logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, танзим ва назорати савдо ва хизматрасонии маишӣ, инчунин фароҳам овардани шароити зарурӣ барои савдо ва хизматрасонии маишӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон ба мол, иҷрои корҳо ва хизматрасонии маишӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур муносибатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорро вобаста ба ташкил ва амалӣ намудани савдо ва хизматрасонии маишӣ, инчунин муносибатҳои субъектҳои хоҷагидорро ҳангоми  савдо ва хизматрасонии маишӣ танзим менамояд.
2. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба ташкил ва амалӣ намудани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба савдои хориҷӣ, савдо дар биржаҳои молӣ, инчунин хариду фурӯши коғазҳои қиматнок, объектҳои молу мулки ғайриманқул, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, аз ҷумла қувваи барқ ва энергияи гармӣ татбиқ намегардад.
3. Шартҳо ва тартиби фурӯши молҳое, ки муомилоти онҳо дар байни субъектҳои хоҷагидор маҳдуд аст, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
4. Муносибатҳои вобаста ба ташкили бозорҳои чаканафурӯшӣ,  фурӯши мол дар бозорҳои чаканафурӯшӣ ва хизматрасонии маишӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ танзим карда мешаванд.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- молҳои истеъмолӣ - маҳсулоти дар шакли табиӣ ё коркардшудаи дар муомилот буда, ки онро инсон ҳамчун хӯрок истифода мебарад (аз ҷумла, маҳсулоти хӯроки  кӯдакон, маҳсулоти хӯроки парҳезӣ), оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойкардашуда, маҳсулоти спиртдор, оби ҷав, нӯшобаҳо ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, ки дар асоси онҳо тайёр карда шудаанд, сақич, иловаҳои хӯрокворӣ ва фаъоли биологӣ;
- хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ - натиҷаи ҳамкории бевоситаи байниҳамдигарии фурӯшанда (иҷрокунанда) ва харидор (истеъмолкунанда), инчунин фаъолияти шахсии фурӯшанда (иҷрокунанда) ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи харидор (истеъмолкунанда) ҳангоми хариду фурӯши мол, ташкил ва татбиқи истеъмоли маҳсулоти хӯроки умумӣ, хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ;
- маҳсулоти истеҳсоли худии корхонаҳои хӯроки умумӣ -  таом ва маҳсулоти қаннодию кулинарӣ, нӯшокӣ, намудҳои нимтайёри онҳо, ки инсон истеъмол менамояд ва дар корхонаҳои хӯроки умумӣ мутобиқи технология ва дастури (ретсепти) тайёркунӣ тавассути коркарди сард ё гарми маҳсулоти озуқаворӣ истеҳсол шуда, барои фурӯши минбаъда ва ташкили истеъмоли он тибқи шартномаи хизматрасонӣ пешбинӣ шудаанд;
- савдо - фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба муносибатҳои хариду фурӯши молҳои истеҳсолгардида, коркард ё харидшуда, инчунин иҷрои кору хизматрасонии маишӣ вобаста ба фурӯши маҳсулот;
- феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ - низоми ягонаи иттилооти давлатӣ, ки маълумотро оид ба субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ дар бар мегирад;
- савдои чакана -  намуди  савдо вобаста ба хариду фурӯши молҳои ниёзи истеъмолкунанда дар раванди қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсӣ;
- савдои хурди чакана - намуди савдои чаканаи мол ва хизматрасонӣ, ки ба шароити махсуси нигоҳдорию фурӯши мол ва хизматрасонӣ тавассути объектҳои доимӣ, инчунин бо ёрии объектҳои сайёри таҳти идоракунии умумӣ қарордошта, аз ҷумла павилйонҳо, дӯконҳои хурд, автоматҳои молфурӯшӣ, аробачаҳои молфурӯшӣ, мағозаҳои автомобилӣ, автосистернаҳо, ки барои фурӯш таъин шудаанд;
- шабакаи савдо - маҷмӯи ду ё якчанд объектҳои савдо, ки таҳти идоракунии умумӣ қарор доранд ва бо тамғаи ягона ё дигар воситаҳои фардикунонӣ истифода бурда мешаванд;   
- савдои яклухт - намуди савдои мол барои истифода дар фаъолияти соҳибкорӣ (аз ҷумла, хариду фурӯш) ё барои дигар мақсадҳо таъин гардида, ба истифодаи шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ва дигар намуди истифодаи инфиродӣ вобаста намебошад ва дар объектҳои савдои махсусгардонидашуда ё омехта ҳангоми мавҷудияти нуқтаҳои махсус анҷом дода мешавад;
- хӯроки умумӣ - фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсол, коркард, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ;
- корхонаи хӯроки умумӣ - объекте (тарабхона, қаҳвахона, ошхона, бар, комбинати хӯроки умумӣ, фабрикаи кулинарии мактабӣ, сехи озуқаворӣ барои мусофирони ҳавопаймоҳо, ошхонаи парҳезӣ, вагон-тарабхона, қаҳвахона-автомат, автоматҳои обфурӯшӣ, буфет, мағозаи (шӯъбаи) кулинарӣ), ки барои истеҳсоли маҳсулоти кулинарӣ, кулчақандҳо ва фурӯши онҳо ё ташкили истеъмол аз рӯи шартномаи хизматрасонии хӯроки умумӣ пешбинӣ гардидаанд;
- дастури (ретсепти) таом ва маҳсулоти кулинарӣ -  ҳуҷҷати асосии меъёрии технологие, ки ба ҷараёни технологӣ ва маҳсулоти тайёр талаботи ягона дошта, муайянкунандаи меъёрҳои харҷи ашё ва маҳсулот ҳангоми тайёр намудани таом ва маҳсулоти кулинарӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ истифода мегардад;
- хизматрасонии маишӣ - фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба иҷрои кору хизматрасонии пулакӣ барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти маишӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсии истеъмолкунандагон мутобиқи номгӯи хизматрасонӣ (ба истиснои гаравхона (ломбард)  тибқи шартномаи хизматрасонии маишӣ;
- корхонаҳои хизматрасонии маишӣ - ташкилотҳои хизматрасон, ки фаъолияти онҳо ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ба хизматрасонии маишӣ нигаронида шудаанд (устохонаҳо, ателйе, бунгоҳҳои қабул, хушкашӯӣ, ҳаммом, шустагарӣ, сартарошхона, суратгирхона ва ғайра);
- маркази логистикӣ - корхонаи махсусгардонидашудае, ки вазифаи асосии он аз ҷойгиркунонӣ ва нигоҳдории борҳо (молҳо), ба ҷо овардани расмиёти гумрукӣ ва хизматрасонии иттилоотӣ иборат мебошад;
- субъекти савдо ва хизматрасонии маишӣ - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки мол ё хизматрасониро ба  истеъмолкунанда бо роҳи савдои чакана ё савдои хурди чакана пешниҳод мекунад ва (ё) мефурӯшад,  хизматрасонии хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маиширо ба аҳолӣ анҷом медиҳад, инчунин шахсе, ки хоҷагии ёрирасони шахсӣ дошта, маҳсулоти кишоварзии дар он истеҳсол ё коркарднамудаашро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон савдо мекунад;
- объекти савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ  - объектҳои доимӣ ва сайёр, бино ё як қисми бино, иморат ё як қисми иморат, ки барои савдои чакана, хизматрасонии хӯроки умумӣ, хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, ҳисоббаробаркунии музднок бо истеъмолкунандагон ҳангоми фурӯши мол бо таҷҳизоти махсуси савдою технологӣ ҷиҳозонида шудаанд;
- объекти доимии савдо - объекти  савдо, ки аз бино ё як қисми бино, иморат ё як қисми иморат иборат буда, бо пойдевори чунин бино, иморат ба замин мустаҳкам пайваст шуда, ба шабакаҳои таъминоти муҳандисию техникӣ васл мебошад;
- объекти сайёри савдо - объекти савдои иборат аз бинои муваққатӣ ё конструксияи муваққатӣ,  ки новобаста ба пайваст будан ё набудан ба шабакаҳои  муҳандисию техникӣ дар қитъаи замин устувор намебошад;
- объекти сайёри савдои хурди чакана - ғурфа, автосистернаҳо ва аробачаҳо, ки барои фурӯши мол ва ё маҳсулоти хӯроки умумӣ ва (ё) хизматрасонӣ пешбинӣ шудаанд;
- бозори фурӯши чакана - маҷмӯи молу мулке, ки аз қитъаи замини аз ҳудуди ҳамшафат ҷудо ва бо объектҳои дар он қарордошта, аксаран аз объектҳои шабакаи савдои хурди чаканаи дорои вазифаи мутамаркази хизматрасонӣ, идоракунӣ ва муҳофизатӣ иборат буда, барои фурӯши молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасонии маишӣ) дар асоси нархҳои озоди бевосита ҳангоми бастани шартномаҳои хариду фурӯши чакана ва шартномаҳои пудратии маишӣ муайяншуда пешбинӣ гардидаанд;
- бозори универсалӣ - бозори фурӯши чакана, ки дар он камтар аз ҳаштод фоизи миқдори умумии ҷойҳои савдо барои фурӯши як навъи мол таъин гардидааст;
- бозори махсусгардонидашуда - бозори фурӯши чакана, ки дар он бештар аз ҳаштод фоизи миқдори умумии ҷойҳои савдо барои фурӯши як навъи мол таъин гардидааст;
- бозори кооперативии кишоварзӣ - бозори маҳсулоти кишоварзӣ, ки он аз ҷониби ташкилоти мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли кооперативи истеъмолӣ ба қайди давлатӣ гирифташуда идора карда мешавад;
- бозори кишоварзӣ - бозори махсусгардонидашуда, ки дар он фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад;
- маъмурияти бозор - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба субъектҳои соҳибкорӣ барои савдо ва хизматрасонии маишӣ шароит фароҳам меорад,  ҷойҳои савдоро ҷудо намуда, феҳристи фурӯшандаҳоро дар бозор ва феҳристи шартномаҳоро дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо пеш мебарад;
- ҷойи савдо дар бозор - ҷой дар бозор (аз ҷумла павилйон, дӯконча, хайма, ғурфа), ки аз ҷониби маъмурияти бозор махсус барои фурӯши молҳо (иҷрои кору хизматрасонӣ) ҷудо карда ва таҷҳизонида шуда, ба талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими  савдо ҷавобгӯ мебошад;
- корти  фурӯшанда - овезаи сарисинагӣ оид ба маълумоти асосӣ дар бораи фурӯшанда, ки тибқи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби маъмурияти бозор ба фурӯшанда дода мешавад;
- феҳристи фурӯшандаҳои бозор - номгӯи маълумот оид ба фурӯшандаҳо, ки аз ҷониби маъмурияти бозор тартиб дода мешавад;
- феҳристи шартномаҳо дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо -  номгӯи маълумот оид ба фурӯшандаҳо тибқи шартномаи басташуда бо маъмурияти бозор.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  савдо ва хизматрасонии маишӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Принсипҳои  савдо ва хизматрасонии маишӣ
Савдо ва хизматрасонии маишӣ ба принсипҳои зерин асос меёбанд:
- таъмини амнияти озуқаворӣ;
- асоснок ва объективӣ будани тадбирҳои танзими давлатии  савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- ҳамгироии механизмҳои танзимкунӣ бо принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон; 
- беасос  дахолат накардани  мақомоти давлатӣ ба танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- ҳифзи бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз молҳои бесифат ва қалбакӣ;
- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои савдо ва шаҳрвандон;
- таъмини муомилоти озоди мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
 - дастгирии давлатии корхонаҳои хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ.
Моддаи 5. Танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ
Танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- муқаррар намудани талабот ва қоидаҳои ташкил ва амалигардонии он;
- танзими зиддиинҳисории савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- таъминоти иттилоотӣ дар ин соҳа;
- назорати давлатӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- бамеъёргирии техникӣ, стандартизатсия, тасдиқи мутобиқат ба талаботи санадҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи бамеъёргирии техникӣ ва стандартизатсия ва бақайдгирии молҳо, сертификатсияи дастури (ретсепти) таомҳо, маҳсулоти кулинарию қаннодӣ ва дигар маҳсулоти хӯроки умумӣ.

 БОБИ 2. ИДОРАКУНӢ ДАР СОҲАИ ТАНЗИМИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ
 Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ мансуб мебошанд:
- татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- муайян намудани дурнамои давлатӣ ва ташаккули сиёсати давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- тасдиқи барномаҳо оид ба самтҳои афзалиятноки савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- тасниф ва истифода аз дигар усулҳои танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- тасдиқи қоидаҳои пешбурди савдо ва хизматрасонии маишӣ, инчунин пешбурди феҳристи онҳо;
- амалӣ намудани салоҳияти дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ муқаррар намудааст. 
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи  танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ)  дохил мешаванд:
- таҳияи пешниҳодот оид ба рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иштирок дар татбиқи чораҳои таъмини амнияти озуқаворӣ;
- тасдиқи тавсияҳои методӣ оид ба таҳияи барномаҳои минтақавии рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- таҳияи пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истеҳсол ва фурӯши мол (хизматрасонии маишӣ) ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо молҳо;
- ташаккул додани махзани  иттилоотии ҷумҳуриявии давлатӣ оид ба бозори молҳо ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ, инчунин муқаррар намудани санадҳои иттилоотӣ, ки  барои ташкили махзани иттилоот дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳатман пешниҳод карда мешаванд;
- сари вақт огоҳ намудани субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   пешбинӣ намудааст.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими давлатии савдо ва                          хизматрасонии маишӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ ваколатҳои зеринро доранд:
- гузаронидани мушоҳидаҳои иттилоотию таҳлилии вазъи бозори молҳои муайян ва анҷом додани савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳое, ки ба рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ мусоидат менамоянд;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- тасдиқи нақшаи ҷойгиркунонии объектҳои савдо дар маҳалҳо мутобиқи нақшаҳои рушди минтақаҳо;
- ташаккули захираҳои иттилоотии шаҳру ноҳияҳо барои таъмини фаъолияти самараноки бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ;
- бо назардошти шароити маҳаллӣ муқаррар намудани номгӯи намудҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳими молу хизматрасонӣ, ки барои фурӯш (ё хизматрасонӣ) дар объектҳои махсусгардонидашуда ҳатмӣ мебошанд, ташкили хизматрасонӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи шахсоне, ки аз дастгирии иҷтимоӣ  истифода мебаранд;
- муқаррар намудани реҷаи кори объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, тартиби ҷойгиркунонии онҳо мутобиқи Қонуни мазкур бо назардошти  шароити  маҳал;
- ташкили омӯзиш ва пешгӯии талабот ба мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ, мушоҳидаи иттилоотию таҳлилии вазъи бозори молу хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо;
- ташаккули захираҳои иттилоотии давлатӣ дар бораи бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ дар шаҳру ноҳияҳо;
- таҳияи барнома ва муқаррар намудани талаботи ягона бо мақсади ороиш додани корхонаҳои бозори истеъмолӣ вобаста ба санаҳои муҳими давлатӣ ва ба таври мушаххас ҷойгир намудани иттилоот бо назардошти шароити маҳал;
- ташаккули захираи мол бо назардошти эҳтимолияти рух додани ҳолатҳои фавқулодда;
- ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба сохтмони марказҳои логистикии молрасонӣ, қабул ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ташаккули гурӯҳи молҳо барои фиристодан ба субъектҳои хоҷагидори савдои яклухт ва (ё) чаканаи маҳсулоти  кишоварзӣ ва озуқаворӣ;
- дастгирии ташкилотҳои кооператсияи истеъмолӣ, хоҷагиҳо ва кооперативҳои кишоварзӣ, ки дар маҳалҳо бо хариду фурӯш машғуланд;
- ҳавасмандгардонӣ ба кори фаъолона ва ҳамкории муштараки субъектҳои савдо, молрасонӣ, гузаронидани намоишҳо ва ярмаркаҳо дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- андешидани тадбирҳо барои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва дастгирии сохтмон, ҷойгиркунонии объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ ва таъмини дастрасии субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ ба молу мулки давлатӣ;
- таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар нишондиҳандаҳои вазъи савдо дар минтақаҳои маъмурию  ҳудудӣ ва самарабахшии тадбирҳои андешидашуда оид ба рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ;
- таҳия ва тасдиқи нақшаи ҷойгиркунонии объектҳои сайёри   савдо бо назардошти таъмин намудани аҳолӣ бо майдонҳои савдо;
- мусоидат ва дастгирии ҳамаҷониба оид ба фароҳам овардани шароит барои фурӯши молҳои истеҳсоли ватанӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
БОБИ 3. ОБЪЕКТҲОИ САВДО, ХУСУСИЯТҲОИ
ТАШКИЛИ САВДО, ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ,
НАМУДҲО ВА ҶОЙГИРКУНИИ ОНҲО
Моддаи 9. Объектҳои савдо ва намудҳои асосии савдо
1. Ба объектҳои савдо мансубанд:
     - объектҳои савдо;
     - объектҳои хӯроки умумӣ.
2. Ба намудҳои асосии савдо савдои яклухт, савдои чакана, хӯроки умумӣ ва дигар намудҳои савдо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дохил мешаванд.
3. Хӯроки умумӣ тавассути объектҳои хӯроки умумӣ ба роҳ монда шуда, ба намудҳое (ошхона, тарабхона, қаҳвахона, бар ва ғайра) ҷудо мегардад, ки дорои категорияҳои нархгузории иловагӣ (люкс, олӣ, якум, дуюм, сеюм) ё бе нархгузории иловагӣ   мебошанд.
4. Тартиби ҷудо намудани объектҳои хӯроки умумӣ ба намудҳо ва дараҷаи мансубияти онҳо ба ин ё он категорияи нархгузорӣ  аз ҷониби соҳибони ин объектҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 10. Хусусиятҳои ташкили хӯроки умумӣ
1. Субъектҳои савдо дар соҳаи хӯроки умумӣ хизматрасонии хӯроки умумиро оид ба қонеъгардонии талаботи истеъмолкунанда ба хӯрок ва таъмини фароғат амалӣ менамоянд.
2. Хизматрасонии корхонаҳои хӯроки умумии дорои намуд ва дараҷаҳои гуногун дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- ғизогирӣ;
- тайёр намудани маҳсулоти кулинарӣ ва маҳсулоти қаннодӣ;
- ташкили истеъмол ва хизмат;
- фурӯши маҳсулоти кулинарӣ;
- ташкили фароғат;
- иттилоотию машваратӣ;
- дигар намудҳои хизматрасонӣ, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
3. Пешниҳоди таомнома ба мизоҷон дар объектҳои хӯроки умумӣ ҳамчун пешниҳод (офертаи оммавӣ) барои бастани шартномаи хариду фурӯши маҳсулоти хӯроки умумии дар таомнома зикршуда эътироф карда мешавад.
4. Маҳсулоти истеҳсоли худи корхонаҳои хӯроки умумӣ тибқи технология ва дастури (ретсепти) тайёркунии таомҳо, маҳсулоти кулинарӣ ва қаннодӣ дар асоси дастури (ретсепти) таомҳо ва маҳсулоте, ки барои истифодаи ҳатмӣ дар корхонаҳои хӯроки умумии ҳама гуна шаклҳои моликият аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ  тасдиқ карда шудааст, тайёр карда мешавад.
5. Субъектҳои савдо дар соҳаи хӯроки умумӣ метавонанд ҳам шахсони ҳуқуқии мустақили ҳама гуна шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва ҳам воҳидҳои сохтории корхонаҳои истеҳсолӣ бошанд.
6. Субъектҳои савдо дар соҳаи хӯроки умумӣ, ки воҳиди сохтории корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳо ва дигар  ташкилотҳо мебошанд, аз ҳуқуқ ва имтиёзҳои ба дигар воҳидҳои сохтории чунин корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар  ташкилотҳо пешниҳодшуда баробар истифода мебаранд.
7. Ба субъектҳои савдо дар соҳаи хӯроки умумӣ, ки хизмати муассисаҳои табобатӣ, талабагон, донишҷӯён, нафақахӯрон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазирро анҷом медиҳанд, дар асоси шартномаҳо шароити имтиёзноки иҷораи бино, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар хизматрасонӣ фароҳам оварда мешаванд.
8. Муқаррароти Қонуни мазкур ва стандартҳо оид ба хизматрасонии хӯроки умумӣ мутобиқи стандартҳои давлатии соҳаи хӯроки умумӣ  ҳамзамон бо дигар стандартҳои соҳаи хӯроки умумӣ истифода гардида, нисбат ба корхонаҳои хӯроки умумии ҳамаи шаклҳои моликият, намуд ва дараҷаҳои гуногун, инчунин соҳибкорони инфиродӣ, ки дар соҳаи хӯроки умумӣ фаъолият менамоянд, татбиқ мегарданд. 
9. Стандартҳои зикргардида аз ҷониби корхонаҳои хӯроки умумӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои ташкили фаъолияти худ, инчунин барои амалӣ намудани сертификатсияи хӯроки умумӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон"  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ" бо мақсади таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ва ҳифзи муҳити зист истифода бурда мешаванд.
Моддаи 11. Савдо дар бозор
1. Дар бозор фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ, молҳои саноатӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, меваҷоти растаниҳои худрӯй, дигар молҳои истеъмолӣ ва ғайристеъмолӣ, инчунин чорво амалӣ карда мешавад.
2. Савдо дар бозор дар объектҳои савдо бо фароҳам овардани шароити зарурии хариди мол, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши мол бо истифодаи таҷҳизоти савдо ва таҷҳизоти технологии савдо (пештахта, пешдӯкон, яхдон ва дигар таҷҳизот), асбобҳои ченаки вазн мутобиқи талаботи санитарию гигиенӣ, зидди сӯхтор, ҳифзи табиат ва дигар талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ гардонида мешавад.
3. Реҷаи кори бозор аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда мешавад.
4. Фурӯшанда дар  ҷойи савдо бояд  дорои чунин мавод бошад:
- овеза бо нишондоди номи ташкилот, иттилоот дар бораи макони ҷойгиршавии он;
- китоби сабти арзу шикоят ва пешниҳодот;
- ҳуҷҷатҳое, ки манбаи воридшавии молҳоро нишон медиҳанд;
- ҳуҷҷатҳое, ки сифат ва бехатарии молҳоро тасдиқ мекунанд;
- дафтарчаи тиббии намунаи муқарраргардида;
- корти фурӯшанда.
5. Ташкили фурӯши мол (иҷрои кору хизматрасонӣ) дар бозор ба зиммаи маъмурияти бозор  вогузор карда мешавад.
6. Дар доираи фаъолияти мазкур маъмурияти бозор ҳамарӯза санҷиши талаботи зеринро амалӣ менамояд:
- корти фурӯшанда бо зикри насаб, ном, номи падари фурӯшанда ва номи ташкилот;
-  ҷойҳои савдои аз ҷониби онҳо ишғолкардашуда;
- ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои риоя накардани талаботи зикргардида, тадбирҳои бартараф кардани онҳоро меандешад ё дар ҳамон рӯз  мақомоти дахлдори назоратӣ ва санҷиширо огоҳ месозад.
7. Маъмурияти бозор ӯҳдадор аст, ки баҳисобгирии маблағ ва молу мулкро ба роҳ монад, талаботи муқаррарнамудаи қонунгузориро ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо субъектҳои савдо дар бозор риоя намояд, субъектҳои савдоро дар бораи тағйир ёфтани тарифи пардохт дар мӯҳлати на дертар аз 3 рӯз  огоҳ намояд.
8. Аз ҷониби  ташкилот ва маъмурияти бозор иҷро накардани ӯҳдадориҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо гузошташуда (риоя накардани меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, талаботи бехатарии зидди сӯхтор, санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи муҳити зист, пешниҳод накардани иттилоот ба мақомоти дахлдори назоратӣ ва ғайра) метавонад боиси ба ҷавобгарӣ кашидани ҳам  ташкилот, ҳам шахсони мансабдори он, аз ҷумла манъ кардани фаъолияти  ташкилот гардад.
9.  Ба зиммаи маъмурияти бозор ӯҳдадории пешбурди феҳристи фурӯшандаҳои бозор ва феҳристи шартномаҳо дар бораи пешниҳоди  ҷойҳои савдо вогузор карда мешавад. Иттилоот оид ба феҳристҳои зикргардида метавонад аз ҷониби мақомоти андоз бо мақсади назорат дархост карда шавад.
Моддаи 12. Меъёрҳои ҳадди ақалли таъмини аҳолӣ бо майдонҳо   барои бунёди объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ
1. Мақсади рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ аз ноил

гардидан ба меъёрҳои ҳадди ақалли таъмини аҳолӣ бо майдонҳо барои бунёди объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ - меъёрҳои асосии арзёбии дастрасии молҳои истеъмолӣ ва ғайриистеъмолӣ, дастрасии хизматрасонии маишӣ барои аҳолӣ ва қонеъгардонии талабот ба чунин молҳо ва хизматрасонӣ иборат мебошад.
2. Меъёрҳои ҳадди ақалли таъмини  аҳолӣ бо майдонҳо барои бунёди объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби пардохти чунин меъёрҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, таҳия карда мешаванд.
3. Меъёрҳои ҳадди ақалли таъмини аҳолӣ бо майдонҳо барои бунёди объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ дар таркиби ҳуҷҷатҳое, ки самти рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро муайян менамоянд, тасдиқ гардида, дар ҳуҷҷатҳои банақшагирии ҳудудӣ, нақшаҳои генералӣ, барномаҳои ҳудудӣ ва минтақавии рушди савдо ва нақшаҳои ҷойгиркунонии объектҳои сайёри савдо ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Моддаи 13. Талабот нисбат ба  ҷойгиркунонии объектҳои савдои  чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ
1. Субъектҳо барои  фаъолият кардан дар бозори мол ва хизматрасонии таъиноти истеъмолӣ объектҳои асосӣ ва ғайриасосии махсус таҷҳизонидашудаи доимӣ ва сайёрро истифода мебаранд.
2. Ҷойгиркунонии объектҳои зерин дар бинои истиқоматӣ, дар дохили бинои ба таври иловагӣ сохташуда, инчунин бинои иловагии дар манзили истиқоматӣ сохташуда манъ аст:
- объектҳои реҷаи корашон баъди соати 23.00;
- ҳаммом ва саунаҳо;
- объектҳои хӯроки умумӣ бо миқдори беш аз 50 ҷойи нишаст ё майдони умумии беш аз 250 метри мураббаъ бо истифодаи дастгоҳи пахши мусиқӣ;
- шустагарӣ ва хушкашӯӣ (ба истиснои бунгоҳҳои қабул ва шустагариҳои худхизматрасон бо иқтидори то 75 кг дар як рӯзи корӣ);
 - студияҳои сабти овоз;
- маҳдудиятҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
3. Дар объектҳои савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ҷойгиркунонии толорҳои бизнеси бозӣ, автоматҳои бозӣ ва ғайра, ба истиснои толорҳои бозиҳои кӯдакона манъ аст.
4. Объектҳои асосӣ, ғайриасосии доимӣ   ва бозорҳои бо асбобу анҷоми махсуси савдою технологӣ ҷиҳозонидашуда мувофиқи хулосаи  комиссияи давлатии қабул ба истифода дода мешаванд.
5. Ҳангоми аз ҷониби субъекти савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ қабул намудани қарор дар бораи реҷаи кори  шабонарӯзии объект чунин реҷа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 14. Хусусиятҳои ҷойгиркунонӣ ва ташкили  бозор 
1. Бозор аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун ва талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ташкил карда мешавад.
2. Ҳангоми зарурати ташкили ин ё он намуди бозор ҳолатҳои зерин ба назар гирифта мешаванд:
- зарурати таъмини аҳолии маҳалли муайян бо ин ё он намуди мол;
- мавҷудияти қитъаи замин барои ташкили бозор;
 - баҳисобгирии талаботу пешниҳоди сокинони маҳалли мазкур.
3. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда, ки барои  ташкили бозор заруранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   дода мешаванд.
4. Тарҳкашӣ, азнавтарҳкашӣ ва сохтмони биноҳои бозор, таҷдид ва навсозии биноҳо, иморатҳо, иншоот ва биноҳои дар онҳо мавҷудбуда аз ҷониби маъмурияти бозор бо риояи меъёру қоидаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, санитарию гигиенӣ ва иморатсозӣ, талаботи асосие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар намудааст, амалӣ гардонида мешаванд.
5. Таҷҳизонидан ва нигоҳдории бозор, таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт, ҷойҳои истифодабарии умум, мавзеъ барои ҷойгиркунонии воситаҳои оташнишонӣ  ва аз сӯхтор огоҳкунандаи шаҳрвандон ҳангоми рух додани ҳолатҳои садамавӣ ва фавқулодда, ҷойи муносиб барои насби маводи иттилоотию маълумотӣ оид ба қоидаю тартиби фаъолият дар бозор, маъмурияти бозор ва роҳбари он, дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъминкунандаи робита бо мақомоти дахлдори назоратӣ, инчунин рақамҳои телефони мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор (рақами телефонҳои "Робитаи мустақим") барои муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби маъмурияти бозор амалӣ гардонида мешаванд.
6. Дар бозорҳои фурӯши маводи истеъмолӣ лабораторияҳо (байторӣ, санитарӣ ва ғайра) барои ташхиси маводи фурӯшии хӯрокворӣ ташкил карда мешаванд.
7. Ҳангоми фурӯши молҳо (иҷрои кору хизматрасонӣ) бо истифодаи воситаҳои ченак (тарозу, санги тарозу, зарфҳои ченакдор, метрҳо ва ғайра) бо мақсади аз ҷониби харидорон санҷидани саҳеҳии нарх, андоза ва вазни молҳои харидашуда (иҷрои кору хизматрасонӣ) дар ҷойи муносиби бозор  асбобу анҷоми ченкунандаи ҷавобгӯи қоида ва меъёрҳои метрологӣ насб карда мешаванд.
8. Ба мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин бо талаби мақомоти назоратӣ ва санҷишӣ ба кормандони онҳо барои иҷрои ӯҳдадориҳояшон бояд  дар бозор утоқи доимӣ ва ё муваққатӣ ҷудо карда шавад.
9. Маъмурияти бозор вазифадор аст:
- бозорро дар ҳолати дахлдори санитарӣ ва техникӣ, ки ҳифзи муҳити зист, бехатарии эпидемиологӣ, эпизоотӣ ва экологиро дар мавзеи ҷойгиршавии он таъмин менамояд, нигоҳ дорад, инчунин барои бартараф ва нест кардани манбаъҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ ё паҳншавии ин бемориҳо ҳангоми пайдо шудани онҳо мусоидат намояд;
- барои ташкили  савдо,  аз ҷумла барои қабул, нигоҳдорӣ, фурӯши мол (иҷрои кору хизматрасонӣ), таъминот бо барқу об, гармӣ ва канализатсия шароити зарурӣ фароҳам оварад;
- нигоҳдории бехатари молеро, ки барои нигоҳдорӣ супурда мешавад, таъмин намояд;
- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор иҷро намояд;
- дигар талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.
10.  Ҷойҳои савдо дар бозор дар асоси нақшае, ки маъмурияти бозор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба назорати таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, назорати таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист ва  оид ба назорати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҳия ва тасдиқ намудааст, ҷойгир карда мешаванд. Ташкил ва пешниҳоди ҷойҳое, ки дар нақшаи ҷойгиркунонии нуқтаҳои савдо пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.
11. Ба маъмурияти бозор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти зиддиинҳисорӣ ҳангоми тақсими ҷойҳои савдо ба миён гузоштани шартҳои маҳдудкунанда манъ аст.
12. Ҳангоми тартиб додан ва тасдиқ намудани нақшаҳои ҷойгиркунонии ҷойҳои савдо дар бозорҳои универсалӣ маъмурияти бозор  барои анҷом додани фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба шахсоне, ки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), хоҷагии ёрирасони шахсӣ доранд, бо боғдорӣ, обчакорӣ ва чорводорӣ машғуланд, аз рӯи миқдори муайяннамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудуди он бозор ҷойгир аст, ҷойҳои савдо пешбинӣ ва ҷудо менамояд.
13. Маълумотеро, ки ҳангоми бастани шартнома дар бораи ҷудо намудани ҷойи савдо пешниҳод мегардад,  бо ҳуҷҷат тасдиқ кардан зарур аст.
14. Арзиши шартнома оид ба пешниҳоди ҷойи савдо аз ҷониби маъмурияти бозор муайян карда мешавад.
15. Зимни имконнопазирии истифодаи ҷойи савдо аз ҷониби шахсе, ки дар бораи ҷудо кардани ҷойи савдо шартнома бастааст, дар ҳолатҳои боздоштани мӯҳлати амал ё бекор кардани шартнома ё қатъи фаъолияти маъмурияти бозор маъмурияти бозор дар назди ин шахс мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
  16. Ҳангоми тартиб додан ва тасдиқ намудани нақшаи ҷойгиркунонии  ҷойҳои савдо дар бозори кишоварзӣ ва бозори кооперативии кишоварзӣ маъмурияти бозор вазифадор аст бевосита ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои фурӯши мол ба миқдори муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аммо на камтар аз панҷоҳ фоиз аз шумораи умумии онҳо ҷойҳои савдоро пешбинӣ ва пешниҳод намояд.  
17. Ҷойҳои савдо дар бозори кишоварзӣ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин  ба шахсоне, ки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), хоҷагии ёрирасони шахсӣ доранд, бо  боғдорӣ, обчакорӣ, чорводорӣ машғуланд, ба таври соддакардашуда ва бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мӯҳлати на зиёда аз 6 моҳ ҷудо карда мешаванд.
18. Фурӯшанда  мол (иҷрои кору хизматрасонӣ)-ро дар бозор танҳо дар сурати мавҷудияти корти  фурӯшанда, ки зимни бастани шартнома дар бораи пешниҳоди ҷойи савдо дода мешавад, ба фурӯш мебарорад.
19. Корти фурӯшанда ҳангоми бастани шартнома дар бораи ҷудо кардани  ҷойи савдо ба расмият дароварда, ба ҳар як фурӯшанда дода мешавад ва дар сари сина насб гардида, нисбат ба ҳамаи ҷойҳои савдои дар он зикрёфта дар доираи як бозор эътибор дорад.
20. Дар бозор (ба истиснои бозорҳои махсусгардонидашуда ва универсалӣ) фурӯши молҳое, ки савдои озоди онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд карда шудааст, инчунин фурӯши маҳсулоти зерин манъ карда мешавад:
- тамоку, нӯшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти алкоголӣ ва оби ҷав;
- маҳсулоти консервшудаи истеҳсоли хонагӣ, маҳсулоти кулинарии аз гӯшт, моҳӣ ва маҳсулоти қаннодии дар хона тайёргардида;
- молҳои таъиноти маишии аз нигоҳи техникӣ мураккаб;
- ҳомилҳои иттилоотии компютерӣ;
- молҳои кимиёӣ барои рӯзгор, пестисидҳо ва агрокимиёҳо;
- маснуоти  пиротехникӣ;
- маснуот аз металлҳои қиматбаҳо бо сангҳои қиматбаҳо, аз металлҳои қиматбаҳо бо сангҳои нимқиматбаҳо ва сунъӣ, сангҳои қиматбаҳои сайқалдодашуда;
- автомобилҳо, ядакҳо ва агрегатҳои рақамгузоришудаи онҳо.
 21. Назорати риояи талаботи савдо ва ташкили фаъолияти бозорҳо, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколаташон амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 15. Тартиби ҷойгиркунонӣ ва ташкили фаъолияти  объектҳои савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар ҳудудҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҷойгиркунонӣ ва ташкили фаъолияти объектҳои савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар ҳудудҳои алоҳида, аз ҷумла дар нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ва обӣ, минтақаи гумрукӣ ва муассисаҳои таълимӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси гурӯҳи истеъмолкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
2. Дар ҳудудҳои дар  қисми 1 моддаи мазкур зикргардида метавонанд меъёрҳои пешниҳоди намудҳои алоҳидаи молҳо бо маҳдудкунии шаклҳои фурӯши мол (хизматрасонӣ), номгӯи молҳои фурӯшӣ (хизматрасонӣ) ва реҷаи кори объектҳои савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ҷорӣ карда шаванд.
Моддаи 16. Тартиби ҷойгиркунонӣ ва ташкили кори объектҳои  доимӣ ва сайёри савдо, хӯроки умумӣ,  хизматрасонии                 маишӣ ва шабакаи савдои хурди чакана
1. Ҳангоми нокифоягӣ ва ё сатҳи пасти таъминоти шабакаи савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, бо назардошти талабот ва таклифҳои сокинони маҳалли мазкур, фаъолияти сохторҳои зерин  иҷозат дода мешавад:
- объектҳои доимии ғайриасосии савдои хурди чакана - павилйонҳо дӯконҳо, автоматҳои савдо ва дигар биноҳои муваққатӣ;
- объектҳои сайёри савдои хурди чакана - ғурфаҳо, мағозаҳои автомобилӣ, автосистернаҳо, аробаҳо.
2. Объектҳои мазкур дар қитъаҳои замини холии маҳал тибқи нақшаҳои ҷойгиркунонии онҳо бо асосҳои зерин ҷойгир карда мешаванд:
- шартномаҳои мӯҳлатноки иҷораи қитъаҳои замин барои объектҳои доимии ғайриасосӣ;
- иҷозате, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои объектҳои сайёри савдои хурди чакана дода мешавад.
3. Тартиби таҳияи нақшаҳои ҷойгиркунонӣ ва ташкили кор, аз ҷумла талабот нисбат ба реҷаи кор ва махсусгардонии объектҳои доимии ғайриасосӣ ва объектҳои сайёри шабакаи савдои хурди чакана, тартиби додани иҷозат тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
4. Бо гузашти мӯҳлати иҷозат барои ҷойгиркунонӣ ва ба охир расидани шартномаи мӯҳлатноки иҷораи қитъаи замин соҳиби объекти доимии асосӣ ё сайёри шабакаи савдои хурди чакана ӯҳдадор аст фаъолияти худро қатъ намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо тартиби муқарраргардида мӯҳлати ҷойгиркунонӣ ва иҷораи қитъаи замин тамдид карда шуда бошад.
5. Тавассути объектҳои доимии ғайриасосӣ ё сайёри шабакаи савдои хурди чакана молҳое фурӯхта мешаванд, ки шароити махсуси нигоҳдорӣ ва фурӯшро талаб намекунанд ва хизматҳое расонида мешаванд, ки шароити махсуси хизматрасониро талаб намекунанд.
6. Дар объектҳои сайёри шабакаи савдои хурди чакана фурӯши молҳои озуқавории истеҳсоли ғайрисаноатӣ, ки борбандии саноатӣ нашудаанд ва молҳои озуқавории зудвайроншаванда ҳангоми мавҷуд набудани таҷҳизоти яхдонии коршоям манъ аст.
7. Дар объектҳои доимии ғайриасосӣ ва сайёри шабакаи савдои хурди чакана фурӯши тамоку,  нӯшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти алкоголӣ ва оби ҷав, ба истиснои павилйонҳои ҷавобгӯи талабот ба объектҳои савдо оид ба фурӯши чунин маҳсулот, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, манъ мебошад.

БОБИ 4. ТАЛАБОТИ АСОСӢ  БА СУБЪЕКТҲОИ
САВДО ОИД БА ТАШКИЛ ВА АМАЛӢ НАМУДАНИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ
Моддаи 17. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои савдо ва  хизматрасонии маишӣ ҳангоми ташкил ва амалӣ намудани савдо ва хизматрасонии маишӣ
1. Бо савдо ва хизматрасонии маишӣ  субъектҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур машғул мешаванд, ба шарте ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
2. Субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳангоми ташкил ва амалӣ намудани фаъолияти худ, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустақилона муайян менамоянд:
- машғул шудан бо савдо (савдои яклухт ва (ё) чакана,  хизматрасонӣ дар соҳаи хӯроки умумӣ ва ё  маишӣ);
- шакли савдо (дар объектҳои доимии савдо, берун аз объектҳои доимии савдо, аз ҷумла ярмаркаҳо, намоишҳо, дастифурӯшӣ, усули фосилавии фурӯши мол, фурӯши мол бо истифодабарии автоматҳо, дигар шаклҳои савдо);
- усули савдо (бо истифодабарӣ ва бе истифодабарии объектҳои савдо);
- махсусгардонии савдо (савдои универсалӣ ва махсусгардонидашуда, хизматрасонӣ оид ба хӯроки умумӣ ва ё хизматрасонии маишӣ);
- навъи объекти савдо, ки барои амалӣ гардонидани савдо истифода мегардад (объектҳои доимии савдо ва объектҳои сайёри савдо);
- асосҳо барои истифодабарии молу мулк ҳангоми савдо ва хизматрасонии маишӣ (ҳуқуқи моликият ва (ё) дигар асосҳои қонунӣ);
- нархи  молҳои фурӯшӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ ва маишӣ;
- шакли интишори реклама дар объекти савдо ва хизматрасонии маишӣ ва пешдӯконҳои он;
- шартҳои бастани шартномаҳои хариду фурӯши мол, шартномаҳои хизматрасонии пулакӣ.
3. Тартиб ва шартҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ чунин ҳолатҳоро дар бар мегирад:
- номгӯи (ассортименти) молҳои фурӯшӣ, маҳсулоти истеҳсоли худии корхонаҳои хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ;
- реҷаи кор;
- тарз ва усулҳое, ки тавассути онҳо савдо ва хизматрасонии маишӣ амалӣ гардонида мешавад;
- миқдор, навъҳо, моделҳои таҷҳизоти технологӣ, асбобу анҷоме, ки ҳангоми савдо ва хизматрасонии маишӣ истифода бурда мешаванд;
- усули ба маълумоти харидорон расонидани иттилоот дар бораи фурӯшанда, молҳои ба савдо пешниҳодшуда, хизматрасонӣ;
- кафолати сифат ва мӯҳлати амали он;
- тартиб ва шартҳои дигари савдо.
4. Тартиб ва шартҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, ки дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, нисбат ба корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои савдо бо қарори мақомоти  давлатии дахлдор муқаррар  карда мешаванд.
5. Субъекти савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳуқуқ дорад:
- аз мақоми ваколатдори давлатӣ иттилооти марбут ба ҳамаи масъалаҳои ташкили савдо ва хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои соҳаи савдоро дар бораи санҷишҳои пешбинишудаи фаъолияти онҳо (ба истиснои санҷишҳои амалиётӣ) талаб намояд ва мувофиқи масъалаҳои марбут ба риояи қонунгузорӣ оид ба танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ тавзеҳоти хаттӣ гирад;
- манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои савдо шахсан ё тавассути намояндаи худ муаррифӣ намояд;
- ҳангоми гузаронидани назорати давлатии савдо дар соҳаи танзими  савдо ва хизматрасонии маишӣ иштирок намуда, нусхаи ҳуҷҷатҳоро аз рӯи натиҷаи назорат талаб намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои санҷиши мақоми ваколатдори давлатӣ ва огоҳиномаҳо оид ба санадҳои санҷиши савдо ва амали (ё беамалии) шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ шикоят намояд;
- ҳифзи сирри тиҷоратиро аз шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ талаб намояд;
- иттилоот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки ба савдо ва хизматрасонии маишӣ дахлдор нестанд, пешниҳод накунад;
- аз шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ ва сохторҳои минтақавии он ҳангоми анҷом додани амалҳо нисбат ба субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ риояи қонунгузориро дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ талаб намояд;
- санадҳо (қарорҳо) ва талаботи мақоми ваколатдори давлатӣ ва шахсони мансабдори онро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ мутобиқат намекунанд, иҷро накунад;
- аз шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ, ки санҷиш мегузаронанд, асоси гузаронидани санҷишро талаб кунад, бо шаҳодатномаи  хизматии онҳо шинос шавад;
- аз мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарарро, ки дар натиҷаи қабули қарор ва амали (беамалии) шахсони мансабдори ӯ расидааст, талаб намояд;
- ҷиҳати гузаронидани санҷиши савдо ва хизматрасонии маишӣ мутахассисон, намояндагони ассотсиатсияҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиро ҷалб намояд:
- субъекти савдо ва хизматрасонии маишӣ дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ намудааст. 
 6. Ба субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳимояи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо кафолат дода мешавад.
7. Тартиби ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 8. Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
9. Субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти худ ӯҳдадоранд:
- ба харидор дар бораи сифат ва маҳалли истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, хусусиятҳои истеъмолӣ, ӯҳдадориҳои кафолатӣ ва тартиби пешниҳоди арзу шикоят, усул ва қоидаҳои истифодабарии маҳсулот, тарзи нигоҳдории он, инчунин маҳалли ҷойгиршавӣ ва дигар реквизитҳои фурӯшанда ё тайёркунанда (иҷрокунанда) иттилооти зарурӣ ва саҳеҳ пешниҳод намоянд;
- асбобҳои назоратию ченкунии ҷавобгӯи талаботи низоми давлатии таъмини ягонагии ченакҳоро дар ҷойи муносиби объекти савдо ҷойгир намоянд;
- ҳангоми пайдоиши шубҳаи харидор нисбат ба ҳаҷм, вазн ва андозаи  мол ба ӯ имконият фароҳам оранд, ки тавсифи зикргардидаи ченакҳоро бо асбобҳои назоратию ченкунӣ мустақилона санҷад;
- ҳангоми фурӯши молҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба молҳои сертификатсияшаванда мансуб дониста шудаанд, бо талаби харидор сертификати мутобиқати молро (ё нусхаи онро) пешниҳод кунанд;
- бо тартиб ва ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгоҳҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ истифода баранд;
 - молеро, ки ҷавобгӯи талабот ва меъёрҳои бехатарӣ нест, аз муомилот бароранд;
- дастурҳои мақоми ваколатдори давлатиро, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудаанд, иҷро намоянд;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба моҳияти масъалаҳои марбут ба иҷрои Қонуни мазкур ва риоя накардани қоидаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ дар рафти аз ҷониби он гузаронидани тафтиш ва аз рӯи натиҷаҳои он тавзеҳот манзур намоянд;
- бо тартиби муқарраргардида пешбурди баҳисобгирии амалиёти молиро таъмин намоянд, ҳисоботи пешбининамудаи қонунгузориро пешниҳод намоянд;
- дигар муқаррароти муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.
10. Корманд намояндаи расмии фурӯшанда  (иҷрокунанда) ҳисоб мешавад, ба шарте ки аз номи фурӯшанда (иҷрокунанда) ва ҳимояи манфиати он тибқи ваколатнома  ва ё қонун баромад кунад ё агар он мустақилона ба истеъмолкунандагон ба ҳайси фурӯшанда (иҷрокунанда) хизмат расонад.
11. Фурӯшанда  (иҷрокунанда) ҳуқуқ дорад, ки хизматрасонии истеъмолкунандагонро мустақилона анҷом диҳад, агар он ҷавобгӯи ҳамаи талаботе бошад, ки мутобиқи Қонуни мазкур нисбат ба корманд  муқаррар шудааст.
12. Фурӯшандагон (иҷрокунандагон) барои иҷрои корҳое, ки бевосита бо хизматрасонии истеъмолкунандагон алоқаманданд, бояд кормандони тахассусӣ дошта бошанд, ки аз ҷумлаи кормандони ҳайати корхона буда, ба таври кироя кор мекунанд, таҳсилоти дахлдори касбӣ ва омодагии касбӣ, омодагии гигиении касбӣ доранд ва аз ташхиси тиббӣ гузаштаанд.
13. Дар толори фурӯш кормандоне, ки бо хизматрасонии истеъмолкунандагон машғуланд, бояд либоси ягонаи махсус дошта бошанд.
14. Ба кори савдо ва хизматрасонии маишӣ  шахсони зерин роҳ  дода намешаванд:
 - агар иҷозати дахлдори тиббӣ надошта бошанд, ба шарте ки, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор барои пешбурди ин гуна намуди савдо ва хизматрасонии маишӣ чунин иҷозат муқаррар гардида бошад;
- ноболиғони то 18-сола, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 18. Таҳсилоти касбӣ, тайёрӣ ва бозомӯзии касбӣ
1. Кормандоне, ки бевосита ба истеъмолкунандагон хизмат мерасонанд, бояд дар сатҳи на камтар аз курси таҳсилоти бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқшуда  тайёрии касбӣ дошта бошанд.
2. Кормандон бояд ҳар се сол як маротиба аз ҳисоби маблағи фурӯшанда (иҷрокунанда) аз бозомӯзии касбӣ гузаранд.
Моддаи 19. Муоинаи тиббӣ
1. Кормандон вазифадоранд аз муоинаи пешакии тиббӣ (ҳангоми қабул шудан ба кор) ва муоинаи даврии профилактикии тиббӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаранд.
2. Муоинаи пешакии тиббӣ аз ҳисоби худи кормандон ё аз ҳисоби корфармо гузаронида мешавад.
3. Муоинаҳои даврии профилактикии тиббӣ аз ҳисоби фурӯшанда (иҷрокунанда)  гузаронида мешаванд.
 
    БОБИ 5. ТАРТИБИ ХИЗМАТРАСОНӢ БА
ГУРӮҲҲОИ АЛОҲИДАИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН, НАРХГУЗОРӢ, НОМГӮИ МОЛҲО ВА НАМУДҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЗ ҶИҲАТИ ИҶТИМОӢ МУҲИМ
Моддаи 20. Ташкили хизматрасонӣ барои гурӯҳҳои алоҳидаи истеъмолкунандагон, ки аз ҳифзи иҷтимоӣ истифода                       мебаранд
1.Ҷиҳати хизматрасонӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи истеъмолкунандагон, ки аз ҳифзи иҷтимоӣ истифода мебаранд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколаташон метавонанд объектҳои махсусгардонидашудаи савдо ва хизматрасонии маиширо муайян намоянд, ки дар онҳо нархи мол (хизматрасонӣ)  нисбат ба чунин моли (хизматрасонии) дар минтақа мавҷудбуда пасттар аст.
2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколаташон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ метавонанд усул ва механизмҳои мухталифи дастгирии чунин объектҳои савдо ва хизматрасонии маиширо амалӣ намуда, аз ҷумла барои  субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ имтиёзҳо фароҳам оваранд.
Моддаи 21. Нархгузорӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ
1. Нархи мол (кору хизматрасонӣ) аз ҷониби субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, ба истиснои талаботи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти зиддиинҳисорӣ, мустақилона муайян карда мешавад. Ба танзими давлатии нархҳо танҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
2. Нархи молҳое, ки субъектҳои савдо мефурӯшанд ва подоши хизматрасонии маишӣ, инчунин дигар шартҳои шартнома барои ҳамаи истеъмолкунандагон бояд якхела бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гурӯҳҳои алоҳидаи истеъмолкунандагон фароҳам овардани имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.
3. Субъекти савдо ва хизматрасонии маишӣ ӯҳдадор аст, ки мавҷудияти нархномаҳои ягона, дақиқ ва ба расмият даровардашударо барои молҳои фурӯшӣ бо зикри номи мол, навъ, нархи вазн ё воҳиди мол, имзои шахси аз ҷиҳати моддӣ масъул ё мӯҳри ташкилот ва санаи таҳияи нархнома таъмин намояд.
4. Ҳангоми дастифурӯшии мол фурӯшанда ӯҳдадор аст бо худ нархномаеро дошта бошад, ки дар он номгӯй ва нархи мол зикр гардидааст.
5. Бо мақсади танзими давлатии нархи молҳо ва намудҳои алоҳидаи молу хизматрасонии аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои мухталифи нарх ва тарифҳои (аз ҷумла  муқаррар намудани ҳадди ақал ва ё ҳадди ниҳоӣ, танзими нархи иловагии (иловапулии) онҳо (аз ҷумла, муқаррар намудани ҳадди ниҳоӣ (ҳадди ақал ва ё ҳадди ниҳоӣ), мониторинги калкулятсия ва ташаккули нархро барои ин молҳо истифода мебарад. Нарх ва тарифҳо барои чунин молҳо, иловапулӣ ба нархҳо мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 22. Навъҳои молу хизматрасонии аз ҷиҳати иҷтимоӣ  муҳим
1. Дар объектҳои савдои чакана, хизматрасонии маишӣ, ки ба таври дахлдор махсус гардонида шудаанд, навъи молҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим фурӯхта ва хизматҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим расонида мешавад.
2. Ба навъҳои молҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим инҳо дохил мешаванд:
- молҳои озуқаворӣ - нон, маҳсулоти нонӣ, биринҷ, орд, намак, шакар, чой, гӯшт, шир, маҳсулоти ширӣ, равғани ҳайвоноту растанӣ, маргарин, тухм, моҳӣ, ярма, маҳсулоти макаронӣ, картошка, карам, лаблабу, сабзӣ ва пиёз;
- молҳои ғайриистеъмолӣ - собун, воситаҳои шустушӯии синтетикӣ, хамираи дандон, мисвок, болопӯши рахти хоб ва либос, ҷӯроби мардонаю занона, китоб, молҳои мактабӣ, сӯзан, ришта, гӯгирд, шамъ ва чароғ.
3. Ба навъҳои хизматрасонии аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим инҳо дохил мешаванд:
- барои сартарошхонаҳо - мӯйсаргирии оддӣ;
- барои шустагарӣ - шустушӯи болопӯши рахти хоб;
- барои ҳаммом ва саунаҳо - қабули душ;
- барои корхонаҳои таъмири асбобу анҷоми маишӣ, радиоэлектронӣ, мошину дастгоҳҳои маишӣ - таъмири яхдон, асбобҳои гармидиҳанда, телевизор, дарзмол ва чангкашакҳо;
- барои ателйе - таъмири маҳсулоти дарздӯзӣ, нассоҷӣ бе поракунӣ, аз нав буридан ва аз нав дӯхтан;
- барои суратгирхона - тайёр намудани сурат барои ҳуҷҷатҳо;
- барои корхонаҳои таъмири металл - сохтани калид;
- барои корхонаҳои таъмири пойафзол - ҳама гуна таъмир, ба истиснои нав ва иваз намудани қисми болоӣ ва пошнаи пойафзол.

БОБИ 6. ТАШАККУЛЁБИИ ЗАХИРАҲОИ
ИТТИЛООТИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САВДО ВА  ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ
Моддаи 23. Ташаккулёбии захираҳои иттилоотии давлатӣ
1. Таъминоти давлатии иттилоотӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Дар сомонаҳои расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳар се моҳ иттилооти зерин ворид мекунанд:
- дар бораи қарорҳои қабулнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ;
- дар бораи нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ танзим менамоянд;
- дар бораи нархи миёнаи намудҳои алоҳидаи мол;
- дигар иттилооти муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ пешбурди феҳристи савдо ва хизматрасонии маиширо ташкил мекунад ва дастрасии маълумоти онро таъмин менамояд. Феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ маълумотро дар бораи субъектҳои савдо, субъектҳои савдои чакана (ба истиснои молистеҳсолкунандагон) ва дигар субъектҳои савдо оид ба вазъи савдо ва хизматрасонии маишӣ дар бар мегирад.
4. Барои ба феҳристи савдо ва хизматрасонии маишӣ                       ворид намудани маълумоти дар қисми 3 моддаи мазкур                     пешбинишуда, ки ворид намудани чунин маълумотро                           тасдиқ менамояд, пешбинӣ намудани тобеият ҷиҳати анҷом                додани амали муайян, қабули қарор нисбат ба субъектҳои савдо, субъектҳои савдои чакана (ба истиснои молистеҳсолкунандагон), дар хусуси дар  феҳристи  савдо  ва  хизматрасонии   маишӣ  мавҷуд  будани иттилоот оид ба ҳамин субъектҳои хоҷагидор ва (ё) савдо ва хизматрасонии маишӣ  ситонидани маблағ манъ аст.
5. Субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, ки ба савдои чакана, яклухт, дигар намудҳои фаъолияти савдо, хизматрасонии хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ машғуланд, ӯҳдадоранд, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои ташаккули захираҳои давлатии иттилоотӣ тибқи шакл ва мӯҳлати муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот пешниҳод намоянд.

  БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 24.Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 марти соли 2013, № 943


Қарори  Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ" қабул карда шавад.

     Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон               Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 19 декабри соли 2012, № 1020


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  28 феврали соли 2013, № 467


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.13    №: 41-46    Мутолиа карданд: 1234

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед