logo

илм

Донишманди асри санг

Вадим Александрович Ранов дар Русия ба дунё омадааст, вале ба амри тақдир зодмандонаш соли 1938 ба Тоҷикистон кӯч бастанд.
Ҳуҷуми ногаҳонии артиши Олмон ба Иттиҳоди Шуравӣ нақшаҳои Вадими 17-соларо, ки шавқи омӯзиши таърихи кишвари моро дошт, барҳам зад. Чун дифои Ватан муҳимтар аз ҳама орзуву ҳавасҳо буд, ӯ соли 1941 дар Мактаби махсуси артилерии Одесса, ки оҷилан ба Душанбе кӯчонида шуд, вижагиҳои соҳаи низомиро омӯхт. Баъдан Омӯзишгоҳи артилерии зиддитанкии Харковро хатм намуда, соли 1943 ба ҷанг рафт. Алайҳи душмани нобакор ҷангид ва дар муҳорибаҳои шадид ду маротиба маҷруҳ гардид.
Баъди ғалаба бар фашизми гитлерӣ ба Душанбе баргашта, таҳсилро дар факултаи таъриху филологияи ДДТ идома дод, то муарриху бостоншинос шавад. "Бостоншшиносӣ пешаи аҷибест, шабеҳи муфаттишӣ, ки бо далелҳои ночиз ҳақиқатро ошкор месозад, - мегуфт  Вадим Ранов,- мо низ бо бозёфтҳои худ саҳфаҳои торики таърихи инсониятро рӯшан менамоем. Кори бостоншинос ин барқарор намудани робита миёни имрӯз бо дунёи қадим аст. Вақте олоти сангии ҳазорон  сол пеш сохтаеро ба даст меорӣ, аз эҳсосоту хирад ва андешаҳои технологии одамон дар он давра огоҳ мегардӣ. Олоти асри санг барои бостоншинос як пораи одӣ ва ё санги тез нест, олотест, ки дар он нақши дастони гарми созандае ҳазорҳо сол пеш маҳфуз мондаанд".
Мо, муҳаббату самимияти вижаи Вадим Рановро нисбат ба илми таърих ва бостоншиносӣ дар беш аз 800 асари илмии ӯ, аз ҷумла "Аҷинатеппа", "Аз таърихи мо", "Аз таърихи тадқиқоти ёдгориҳои археологӣ дар Тоҷикистон", "Аличур", "Асри сангу мис", "Асрори замони куҳан", ки ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, фаронсавиву олмонӣ ва ғайра интишор ёфтаанд, эҳсос  мекунем. Ин донишманди мумтоз  ҳанӯз дар солҳои 1970-1977 бо таҳқиқи ҳафриёти "Оғзикичик" муайян намуда буд, ки масоҳати умумии он 200 метр аст. Ӯ менависад: "Оғзикичик, мағора, бошишгоҳи мансуб ба ҳазораҳои 50-40 то мелод; 25 километр дар шимоли шаҳри Данғара, доманаи ағбаи Гулизиндон, дар баландии 1400 метр аз сатҳи  баҳр воқеъ аст. Қабатҳои маскун аз як қатор оташдонҳои кушод иборатанд, ки аз бошишгоҳ будани  мағора гувоҳӣ медиҳанд. Дар байни оташдонҳои пур аз боқимондаи устухонҳои ҳайвоноти ваҳшӣ, қитъаи дорои "қабати сангпушт" ҷолиб аст. Дар бостоншиносии асри санг он нодиртарин қабат маҳсуб меёбад. Ғафсии қабат 4,5 метр буда, аз он садҳо косахонаи сангпушт ёфт шуданд, Гӯшти сангпуштро одамони ибтидоӣ истеъмол мекардаанд. Бошандагони  Оғзикичик оҳу, ҷайра, хирс, гургро низ сайд менамудаанд, ки аз он устухонҳои боқимондаи ин ҳайвонот далолат медиҳанд. Бостоншинос дар ин ҳафриёт устухонҳои каркадани пашмдароз ва қадимтарин аспи хачирмонандро (ҳоло нест шудааст) низ дучор меояд. Аз Оғзикичик беш аз 10 ҳазор олот ҷамъ оварда шудааст.  Ин ҳафриёт аз лиҳози миқдору гуногунӣ ва сифат дар Осиёи Марказӣ доротарин макони бостоншиносист. Дар байни бозёфтҳои давраи санги он олоти гуногуншакли  сангӣ, аз қабили тезкунҷаҳо, нуктезҳо, тарошкордҳои мухталиф, кордҳо, ханҷарҳои суфтаи сангӣ ҳастанд.
Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби безаволаш "Тоҷикон", дар саҳифаи "Қадимтарин тасвирҳои рӯи санг" аз таҳқиқоти илмии Вадим Ранов мисол меорад: "Дар силсилакӯҳи Қурама ва дигар маҳалҳо миқдори зиёди тасвирҳои рӯи санг пайдо гардиданд. Дар Помир тақрибан 50 маҳал чун ёдгорӣ қайд шудааст".
Доир ба  ковишҳои худ  дар давраи мезеолит Вадим  Ранов менависад: "Дар қароргоҳи Ошхона чор табақаи маскун кашф ва беш аз 10 ҳазор олат ҷамъ карда шуд".
Вадим Ранов дар яке аз таҳқиқоти оид ба осори палеолити поён гузаронидааш менависад: "Таҳлили типологӣ нишон медиҳад, ки олоти қайроқсанги Осиёи Миёна бо маданияти ба истилоҳ давраи палеолити Ҳиндустон хеле шабоҳат дорад ".
 Инчунин хизматҳои Вадим Ранов дар омӯзиши даврабандӣ: асри санги қадим, миёна, боло, асри биринҷӣ калон аст. Дар бораи зисти одамони давраи ибтидоӣ дар сарзамини мо аз назари илми бостоншиносӣ дар садҳо  асари худ  ба таври кофӣ маълумот дод.
Директори Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ҷумҳурӣ академик Раҳим Масов мегӯяд, ки "Вадим Александрович олими нотакрор ва мутахассиси барҷастаи  соҳаи бостоншиносии асри санг - ҷамъияти ибтидоӣ дар Тоҷикистон аст. Ин давраро хуб омӯхта чандин китобҳо навиштааст. Дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла водии Ҳисор, вилояти Хатлон  (Ховалинг, Тавилдара), Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон (Мурғоб, Ишкошим) ҳафриёт гузарондааст. Забони тоҷикиро ҳам хуб медонист ва ҳам ба шеваҳои маҳаллӣ гуфтугӯ мекард. Ба забонҳои инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ҳам асар менавишту ақидаашро баён мекард. Ҳатто забони чиноӣ меомӯхт, то ба ин забон санадҳои асри сангро хонда, бо далелҳои раднопазир фарқияти зисти одамони ҷамъияти ибтидоии кишвари моро аз одамони ҷамъияти ибтидоии кишвари Чин собит кунад. Исбот намуд, ки дар мавзеъҳои Қурама, Қайроқум, Тутқавул, Сайёд, Оғзикичики Данғараву Ховалинг ва Помири Шарқӣ далелҳои ҳақиқии зистгоҳи одамон  мавҷуд аст".
Яке аз шогирдони олим, мудири шуъбаи ҳифзи истифодаи мероси ниёгони фарҳанги Вазорати фарҳанг Музаффар Азизов солҳои зиёд бо В. Ранов дар ковишҳои ҳафриётии кишвар ҳамроҳ будааст. Азизов мегӯяд: "Вадим Александрович Ранов як инсони хоксору заминӣ буд. То ҳадде, ки  ранг молидани пойафзолаш, ба хотираш намерасид. Вақте ёдрас мекардем, ӯ  мегуфт ба ман чӣ лозим, охир ман бостоншинос ҳастам.
Боре бо олими амрикоӣ Ричард Девид якҷоя ба ҳафриёт рафтем. Вадим Александрович чолокона қадам мезад. Ман аз дунболи ӯ ва Ричард Левид аз ман дуртар. Устод як соат бо забони инглисӣ ҳарф заду чизе шояд пурсид, ки ман хомӯш будам. Ба қафо нигариста, "Музаффар туӣ?" гуфт. Ман ба хотири эҳтиромаш суханашро набурида  будам .
В. Ранов  бо чунин хоксорӣ илми бостоншиносии тоҷикро ба  оламиён муаррифӣ кард. Исбот намуд, ки сарзамини тоҷикон, аз қадимтарин маскани одамони ибтидоӣ мебошаду таърихи беш аз 850 - ҳазорсола  дорад.
Шогирди дигари ӯ, номзади илми бостоншиносӣ Тӯра Хоҷагелдиев имрӯз фаъолияти устодашро давом медиҳад. Дар мавзеъҳои Кӯлдара, Хонақо, Севдара тадқиқоти илмӣ мебарад. Назар ба таҳлили илмии бостоншиносони тоҷику Олмон ва Шветсария  Ховалинг таърихи як миллионсола дошта, харитаи он омодаи чоп аст. Ин китоб дар асоси дастовардҳои илмии бостоншиноси асри санги қадим Вадим Александрович Ранов таҳия шудааст.
Ҳаёти олими асри санги на танҳо Осиёи Марказӣ, балки даҳҳо кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин, Ҳиндустон, Ветнам, Афғонистон, Чехистон, Венгрия, Олмон, Испания, Италия ва ғайра, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Олмон, Корманди шоистаи илми Тоҷикистон, аъзои маҳфилҳои бостоншиносии зиёда аз 20  кишвари хориҷӣ хеле одист. Академик Ранов бо тамоми ҳастиаш фидоии роҳи илм буд. Бо мӯйсафедону кӯдакон зуд унс мегирифт. Ҷавононро бо садоқат ба илм ва омӯзиш ҳидоят мекард.
Имрӯз бостоншиносони ҷаҳон дар асоси таҳқиқоти илмии бунёдгузори давраи асри санги қадим Вадим Ранов пажӯҳиш мебаранд, саҳифаҳои нав ба нави олами пурасрори асри санги қадимтаринро боз менамоянд.

Гуландом АШУРОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.13    №: 24    Мутолиа карданд: 2220

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед