logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, № 3, мод. 162) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 1:
-сархатҳои якум, дуюм, сеюм, панҷум ва шашум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«-геодезия- илм дар бораи омӯзиши шакл ва андозаи сатҳи замин, қисмҳои алоҳидаи он ба воситаи ченкунӣ, аксбардорӣ, инчунин коркарди онҳо, таҳияи харитаҳо, нақшаҳо, буриши амудӣ (профилҳо) ва усули истифодабарии ин натиҷаҳо ва мавод ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳандисӣ, иқтисодӣ ва дигар эҳтиёҷот;
-харитасозӣ- фаъолияти илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ, ки ҷиҳати таҳия, омӯзиш, саҳеҳкунӣ, навсозии маводи харитавӣ ва истифодаи ин мавод барои ҳар гуна мақсадҳо равона гардидааст;
-фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ- фаъолияти илмӣ, техникӣ ва истеҳсолии марбут ба идоракунӣ ва иҷрои корҳои геодезию харитасозӣ;
-фонди геодезӣ ва харитасозӣ- маҷмӯи мавод ва маълумоти дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ таҳия, саҳеҳ ва навшуда, ки барои истифодаи минбаъда нигоҳ дошта шудаанд;
-маҳсулоти харитасозӣ-мавод бо нақшаи (тасвири) қитъаи хурди маҳал то сатҳи умумии замин, ки тавсифи онҳо имкон медиҳад тӯли тарафҳо, масоҳат, баландӣ, координатҳои нуқтаҳо, инчунин алоқамандӣ, хусусият ва асли ҷойгиршавии онҳо муайян карда шаванд;»;
-дар сархатҳои ҳафтум ва нӯҳум калимаи «санҷишҳои» ба калимаи «ченакҳои» иваз карда шавад;
-дар сархатҳои ҳаштум, даҳум ва дувоздаҳум калимаи «санҷиши» ба калимаи «ченаки» иваз карда шавад;
-сархати сездаҳум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«-топография- қисми геодезия, ки омӯзиши ҷуғрофӣ ва геометрии маҳал, инчунин усулҳои тасвири онро дар бар мегирад;».
2. Дар моддаи 3:
-сархати  дуюми қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-таҳия, навсозӣ ва нашри харитаҳои давлатии топографӣ ва нақшаҳо дар шакли аналогӣ (графикӣ), рақамӣ ва дигар шаклҳо, ки ба ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурӣ, мудофиавӣ, тадқиқоти илмӣ, таҳқиқот ва дигар масъалаҳои давлатӣ мусоидат мекунанд;»;
-дар сархати дувоздаҳуми қисми 2 калимаҳои «баҳисобгирӣ ва батартибоварии истифодаи номгӯйҳои ҷуғрофӣ;» ба калимаҳои «баҳисобгирии номгӯйҳои ҷуғрофӣ;»  иваз карда шаванд;
-дар сархати сеюми қисми 3 калимаи «хаттӣ» ба калимаҳои «аналогӣ (графикӣ)» иваз карда шавад.
3. Дар сархати сеюми моддаи 6 пас аз калимаҳои «махсус (соҳавӣ)» калимаи «дошта» илова карда шуда, калимаҳои «бо фармоиши мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд.
4. Дар матни моддаи 12 пеш аз калимаи «харитасозӣ» калимаҳои «геодезӣ ва» илова карда шаванд.
5. Дар қисми 4 моддаи 18 калимаҳои «мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин» ба калимаҳои «мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
6. Ном ва матни моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 474


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 26 ноябри соли 2008, № 1179


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 579


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 841

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед