logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с. 2007, №5, мод. 363; с. 2008, №3, мод. 202; с.2010, №7, мод. 554) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд.
1. Дар матни Қонун калимаҳои "филиал ва намояндагии", "филиалҳо ва намояндагиҳо", "филиалу намояндагиҳои", "Филиалҳо ва намояндагиҳои", "филиал ё намояндагӣ" ва "филиалҳо ва намояндагиҳо" мувофиқан ба калимаҳои "намояндагӣ ва филиали", "намояндагиҳо ва филиалҳо", "намояндагиву филиалҳои", "Намояндагиҳо ва филиалҳои", "намояндагӣ ё филиали" ва "намояндагиҳо ва филиалҳо" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 22:
- ба номи модда пас аз калимаҳои "иттиҳодияи ҷамъиятӣ" калимаҳои "ё рад кардани қайди баҳисобгирии онҳо" илова карда шаванд;
- ба модда қисмҳои 7-12 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"7. Қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ, аз ҷумла намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда бо асосҳои зерин рад карда мешавад:
- агар низомномаи намояндагиҳо ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти моддаи 14 Қонуни мазкур ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат кунад;
- агар ҳуҷҷатҳои барои қайди баҳисобгирӣ зарур, ки номгӯи онҳоро Қонуни мазкур муайян кардааст, пурра пешниҳод нашуда бошанд ё маълумот дар ҳуҷҷатҳо бо тартиби муқаррарӣ расмӣ кунонида нашуда бошад ё ба мақоми номувофиқ пешниҳод гардида бошад;
- агар муқаррар гардад, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисии пешниҳодшуда маълумоти носаҳеҳ мавҷуд бошад.
8. Дар сурати гум шудани Шаҳодатнома дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳои зарурӣ мақоми бақайдгиранда бояд дар асоси ариза дар давоми 10 рӯз нусхаи (дубликати) онро диҳад.
9. Дар сурати рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба аризадиҳанда дар ин бора дар шакли хаттӣ бо нишон додани муқаррароти мушаххаси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки риоя накардани он боиси рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ шудааст, хабар дода мешавад.
10. Дар бораи рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ, инчунин дар бораи саркашӣ аз ин гуна баҳисобгирӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
11. Рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои такроран пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати қайди баҳисобгирӣ монеъ намешавад, ба шарте, агар асосҳое, ки боиси раддия шудаанд, бартараф карда шуда бошанд.
12. Баррасии аризаи такрорӣ дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур сурат мегирад.".
3. Сархати дуюми моддаи 25 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- ҳар сол то 1-уми апрел ба мақомоти бақайдгиранда дар бораи идомаи фаъолияти худ маълумот, ки шакли он аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, пешниҳод намояд;".
4. Дар моддаи 331:
- дар қисми 1 калимаи "Мақомоте" ба калимаҳои "Анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумии иттиҳодияи ҷамъиятӣ" иваз карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:".
5. Ба қисми 1 моддаи 36 пас аз калимаҳои "воситаҳои ахбори омма" калимаҳои ", фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи таъсисдодаи он" илова карда шаванд.
6. Ба қисми 3 моддаи 37 пас аз калимаҳои "манъ карда мешавад" калимаҳои ", инчунин асос барои барҳамдиҳии ҳамаи шахсони ҳуқуқии таъсисдодаи он, баромадан аз ҷамъияту ширкатҳои хоҷагидор ё қатъ гардидани иштироки он дар фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқӣ мегардад" илова карда шаванд.
7. Дар қисми 2 моддаи 39 калимаҳои "дар моддаи 21" ба калимаҳои "дар моддаҳои 21 ва 22" иваз карда шаванд.
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 марти соли 2013, № 962

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 январи соли 2013, № 1058


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  28 феврали соли 2013, № 486


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.13    №: 41-46    Мутолиа карданд: 665

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед