logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯрпарварӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2003 «Дар бораи занбӯрпарварӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 12, мод. 679) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва тамоми матни Қонун калимаи «занбӯрпарварӣ» ба калимаи «занбӯриасалпарварӣ» иваз карда шавад.
2. Дар тамоми матни Қонун калимаи «занбӯрҷо» ба калимаи «занбӯрҷой» ва калимаи «занбӯрҷоҳои» ба калимаи «занбӯрҷойҳои» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 1:
-сархатҳои панҷум ва шашум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«занбӯрҷой – ҷойи муайяне, ки қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал бо таҷҳизоти зарурӣ барои нигоҳубин ва парвариши занбӯри асал гузошта мешаванд;»;
«занбӯрҷойи доимӣ – ҷойи доимие, ки қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар давоми сол нигоҳ дошта мешаванд;»;
-сархати ҳаштум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«хоҷагии зотпарварӣ ва минтақаҳои зотпарварӣ – субъектҳои хоҷагидорӣ, ки аз ҷониби мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ аттестатсия шудаанд ва ба парваришу фурӯши оилаҳои занбӯри асали зотӣ, модарзанбӯрҳои зоти муайян машғуланд;»;
-дар сархати даҳум калимаи «мода» ба калимаи «модае» иваз карда шавад;
-дар сархати дувоздаҳум калимаҳои «маҳсулоти», «маҳсулотҳое» ба калимаҳои «маводи», «маводҳое» иваз карда шуда, пас аз калимаҳои «инчунин худи занбӯри асал» калимаҳои «ва кирминаи он» илова карда шаванд;
-сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«шиносномаи байтории занбӯрҷой – ҳуҷҷате, ки маҳалли муваққатӣ ё доимии занбӯрҷой, миқдори оилаҳои занбӯри асал, зоти он, мӯҳлат ва амалиётҳои байториро бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи амрози онҳо дар бар мегирад;
-набототи энтомофилӣ – набототе, ки дар табиат мерӯянд ва дар соҳаи кишоварзӣ кишт гардида, бо ёрии ҳашарот гардолуд мешаванд;»;
-сархати шонздаҳум бо матни зайл илова карда шавад:
«мақомоти махсуси ваколатдор – мақомоти давлатие, ки фаъолиятро дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ назорат менамояд.».
4. Дар моддаи 3:
-аз қисми дуюм калимаи «(литсензия)» хориҷ карда шавад;
-дар қисми чорум калимаи «оиди» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шавад.
5. Дар қисми дуюми моддаи 7 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 9:
-дар сархати чорум калимаи «шумораи» ба калимаи «теъдоди» ва калимаи «паҳншавии» ба калимаҳои «ҷойгир кардани» иваз карда шаванд;
-дар сархати ҳафтум калимаи «дидани» ба калимаи «андешидани» иваз карда шавад;
-дар сархати ҳаштум пас аз калимаи «наботот» калимаи «маводҳои» илова намуда, калимаи «агрокимиёҳо» ба калимаи «агрокимиёвӣ» иваз карда шавад;
-дар сархати даҳум калимаи «таҳқиқоти» ба калимаи «татқиқоти» ва калимаи «оиди» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 11:
-дар ном ва матн пас аз калимаи «наботот» калимаи «маводҳои» илова намуда, калимаи «агрокимиёҳо» ба калимаи «агрокимиёвӣ» иваз карда ва калимаҳои «ва дигар доруҳо» «ва дигар доруҳоро» хориҷ карда шаванд;
-дар қисми дуюм калимаҳои «оид ба идоракунии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ» иваз карда шаванд.
8. Аз матни моддаи 12 калимаҳои «,инчунин тайёр кардани пӯсти бед дар ҳудуди то се километр аз занбӯрҷойҳои доимӣ манъ аст» хориҷ карда шаванд.
9. Дар моддаи 13:
-дар қисми якум калимаи «оиди» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шавад;
-дар қисми дуюм пас аз калимаи «лона» калимаҳои «дар табиат» илова карда шаванд.
10. Дар номи моддаи 14 пас аз калимаи «асал» калимаҳои «ба майдонҳои набототи гарди гул ва шаҳддор» илова карда шаванд.
11. Дар моддаи 15:
-номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 15. Салоҳияти мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ»;
-қисми якум хориҷ карда шавад;
-дар қисми дуюм:
а) калимаҳои «Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба идоракунии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти зерин дорад:» ба калимаҳои «Мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ салоҳияти зерин дорад:» иваз карда шаванд;
б) дар сархати панҷум калимаи «доруҳои» ба калимаи «маводҳои» иваз карда шавад;
в) дар сархати ҳафтум калимаи «ташкили» ба калимаи «амалисозии» иваз карда шавад;
г) дар сархати ҳаштум калимаҳои «оиди тайёр кардани» ба калимаҳои «оид ба тарбияи» иваз карда шаванд;
ғ) сархати даҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-муҳофизат ва ташкили тадқиқоти илмӣ, афзоиш ва истеҳсоли маводҳои селексионии занбӯри асал;».
12. Дар моддаи 17:
-аз қисми якум калимаҳои «ҳар як» хориҷ карда шаванд;
-аз қисми дуюм калимаҳои «дар соҳаи байторӣ» хориҷ карда шаванд.
13. Дар моддаи 19:
-қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Бо мақсади маҳфуздорӣ ва мукаммалсозии зотҳо, истеҳсолу фурӯши маводҳои селексионӣ ва таъмин намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо ин маводҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ хоҷагиҳои зотпарварӣ ва минтақаҳои зотпарвариро тасдиқ менамояд.».
-дар қисми чорум калимаҳои «оиди идоракунии соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ» ба калимаҳои «дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                             Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 469


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру
иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯрпарварӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯрпарварӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон            С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 октябри соли 2008, № 1101

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯрпарварӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯрпарварӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯрпарварӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 574


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 845

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед