logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 «Дар бораи муҳоҷират» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12,мод. 320; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 248; с. 2005, № 12, мод. 657) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои «ашхос», «ашхоси» ва «ашхосе» мутаносибан ба калимаҳои «шахс», «шахси» ва «шахсе» иваз карда шаванд.
2. Дар матни Қонун калимаҳои «кишвари дигар» ва «дигар кишварҳо» ба калимаҳои «кишвари хориҷӣ» ва «кишварҳои  хориҷӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 1:
-дар сархати сеюми қисми 1 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои «ашхоси бешаҳрвандӣ» ба калимаҳои «шахси бешаҳрванд» иваз карда шаванд;
-дар қисми 2 калимаи «ақидаҳои» ба калимаи «мавқеи» иваз карда шавад;
-дар сархати якуми қисми 2 калимаҳои «мақомоти маҳаллии иҷроия» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
4. Моддаи 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии  Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин  санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.».
5. Дар моддаи 10 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои «байналхалқии» ва «байналхалқӣ» ба калимаҳои «байналмилалии» ва «байналмилалӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаҳои 11 ва 12 калимаҳои «Статуси» ва «статуси» ба калимаҳои «Вазъи» ва «вазъи» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 4 моддаи 12 ва банди  7) моддаи 19 калимаҳои «санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ» ва «санадҳои меъёрии ҳуқуқии» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «санадҳои меъёрии ҳуқуқии» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 16 калимаҳои «волидайни» ва «волидайн» ба калимаҳои «падару модари» ва «падару модар» иваз карда шаванд.
9. Дар банди 5) қисми 1 моддаи 21 калимаҳои «вазорати амнияти» ба калимаҳои «амнияти миллии» иваз карда шаванд.
10. Моддаи 27 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон     Эмомалӣ     РАҲМОН
ш. Душанбе,
31 декабри соли 2008, № 470


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   С. Хайруллоев
ш. Душанбе, 2 октябри соли 2008, № 1099

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 575


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1022

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед