logo

мулоқотҳо

Сафирони нав ба Президент эътимоднома супурданд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз сафирони фавқулода ва мухтори 9 давлати ҷаҳон дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.
Ҳамин тариқ, сафирони Австрия Волфганг Баняй, Шоҳигарии Норвегия Оле Ёҳан Бёрной, Шоҳигарии Испания Мануэл Ларротҷа Парада, Шветсия Аке Петерсон, Ҷумҳурии Мисри Араб Маҳмуд Гамил Аҳмад Элдиб, Салтанати Уммон шайх Яҳё ибни Абдулло ибни Солим оли Фанна, Ҷумҳурии Индонезия Фостер Гултом, Ҷумҳурии Демократии Федеролии Эфиопия Мулату Тешоме ва Ҷумҳурии Ангола Жоаким Аугусто де Лемуша бо тақдими эътимодномаҳои худ ба Сарвари давлат ба фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон шурӯъ карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни қабули эътимоднома  аз  сафирони нав изҳори боварӣ  кард, ки онҳо бо фаъолияти босамар заминаи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо кишварҳои худро таҳким бахшида, ба тавсеаи ҳамкориҳои судманд мусоидат хоҳанд кард.
Сарвари давлат зимни дидору гуфтугӯ бо сафирони нав вижагиҳои муносибот ва самтҳои асосии ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои номбурдаро матраҳ намуда, таҳкиму густариши минбаъдаи онро ба манфиати ҷонибҳо донист. Аз ҷумла, дар ҳошияи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди Аврупову дигар созмонҳо тавсеаи ҳамкориҳо бо Австрия, Норвегия, Испания ва Шветсия  зарур шумурда шуд.
Зимнан Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба собиқаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлу бо Ҷумҳурии Мисри Араб, ба дурнамои робитаҳо бо Салтанати Уммон изҳори хушбинӣ намуд. Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки равобит бо Ҷумҳурии Индонезия дорои мавқеи хос буда, ба зудӣ такони нав пайдо хоҳад кард.
Густариши муносибот бо кишварҳои қитъаи Африқо низ дар меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор гирифта, ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Демократии Федеролии Эфиопия ва Ҷумҳурии Ангола дорои аҳамияти вижа ва фардои нек дорад.
Дар ҳамин ҳол бархе аз сафирони нав, баъд аз супурдани эътимодномаҳои худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабарнигорон суҳбат карданд. Дар ин робита, Жоаким Аугусто де Лемуша, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма итминон дод, ки ба ҳайси нахустин Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ангола дар Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба талош хоҳад кард. Бино ба гуфтаи ӯ, ҷониби Ангола ҳавасманди густариши муносибот бо Тоҷикистон буда, ба ин манзур аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард. Ин дипломат иттилоъ дод, ки ҳарду кишвар бо назардошти зарфиятҳои худ тасмим гирифтаанд, ки дар доираи ҳамкориҳо бештар масоили кишоварзӣ ва энергетикиро дар маркази таваҷҷуҳ қарор диҳанд.
Волфганг Баняй, Сафири фавқулода ва мухтори Австрия дар Тоҷикистон,  сатҳи кунунии ҳамкориҳои ду кишварро ситоиш кард. Ба иттилои  ӯ, дар назар аст, моҳи марти соли ҷорӣ президенти ин кишвар бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шавад, ки ин ба равобити ҳасанаи ду кишвар такони тоза мебахшад.
Ҳамчунин сафирони Шоҳигарии Испания, Индонезия ва Шоҳигарии Норвегия низ дар суҳбат бо хабарнигорон итминон доданд, ки бо истифода аз мақоми дипломатии худ ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо аз иқдомҳои амалӣ кор мегиранд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.02.13    №: 19    Мутолиа карданд: 958

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед