва ноҳия" иваз карда шаванд.
15. Дар номи фасли IV калима ва рақами "ФАСЛИ IV" ба калима ва рақами "БОБИ 4." иваз карда шаванд.
16. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 23 калимаҳои "ноҳия ё шаҳр" ба калимаҳои "шаҳр ё ноҳия" иваз карда шаванд. 
17. Дар матни қисми якуми моддаи 24 калимаҳои "ноҳия ё шаҳр" ба калимаҳои "шаҳр ё ноҳия" иваз карда шаванд. 
18. Дар қисми сеюми моддаи 25 калимаҳои "ноҳия ё шаҳри" ба калимаҳои "шаҳр ё ноҳияи" иваз карда шаванд.
19. Дар моддаи 26:
- дар сархати шашуми қисми якум калимаи "Ҳукумати" ба калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати корҳои дохилии" иваз карда шавад;
- дар қисми чорум калимаҳои "ноҳиявию шаҳриро" ба калимаҳои "шаҳрию ноҳиявиро" иваз карда шаванд. 
20. Дар қисми дуюми моддаи 27 калимаи "ҷамоатҳо" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шавад.
21. Дар номи фасли V калима ва рақами "ФАСЛИ V" ба калима ва рақами "БОБИ 5." иваз карда шаванд.
22. Номи фасли VI дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"БОБИ 6. ХИЗМАТИ ҲАРБӢ".
23. Дар қисми шашуми моддаи 32 калимаҳои "адои ҳарбӣ" ба калимаҳои "адои хизмати ҳарбӣ" иваз карда шаванд. 
24. Номи фасли VII дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"БОБИ 7. РУХСАТ ШУДАН АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ".
25. Номи фасли VIII дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"БОБИ 8. ЭҲТИЁТИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҚОМОТИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН". 
26. Дар қисми чоруми моддаи 46 ва қисми сеюми моддаи 47 калимаҳои "ноҳия ё шаҳр" ба калимаҳои "шаҳр ё ноҳия" иваз карда шаванд.
27. Номи фасли IХ дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012, №  920


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии
ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" қабул карда шавад. 

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 октябри соли 2012,  №  945

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012,  №  432


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.13    №: 3-8    Мутолиа карданд: 1100
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед