logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22  апрели соли 2003 «Дар бораи экспертизаи экологӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 4, мод. 150; с. 2005, № 12, мод. 638; с. 2007, № 7, мод. 690) тағйироти зерин ворид карда шавад:
1. Бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора гардида, бо ҳарфҳои калон навишта шаванд.
2. Аз дебоча калимаи «, истифодашаванда» хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 1 калимаҳои «ва анҷомдодашудаи» хориҷ карда шуда, калимаи «пешбинишуда» ба калимаи «пешбинишудаи» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 4:
-аз сархати дуюм калимаҳои «ва иҷрошаванда» хориҷ карда шаванд;
-сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«-баҳодиҳии мутобиқати объектҳои экспертизашавандаи ҷиҳати истифодабарӣ пешбинишуда ба стандартҳои экологӣ пеш аз қабули қарор оид ба истифодабарии онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
-дар сархати панҷум баъд аз калимаи «таъсири» калимаи «эҳтимолии» илова карда шавад.
5. Дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 12 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
6. Аз қисми 1 моддаи 17 калимаҳои «ё амалишудаистода» хориҷ карда шаванд.
7. Дар номи боби 8 калимаи «Қоидаҳои» ба калимаи «Муқаррароти» иваз карда шавад.
8. Номи моддаи 32 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 468

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи экспертизаи экологӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 октябри соли 2008, № 1095

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи экспертизаи экологӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 573


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 651

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед