logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 15-16,мод. 235; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 22,мод. 259; с.2008, № 1, қ. 2 мод. 16) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати чоруми моддаи 11 калимаи «таҳвилхонаҳои» ба калимаҳои «ҷойҳои нигоҳдории» иваз карда шавад.
2. Дар қисми шашуми моддаи 8 калимаҳои «ҳаққи аввалият» ба калимаҳои «ҳуқуқи истисноӣ» иваз карда шаванд.
3. Қисми дуюми моддаи 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминиро барои омӯзиш ва истихроҷи ашёи хоми радиоактивӣ, анборкунии партовҳои онҳо танҳо шахсони ҳуқуқие доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» иҷозатнома доранд.».
4. Қисми дуюми моддаи 44 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Ҳангоми пешниҳод намудани қитъаи замин барои истифодаи конҳои канданиҳои фоиданок, истифодабаранда хароҷоти давлатӣ ва ё шахси ҳуқуқии дигарро, ки барои ҷустуҷӯ, арзёбӣ ва иктишоф масраф шудааст, пардохт менамояд. Хароҷот бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҷуброни хароҷоти ҷустуҷӯ, арзёбӣ ва иктишофи канданиҳои фоиданок, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, пардохта мешавад.».
5. Қисми дуюми моддаи 46 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Маблағҳои пардохтнамудаи истифодабарандагон, ки корҳои иктишофи геологиро мувофиқи лоиҳаи аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқшуда (мувофиқашуда) маблағгузорӣ намудаанд, ба ҳаҷми маблағгузории воқеӣ баъд аз тасдиқ намудани захираҳои канданиҳои фоиданок аз ҷониби Комиссияи давлатии захираҳо ва тасдиқи воқеияти кашфи кон аз тарафи мақоми ваколатдор аз ҳисоби кам кардани маблағи пардохтҳои истифодабарандагони қаъри замин (роялти ва бонуси истихроҷӣ), ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ҷуброн карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон               Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 471

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
С. Хайруллоев
ш. Душанбе, 29 октябри соли 2008, № 1153


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 576


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 902

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед