logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №3, мод. 168) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба ҳифз, истифода, нигаҳдорӣ ва тарғиби объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ танзим менамояд.".
3. Моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Мақсади  Қонуни мазкур
Мақсадҳои  Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
- танзими ҳуқуқии таъмини ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, рушди минбаъдаи онҳо ба манфиати ҷомеа;
- муайян намудани низоми ҳуқуқии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҳамчун намуди хоси молу мулки ғайриманқул ва сарвати умумимиллӣ;
- муқаррар намудани назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
- таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
- ҳимояи ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва муайян намудани ӯҳдадориҳои онҳо оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
- муҳайё кардани шароити мусоид барои нигаҳдорӣ ва барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
- муайян намудани ҷавобгарӣ барои амал ё беамалие, ки дар натиҷаи он ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ зарари мустақим ё ғайримустақим расонида мешавад.".
4. Ба Қонун моддаи 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 11. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:  
- объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ - объектҳо ё ашёи таърихии фарҳанги моддӣ ва маънавӣ, ки аҳамияти таърихӣ, илмӣ ва фарҳангии умумибашарӣ, умумидавлатӣ ё маҳаллӣ доранд;
- ҳифзи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ - низоми чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ, иттилоотӣ, моддию техникӣ ва ғайраи аз тарафи давлат андешидашуда, ки барои дарёфт, баҳисобгирӣ, омӯзиш, пешгирии вайроншавӣ ва нобудшавӣ, назорати нигаҳдорӣ, истифода ва тарғиби объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ таъйин гардидаанд;
- экспертизаи таърихию фарҳангӣ - тадбирҳои ташкилӣ, илмӣ ва техникӣ барои муайянкунӣ ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
- Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ - номгӯи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ки барои таҳияи махзани маълумот ё низомҳои иттилоотӣ дар бораи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва истифодаи онҳо манбаи асосии иттилоот ба ҳисоб меравад;
- минтақаҳои ҳифзи объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ - ҳудуди тибқи қонунгузорӣ муайяншудае, ки дар онҳо объектҳои мазкур ҷойгиранд ё корҳо оид ба дарёфт ва муайянкунӣ ҷараён доранд;
- барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ - маҷмӯи чорабиниҳо оид ба омода намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ барои истифода, аз ҷумла омӯзиш, ҳифз, консерватсия ва таъмири онҳо;
5. Моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ
Ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ объектҳои манқул ва ғайриманқул, осори рассомӣ, муҷассамасозӣ, санъати амалии ороишии ба онҳо марбут, инчунин дигар ашёи фарҳанги моддӣ, ки аз назари таърих, бостоншиносӣ, фарҳанг, меъморӣ, шаҳрсозӣ, санъат, эстетика арзиши муайян доранд, дохил мешаванд.".
6. Дар моддаи 5: 
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- объектҳои мероси таърихию фарҳангии аҳамияти умумидавлатӣ, ки дорои арзиши баланди таърихӣ, илмӣ, меъморӣ ва бадеӣ мебошанд, аз он ҷумла объектҳои бостоншиносӣ;";
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- объектҳои мероси таърихию фарҳангии аҳамияти маҳаллӣ, ки дар ҳудуди маҳал (шаҳр, ноҳия) дорои арзиши муайяни таърихӣ, илмӣ, меъморӣ ва бадеӣ мебошанд;";
-  сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- объектҳои мероси таърихию фарҳангии аҳамияти байналмилалӣ, ки ба Номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ дохил шудаанд.".
7. Ба Қонун моддаи 51 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 51. Ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ
Ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ қитъаи замине ҳисобида мешавад, ки аз ҷиҳати функсионалӣ, банақшагирии меъморӣ, сохтори хатҳои муҳандисӣ ва марзҳои қаблан муқарраршуда ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ марбут аст. Ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ қисми таркибии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ буда, қитъаи замини он тақсимнашаванда мебошад.
Тарҳи ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти санадҳои таърихию ҳуқуқӣ (лоиҳаҳои меъморӣ, тасвирҳо, ҳуҷҷатҳои расман тасдиқшудае, ки ба истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҳуқуқ медиҳанд) муайян карда мешавад.
Дар ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ сохтмони объектҳои нав, ба истиснои объектҳое, ки ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ марбутанд, манъ аст.".
8. Қисми чоруми моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 "Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ба таври ҳатмӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ карда мешаванд, дорои низоми махсуси ҳуқуқи истифода, тағйири ҳуқуқи моликият ба онҳо ва маҳрум намудан аз вазъи ҳуқуқӣ мебошанд.".
9. Дар моддаи 7 калимаҳои "мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ (минбаъд - мақомоти ваколатдор)" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ)" иваз карда шаванд.
10. Дар сархати дуюми моддаи 8 калимаи "ҷумҳуриявиро" ба калимаҳои "умумидавлатӣ ва байналмилалиро" иваз карда шавад.
11. Дар моддаи 9:
- дар номи модда калимаҳои ""мақомоти ваколатдор оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар матни модда калимаҳои ""Мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати нӯҳум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";"  иваз карда шавад;
- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон, муҳайё намудани шароит барои барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ мунтазам чораҳо меандешад.".
12. Аз қисми якуми моддаи 11 калимаҳои "оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" хориҷ карда шаванд.
13. Аз қисми якуми моддаи 12 калимаҳои "низоми муттасили иттилоотиест, ки он" хориҷ карда шаванд.
14. Дар қисмҳои якум ва панҷуми моддаи 13, қисми якуми моддаи 15, моддаи 16, қисми дуюми моддаи 22 калимаҳои "мақомоти ваколатдор" ва "Мақомоти ваколатдор" мутаносибан ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" ва "Мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
15. Дар моддаи 18:
- дар сархати шашум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;
-  сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- пешниҳоди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ барои дохил намудан ба Номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ.".
16. Дар моддаи 19:
- дар қисми дуюм калимаҳои "мақоми ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд;
-  дар қисми сеюм калимаҳои "мақомоти ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
17. Дар қисми сеюми моддаи 20 калимаҳои "мақомоти ваколатдор оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
18. Дар моддаи 21:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 21. Тадбирҳои барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва барои истифода омода намудани онҳо";
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Тадбирҳои барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва барои истифода омода намудани онҳо чунинанд:";
- дар қисми дуюм калимаҳои "мақомоти ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд. 
19. Дар моддаи 23:
- дар қисмҳои якум ва дуюм калимаҳои "мақомоти ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои "мақомоти ваколатдор" ва "ба давлат" мутаносибан ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" ва "барои истифодаи минбаъда дар осорхонаҳои давлатӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
20. Дар моддаи 24:
- дар қисми дуюм калимаи "фарҳангиеро" ба калимаи "фарҳангие" иваз карда шавад; 
- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
"Шахсе, ки ашёи пурқиматро пайдо кардааст, ӯҳдадор аст онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ супорад. Подош барои бозёфт ва нигаҳдорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.".
21. Дар моддаи 25:
- дар қисми якум ва сархати дуюми қисми дуюм калимаҳои "мақомоти ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюми қисми дуюм калимаҳои "мақомоти давлатии ҳифзи ёдгориҳо" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
22. Дар қисми якуми моддаи 26 калимаҳои "мақоми ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
       
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012, № 921


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" қабул карда шавад. 

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 октябри соли 2012, № 951


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси
таърихию фарҳангӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 13 декабри соли 2012, № 446


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.13    №: 3-8    Мутолиа карданд: 746

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед