logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1998, № 10, мод. 94; с. 2004, № 5, мод. 336; с. 2007, № 7, мод. 697) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Матни дебоча дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«Қонуни мазкур муносибатҳои ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар байни субъектҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.».
2. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «байналхалқӣ», «байналхалқии» ва «ашхоси» мутобиқан ба калимаҳои «байналмилалӣ», «байналмилалии» ва «шахсони» иваз карда шаванд.
3. Дар номи боби 1 ва номи моддаи 3 калимаи «Қоидаҳои» ба калимаи «Муқаррароти» иваз карда шавад.
4. Моддаи 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар қонунҳо ва  санадҳои меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз санадҳои ҳуқуқии   байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.».
5. Дар моддаи 2:
- номи модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ»;
- дар қисми якум ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои «тадқиқотӣ» ва «тадқиқотҳои» мутобиқан ба калимаҳои «таҳқиқотӣ» ва «таҳқиқотҳои» иваз карда шаванд;
- дар ҳамин қисм калимаҳои «(минбаъд фаъолияти илмӣ хонда шавад)» хориҷ карда шуда, калимаи «ба» ба калимаи «барои» иваз карда шавад;
-дар сархати якуми ҳамин қисм калимаҳои «такомули инкишофи» ба калимаи «рушди» иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои «такья мекунад» ба калимаҳои «такя карда,» иваз карда шуда, калимаҳои «Ин фаъолият» хориҷ ва калимаи «сохтҳо» ба калимаи «лавозимот» иваз карда шавад;
- дар сархати шашум калимаҳои «сиёсати давлатӣ оид ба иҷтимоиёт ва иқтисодиёт буда» ба калимаҳои «сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ мебошад, ки», калимаи «давлатиро» ба калимаи «давлатро» ва калимаи «мақсадҳо» ба калимаи «ҳадафҳои» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаи «ҳалҳои» ба калимаи «натиҷаҳои» ва калимаи «паҳнкунандаи» ба калимаҳои «воситаҳои интишороти» иваз карда шаванд;
6. Дар моддаи 3:
- дар қисмҳои якум ва дуюми модда калимаҳои «ҳамин қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур» иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷуми қисми дуюм калимаҳои «азнавтайёркунии коркунони» ба калимаҳои «бозомӯзии кормандони» иваз карда шуда, дар ҳамин сархат ва тамоми матни Қонун пас аз калимаи «ташкилотҳои» дар қавсайн калимаҳои «(ё муассисаҳои)» илова карда шаванд.
7. Дар моддаи 4:
- дар номи модда ва қисмҳои якум ва ҳафтуми он калимаи «коркуни» ба калимаи «корманди» иваз карда шуда, пас аз калимаи «ташкилоти» калимаҳои «(ё муассисаи)» илова карда шаванд;
- дар қисми якум калимаи «(тадқиқотчӣ)» ба калимаи («муҳаққиқ») иваз карда шавад;
- дар қисми чорум калимаҳои «маълумоти касбии миёна ё касбии олӣ» ба калимаҳои «таҳсилоти миёнаи касбӣ ё таҳсилоти олии касбӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷуми қисми шашум калимаҳои «муҳокимаҳои коллективона» ба калимаҳои «баррасиҳои илмии дастҷамъӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати шашуми қисми шашум калимаи «конкурси» ба калимаи «озмуни», калимаҳои «аз тарафи» ба калимаи «тибқи»  иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳаштуми қисми шашум калимаи «мансубро» ба калимаҳои «мансуб ба онро» иваз карда шавад;
- дар сархати даҳум калимаи «табиӣ» ба калимаи «зист» иваз карда шавад;
- дар сархати дуюми қисми ҳафтум калимаи «таҳқиқоти» аз матн хориҷ ва калимаи «экспертизаи» бе қавсайн навишта шавад.
8. Дар моддаи 5:
- қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«Ташкилоти (ё муассисаи) илмӣ шахси ҳуқуқие эътироф мешавад, ки новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ҳамчунин иттиҳодияи ҷамъиятии кормандони илмӣ, ки фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва тайёр кардани кормандони илмиро ҳамчун фаъолияти асосӣ ба роҳ монда, мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсиси ташкилоти (ё муассисаи) илмӣ фаъолият менамояд.».
- қисми дуюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«Ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмӣ аз ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои илмии вобаста ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, таҷрибавию конструкторӣ, лоиҳавию конструкторӣ, таҷрибавию технологӣ ва муассисаҳои дигар, ки фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро анҷом медиҳанд, иборатанд.».
- дар қисми чорум калимаи «тартиб» ба калимаи «ташкил», калимаҳои «қонуни амалкунандаи Ҳукумати  Тоҷикистон» ба калимаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар қисми шашум калимаҳои «маълумоти касбии олӣ» ба калимаҳои «таҳсилоти олиии касбӣ» иваз карда шаванд;
- дар ҳамин қисм,  ҳамчунин қисми якуми моддаи 6 калимаҳои «статус», «статуси» ба калимаҳои «мақом», «мақоми» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳаштум калимаи «соҳиб» ба калимаи «молик» ва калимаи «идора» ба калимаи «ихтиёрдорӣ» иваз карда шавад;
- дар қисми нӯҳум калимаи «соҳибӣ» ба калимаҳои «соҳибӣ кардан», калимаи «истифодабарӣ» ба калимаҳои «истифода бурдан», калимаи «идоракунии» ба калимаҳои «ихтиёрдорӣ кардани» иваз карда шаванд;
- аз қисми даҳум калимаҳои «вақт ба вақт» хориҷ карда шаванд;
- ҷумлаи дуюми қисми чордаҳум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«Дар сурати нокифоя будани маблағ онҳо нисбат ба ӯҳдадориҳои ин ташкилот (ё муассиса) масъулияти иловагӣ (субсидиарӣ) доранд.».
9. Дар моддаи 6:
- дар қисми якум калимаи «Академияҳои» ба калимаи «Академияи», калимаи «соҳавӣ» ба калимаҳои «соҳавии илмҳо» иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум пеш аз калимаи «мешавад» калимаи «карда» илова карда шавад;
- дар қисми панҷум калимаи «худидорашаванда» ба калимаҳои «худидорашавандаи давлатӣ», калимаи «координацияи» ба калимаи «ҳамоҳангсозии» ва калимаҳои «муассисаҳои таълимии маълумоти  олии касбӣ» ба калимаҳои «муассисаҳои олии касбии таълимӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳафтум пеш аз калимаи «академияҳои» калимаи «аз» ба калимаи «ва» иваз карда шавад.
10. Дар моддаи 7:
- Дар сархати якуми қисми чорум калимаи «мекунанд» ба калимаи «кунанд», дар сархати дуюм калимаи «мебаранд» ба калимаи «баранд» ва дар сархати сеюм калимаи «менамоянд» ба калимаи «намоянд» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаи «тайин» ба калимаи «таъин» иваз карда шавад;
11. Дар қисми чоруми моддаи 8 калимаҳои «соҳибихтиёрӣ, истифода ва сариштаи» мутаносибан ба калимаҳои «молик будан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардани» иваз карда шаванд.
12. Дар қисми чоруми моддаи 9 калимаи «банкҳои» ба калимаи «бонкҳои» иваз карда шавад.
13. Дар номи боби 4 калимаҳои «ташаккул ва баамалбарории» ба калимаҳои «ташкил ва татбиқи» иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 11:
- дар ном ва қисми якуми модда калимаи «Аҳдоф» ба калимаи «Ҳадафҳо», калимаи «Аҳдофи» ба калимаи «Ҳадафҳои» ва калимаи «шахсият» ба калимаи «шахс» иваз карда шаванд;
- дар сархати чоруми қисми дуюм калимаи «маълумоти» ба калимаи «таҳсилоти», калимаҳои «муассисаҳои таълимии маълумоти олии касбӣ» ба калимаҳои «муассисаҳои олии касбии таълимӣ», калимаи «илмӣ» ба калимаи «илмҳо» ва калимаи «мақомотҳои» ба калимаи «мақомоти» иваз карда шаванд;
- дар сархати шашуми қисми дуюм калимаи «концентрацияи» ба калимаи «мутамарказсозии» иваз карда шавад;
- дар сархатҳои ҳафтум ва ҳаштуми қисми дуюм калимаи «таҷаддуд» ба калимаи «навоварӣ» иваз карда шавад.
15. Моддаи 13:
- дар номи модда калимаи «Ҳукумати» ба калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатии» иваз карда шавад;
- дар қисми якум калимаҳои «Дар ваколати Ҳукумати» ба калимаҳои «Ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии» иваз карда шаванд;
- сархатҳои дуюм ва сеюми модда хориҷ карда шаванд;
- ба модда сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника;
- интихоби самтҳои афзалиятноки рушди илму техника  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
 - ташкил ва татбиқи амалии барномаҳо ва лоиҳаҳои соҳаи илму техника дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маблағгузории фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз буҷети давлатӣ;
- ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ.»;
- дар сархати сездаҳум калимаи «комитетҳои» ба калимаи «кумитаҳои» иваз карда шавад;
- сархати чордаҳум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«- салоҳияти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.».
16. Моддаи 14 хориҷ карда шавад.
17. Дар қисми чоруми моддаи 15 калимаи «мақомотҳои» ба калимаи «мақомоти» ва калимаи «давлатии» ба калимаи «давлатӣ» иваз карда шаванд.
18. Дар қисми чоруми моддаи 16 калимаи «иҷроияи» ба калимаи «давлатии» иваз карда шавад.
19. Дар қисми якуми  моддаи 18 калимаҳои «статуси (вазъи)» ба калимаи «мақоми» иваз карда шавад.
20. Дар қисми шашуми моддаи 19 калимаи «маълумоти» ба калимаи «таҳсилоти», калимаҳои «юридикӣ ва шаҳрвандон» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳафтум калимаи «саришта» ба калимаи «истифода» иваз карда шавад.
21. Дар қисми сеюми моддаи 20 калимаҳои «ашхоси юридикӣ» ба калимаҳои «шахсони ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
22. Дар моддаи 21 калимаҳои «академияҳои илмии соҳавӣ» ба калимаҳои «академияҳои соҳавии илмҳо» иваз карда шаванд.
23. Боби 7 бо ин мазмун илова карда шавад:
«Боби 7. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон             Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 477


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 октябри соли 2008, №1103

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 582


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 699

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед