logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 174) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 2 сархатҳои сеюм, чорум ва панҷум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«-комплекси агросаноатӣ-маҷмӯи соҳаҳои иқтисодиёт буда, ба он истеҳсол, тайёр кардан, захира намудан, кашондан, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагии моҳипарварӣ, саноати хӯрокворӣ, дигар соҳаҳо ва фаъолиятҳо, аз ҷумла сари вақт таъмин намудан бо техникаи муосир, таҷҳизоти технологӣ, маблағ, иттилоот ва дигар захираҳо, таъмини бехатарии байторӣ-санитарӣ, фитосанитарӣ, таъминоти илмӣ ва тайёр намудани мутахассисон дохил мешаванд;
-маҳсулоти кишоварзӣ- маҳсулоти растанипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, аз ҷумла маҳсулоте, ки дар натиҷаи коркарди аввалия ҳосил шудааст;
-истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ- ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ, шаҳрвандоне, ки хоҷагии ёрирасони шахсӣ доранд, кооператсияи матлубот, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ё коркарди аввалия ва минбаъдаи (саноатии) он ва ба муомилоти бозор ворид намудани ин маҳсулот машғуланд, ба шарте, ки ҳиссаи даромади умумии онҳо аз ин маҳсулот на камтар аз 70 фоиз дар давоми соли тақвимӣ бошад.».
2.  Ба моддаи 5 сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«-манфиати иқтисодии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро дар бозори дохилӣ ва берунӣ ҳимоя менамояд;
-такмили системаи таълим, тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ва такмили тахассуси онҳоро таъмин менамояд;
-ба рушди илм ва фаъолияти навоварӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ мусоидат менамояд.».
3. Дар моддаи 12:
-номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Назорати пардохти субсидия (кӯмаки молиявӣ) ва дигар манбаъҳои дастгирии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ»;
-қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Ҷудо намудани субсидия (кӯмаки молиявӣ) аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, қарзҳои бонкӣ ва грантҳо барои дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, новобаста аз шакли моликияташон, мақсаднок буда, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ғайримақсаднок истифода бурдани ин маблағҳо манъ аст.»;
-қисми якум қисми дуюм ҳисобида шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 473


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон              С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 29 октябри соли 2008, № 1161

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Оид ба ворид
намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 578


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 861

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед