logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 7, мод. 511) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ном ва матни моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқии ҳифз ва нигаҳдории мероси фарҳангиро ба танзим дароварда, тартиби ягонаи аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани сарватҳои фарҳангиро муқаррар намуда, ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ мусоидат мекунад.».
2. Дар моддаи 2:
-дар қисми якум калимаҳои «ҳамин Қонун» ва дар саросари матн калимаҳои «ин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур» иваз карда шаванд;
-дар ҳамин қисм калимаҳои «меъёрию ҳуқуқӣ» ба калимаҳои «меъёрии ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар сархати сеюми моддаи 4 калимаи «дарёфтҳои» ба калимаҳои «бозёфтҳо дар» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 5:
-дар қисмҳои якум ва сеюм калимаҳои «Кумитаи Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба калимаҳои «Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
-дар сархати шашуми қисми дуюм калимаи «фарҳангие» ба калимаи «фарҳангиеро» иваз карда шавад;
-дар қисми сеюм калимаи «оиди» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шавад;
-дар қисми чоруми ҳамин модда ва дар матн калимаи «оиди» ба калимаи «ҷиҳати» иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 10:
-дар сархати якуми қисми дуюм калимаи «оиди» ба калимаҳои «дар бораи» иваз карда шавад;
-Дар қисмҳои сеюм ва чорум калимаҳои «сарсатрҳои» ва «сарсатри» ба калимаҳои «сархатҳои» ва «сархати» иваз карда шаванд.
6. Дар сархати дуюми моддаи 11 калимаи «онро» ба калимаи «онҳоро», дар сархати сеюм калимаи «шудаанд» ба калимаи «гардидаанд», дар сархати панҷум калимаи «табии» ба калимаи «табиӣ» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 14 калимаи – «мундариҷаи» ба калимаи «мундариҷааш» иваз карда шавад.
8. Дар қисми дуюми моддаи 16 калимаи «рухсати» ба калимаи «иҷозати» иваз карда шавад.
9. Моддаи 20 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 20. Боҷи давлатӣ барои анҷом додани санҷиши бадеии сарватҳои фарҳангӣ
Боҷи давлатӣ барои анҷом додани санҷиши бадеии сарватҳои фарҳангӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ситонида мешавад.».
10. Дар моддаи 21 калимаи «ситонида» ба калимаҳои «амалӣ карда» иваз карда шавад.
11. Моддаи 22 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2008, № 480


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 октябри соли 2008, № 1109


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани
тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2008, № 585


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 790

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед