logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 8, мод. 455) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар дебоча калимаи «роҳёбии» ба калимаи «дастрасии», калимаи «дастовардҳои» ба калимаи «комёбиҳои» иваз карда шаванд.
2. Дар сархати дуюми моддаи 1 калимаи «истифодабарии» ба калимаҳои «истифодабарӣ аз», дар сархати сеюми моддаи мазкур калимаи «вазифаҳои» ба калимаи «ваколатҳои» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 3 калимаи «қисми» ба калимаи «бобати» иваз карда шавад.
4. Дар сархати дуюми қисми дуюми моддаи 5 пеш аз калимаи «гуногуншаклии» калимаҳои «бо истифода аз» илова карда шаванд.
5. Дар қисми чоруми моддаи 6 калимаҳои «мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии ҳокимияти иҷроия ва дигар мақомоти худидораи маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия ва мақомоти худидоракунӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар сархатҳои нӯҳум ва даҳуми қисми якуми моддаи 11 калимаҳои «дар татбиқи» ба калимаи «барои» иваз карда шаванд.
7. Дар қисмҳои дуюм ва чоруми моддаи 14 калимаҳои «Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва худидора» ба калимаҳои «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми сеюми моддаи 16 калимаи «ҚАРОРИ» бо ҳарфҳои хурд навишта шавад.
9. Дар сархати якуми қисми сеюми моддаи 18 калимаи «кардан» хориҷ ва дар сархати шашум калимаи «навъҳои» ба калимаи «намудҳои» иваз карда шавад.
10. Дар моддаи 25 калимаи «бо» ба калимаи «мутобиқи» иваз карда шавад.
11. Баъд аз моддаи 25 боби нав ба мазмуни зайл илова карда шавад:
«Боби 10. Муқаррароти хотимавӣ».
12. Ба Қонун моддаи нави 251 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 251. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 479

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 октябри соли 2008, № 1107

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 584


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 694

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед